logo

ҳуқуқ

АНДОЗ. АЗ ПИНҲОНКОРӢ ТО ҲИСОБОТИ БАРДУРӮҒ

Прокуророни шаҳру навоҳии вилояти Хатлон  тайи  шаш  моҳи аввали соли равон дар фаъолияти мақомоти андоз ва дигар субъектҳои хоҷагидор 87 санҷиш гузаронда, бар асоси 392 амри прокурорӣ ба буҷети давлат 22 миллиону 308 ҳазору 450 сомонӣ ворид намуданд. Инчунин, баҳри рӯёндани маблағҳои қарзи андоз 19 аризаи даъвоӣ ба маблағи 19,3 миллион сомонӣ ба суди иқтисодии вилоят ирсол гардид. Таҳлилу ҷамъбасти вазъи иҷрои қонунгузории андоз нишон дод, ки қатъи назар аз чораҳои андешидаи мақомоти андоз, ҳанӯз ҳам фаъолияти мақомоти андоз дар маҳалҳо оид ба таъмини иҷрои нақшаи пешбинишудаи андозҳо ва даромадҳои давлатӣ, кам кардани бақияпулии қарзи андоз ва иҷрои дигар уҳдадориҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст.
Санҷишҳои гузаронда ҳолатҳои иҷро нагардидани огоҳиномаҳои андоз ва қарорҳои мақомоти андоз дар бораи маҷбуран ситондани андозҳоро ошкор намуд. Маълум гашт, ки аз 450 қарори қабулгардида, 201 - тои он пурра, 50 –то қисман таъмин ва бо назардошти қарорҳои соли гузашта 200 адад иҷро нашудааст. Қарорҳои иҷронашуда асосан ба ситондани қарзи андозҳо бо роҳи ҳабси амволи андозсупоранда мансубанд. Мутаассифона, аз соли 2014 дар нозироти андози шаҳрҳои Қӯрғонтеппа 1 қарор ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ, Сарбанд-1 ба маблағи 2,3 миллион, Кӯлоб-1 ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ умуман иҷро нашудааст. Ҳатто аз соли 2013 ин гуна қарорҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ёвону Фархор-4, Бохтар-2, Вахш, Кӯлоб, Восеъ яктоӣ ба маблағи умумии 2,6 миллион сомонӣ иҷро нагардидаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ қарорҳои маҷбуран ситондани андозҳо дар Нозироти андози ноҳияҳои Носири Хусрав 1,9 дарсад, Темурмалик - 9,5, Ёвон 12,1, Восеъ 13,7 ва дар як қатор ноҳияҳо то 28,6 дарсад иҷро шудааст. Ҳамин тавр, иҷрои қарорҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Нозироти андози шаҳру ноҳияҳои Данғара, Қумсангир, Темурмалик, Фархор, Бохтар, Сарбанд, Ҷиликӯл, Норак, Вахш, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз 16,5 то 39,6 дарсад таъмин нашудаанд.
Дар фаъолияти мақомоти андоз як қатор камбудиҳо, ба монанди риоя накардани муҳлати санҷиш ва аз санҷишҳои ҳуҷҷатию амалиётии андоз дур мондани баъзе шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷой дорад. Чунончи, соҳибкори инфиродӣ К. Тағоев ҳамчун андозсупоранда аз соли 2011 дар қайди нозироти андози  шаҳри  Қӯрғонтеппа  бошад  ҳам,  дар  фаъ-олияти соҳибкории ӯ санҷиши ҳуҷҷатии андоз гузаронда нашудааст. Бинобар ин, бо дархости прокуратураи вилоят доир ба фаъолияти номбурда санҷиши ҳуҷҷати андоз гузаронда шуда, ба маблағи 27503 сомонӣ кам ҳисоб намудани андозҳо ошкор гардид. Маблағи андозҳои ошкоршуда пардохт ва К. Тағоев ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.
 Дар ин давра ҳолати риояи сари вақт ва пурра пардохт намудани андозҳо интихобан дар фаъолияти молворидкунандагон бо ҷалби мутахассисони андоз мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷа, 7 ҳолати пинҳонкунии андоз ба маблағи 468158 сомонӣ ва 2 ҳолати дигар ба маблағи 32840 сомонӣ аз тарафи прокуратураи ноҳияи Бохтар ошкор гардида, тибқи амрҳои прокурорӣ маблағҳо пурра барқарор ва нисбат ба гунаҳгорон бо моддаи 599 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шуд.
Инчунин, зимни санҷиш дар Корхонаи хурди коркарди пахтаи ҶДММ «Фазлиддин» - и ноҳияи Шаҳритуз ба миқдори 2025 тонна ва дар фаъолияти ҶДММ «Ҳоҷӣ Қадриддин» - и ҳамин ноҳия ба андозаи 1302 тонна пахта ҳисоботи бардурӯғи омории давлатӣ ошкор гардид. Нисбат ба роҳбарони ин ҷамъиятҳо бо моддаи 295 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз гардидааст.
Боиси нигаронист, ки бақияпулиҳои қарзи андоз дар назди Буҷети давлатӣ то 1 июни соли ҷорӣ 113,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли равон 6,6 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Барои риоя накардани тартиби нигоҳ доштан ва дар муҳлати муқарраргардида нагузарондани андози ҳисобшуда ба буҷет, бо қарорҳои прокурори вилоят нисбат ба сардорони раёсати молияи ноҳияҳои Вахш ва Шаҳритуз бо моддаи 602 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз ва барои баррасӣ ба нозироти андоз ирсол гардиданд.
 Қарзи андози корхонаҳои андозсупорандагони калон дар вилоят 18,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла, 5,8 миллион сомонӣ қарзи андози иҷтимоиро ташкил медиҳад. Қисми зиёди қарзҳои андоз ба ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа» тааллуқ дошта, аз тарафи прокуратураи вилоят барои пардохти 10,1 миллион сомонӣ ба суди иқтисодии вилоят аризаи даъвоӣ пешниҳод шуд. Бештари қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ёвон, Кӯлоб, Вахш, Темурмалик, Ҷиликӯл, Фархор ва Қӯрғонтеппаю Қумсангир ҷой дорад. Аз тарафи прокурорҳо 390 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 12 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки асосан ба фиреби истеъмолкунандагон, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, сохтакории хизматӣ, азхудкунӣ ва тасарруфи амволи ғайр мансубият доранд.

С. БОБОЗОДА,
сардори шуъбаи назорати
иҷрои қонунгузории андоз
ва гумруки прокуратураи
вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2015    №: 157    Мутолиа карданд: 1062
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед