logo

ҳуқуқ

ҲАР КУҶОЕСТ НАЗМУ ТАРТИБ ПОЙДОР…

Вақте сухан дар бораи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон меравад, мақомоти давлатӣ вазифадор ҳастанд, ки ба хотири фароҳам намудани заминаҳои мусоид барои арзи вуҷуди ҳуқуқҳои ҳама дар арсаи умумии зиндагии инсонҳо маҳдудият ва мамнуъиятҳои муайянеро ҷорӣ намоянд. Агар инсоне дидаву дониста ба поймол намудани ҳуқуқу манфиатҳои дигарон роҳ диҳад, хоҳ нохоҳ дар ин марҳила мақомоти дахлдори давлатӣ барои ҳимоя намудани манфиатҳои ҷабрдида ва татбиқ намудани муқаррароти қонун нисбат ба шахси гунаҳкор бояд дахолат намояд. Яъне, ба хотири ҳимояи манфиатҳои ҷабрдида дар асоси қонун манфиатҳои тарафи муқобил маҳдуд ё манъ карда мешавад.
Барои мисол, аввалин зарбае, ки ашхоси мансабдори фасодкор ба бор меоварад, ба худи давлат аст ва боиси коҳиш ёфтани эътимоди мардум нисбат ба давлат мешавад. Зеро ходимони давлатӣ бояд намоянда ва таҷассумгари намунавии сиёсати имрӯзу фардои давлат бошанд ва ин арзишҳоро ҳатман аз худ зоҳир намоянд.
Аслан, тамоми падидаҳои моддӣ ва маънавӣ дар зоти худ дорои сифати хубӣ ё бадии мутлақ нестанд. Яъне, ки хубӣ ё бадии ашё аз зоти он барнамехезад, балки аз тарз ва самти истифода аз он маълум мешавад.
Корд метавонад олоте бошад, ки ба василаи он барои инсон хӯрок таҳия карда шавад. Дар мавриди дигар касе метавонад аз корд ҳамчун асбоби куштани инсони дигар истифода намояд. Аз ҳамин хотир, кордро наметавон мутлақан хуб ё бад сифат кард.
Ба ҳамин тариқ, қудратро ҳам ба унвони воситаи анҷоми корҳо ва расидан ба ҳадафу ормонҳои чӣ шахсӣ ва чӣ ҷамъӣ наметавон ба хотири зоташ маҳкум намуд ва гуфт, ки қудрату сиёсат мутлақан бад ҳастанд.
Қудрат заминаест, ки инсон метавонад аз он ба некӣ истифода кунад ва барои ҷомеа нафъ биёрад. Агар қудрат дар дасти афроди бадкирдору фасодзада биафтад, на танҳо ба сурати зишт зоҳир мегардад, балки эътиқоди мардумро низ нисбат ба ашхоси мансабдори мақомоти давлатӣ кам мекунад.
Аз ин рӯ, чи афроди хуб ва чи афроди дорои афкори номуносиб дар талошанд, ки қудратро ба даст биоваранд.
Савияи баланди дониши тахассусӣ, касбияти воло, инсоф, гиромидошти марзу буму миллати хеш дар ниҳоди кормандони мақомоти қудратӣ метавонанд ҷиҳати коҳиши мизони фасод ва дигар қонунвайронкуниҳо дар дохили сохторҳо мусоидат намоянд.
Имрӯз вақте ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ошкоро иродаашро барои таҳкими қонуният ва ҳаллу фасл гардидани масъалаи фасод дар ҷомеа иброз менамояд, ин гувоҳ аз ғамхориву ҳамкории холиси ӯ барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва рафъи нобаробариҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад.
Барои оне ки дар ҷомеа назму низом ҳукмфармо бошад ва инсон ҳамчун арзиши олӣ мақоми воло пайдо кунад, албатта, зарурати ҷорӣ гардидани назорати иҷрои қонуну санадҳои меъёрӣ пеш меояд. Ҳар ҷо ки назорат бошад, он ҷо тартибот вуҷуд дорад ва ин тартибот наметавонад амалӣ шавад, агар  ки  нозире ин вазифаро бар уҳда надошта бошад. Ҳатто дар олами ҳайвонот, ки қонунҳои ҷангал амал мекунад, даррандаву паррандаву чаррандаҳо низ дар робитаҳои худ аз як назме пайравӣ мекунанд ва ин назмро нозире назорат мекунад.
Аз он ҷо ки Худованд бар инсонҳо ихтиёр дод, ба худи онҳо вогузошт, ки шева ва низому тартиботи зиндагии худро муқаррар намоянд. Ҳамин аст, ки яке низоми демократиро ихтиёр намудаасту дигарӣ низоми ҷумҳурии исломӣ ва каси дигар ҳатто фашистиро.
Дар ин навишта матлаби ман ин нест, ки бигӯям кадоме аз низомҳои давлатдорӣ муносиб ва хуб аст. Таҷриба собит намудааст, ки низоми давлатдорӣ хоҳ бад бошаду хоҳ нек, пазируфта бошад ё инкоргардида аз набудан буданаш беҳтар аст.
Амният ва некуаҳволии ҷомеа хориҷ аз низоми давлатдорӣ муяссар намешавад. Ҳангоме ки ниҳоди кӯчаки ҷомеа хонавода назоратталаб ҳаст, чӣ тавр метавон интизор дошт, ки як ҷомеа бидуни раҳбари қавӣ ва нозирони муқтадир фаъолият кунад?
Назму суботи ҷомеаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи ваколату салоҳиятҳои худ амалӣ менамоянд ва дар иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ гоҳе барои ҳифзи амният ва тартибот дар ҷомеа, ки вазифаи аввалиндараҷаи давлат маҳсуб мешавад, маҷбур ҳастанд, ки аз ҳуқуқу манфиатҳои афроди алоҳида сарфи назар намоянд. Барои пойдор намудани қонуният ва амалӣ намудани ҳадафҳо ашхоси масъул хоҳ нохоҳ дар мавридҳои хос маҷбур мешаванд, ки худ аз партави қонун берун баромада, онро вайрон кунанд.
Барои холисонаву одилона санҷидани зуҳуроти номатлубе, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соири органҳои давлатӣ содир карда мешавад, зарур аст, ки як органи пурқудрати назораткунанда бошад, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи дохилӣ беғаразона мубориза барад.
Ҳар ҷо ки баҳс аз ваколат ва салоҳият оғоз шавад, барои ҳифзи шаффофият ва раванди солими амалишавии онҳо лозим аст, ки назорате ҳам ҷой дошта бошад.
Ҳадаф аз анҷоми назорат аз он иборат аст, ки мушаххас гардад, ки оё ташкилоту муассиса ё мақомоти давлатӣ вазифаҳои бар зиммаашон гузошташударо дуруст ба сомон мерасонанд ё не? Ва агар ниҳодҳои мазкур ба вазоифашон амал мекунанд, пас фаъолияти худро дар кадом сатҳ ва сифат ба роҳ мондаанд?
Талабот ва тарзу усули корбарӣ дар мақомоти прокуратура кормандони онро уҳдадор месозад, ки аз донишҳои соҳаи ҳуқуқ то иқтисоду ҷомеашиносиро фаро гиранд, чунки нозир ҳамон вақт муваффақ аст, ки аз мақомоти таҳти назоратии худ шоистатару  огоҳтар  ва  +аз лиҳози одобу ахлоқу дасту дили тоза фарқкунанда бошад.
Танҳо назорати дуруст, дасту дили пок ва якдиливу якпорчагии мо метавонад хатарҳои беруниро бартараф карда, амнияту осоиш дар дохили кишварро таҳким бахшад.

С. АБДУҶАББОРЗОДА,
ёвари калони Прокурори генералӣ оид ба супоришҳои махсус


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.08.2015    №: 158    Мутолиа карданд: 716

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед