logo

ҳуқуқ

АГЕНТӢ КОРМАНДОНИ БЕМАСЪУЛИЯТАШРО МУҶОЗОТ ДОД

Дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявии кормандони Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 141 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
Дар ин бора Наимӣ Аъламхон Қодириён, муовини аввали директори агентӣ,  зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ 74 миллион сомонӣ ё худ беш аз 50 дарсади зарари ошкоршуда ба манфиати давлат барқарор карда шуд.
Санҷишҳо нишон доданд, ки камбудиҳои зиёди молиявӣ дар Агентии захираҳои моддии давлатӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, маориф ва илм ҷой доранд. Ба арзёбии роҳбарияти агентӣ, дуруст ба роҳ намондани назорати дохилиидоравии  истифодаи маблағу воситаҳои давлатӣ сабаби ба миён омадани камбудиҳо шудааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ 23 корманди худро  муҷозот дода,  3 нафар аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.
Наимӣ Аъламхон Қодириён аз афзоиши муроҷиатҳои шаҳрвандон ба дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии агентӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хабар дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1000 адад зиёд аст. Зикр шуд, ки аз теъдоди умумии муроҷиатҳо 30 дарсад   вобаста ба масоили замин ва 20 дарсад перомуни қарору санадҳои судӣ ба агентӣ шикоят намудаанд.

 Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2015    №: 152    Мутолиа карданд: 710

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед