logo

ҳуқуқ

ҚОНУН ДОГМА НЕСТ

Тоҷикистон яке аз аввалин мамлакатҳои пасошӯравӣ мебошад, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ  қонунгузории  ҷиноятии худро тағйир дод. Зеро ба Кодекси ҷиноятии соли 1961, ки зиёда аз се даҳсола амал намуд,  беш аз 500 тағйирот ворид гашт ва он наметавонист ба таври дахлдор  ҳифзи муносибатҳои нави ҷамъиятии бамиёномадаро таъмин намояд.

Қонунгузории ҷиноятиро сипари ҳимояи давлату давлатдорӣ ва осудагии шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо меноманд. Воқеан, қонунгузории ҷиноятӣ яке аз сарчашмаҳои калидии меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ буда, ба ҷуз он ягон соҳаи ҳуқуқ кирдорҳои ҷиноятиро ба танзим дароварда наметавонад. Вазифаҳои қонунгузории ҷиноятӣ аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, тартиботи  ҷиноятӣ ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти кишвар аз таҷовузи ҷиноятӣ, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин, пешгирии ҷиноятҳо иборат аст. Яъне, он аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳадафи асосиаш ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Бо назардошти он ки меҳвари асосии ҳуқуқи ҷиноятиро дар масъалаи ҷиноят ва ҷазо таъмини адолат ташкил медиҳад, дар моддаи 8 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи адолат чунин ифода ёфтааст: «Ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ, ки нисбат ба шахси ҷиноятсодирнамуда татбиқ мешаванд, бояд одилона бошанд, яъне, ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳкор мувофиқ бошанд».
Бино ба ақидаи ҳуқуқшиноси фаронсавӣ Монтескё Шарл-Луи де Секонда, қонунҳо бояд ба хусусиятҳои ҷисмонии мамлакат, иқлим, сифати хок, тарзи ҳаёти халқҳои маскуни он, дини аҳолӣ, хулқу атвор ва расму таомули миллатҳо ва омилҳои дигар мувофиқат кунанд. Аз ин хулоса баровардан лозим, ки қонун догма нест ва ҳама гуна санад, аз ҷумла, қонунгузории ҷиноятӣ низ, вобаста ба тараққиёти давлат, ҷомеа, шароити иҷтимоию сиёсӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ эҳтиёҷ ба такмил дорад. Қонунгузории ҷиноятӣ танҳо бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  такмил дода мешавад.
Масъалаҳои муҳиме, ки баъди қабули Кодекси ҷиноятӣ боиси такмили қонунгузории ҷиноятӣ дар кишвар гардиданд, ба  гуманизатсия ё худ инсонгароӣ мутобиқ гардондани меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон,  пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ равонашуда рабт доштанд.
Бо мақсади амнияти кишвар ва  ҷилавгирӣ аз иштироки ҷавонон дар задухӯрдҳои кишварҳои хориҷӣ ба моддаи 4011 «Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо» чунин эзоҳ ворид гардид: «Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад».
Барои ба талаботи замони муосир мутобиқ гардондани танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 апрели соли 2013, зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани мавқеи кишварамонро дар масъалаи ҳукми қатл пешниҳод намуд. Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи Кодекси ҷиноятӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Он таҷрибаи хуби қонунгузории ҷаҳонӣ ва ватаниро мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри такмили қонунгузории ҷиноятӣ  фаъолият дорад.
Инчунин, аз моҳи июни соли 2004 ба татбиқи ҷазои қатл дар ҷумҳурӣ моратория эълон шуд. Баҳс дар мавриди ҷазои қатл ё якумра маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд аст. Ҳарчанд нисбат ба он нафароне, ки ҷинояткорон наздиконашонро аз ҳаёт маҳрум сохтаанд, дар  ҳолати татбиқ накардани ҷазои қатл  принсипи  адолат вайрон шавад ҳам,  боз савол ба миён меояд, ки оё мо ҳуқуқи гирифтани ҷони нафареро, ки ҷинояткор мебошад, дорем? Аз ин рӯ, ба хотири роҳ надодан ба хатоҳои судӣ ҳангоми баровардани ҳукми қатл, бо мақсади риояи принсипҳои башардӯстона ва вобаста ба пешравии ҷамъият зарур аст, ки аз моддаи 47 Кодекси ҷиноятӣ ин намуди ҷазо хориҷ  шавад. Ба сифати ҷазои алтернативии ин намуди ҷазо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005, ҷазо дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ амал менамояд.
Бинобар ин, пешниҳод дорам, муҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ, андозаи ҷарима вобаста ба категорияҳои ҷиноят таҷдиди назар шуда, ҳадди ниҳоии ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ва андозаи ҷаримаҳо кам карда шаванд. Чунки таҷриба нишон медиҳад, ки муҳлати зиёди маҳрум сохтан аз озодӣ ё ин ки ҷаримаҳои калон ба ноил шудан ба мақсади ҷазо, яъне, ислоҳи маҳкумшуда, оварда намерасонад. Ғайр аз ин, вазъи иқтисодии кунунӣ супурдани ҷаримаҳои бениҳоят калонро имконнопазир мегардонад.

Барно САИДВАЛИЗОДА,
номзади илми ҳуқуқ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2015    №: 157    Мутолиа карданд: 1283

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед