logo

маориф

Паём дастур ва раҳнамои фаъолияти мост

Сӯҳбат бо Тағойбобои Шукурзод, ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви пайвастаи Академияи педагогӣ ва иҷтимоии Русия

-Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки сатҳу сифати таълим, донишандӯзӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар мамлакат қонеъкунанда нест.
-Воқеан, агар пештар, яъне дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта вобаста ба вазъи ноороми сиёсӣ ва мушкилоти мавҷудаи кишвар таваҷҷӯҳи хоса ба соҳаи маориф камтар ва ин боиси пастравии сатҳу сифати таълим гардида бошад, имрӯз тамоман фазои дигар ҳукмрон аст. Сол ба сол маблағгузорӣ ба соҳа, ки онро Сардори давлат соҳаи сарнавиштсози ҷомеа ва дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон кардаанд, меафзояд. Ҷудо гардидани 1 миллиарду 140 миллион сомонӣ ба соҳаи маориф барои соли 2009 ба ин шаҳодат медиҳад. Нисбат ба панҷ соли охир он 4 баробар ва дар муқоиса ба соли 1995 33 маротиба зиёд аст. Яъне дигар мамониате барои пешрафт ва болоравии сатҳу сифати таълим намондааст. Ҳар нафар омӯзгор дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо бояд фаъолиятро беҳтару пурзӯртар намояд ва дар назди виҷдони худ низ ҳисобот диҳад, ки барои сифати таълим чӣ кореро ба анҷом расонидааст ва дар оянда кадом нақшаи некеро амалӣ мегардонад.
Президенти кишвар барҳақ баён доштанд, ки «Навсозӣ ва пешрафти иқтисодиётро бе рушди илму маориф ва дастгирии онҳо таъмин кардан ғайриимкон аст».
Ба ин хотир раванд ва сифати таълиму тарбияро таҳти назорати ҳаррӯза қарор додаем. Инчунин 360 компютер харидорӣ шудааст, ки дар хидмати донишҷӯёну устодон қарор дорад. Агар қиёс намоем, моҳи декабри соли 2004, яъне  панҷ сол пеш дар донишгоҳ 12 компютер мавҷуд буд, ки аз он танҳо 4-тоаш кор мекард ва он ҳам барои таълим истифода намешуд. Ҳоло дар донишгоҳ дар ду нуқта бо шабакаи интернет пайвастанд. Маркази имтиҳонгирии компютерӣ таъсис ёфтааст, ки дар ихтиёр 100 компютер ва лабораторияҳо дорад. Яъне дар ҳамаи факултаҳо қабули санҷишу имтиҳонҳо тариқи компютер сурат мегирад. Чунин усул барои болоравии сатҳу сифати таълим имкон фароҳам овард. Ба ҷуз ин дар фаъолияти омӯзгорону донишҷӯён шаффофият ба вуҷуд омад. Дар баробари ин ба масъалаи тайёр кардани мутахассисони унвони илмидор диққати ҷиддӣ дода истодаем.
-Дар Паём аз хусуси таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик гардонидани низоми таълим низ таъкид ба амал омад.
-Оре. Барои ин мо ба такмили донишандӯзӣ ва таҷрибаомӯзии муаллимон аҳамияти махсус медиҳему маблағи муайяни зарурӣ ҷудо мекунем. Бархе аз омӯзгорон барои донишандӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба Русия, Эрон ва Амрико сафари хидматӣ доштанд.
Ғайр аз ин омӯзгорону олимони варзидаву шинохтаро, аз қабили Ҷорҷ Денисон, Ардашер Киаро аз Амрико, Коршак Евгенийро аз Украина, профессорон Парвона Ҷамшедов, Икром Қурбонов, Фотеҳ Ҳакимов, Тошбой Бобоевро аз пойтахти кишварамон барои тадрису омӯзонидани таҷрибаи корӣ даъват намудем. Ва ҳам чандин омӯзгорону олимони Русия ба ин хотир ба донишгоҳ ташриф оварданд.
Ба китобхонаи донишгоҳ беш аз 20 ҳазор нусха китоби таълимӣ барои омӯзиши забони англисӣ, 4 ҳазор нусха барои омӯзиши забони русӣ, 12 ҳазор нусха барои омӯзиши дигар фанҳо ва 6 ҳазор китоби бадеӣ харидорӣ шудааст.
Донишгоҳ ба ин хотир бо МГУ, МПГУ ва дигар макотиби олӣ ва Академияи педагогии Русия, Донишгоҳи Мантанаи ИМА ҳамкорӣ дорад.
Дар нақша аст, ки боз бо дигар донишгоҳҳои пешрафтаи мамолики хориҷӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монем ва сатҳи муассисаи таълимиро ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонем.
-Вазъи илм ва рушди он дар донишгоҳ чӣ гуна аст?
-Бояд ёдовар шавам, ки вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов пайваста барои беҳтар шудани вазъи илм ва рушди он дар донишгоҳ ғамхорӣ мекунанду саҳми зиёд мегиранду дастуру маслиҳатҳои судбахш медиҳанд.
Агар ба чанд соли гузашта муқоиса намоем, ҳоло шумораи олимон дар муассиса ду баробар зиёд гардидааст. 18 нафар доктори илму профессор ва 67 нафар номзади илму дотсент дар пешрафти таълиму тарбия саҳми арзанда гирифта истодаанд. 12 нафар олими донишгоҳ муаллифони китобҳои дарсист.
Ҳамасола12 нафар унвонҷӯ ба шӯъбаи аспирантураи донишгоҳ дохил мешавад. Дар се соли охир 30 нафар омӯзгор рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Аз 18 июли соли гузашта дар муассиса Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илми педагогика), назария ва методикаи таълим ва тарбия (физика) амал мекунад.
Агарчи муддати зиёде нагузашта бошад ҳам, дар ду ҷаласаи он соли гузашта 4 нафар омӯзгор рисолаи номзадӣ дифоъ кард.
Дар донишгоҳ аз рӯи 7 мавзӯъ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода мешавад. Беш аз 30 нафар дар арафаи анҷоми навиштани рисолаҳои номзадӣ қарор дорад.
Аз ҳисоби имкониятҳои моддиву молиявии донишгоҳ ҳар сол 50 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад. Ҳамчунин имкон фароҳам оварда мешуд, ки муҳаққиқон барои анҷоми корҳои илмиашон ба хориҷи кишвар ба сафарҳои хидматӣ бароянд.
-Чи шароите барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия фароҳам овардаед?
-Аз моҳи декабри соли 2004 маоши омӯзгорон аз 2 то 5 маротиба баланд бардошта шуд. Ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳ маошро 50-фоизӣ зиёд менамоем. Бинои маъмурӣ таҷдид ва биноҳои факултаҳои таърих ва ҳуқуқ, информатика, иқтисодӣ, химия ва биология, филология ва омӯзгорӣ пурра аз таъмир бароварда шуданд. Беш аз 3 ҳазор мизу курсиҳои навро  барои синфхонаҳо, идораву лабораторияҳо харидем. Кафедраву ҳуҷраҳои факултаҳо ва шӯъбаву идораҳои маъмурии донишгоҳ бо таҷҳизоти нави мебелӣ, компютер таъмин гардид.
12 синфхона барои факултаи физика ва математикаи донишгоҳ ва 20 синфхона барои гимназияи назди донишгоҳ сохта ва бо мебелу дигар таҷҳизоти хониш таъмин шуд. Толори нави хониш барои факултаҳои химия ва биология ва филология сохта ва мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Хобгоҳи донишҷӯён барои 500 нафар аз таъмир баромад. Бо ашёи зист, мошинҳои ҷомашӯӣ, пилтаҳои хӯрокпазӣ муҷаҳҳаз гардид.
Вобаста ба пешниҳоди Президент дар Паёми навбатӣ дар рӯзҳои наздиктарин дар хобгоҳ ва биноҳои таълимӣ ҳама лампаҳои ҳозираро бо лампаҳои каммасраф иваз мекунем.
Бо ин ки рафти Паёмро омӯзгорону донишҷӯёни мо ба воситаи телевизион тамошо карданд, он боз алоҳида мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор мегирад. Яъне бояд моҳияти Паём ба дурустӣ дарк шаваду аз рӯи он фаъолиятамонро беҳтар намоем, то дар рафъи норасоиҳои зикргардида саҳми арзанда бигирем.

Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 695

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед