logo

ҳукумат

ЁРМАНДӢ БА ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДА ҚАРЗИ ИНСОНИВУ ВИҶДОНИИ МОСТ

5 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони кумитаву агентиҳои назди Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, муассисаву идораҳои ҷумҳуриявӣ, Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилоту корхонаҳо ва дигар шахсони масъул масъалаҳои вазъи корҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиии дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва дигар мавзеъҳои кишвар рухдода, истифодаи сарфакоронаву мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа бо дарназардошти шиддат гирифтани буҳрони молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил, тайёрии ҷиддии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ва аҳолӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015 - 2016 ва тайёрии ҳамаҷониба барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнҳои давлатии дарпешистода, бахусус, 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маҷлис таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба оқибатҳои офатҳои табиӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ гардида буд, ҷалб намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаҳои боздиди корӣ, рафти иҷрои корҳо оид ба татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат баҳри рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии бахшҳои хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон андеша ронда, иброз дошт, ки бо мақсади шиносоии бевосита аз ҳолати баамаломада 28-31 июли соли ҷорӣ сафари кории Роҳбари кишвар ба шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сурат гирифта, як қатор тадбирҳои фаврӣ амалӣ карда шуданд.
Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод комиссияи давлатии барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда, сокинони зарардида бо бошишгоҳҳои муваққатӣ таъмин гардиданд ва барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ аз мавзеъҳои бехатар қитъаҳои замин ҷудо карда шуданд, ки имрӯзҳо сохтмони хонаҳо босуръат идома дорад.
Инчунин, ҷиҳати таъминот бо неруи барқ, оби нӯшокӣ, барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ, роҳу пулҳо ва расонидани ёрӣ ба аҳолии зарардида ташкилоту идораҳои дахлдор сафарбар гардида, дар самти барқарорсозии инфрасохтори зарурӣ тамоми имкониятҳо истифода шуда истодаанд.
Айни замон дар асоси супориши Президенти мамлакат аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо неруи барқ, маҳсулоти озуқа ва дигар шароити зист таъмин буда, ба оилаҳои зарардида кумаки яквақтаи Роҳбари давлат ва дигар кумакҳои хайриявӣ расонида шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ изҳор дошт, ки яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ин ҳарчи зудтар бунёд кардани манзилҳои нави истиқоматӣ барои осебдидагон мебошад ва аз тарафи Ҳукумати мамлакат тамоми масолеҳи зарурии сохтмонӣ ба аҳолӣ ва сохтмончиён дар маҳалли бунёди деҳаи нав дастрас карда шуда, корҳо босуръат идома доранд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки имрӯзҳо ба сокинони зарардидаи вилоят аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи саховатпеша кумакҳои зиёд расида истодаанд ва ин нишонаи возеҳи ваҳдати комили сартосарӣ мебошад. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ зимни мулоқот бо Сарвари давлат аз дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва дигар ҳамдиёрони хеш, ки дар чунин рӯзҳои сахту сангин ҳамдарду ёрирасони онҳо мебошанд, изҳори сипос карданд. Сокинони вилоят иброз доштанд, ки худро танҳо ҳис намекунанд, зеро аз рӯзи аввал аз ғамхориҳои Президенти мамлакат бархӯрдор буда, тамоми кумакҳои аҳолии дигар минтақаҳо сари вақт ба онҳо дастрас гардиданд.
Дар маҷлис таъкид шуд, ки дар чунин лаҳзаҳои мушкили рӯзгори осебдидагон дасти ёрмандӣ дароз кардан ба оилаҳои зарардида қарзи инсониву виҷдонии мост.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки бояд ҳар як фарди ватандӯсти кишвар, махсусан, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон ва ҳамаи онҳое, ки имконият доранд, дар ин кори хайру савоб саҳм гиранд ва нагузоранд, то ҳамватанони мо дар ин рӯзҳои мушкили зиндагиашон аз таваҷҷуҳу дастгирии мову шумо берун монанд.
“Ман ба азму ирода, ватандӯстиву ватанпарастӣ, меҳру муҳаббати тамоми сокинони кишвар ба якдигар итминони комил дорам.
Дар минтақаҳои кӯҳистон фасли зимистон ва сардиҳо барвақттар оғоз мешаванд, аз ин рӯ, зарурати тезонидани тадбирҳо дар самти бунёди манзилҳои зист, дастрасии оилаҳо бо сару либоси тобистонаву зимистона, тамоми номгӯи асбоби рӯзгор, ҷиҳози хона, яхдону телевизор, гилему кӯрпача, асбоби ошхона то риштаву сӯзан ба миён омадааст», - таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Дар баробари ин, муҳим мешуморам, ҳар як оилаи зарардида бояд ба муҳлати то шаш моҳ бо маҳсулоти ғизоӣ ва дар фасли зимистони дарпешистода бо ангишт ва дигар асбобу таҷҳизоти гармидиҳанда таъмин карда шавад. Барои оғози соли нави таҳсил бошад, зарур аст, ки ҷиҳати фаро гирифтани фарзандони оилаҳои осебдида ба мактаб ва бо ҷиҳози хониш, сарулибос ва дигар шароити мусоиди таҳсил таъмин кардани онҳо чораҳои бетаъхир андешида шаванд, изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Умуман, ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор, пеш аз ҳама, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки омодагиро ба соли нави хониш вусъат бахшанд.
Вобаста ба масъалаҳои дигари кори маҷлис, аз ҷумла, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил, тайёрии ҷиддии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ва аҳолӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015 - 2016 ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнҳои давлатии дарпешистода, бахусус, 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар шароити кунунии буҳрони молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ истифодаи сарфакоронаву мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва торафт кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа ниҳоят муҳим мебошад. Тавре аз мушоҳидаҳо аён мегардад, буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ вусъат гирифта, таъсири манфии он ба иқтисоди миллии мо низ идома дорад.
Ҳар яки моро зарур аст, ки дар гузаронидани чорабиниҳои идона низ сарфакор бошем, ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем ва расонидани ёриву дастгирӣ ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону оилаҳои камбизоатро дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ фаромӯш насозем, изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи оид ба корҳои дин ва Шӯрои уламои кишвар вобаста ба расондани ёрии моддию маънавӣ ба барҷомондагон, ятимон, ниёзмандон, додани садақаву фитр ба шахсони камбизоат ва ҷалби ҷомеа ба корҳои хайру савоб дастуру ҳидоятҳо дод.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Раиси Шӯрои уламои мамлакат барои иштирок дар маъракаҳои шахсони мансабдор эродҳои ҷиддӣ гирифта, супориш дод, ки дар ҳама ҳолат бояд паҳлуи мардуми бечора ва мусибатзада бошанд ва тамоми диндоронро низ ба ин кор ҷалб намоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз ҳоло барои вусъати корҳои омодагӣ баҳри истиқболи сазовори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон тадбирҳо андешем, мардуми кишварро ба заҳмати созандаву бунёдкорона ҳидоят ва сафарбар намоем, ҳар рӯзро ба хотири ободии Ватанамон ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии халқамон самаранок истифода барем.
Дар хотимаи маҷлис Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳоро барои иҷрои саривақтии корҳо оид ба рафъи оқибатҳои табиӣ, омодагӣ ба соли нави таҳсил, тайёрии ҷиддии ҳамаи соҳаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016, истифодаи мақсадноку сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, корҳои ободонӣ ба хотири дар сатҳи хуби ташкилӣ истиқбол гирифтани иду ҷашнҳои миллӣ ҷалб намуда, ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.08.2015    №: 158    Мутолиа карданд: 12255

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед