logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ, 28 июли соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Рӯзи 20 июли соли ҷорӣ дар баробари баъзе ноҳияҳои дигари вилоят ноҳияи Ванҷ низ дучори офати табиӣ гардид, ки дар натиҷаи ин ҳодисаи ногаҳонӣ ғайр аз хисороти зиёди молӣ 6 нафар сокини ноҳия ба ҳалокат расид.
Вобаста ба ин ҳодисаи фоҷиабор ман ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон аз номи худам ва Ҳукумати мамлакат тасаллияту ҳамдардии амиқ баён менамоям.
Афсӯс, ки дар бисёр мавридҳо ба муқобили офатҳои табиӣ аз дасти инсон чизе намеояд ва дар аксари ҳолатҳо ин гуна ҳодисаҳои харобиоварро пешгӯӣ ҳам карда намешавад.
Масъалаи фароҳам овардани шароити зиндагии сокиноне, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, инчунин сари вақт барқарор кардани иншооти харобшуда дар маркази диққати Роҳбари давлат қарор дорад ва мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки мардуми осебдида дар муқобили душвориву офатҳои ногаҳонӣ худро танҳо эҳсос кунанд.
Тавре ки дар ҷаласаи фаврии Ҳукумати мамлакат супориш додам, давлат ва Ҳукумати кишвар тамоми қувва ва имкониятҳоро сафарбар намудааст, ки манзилҳои истиқоматии харобшуда то охири моҳи октябр барқарор гардида, сокинони осебдида то фарорасии фасли зимистон бо хонаҳои истиқоматӣ пурра таъмин карда шаванд.
Ҳамзамон бо ин, роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шудаанд, ки аз аҳволи хонаводаҳои шахсони ҳалокшуда бохабар бошанд ва аҳли оилаи онҳоро аз лиҳози моддиву маънавӣ дастгирӣ намоянд.
Дӯстони азиз!
Деҳоти Ванҷи Боло, ки мулоқоти мову шумо дар он баргузор шуда истодааст, дар саргаҳи ташаккулёбии обҳои мусаффои пиряхҳои азим қарор дошта, садсолаҳои зиёд инҷониб ҳамчун сарвати бебаҳо ва махзани бузурги оби поку ҳаётбахш ба мардуми диёрамон бедареғ хизмат мекунанд.
Итминон дорам, ки қалби саршор аз меҳри мардуми заҳматкаши ин диёр низ мисли обҳои тозаву мусаффои он орӣ аз ғубору кина буда, дар он танҳо муҳаббат ба Ватан ва эътимод ба ояндаи дурахшони он маъво гирифтааст.
Солҳои охир тавассути дастгириҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва иқдому ташаббусҳои ватандӯстона ва саъю талоши софдилонаву аҳлонаи сокинони кишварамон рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин гардида, дар ҳар як гӯшаву канори Ватани маҳбубамон, аз ҷумла, дар ноҳияи Ванҷ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада истодаанд.
Мо субҳи имрӯз аз шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дидан карда, дар мавзеи Сурхсангови ноҳия пули мошингузарро аз болои дарёи Ванҷоб, ки барои бунёди он 27 миллион сомонӣ сарф шудааст, ифтитоҳ намудем.
Вобаста ба ин рӯйдоди муҳим ҳамаи сокинони ноҳияро, ки пули ифтитоҳшуда мушкили онҳоро хеле осон намуд, табрик гуфта, ба муҳандисону сохтмончиёни тоҷику хитоӣ, ки бо заҳмати шабонарӯзӣ пули мазкурро бунёд кардаанд, арзи сипос менамоям ва бо итминон изҳор медорам, ки пули навбунёд барои таҳкими минбаъдаи робитаи мардуми вилоят бо сокинони минтақаҳои дигари мамлакат солҳои тӯлонӣ хизмат хоҳад кард.
Дар хизмати мардум қарор гирифтани пули имрӯза ҳаракати мунтазами нақлиёти пурбору калонҳаҷмро таъмин карда, рафтуомади сокинон ва меҳмонону сайёҳонро осон мегардонад ва дар чаҳор фасли сол барои интиқоли молу маҳсулоти соҳибкорону тоҷирон ва дигар маводи ниёзи мардум шароит фароҳам меорад.
Дарозии пул 146 ва паҳноии он 10,5 метр буда, ҳаҷми борбардории он 100 тоннаро ташкил медиҳад, ки аз ҷиҳати бехатариву иқтидори вазнбардорӣ ва мустаҳкамиву бузургӣ нисбат ба пули пешина афзалияти зиёд дорад.
Хотирнишон кардан зарур аст, ки сохтмони чунин пулҳо, бунёди нақбу неругоҳҳо, таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ дар шароити кӯҳистон хеле муҳим буда, ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии мо, аз ҷумла, кишоварзӣ, ташкил кардани хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоиву некуаҳволии аҳолии ин минтақаҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳукумати мамлакат дар давоми солҳои 1992-2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 200 миллион сомонӣ равона кардааст.
Ба туфайли истифодаи самараноки маблағҳои ҷудошуда имрӯз симои ноҳияи Ванҷ куллан тағйир ёфта, дар он чандин иншооти нав қомат рост кардаанд ва ҳусни шаҳракро хеле зебову дилкаш намудаанд. Мо ният дорем, ки ин раванди созанда, яъне, бунёди иншооти замонавиро дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ вусъат бахшем.
Ҳозирони гиромӣ!
Қобили таҳсин аст, ки соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба корҳои созандагиву ободонии диёри хеш иқдом карда, дар давоми солҳои охир ба хеле дастовардҳо ноил шудаанд.
Кӯшишу талоши онҳо дар ободии диёри худ, воқеан, назаррас буда, ба насли ҷавон намунаи ибрат аст ва онҳоро низ барои минбаъд анҷом додани корҳои хайри бунёдкорона ҳидоят месозад.
Имрӯз мо дар деҳаи Ғуҷоваст коргоҳи коркарди ангати соҳибкори заҳматдӯст Васила Ғафуроваро ифтитоҳ намудем, ки солҳои тӯлонӣ ба ҷамъовариву истеҳсоли равғани дармонбахши ангат машғул мебошад.
Маводи офиятбахшу малҳамҳои омодакардаи ӯ имрӯз ҳам дар қаламрави ноҳия ва ҳам дар манотиқи дигари кишвар харидор доранд.
Мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи истеҳсоли равғани ангат дар бобати аз буттамеваю растаниҳои шифобахши диёрамон истеҳсол намудани дорувориҳои ватанӣ иқдоми ибратбахш буда, ҳамзамон бо ин, омили муҳимми густариш пайдо кардани ин намуди шуғл дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон мегардад.
Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд барои соҳибкорони маҳаллӣ, бахусус бонувони боғайрату фидокор, ки дар манотиқи дурдасти кӯҳистон, бо вуҷуди шароити нисбатан душвор, даст ба корҳои созанда мезананд, фазои боз ҳам мусоиди соҳибкориро фароҳам оранд ва ба фаъолияти минбаъдаашон кумаки ҳамаҷониба расонанд.
Ҳамчунин, дар деҳаи хушманзари Вишхарвак аз ҷониби соҳибкор Муҳаббатов Муфарраҳ сохта шудани Маҷмааи сайёҳиву истеҳсолии «Ванҷи Боло» аз ҳиммати баланди соҳибкорони ватанӣ дар ин ноҳияи кӯҳистон дарак медиҳад.
Маҷмаа ғайр аз боғи навбунёди ниҳолҳои мевадиҳанда аз меҳмонхона барои қабули 20 нафар сайёҳон, биноҳои маҷлисгоҳу ошхона, бӯстонсарои тобистона ва дигар иншооти ёрирасон, инчунин фермаи парвариши чорво иборат аст. Бо ташаббуси ин соҳибкор ҳамчунин дар ояндаи наздик дар масоҳати қариб ҳазор метри мураббаъ иншооти дуошёнаи нигоҳдории меваю сабзавот сохта, ба истифода дода мешавад. Илова бар ин, соҳибкор ният дорад, ки коргоҳҳои хушконидани мева, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ бунёд намояд.
Бо ташаббуси дигар соҳибкорони ноҳия коргоҳи дӯзандагӣ бо 50 ҷойи корӣ, корхонаи коркарди мева ва истеҳсоли шарбат, коргоҳи коркарди пӯсту мӯина сохта шудааст, ки, бешубҳа, ба пешрафту ободии ин диёри кӯҳистон ва беҳтар шудани вазъи иқтисодии он мусоидат мекунанд.
Дар натиҷаи амалӣ шудани иқдомҳои зикршуда беш аз 150 нафар сокинони ноҳия дар маҳалли зисти худ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, сатҳи зиндагиву рӯзгорашон хеле беҳтар мегардад.
Ман дар суханрониву вохӯриҳои худ борҳо таъкид намудаам ва бори дигар ёдовар мешавам, ки ғамхорӣ ба маъюбону ятимон ва ниёзмандону оилаҳои камбизоат ҳеҷ гоҳ аз мадди назари давлату Ҳукумати мамлакат дур намемонад ва ба онҳое, ки даъвати моро дастгирӣ намуда, дар ин ҷода анҷом додани амалҳои неку созанда ва хайру саховатро пеша мекунанд ва ба гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманди ҷомеа кумаки беғаразона мерасонанд, изҳори сипос менамоям.
Ҳозирони гиромӣ!
Тайи солҳои охир ба масъалаи аз худ намудани заминҳои нав ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳои ноҳия таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад.
Дар мавзеи дашти Вишхарваки Ҷамоати деҳоти Рованд аз ҳисоби Ҳукумати кишвар барои аз худ намудани зиёда аз 100 гектар замин 700 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд. Аз рӯи маълумот ин масъалаи муҳим ба анҷом расида, қисми зиёди заминҳои бекор ва ташналаб аз нав ба замини корам табдил дода шуда, барои сокинони ноҳия садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардидаанд.
Бо вуҷуди ин, хотирнишон месозам, ки дар ноҳия минбаъд низ ба масъалаи аз худ кардани заминҳои нав ва баланд бардоштани маданияти заминдорӣ эътибори аввалиндараҷа бояд дода шавад. Зеро дар ноҳияи Ванҷ заминҳои бекорхобида зиёданд, ки баъди азхуд кардани онҳо боғҳои нав бунёд намуда, парвариши мева, аз ҷумла чормағз ва себу зардолуро зиёд карда, содироти онҳоро ба роҳ мондан мумкин аст. Дар ноҳия, инчунин, имконият барои тараққӣ додани чорводорӣ низ зиёд аст.
Бояд гуфт, ки ба шарофати ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли гузашта ба 3,5 миллион сомонӣ расонида шудааст.
Дар натиҷаи ба истифода супурдани неругоҳҳои хурди барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳо ва таъмиру барқарор намудани хатҳои интиқоли барқ истеҳсоли неруи барқ аз 7,1 миллион киловатт-соати соли 2005 ба 12 миллион киловатт – соат дар соли 2014 расонида шудааст.
Чанд сол пеш миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ пули нави мошингард бо дарозии 216 метр ва бо иқтидори борбардории 30 тонна ба истифода супурда шуд.
Баъди ифтитоҳи пул дар мавзеи зикршуда ба маблағи 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бозори наздисарҳадӣ ба фаъолият оғоз кард, ки ба афзоиш ёфтани гардиши мол дар бозори истеъмолии ноҳия мусоидат намуда, имкон фароҳам овард, ки шумораи зиёди шаҳрвандону соҳибкорони ду давлати дӯст ба тиҷорати озоди молҳои саноатӣ, хӯрокворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум машғул шаванд.
Бо вуҷуди корҳои то имрӯз амалигардида, мувофиқи мақсад мешуморам, ки ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ масъалаҳои зерин мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шаванд:
Вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор карда мешавад, ки масъалаи ба таъхир афтодани бунёди неругоҳи хурди барқи обии деҳаи Мотравни Ҷамоати деҳоти Язғуломро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор диҳад.
Ҳамчунин, бо дарназардошти фаровон будани захираҳои об дар рӯдхонаҳои ҳудуди ноҳияи Ванҷ Вазорати энергетика ва захираҳои об масъалаи дар Ҷамоати деҳоти Рованд ба нақша гирифтани сохтмони неругоҳи барқи обии хурдро баррасӣ намояд.
Ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроия, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг супориш дода мешавад, ки доир ба масъалаи дар маркази ноҳияи Ванҷ бунёд намудани мактаби нави замонавӣ, қасри фарҳанг ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ намоянд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади аз офатҳои табиӣ ҳимоя кардани қитъаҳои осебпазири деҳоти ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкуниро амалӣ созанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Раванди ҷаҳонишавӣ, агар аз як тараф боиси ба ҳам наздикшавии халқҳову фарҳангҳо гардад, аз ҷониби дигар тавассути воридшавии падидаҳои манфии фарҳангӣ ва мафкураи бегона ба зеҳну шуури мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон, таъсири зарарнок ва ҳатто харобиовар мерасонад.
Хатарҳои муосире, ки хусусан солҳои охир фазои сиёсии ҷаҳон, бахусус кишварҳои мусулмоннишини Шарқро тағйир дода, низоми суннатии онҳоро барҳам задааст, пешорӯи мо низ ҳадаф ва вазифаҳои нав мегузоранд.
Вазъи ҷаҳони муосир хеле мураккаб буда, муборизаи кишварҳои абарқудрат барои ба даст овардани захираҳои моддӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои геополитикиву геостратегӣ боиси ҷиддан тағйир ёфтани низоми муносибатҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Ин омилҳо сабаби ба вуҷуд омадан ва нуфуз пайдо кардани гурӯҳҳои иртиҷоие шудаанд, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом боиси тасарруфи марзҳо ва ба ҳалокат расидану аз ватан муҳоҷир шудани миллионҳо нафар сокинони осоиштаи кишварҳои минтақа гардидаанд.
Солҳои охир ин гурӯҳҳо тавонистанд бо мусоидати баъзе аз кишварҳои абарқудрат ба як сохтори мукаммали террористӣ табдил ёфта, фаъолияти густурдаи таблиғотии худро ба роҳ монанд ва ҳазорон нафар ҷавонони гумроҳро аз кишварҳои Аврупову Осиё ба сафи худ ҷалб намоянд. Мутаассифона, Тоҷикистони мо низ аз номгӯи ин кишварҳо истисно нест.
Вобаста  ба  ин,  моро  зарур  аст,  ки фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани маърифати ҷомеа, бахусус, ҷавонон ба таври ҷиддӣ пурзӯр кунем, дар байни ҷавонон фаъолияти густурдаи таблиғотиро ба роҳ монда, ба онҳо моҳият ва хатари ин гурӯҳҳоро шарҳ диҳем, ҷавононро аз гароиш ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои мутаассибу ғайриқонунӣ ҳушдор диҳем ва неруву дониши онҳоро ба корҳои созанда ва манфиатовар равона созем.
Барои аз таъсири манфии падидаву зуҳуроти бегона эмин нигоҳ доштани мардуми кишварамон ҳар як фарди огоҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси моро зарур аст, ки сарзамини аҷдодӣ, анъана ва забону фарҳанги хешро ба таври шоиста ҳифз намоянд, ватандӯст бошанд, шукронаи соҳибватанӣ ва соҳибдавлатиро ба ҷо оранд ва ҳаргиз ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Барои ноил шудан ба ин мақсаду мароми нек мо, пеш аз ҳама, бояд ба таълиму тарбияи насли наврас диққати бештар диҳем, ҷавононро соҳибмаърифат намоем ва дар замири онҳо хислатҳои ҳамидаро ҷой диҳем, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия кунем, фаъолияти оила, мактаб ва ҷомеаро дар ин самти муҳим устувор гардонем.
Ҷавонони мо бояд дорои андешаи баланди миллӣ бошанд, авзои зудтағйирёбандаи байналмилалиро омӯзанд, аз сиёсати ғаразноки гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав огоҳ бошанд, ба дастаҳои иртиҷоиву хусуматангез ҳамроҳ нашаванд ва ҳамеша дар фикри омӯзиши илму маърифат ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон бошанд.
Ватанро дӯст доштан, ба қадри ҳар ваҷаб замини кишвар расидан, чун гавҳараки чашм ҳифз намудани он, гиромӣ доштани фарҳанг, забон ва дигар муқаддасоти миллӣ бояд вазифаи ҷонии ҳар як сокини Ватани азизамон, аз ҷумла, ҷавонон бошад.
Итминон дорам, ки мардуми ватандӯсти ноҳияи Ванҷ минбаъд низ бо эҳсоси баланди ифтихори милливу хештаншиносӣ аз пайи ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон гардида, ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллатро таҳким мебахшанд, манфиати давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло мешуморанд ва бо заҳмати софдилона диёри худро ободу пешрафта мегардонанд.
Дар интиҳо ба мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи Ванҷ барои пазироии самимӣ изҳори ташаккур намуда, ба ҳар яки шумо хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва барори кор мехоҳам.
Доимо сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2015    №: 153    Мутолиа карданд: 422

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед