logo

ҳуқуқ

ЗАМИНФУРӮШ Ё 74 ҶАСТИ МАЛАХАК

Муҳаммад Бекназаров, собиқ мутахассиси Корхонаи давлатии фаръии «Заминсоз» - и ноҳияи Ёвон, тавонистааст, ки дар тӯли 4,5 сол аз 74 нафар бо ваъдаи хушки “замин медиҳам” 882 ҳазору 524 сомонӣ гирифта, ба ҷайби худ занад.

Усулаш сода, лек “қурбонӣ”- ҳояш содатар
Бонувонро зудбовар гӯянд, аммо шигифтангез он аст, ки аз ин шумор 60 нафар марди аксарият маълумоти олидор ва танҳо қисмати хеле кам зан будааст. Зиёда аз ин, қаллоб ҳатто дар чанд маврид муваффақ ба фиреб додани чанд тан аз як оила гардидааст. Ҳиллааш якранг: замини холиеро ҳамчун ҷойи ояндаи манзилсозӣ ё ҳудуди боғи марказии ноҳияро барои сохтани дукони тиҷоратӣ нишон медодааст. Аз ҳар нафаре ба ҳисоби миёна аз 700 то 3 ҳазор доллари ИМА меситондааст. Агар гувоҳии ҷабрдидаҳою иқрор гаштан ба гуноҳ Муҳаммад Бекназаровро пушти панҷараи зиндон намебурд, шояд боз чанд инсони сода пой бар доми макраш мениҳод.
Бино ба иттилои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, номбурда аз соли 2010 то лаҳзаи дастгир шудан аз вазифаи мутахассиси КВД “Заминсоз” суи-истифода бурдааст.
Маблағҳои  бо  роҳи  найранг  бадастовардаро барои бунёди манзили истиқоматии чиҳилҳазордоллара барои завҷаи якум ва чор фарзанд дар ноҳияи Ёвон, харидани мебелҳои гуногун, рахти хоб ва дигар ҷиҳози рӯзгор, мошини сабукрави ҳафтҳазордоллараи “Mercedes Benz-180” ва хариди замину бунёди хона дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ бо сарфи 30 ҳазор доллари ИМА ва мошини беш аз ёздаҳҳазордоллараи «Tayota Corolla» барои завҷаи дувум сарф намудааст. Яъне, “дунё косаи беномусӣ ҳам дорад”, - гуфта, осудаҳолии хешро аз ҳисоби азияти дигарон таъмин мекардааст.
Зимнан, аз маблағи умумии зарари расондаи М. Бекназаров кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муваффақ ба барқарор намудани танҳо як қисми он - 536 ҳазору 99 сомонӣ гардиданд. Биноан, суди ноҳияи Ёвон баъд аз баррасии парвандаи Муҳаммад Бекназаров бо истифода аз моддаҳои 170 (дузанагӣ), 247, қисми 3, банди «а» (қаллобӣ ба миқдори калон) ва 247, қисми 4, банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ба муддати 9 солу 7 моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш пурзӯр ва ба муҳлати 3 сол маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар мақомоти заминсозӣ ва геодезии кишвар, мусодираи молу мулк ва барқарор намудани зарари мардумро низ пешбинӣ кард.

Шаҳрвандон низ гунаҳкоранд
Дар ин росто, суоли матраҳ  ин аст, ки чӣ 74 нафарро водошт, то дидаю дониста бархе охирин пасандоз ва иддае қарзи бонкро ба коми “наҳанг” партоянд?
Ба андешаи Ҷамолиддин Муҳаммадзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҷабрдидаҳоро низ беайб гуфтан нашояд. “Чун шаҳрвандони зиёде дар интизори навбати гирифтани замин ҳастанд, баъзеҳо мехоҳанд, ки бе навбат, тезтар бигиранд ва шинос мекобанду пул медиҳанд. Ҳол он ки гоҳо чунин навбатпойиҳои серодамро маҳз худи қаллобон ба хотири ноилоҷ пул пешниҳод кардани мардум бо тариқи сунъӣ ташкил мекунанд. Омили дигари тавлиди коррупсия ин кам доштан ё умуман надоштани маърифати ҳуқуқӣ аст. Манзурам ин аст, ки онҳо бояд барои худ муайян мекарданд, ки оё як мутахассиси одӣ ваколати додани заминро дорад ё не?”, - афзуд Ҷ. Муҳаммадзода.
Дар тақвияти суханҳои боло Қорӣ Ирфонуддин Шамсуддинов изҳор дошт, ки Ҳукумат барои бунёди манзил қитъаи заминро бепул медиҳад. Акси инро шариат ҳаром ҳукм мекунад. Зеро пул додану пул гирифтан барои кори ноҳақ ришва маҳсуб меёбад, ки дар ин ҳолат ба қавли Паёмбари ислом (с) “Ришвадиҳандаю  ришвагиранда ҳар ду ба дӯзах мераванд”.
Сайдалӣ  Сироҷиддин Сайвалӣ, раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа, ки бо тақозои касб аз масъалаҳои ҳамсони мавзӯи матраҳнамудаи мо хуб огоҳ аст, чунин гуфт:
“Агар як шахс зиёда аз 70 нафарро фиреб диҳад, ин, албатта, аз бесаводӣ ва заифии дониши ҳуқуқии шаҳрвандон гувоҳӣ медиҳад. Аз ин рӯ, бояд тамоми кормандони давлатӣ, бахусус, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутасаддиёни марбут ба соҳаи замин корҳои оммафаҳмониро бештар ба роҳ монанд, то ҳама донанд, ки замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на фурӯхта мешаваду на харида ва аз ин пас дар муносибат бо шахсони қаллоб аз эҳтиёт кор бигиранд”.      
Дар мавриди ҷой доштани навбати зиёд оид ба гирифтани замин барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳақ бар ҷониби мусоҳибони мост. Масалан, дар истинод ба масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аз сокинони ноҳияи Ёвон дар маҷмӯъ, 18 ҳазор ариза ба унвонии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ворид шудааст. Ба ҳамин минвол, ин рақам дар шаҳру ноҳияҳои Вахш ба 11 ҳазору 821, Бохтар  - 4 ҳазору 518, Шаҳритуз  - 4 ҳазор, Норак - 1042 ва Сарбанд  4 ҳазору 518 мерасад, ки дар шароити камзаминии Тоҷикистон талаботи ҳамаро иҷро намудан ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, аксарият барои зудтар расидан ба мақсад аз ин ду роҳ якеро интихоб мекунанд: шикоят кардан ба идораҳои болотар ё додани пора. Ба гунаи мисол, Басгул Зайнуддинова, истиқоматкунандаи шаҳри Норак, зимни як ҷаласа дар назди раиси вилояти Хатлон чунин шиква намуд:
“Мо дар як хона ду оила - 10 нафар зиндагӣ  мекунем. Хона дар бинои бисёрошёна ҷойгир аст. Чор сол пеш барои гирифтани қитъаи замин ариза дода будем, аммо бенатиҷа”.
Дар ҷавоб ба ин хонум ва дар умум ба ҳама корафтодагон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода чунин пешниҳоди оқилона намуд:
“Норак ҳамагӣ 100 гектар замини корами обӣ дорад. Замини ба мақсад мувофиқ ин ҷо мавҷуд нест. Аммо мешавад аз ин ду тадбир кор гирифт: ё  дар заминҳое, ки доред, барои худ ва фарзандон хонаи бисёрошёна созед ё оилаҳои ҷавонро ба навоҳии Қумсангир, Шаҳритуз ва Носири Хусрав кӯчонед. Дар он ҷойҳо замин бисёр”.

Бекназаров қаллоби ягона набудааст
Ҳолатҳои монанд ба қазияи Муҳаммад Бекназаров, мутаассифона, дар ҷомеаи мо кам нестанд. Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз боздошти Юсуф Мирзоев, раиси Ҷамоати деҳоти Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод. Ӯ дар содир кардани 5 ҳолати заминфурӯшӣ гумонбар дониста шуда, ниҳоят бо 2 ҳазору 500 доллари ИМА ба даст афтодааст. Ё худ доми тазвире, ки Салоҳиддин Ҷалилов, собиқ корманди Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Фирӯза Комилҷонова ниҳода будаанд, дар 3 сол ҷайби 42 нафарро ба маблағи 1108636,88 сомонӣ тиҳӣ кардааст. 
Ҳамчунин, 78 санҷиши дар шаш моҳи соли 2015 доирнамудаи Прокуратураи вилояти Хатлон ҳушдор медиҳад, ки имрӯзҳо ҳудуди зараре, ки аз хариду фурӯши ғайриқонунии замин расонда мешавад, хеле азим мебошад. Ин аст, ки аз ҷониби мутасаддиёни ниҳоди мазкур 348 эътирози прокурорӣ ва амр барои бартараф кардани қонуншиканиҳо қабул гардида, 773 нафар ба ҷавобгарии молифвӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудааст. Дар ин робита, 64 ҳазору 412 сомонии зарар барқарор ва 1356 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда шудааст.
Тавре Насрулло Маҳмудов, прокурори вилояти Хатлон, дар шарҳи ин амалҳои номатлуб зикр кард, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки бидуни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе тағйир ёфтани категорияи заминҳои истифодаашон барои хонасозӣ мамнӯъ тақсимоти замин сурат гирифтааст. “Дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ дар шаҳру ноҳияҳо камбудии вобаста ба қонунгузории замин ба чашм расид, ки ин боиси ташвиши ҷиддист. Ва бо ин тарзе, ки сохтмони худсарона ё ин ки тақсимоти ғайриқонунии замин ҷараён дорад, мо намедонем мушкилоти аҳли ҷомеа чӣ гуна ва кай ҳал мешавад”, - гуфт прокурори вилояти Хатлон.

Ин ҳалқаи макр кай шиканад?
Ҳарчанд мақомоти салоҳиятдор дар ин самт чораҳои муассири қонунӣ андешида, қаллобони заминфурӯшро ба ҷавобгарӣ мекашанд, вале чунин ба назар мерасад, ки ин тоифа ҳалқаи мак-ри худро печидаву васеътар месозанд. Пас, чӣ бояд кард, то гурӯҳҳои фасодзада дигар мисли Муҳаммад Бекназаров даҳҳо нафарро ба доми фиреби худ накашанд. Пеш аз ҳама, ҳар як фарди ҷомеа бояд донад, ки дар Тоҷикистон тақсими қитъаи замини наздиҳавлӣ дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад, на тибқи супориши шифоҳӣ ё хатчаи кадом як мансабдоре. Агар чунин аст, пас, чӣ лозим фирефтаи найранги Бекназаровҳою Ҷалиловҳо шудану пулҳои бо арақи ҷабин ҷамъовардаро ба боди фано супурдан?
Хуллас, ба хотири “давои дарди ҷомеа” маҳз маърифати ҳуқуқии кофӣ ва роҳандозии муборизаи беамон бар зидди “шикорчиҳои кисаи мардум” имкон фароҳам меорад, то ҳалқаи макри онҳо сари вақт дарҳам резад. Муҳимтар аз ҳама, хонандаи азиз, зудбовару сода набояд буд.
 

Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2015    №: 154    Мутолиа карданд: 815

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед