logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни мулоқот бо мардуми ноҳияи Дарвоз, 28 июли соли 2015

Ҳозирони арҷманд!
Бисёр хушнудам, ки сокинони ҳимматбаланду меҳмоннавози ноҳияи Дарвоз Роҳбари давлатро чун ҳамеша бо чеҳраҳои гарму рӯҳи болида ва меҳру муҳаббати хоса истиқбол мегиранд ва ба ин васила суннати деринаи мардуми соҳибфарҳангамонро гиромӣ медоранд.
Барои чунин пазироии самимӣ ба тамоми сокинони ноҳия, хусусан ба модарони арҷманд, пирони барнодил ва ҷавонони ватандӯст, изҳори сипос менамоям ва ба ҳамаи шумо хонаи ободу хушбахтӣ орзумандам.
Воқеан, меҳмоннавозӣ яке аз хислатҳои беҳтарини сокинони Дарвоз буда, аз қадимулайём ҳар нафаре, агар ба меҳмонии мардуми Дарвоз меомад, ҳатман гармии қалби онҳоро эҳсос мекард. Зеро Дарвоз ҳамчун як гӯшаи таърихии сарзамини аҷдодии тоҷикон аз замонҳои қадим бо урфу одат ва анъанаҳои нек, хушгуфторӣ ва меҳмондориву меҳмоннавозии сокинони худ шуҳрати хосаро соҳиб гаштааст.
Дарвоқеъ, зиндагӣ кардан дар шароити кӯҳсор кори саҳлу осон нест. Вале, чунонки таърихи Дарвоз гувоҳ аст, сокинони ин минтақаи зебои кишварамон бо заҳмати аҳлона, маҳорату ҳунар ва бо дарназардошти қадру қимати ҳар ваҷаб замини ин мавзеъ барои зиндагиву рӯзгори худ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ва тавре ки имрӯз мебинем, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, дастгириву ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаву софдилонаи сокинон симои мулки таърихии Дарвоз ба куллӣ дигаргун шудааст.
Алалхусус, маданияти баланди заминдорӣ, шуғли аҷдодии заргариву косибӣ, анъанаҳои родмардиву паҳлавонӣ ва ҳунари шоириву овозхонӣ ба туфайли соҳибистиқлолии кишвар беш аз пеш эҳёву густариш пайдо кардаанд.
Дар иртибот ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки агар замоне аҷдоди мо ва фарҳанги оламгири моро кӯҳҳои дастнораси ватанамон ва, албатта, матонату ҷасорати гузаштагонамон наҷот дода бошанд, пас имрӯз василаи тараққиёту пешрафти мо, қабл аз ҳама, ғайрату ҳиммат, донишу маърифат ва фарҳангу ҳунари мост.
Аз ин лиҳоз, мо танҳо тавассути донишу маърифат метавонем худро шиносем, таҳаввулоти ҷаҳони муосирро дуруст дарк кунем ва рисолати хешро дар ин олами пуртазод ба манфиати давлату миллат муваффақона ба иҷро расонем. Ва ин нуктаи муҳимро сокинони хирадманду фарҳангдӯсти Дарвоз хуб медонанд.
Дӯстони азиз!
Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дарвоз ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тавассути таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Бо ин мақсад дар солҳои 2012 – 2014 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳия ва ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншооти нав, бунёду азнавсозии роҳҳои ҳудуди ноҳия ва дастгирии буҷети он 76 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.
Дар баробари ин, аз соли 2012 инҷониб дар қаламрави ноҳия се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 130 миллион сомонӣ амалӣ мешавад, ки аз онҳо ду лоиҳа аллакай татбиқ гардида, як лоиҳаи дигар дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, дар ин давра барои дастгирии буҷети ноҳия зиёда аз се миллион сомонӣ субвенсия ҷудо шудааст, ки 88 фоизи хароҷоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ташкил медиҳад.
Боиси қаноатмандист, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла, соҳибкории истеҳсолӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони ноҳия то имрӯз силсилаи тадбирҳо амалӣ гардидаанд.
Дар натиҷа, танҳо дар зарфи солҳои 2013 - 2015-ум 30 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, бинои Маркази омӯзиши ҳунарҳои дастӣ бо номи «Кохи бонувон» ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ, бинои истиқоматӣ якҷо бо филиали «Тоҷиксодиротбонк», биноҳои Комиссариати ҳарбӣ ва ҳифзи муҳити зист, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва қолинбофию заргарӣ бунёд карда шудаанд, ки мо имрӯз онҳоро ба истифода супурдем ва санги асоси сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияро гузоштем.
Ғайр аз ин, ҷиҳати иҷрои супориши Президенти кишвар дар самти таъсиси инфрасохтори сайёҳӣ аз тарафи соҳибкор Раҳимов Раҷаб меҳмонхонаи замонавии «Карон - палас» бо харҷи беш аз се миллион сомонӣ сохта шуда, дар шафати он барои меҳмонон ва сайёҳону сокинони ноҳия боғи фароғату истироҳат бунёд карда шудааст, ки ин иқдоми ободгаронаи соҳибкори ҳимматбаланди ноҳия шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат мебошад.
Ҳамчунин, чанде қабл аз ҷониби Ҷамъияти «Шимшо» коргоҳи заршӯии Равнов бо муҳайё намудани беш аз 50 ҷойи корӣ ва дар мавзеи Сариоби Ҷамоати деҳоти Сағирдашт корхонаи заршӯии «Таком - голд» ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар он беш аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Бо истифода аз фурсат, ба соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳамаи сокинони ноҳия, ки бо бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва иншооти хизматрасонӣ дар самти ободонии диёри худ ва болоравии иқтисодиёти кишвари азизамон саҳми ватандӯстонаи хешро гузошта истодаанд, миннатдории самимона баён менамоям.
Боиси қаноатмандист, ки дар ноҳия ба масъалаи коҳиш додани муҳоҷирати сокинон ба давлатҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи зарурӣ дода, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб намудани бекорон, инчунин тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои ноҳия чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Ҳоло дар ноҳия гурӯҳи мақсадноки Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад, ки дар он 60 нафар ҷавонписарону духтарони маҳаллӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Инчунин, дар ояндаи наздик ташкили филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ бо фаро гирифтани зиёда аз 30 нафар донишҷӯ дар назар аст.
Ғайр аз ин, тавассути маркази таълими калонсолон мунтазам курсҳои касбомӯзӣ гузаронида шуда, дар давоми соли гузашта ва шаш моҳи соли ҷорӣ бо чунин роҳ 600 нафар сокинони ноҳия соҳиби сертификат ва шаҳодатномаи касбу ҳунарҳои гуногун шудаанд.
Ҳозирони гиромӣ!
Энергетика яке аз соҳаҳои асосии таъминкунандаи пешрафти иқтисодиёти ноҳияи Дарвоз ба ҳисоб меравад. Дар ин самт соли гузашта ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ сохтмони хатти интиқоли барқи 35 - киловолта аз зеристгоҳи «Қалъаихумб» то деҳаи Дашти Паткуноб бо 10 зеристгоҳ ба анҷом расонида шуда, ба ин васила бо неруи барқ таъмин кардани 17 деҳа куллан беҳтар гардид. Инчунин, дар мавзеи Дашти Паткуноб зеристгоҳи нав бо иқтидори 1000 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Чанде пештар сохтмон ва азнавсозии хати интиқоли барқ дар масири Курговади ноҳияи Дарвоз - Даштаки ноҳияи Ванҷ ба масофаи 23 километр анҷом ёфт, ки дар натиҷа шабакаҳои барқии ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ бо ҳам пайваст гардиданд.
Минбаъд бо бунёд кардани хатҳои нави интиқоли барқ шабакаҳои барқии ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон ба шабакаи марказӣ пайваст мешаванд, ки иқдоми мазкур боиси боз ҳам беҳтар гардидани таъминоти сокинони ноҳияҳои зикршуда бо қувваи барқ хоҳад шуд.
Дар ин самт, масъулони соҳа ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқро таъмин намуда, фаъолияти муназзами шабакаҳои барқии ҳудуди ноҳияро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Дар солҳои 2012-2014 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ барои нигоҳдорӣ ва таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии ноҳия дар маҷмӯъ қариб 6 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Тайи ду соли охир сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон - Зиғар (марҳалаи сеюм) ба дарозии 18,7 километр ба маблағи умумии қариб 135 миллион сомонӣ ва таҷдиди роҳи мошингарди Лабиҷар - Тавилдара - Калъаихумб бо сарфи беш аз 6 миллион сомонӣ ба охир расонида шудааст.
Бо мақсади боз ҳам осон намудани рафтуомади сокинон ва интиқоли молу маҳсулот ба Вазорати нақлиёт супориш дода мешавад, ки доир ба масъалаи тавассути маркази Ҷамоати деҳоти Сағирдашт бунёд намудани шоҳроҳи Душанбе - Тавилдара - Калъаихумб чораҷӯӣ намояд.
Пули байнисарҳадии деҳаи Рузвай аз болои дарёи Панҷ, ки чанд сол пеш ба истифода супурда шуд, имрӯз дар таҳкими ҳамкориву равобити гуногунсоҳаи мо бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, хусусан дар самти вусъат пайдо кардани тиҷорати наздисарҳадӣ ва дӯстии халқҳои ҳамҷавори мо нақши бисёр арзишмандро иҷро карда истодааст.
Мо минбаъд низ саъю талош мекунем, ки робитаҳои дӯстонаву бародаронаро бо мардуми ҳамзабон ва ҳамфарҳангу ҳамкеши Афғонистон густариш бахшем ва орзумандем, ки ҳамсояҳои наздиктарини мо зиндагии орому осуда ва рӯзгори босаодат дошта бошанд.
Дӯстони азиз!
Бо дарназардошти мушкилоти асосии кишоварзони ноҳия, яъне таъмин набудани онҳо бо техникаи кишоварзӣ аз ҷониби Роҳбари давлат ба Маркази хизматрасонии техникии ноҳия 6 трактори МТЗ-82 бо таҷҳизоти зарурӣ тақдим карда шуд.
Бо вуҷуди ин, вазъи парки техникӣ ва таҷҳизоти кишоварзии ноҳия беҳбудиро тақозо дорад, зеро бе истифода аз технологияҳои муосир самаранокии соҳаи кишоварзиро баланд бардоштан ғайриимкон аст.
Бинобар ин, ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» супориш дода мешавад, ки ба масъалаи ҳамкорӣ бо марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз эътибори ҷиддӣ диҳад.
Ҳоло дар кишвар доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ лоиҳаҳои гуногун амал мекунанд ва масъулони соҳаро зарур аст, ки ҳамкориро бо шарикони рушд тақвият бахшида, барои таъмини ноҳияҳо бо техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳукумати кишвар бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодӣ ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Соли таҳсили 2013 - 2014-ум 112 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, 17 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии низомӣ ва 6 нафар ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ дохил шуданд.
Соли равон аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илм сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ барои 192 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии деҳаи Рузвай анҷом дода мешавад. Илова ба ин, сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии деҳаи Паткуноб ва бинои иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар назди мактаби таҳсилоти умумии деҳаи Камчак ба нақша гирифта шудааст.
Ҳарчанд муассисаҳои таълимии ноҳия асосан ба омӯзгорон таъминанд, вале дар баробари ин, то ҳанӯз норасоии мутахассисон аз фанҳои забони англисӣ, риёзӣ, химия, тарбияи ҷисмонӣ ва технологияи иттилоотӣ ба мушоҳида мерасад.
Бояд гуфт, ки заминаи моддиву техникии аксари муассисаҳои таълимии ноҳия ба талабот ҷавобгӯ набуда, масъалаи таъсис додани ҳуҷраҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва таъмини китобхонаҳои мактабӣ бо адабиёти бадеии даврони истиқлолият аз мадди назар дур мондааст.
Дар иртибот ба ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия камбудиҳои дар соҳаи маорифи ноҳия ҷойдоштаро ҳамаҷониба омӯхта, барои бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешад.
Дар баробари ҳалли масъалаҳои мактабу маориф ва тарбияи наврасону ҷавонон мехоҳам бори дигар баъзе андешаҳои худро роҷеъ ба мақому манзалат ва шахсияти омӯзгор баён намоям.
Дар ҳамаи давру замонҳо омӯзгор ҳамчун чеҳраи асосии мактабу маориф эътироф гардидааст. Муаллимро дар ҷомеаи мо ҳамчун шахси нурбахшу пешоҳанги ҷомеа, тарғибгари фарзандон ба илму дониш ва инсони нексирату некном иззату эҳтиром мекунанд.
Омӯзгор шахсест, ки ҷомеа тақдири фарзанди худро бо умеди ояндаи нек ва ба хотири соҳиби рӯзгори сазовор гардидан ба ӯ месупорад. Ин масъулияти муқаддас аз омӯзгор тақозо менамояд, ки барои тарбияи насли наврас ғамхору дилсӯз ва ташаббускору эҷодкор бошад, касби хешро сидқан дӯст дорад ва нисбат ба шогирдон меҳру муҳаббат дошта бошад.
Солҳои охир Ҳукумати мамлакат барои дастгирии моддиву маънавии омӯзгорон як қатор иқдомҳоро роҳандозӣ намуда, вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ мо пайваста кӯшиш карда истодаем, ки барои омӯзгорон шароити мусоиди кору зиндагиро фароҳам оварем.
Аммо иқдомоти дар ин самт амалигардида ҳанӯз ҳам нокифоя буда, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ омӯзгоронро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд, аз ҷумла доир ба пардохти саривақтии маош ва маблағи рухсатии меҳнатии онҳо тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Дар диёри хушманзари Дарвоз олимону омӯзгорони зиёди номдору варзидае ба воя расидаанд, ки дониш ва таҷрибаи зиндагии онҳо метавонад барои омӯзгорони ҷавони мо ҳамчун мактаби ибрату омӯзиш хизмат намояд.
Солимии ҷомеа, рӯ овардани наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирӣ намудан аз гароиши онҳо ба ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо, сохтору мақомоти дахлдор, падару модарон, аҳли зиё, ходимони дин ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.
Имрӯз шумораи хеле зиёди наврасону ҷавонони ноҳия бо истифода аз шароити мусоиди муҳайёгардида ба варзиш машғуланд ва аз байни онҳо варзишгароне ба воя расидаанд, ки ифтихори ноҳия ва кишвар мебошанд.
Бо вуҷуди ин, роҳбарону масъулони ноҳияи Дарвоз бояд фаъолияти худро ҷиҳати дар сатҳи ноҳия ва вилоят ташкил намудани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ тақвият бахшанд ва ҳамзамон бо ин, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла, тавассути ҷалби маблағҳои соҳибкорон барои бунёди толору майдонҳои варзишӣ чораҷӯӣ намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар ноҳия ба масъалаи ҷалби ҷавонон, махсусан, бонувон ба корҳои идоракунӣ ва хизмати давлатӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд. Маҳз дар натиҷаи чунин муносибат ҳоло 78 фоизи кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро бонувону ҷавонон ташкил медиҳанд.
Бо мақсади дастгирии ҳуқуқии занону духтарон ва таҳкими пояҳои оиладорӣ мо соли 2015 - ро дар кишварамон Соли оила эълон намудем. Бовар дорам, ки дар доираи чорабиниҳои Соли оила маънавиёти ҷомеа вусъати бештар ёфта, мақоми оила боз ҳам баланд мегардад ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ҳифзи арзишҳои неки оиладорӣ минбаъд низ тақвият пайдо мекунад.
Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки мо аз мушкилоти ноҳия хуб огоҳ ҳастем. Аз ин рӯ, ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ ва дастгирии моддиву маънавии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир менамоем.
Хусусан, таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо технология ва таҷҳизоти муосири тиббӣ, мутахассисони соҳибкасб, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба бекорон барои дарёфти ҷойи кор ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ мунтазам чораҷӯӣ карда истодаем.
Дар баробари ин, бори дигар таъкид менамоям, ки амалишавии ҳамаи иқдому ташаббус ва мақсадҳои неки дар назди худ гузоштаи мо танҳо бо роҳи таҳкими пояҳои истиқлолият ва дастовардҳои он, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ, тақвияти аркони давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, инчунин аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиатҳои давлат ва миллат вобаста мебошад.
Бовар дорам, ки ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси кишвари азизамон, аз ҷумла, мардуми сарбаланди ноҳияи Дарвоз минбаъд низ ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву неки миллиамон саҳми беғаразонаи худро дареғ намедоранд.
Бо ҳамин умед, ба кулли сокинони заҳматпеша ва ҳимматбаланду меҳмоннавози ноҳияи Дарвоз барои кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва истиқболи самимӣ миннатдорӣ баён менамоям ва ба ҳар яки шумо бахту саодат, рӯзгори хушу осуда ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша саломату муваффақ бошед, ҳамватанони азиз!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2015    №: 153    Мутолиа карданд: 699

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед