logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Роштқалъа, 29 июли соли 2015

Ҳозирони муҳтарам!
Ҳамдиёрони азиз!
Басо рамзист, ки мулоқоти навбатиамон бо шумо – мардуми соҳибдилу соҳибназар ва фарҳангдӯсту меҳмоннавози ноҳияи зебоманзари Роштқалъа ба оғози сохтмони боз як иншооти ниҳоят муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ – Неругоҳи барқи обии «Себзор» рост омадааст, ки чанд лаҳза пеш мо барои бунёди он санги асос гузоштем.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо сидқан табрик гуфта, бовар дорам, ки неругоҳи мазкур дар муҳлати муқарраршуда бунёд мегардад ва дар ҷодаи таъмин кардани сокинон бо неруи барқ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия ва сокинони вилоят солҳои тӯлонӣ хизмат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия як силсила неругоҳҳои хурд бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ сохта шудаанд, ки иқтидори умумии онҳо ба 655 киловатт-соат дар як сол баробар мебошад.
Лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии 10 мегаватт дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои барқии хурд дар солҳои 2009-2020» ба нақша гирифта шуда, пешбинӣ мегардад, ки аз ин ҳисоб боз 60 миллион киловатт-соат дар як сол қувваи барқ истеҳсол гардида, дар давраи миёнамуҳлат метавонад ҳаҷми истеҳсоли барқро дар вилоят 28 фоиз афзун намояд. Ин нишондиҳанда дар шароити кӯҳистон барои ноҳия ва вилоят дастоварди назаррас ба ҳисоб меравад.
Дар баробари сохтмони неругоҳи “Себзор” бунёди хати баландшиддати интиқоли барқи 110 - киловолтаи “Себзор - Хоруғ” ба масофаи 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин боиси минбаъд баланд шудани эътимоднокии таъминоти барқ тавассути шабакаи марказӣ хоҳад шуд.
Бунёди неругоҳ вазъи таъмини аҳолии вилоятро бо неруи барқ хеле беҳтар намуда, имконият фароҳам меорад, ки соҳаҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва бахши хусусӣ бо истифода аз неруи барқи доимӣ ба таври устувор рушд намоянд. Бо ин мақсад барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ва хатҳои интиқоли барқ бо пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқии мавҷуда беш аз 180 миллион сомонӣ равона карда мешавад.
Барои гузаронидани асосноккунии пурраи техникиву иқтисодии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» моҳи июни соли ҷорӣ озмун баргузор гардида, дар назар аст, ки дар бунёди он асосан аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешавад ва баъд аз фаъол гардидани неругоҳ даҳҳо нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд.
Ба кор андохтани неругоҳи мазкур норасоии қувваи барқро фасли зимистон дар вилоят бартараф намуда, имконияти Тоҷикистонро дар масъалаи содироти қувваи барқ ба минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон афзоиш медиҳад.
Гузашта аз ин, тавлиди иловагии неруи барқ на танҳо ба инкишофи соҳаҳои истеҳсолот ва содироти он ба хориҷи кишвар, балки дар маҷмӯъ ба беҳтар шудани сифати зиндагии мардуми ноҳияву вилоят ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигар заминаи устувор мегузорад.
Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ширкати «Помир Энерҷӣ»-ро зарур аст, ки доир ба татбиқи лоиҳаи мазкур тадбирҳои саривақтӣ андешида, ҷиҳати ҳарчи зудтар оғоз кардани корҳои сохтмони он тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар назар бояд дошт, ки сохтмони неругоҳ кори осоне нест, ки дар як муддати кӯтоҳ анҷом дода шавад.
Барои ин, албатта, вақт, яъне, муҳлати чор – панҷсола, маблағ ва муҳимтар аз ҳама, заҳмати аҳлонаву софдилонаи мутахассисону коргарон ва умуман, мардуми вилоят ва ноҳия зарур аст.
Дӯстони азиз!
Солҳои 2012 – 2014 ва шаш моҳи аввали соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Роштқалъа 95 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки он барои сохтмони иншооту роҳҳо, рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии буҷети ноҳия харҷ гардидааст.
Дар ин давра, агар хароҷот аз ҳисоби имкониятҳои дохилии буҷети маҳаллӣ 6 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас танҳо кумакҳои молиявӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ва пардохти нафақа 65 миллион сомониро ташкил додаанд.
Дар давоми солҳои 2012 – 2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 ба соҳибкорони ноҳия аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд беш аз 40 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Ҳамчунин, тайи даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.
Дар ин давра барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия фондҳои асосӣ дар ҳаҷми 34 миллион сомонӣ ба кор андохта шудаанд. Аз ҷумла, 42 иншооти гуногун сохта ва таъмиру азнавсозӣ гардида, қариб 60 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳои таълимоти умумӣ барои 2 ҳазор ҷойи нишаст ва якчанд муассисаҳои тиббӣ ба истифода дода шудаанд.
Дар доираи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6 мактаби ноҳия барқарор гардида, инчунин, бинои шуъбаи маориф, шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия ва чандин марказҳои саломатӣ бунёд ва таъмиру таҷдид карда шудаанд. Ҳамчунин, дар ноҳия сохтмони беморхонаи бемориҳои рӯҳии вилоятӣ ба маблағи 9 миллион сомонӣ идома дорад ва соли оянда ба истифода дода мешавад. Илова бар ин, аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳои кишвар барои сохтмони иншооти гуногун дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъа 18 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Бо мақсади таъмин намудани тараққиёти минбаъдаи ноҳия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2015-2019” қабул гардидааст, ки дар доираи он амалисозии 185 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 335 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Татбиқи барномаи мазкур, бешубҳа, барои рушди инфрасохтори ноҳия такони ҷиддӣ бахшида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон тавассути бунёди таъсиси иншооти гуногуни фарҳангиву сайёҳӣ, ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ асос мегузорад.
Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Роштқалъаро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати сари вақт амалӣ сохтани чорабиниҳои дар барномаи рушди ноҳия пешбинишуда чораҷӯӣ карда, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро таъмин намоянд.
Дӯстони азиз!
Айни замон, дар ноҳия 9 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла, се корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ босамар фаъолият карда истодаанд.
Бояд гуфт, ки имкониятҳои рушди саноат дар ноҳия ҳоло зиёд буда, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданок метавонад ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоии на танҳо ноҳия, балки вилоят низ мусоидат намояд.
Ноҳия аз канданиҳои фоиданоки табиии лоҷувард, сангҳои нодиру қиматбаҳои ёқут, кварс, зумуррад ва мармар бой мебошад ва баробари ба роҳ мондани коркарди онҳо ва бунёди корхонаҳои хурду миёна имкони боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи зиндагии сокинони ноҳия фароҳам меояд.
Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарди захираҳои табиии ноҳияи Роштқалъа ва таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи коркарди санг чораҳои амалӣ андешанд.
Ноҳия барои бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла коркарди пӯсту мӯина, таъсиси корхонаи хурди сементбарорӣ ва истеҳсоли хишт низ имкониятҳои хуб дорад.
Инчунин, табиати ноҳияи Роштқалъа аз рустаниву гиёҳҳои шифобахш бой буда, дар сурати ба роҳ мондани коркарди онҳо ба рушди соҳаи дорусозӣ низ такони ҷиддӣ бахшидан мумкин аст. Вобаста ба ин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои хурди дорусозӣ тадбирҳо андешида, барои ҷамъоварӣ ва ба фурӯш баровардани гиёҳҳои шифобахш чораҷӯӣ намоянд.
Табиати зебо ва чашмаҳои гарму обҳои маъдании ноҳия барои сохтмони истироҳатгоҳҳои замонавӣ ва рушди сайёҳии дохиливу хориҷӣ имконияти зиёд фароҳам овардаанд. Дар ин самт низ соҳибкорони маҳаллӣ бояд ташаббускор бошанд ва барои сохтмони шифохонаҳои замонавӣ иқдомҳои созандаву судмандро роҳандозӣ намоянд.
Дигар самти муҳими пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, зеро қисми зиёди аҳолии қобили меҳнат дар ин бахш ғайратмандона фаъолият мекунанд.
Ҳукумати мамлакат ба хотири пешрафти соҳаи мазкур дар саросари кишвар ислоҳоти мушаххасро татбиқ карда истодааст. Дар ин самт Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва роҳбарону масъулони ноҳияро зарур аст, ки ба масъалаи афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти рустанипарварӣ ва чорводорӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳои зикршуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2014 кишоварзони ноҳия дар ҳаҷми 70 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум аз рӯи нархҳои ҷорӣ қариб 8 баробар зиёд мебошад.
Дар ноҳия имконияти афзоиш додани қутоспарварӣ низ мавҷуд буда, шароити ҷуғрофӣ ва захираҳои табиии ноҳия имкон медиҳад, ки ба рушди боз ҳам бештари чорводориву рустанипарварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Дӯстони азиз!
Зимни ҳар як сафари Президенти кишвар ба шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии мавҷуда супоришҳои дахлдор дода мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар панҷ соли охир аксари супоришҳои вобаста ба ноҳияи Роштқалъа додашуда то имрӯз ҳалли худро пайдо кардаанд.
Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳалли масъалаҳои беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, истифодаи самараноки обу замин ва ҳар сол аз худ кардани 200 гектар замини нав, инчунин, таъмиру азнавсозӣ кардани қитъаи хатарноки серсадамаи роҳи мошингард дар километри 71-74-и мавзеи Сежди ноҳия то ҳол кашол ёфта истодааст.
Дар иртибот ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро зарур аст, ки якҷо бо вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ доир ба иҷрои ҳатмии супоришҳои додашуда ва ҳаллу фасл намудани масъалаҳои гузошташуда чораҳои саривақтӣ андешанд.
Ҳамчунин, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки якҷо бо Вазорати нақлиёт доир ба масъалаи нигоҳубин ва истифодабарии роҳҳои ҳудуди ноҳия мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Кумитаи телевизион ва радио вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия барои дар тамоми деҳоти ноҳияи Роштқалъа пахш гардидани барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои марказиву вилоятӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Бояд гуфт, ки ҳадафи афзалиятноки стратегияи иқтисодии давлат рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини воқеии мақоми иҷтимоии занон, фароҳамсозии заминаи мусоид барои тарбияи солими кӯдакону наврасон, густариши шабакаҳои муосири иттилоотӣ ва пешбурди сиёсати оқилона дар самти танзими расму оинҳои миллӣ мебошад.
Дар баробари ин, фаъолону роҳбарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё ва падару модаронро зарур аст, ки дар доираи амалисозии талаботи қонунҳо “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас диққати махсус диҳанд.
Наврасону ҷавонони мо бояд дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон, эҳтироми арзишҳои неки миллӣ, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, яъне, таъмини волоияти қонун ба камол расонида шаванд. Зеро ҳар як гӯшаву канори Ватани азизамонро фарзандони донишманду соҳибтаҷриба обод месозанд ва итминон дорам, ки мардуми ҳимматбаланду шарифи ноҳияи Роштқалъа мисли сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвари маҳбубамон бо кору фаъолияти неку самарабахши худ дар бобати амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои Ҳукумати мамлакат саҳми сазовори худро мегузоранд.
Дар ин раванди неку бунёдкорона ба ҳар яки шумо, ҳозирони гиромӣ ва кулли сокинони ватандӯсту заҳматкаши ноҳияи Роштқалъа тансиҳативу хонаи обод ва баракати рӯзгор орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманду пирӯз бошед!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2015    №: 154    Мутолиа карданд: 434

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед