logo

ҳуқуқ

КӮДАК НАБОЯД БА ШАХСИ БЕШАҲРВАНД ТАБДИЛ ЁБАД

Чанде қабл дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ба тасвиб расид. Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати дар таҳрири нав пешниҳод гардидани лоиҳаи қонуни мазкурро дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома шарҳ дод.

- Дар таҳрири нав ба тасвиб расидани лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосан, ба чанд омил, аз ҷумла, ба соҳибистиқлолӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста аст. Зеро дар ин замина тайи чанд соли охир ба хориҷа рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон омадани шаҳрвандони хориҷӣ афзудааст.
Омили дигар ин аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон бисёр санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба тасвиб расонд ва онҳо тақозо менамоянд, ки талаботи меъёрҳои ин санадҳои байналмилалӣ дар қонунҳои мо ворид шаванд. Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки қонуни қаблӣ соли 1995 қабул гардида буд ва дар он бисёр масъалаҳо ба таври мушаххас танзими худро пайдо накарда буданд.
Барои қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои зерин муқаррар шудаанд: аввалан, истиқомати доимии бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар Тоҷикистон на кам аз панҷ сол пас аз гирифтани гувоҳномаи иқомат; сониян, донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират ва сеюм, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштани шахсони дархосткунанда.
Агар шахси бешаҳрванд бошанд, бо кам кардани нисфи муҳлати истиқомати доимӣ (аз 5 соли муқарраргардида 2,5 сол истиқомати доимӣ дошта бошанд) метавонанд шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гарданд. Чунин имтиёз, инчунин, ба шаҳрвандони хориҷие, ки ҳангоми таваллуди ӯ падар ё модараш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд ё мебошанд, шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Шӯравиро дошт, дода мешавад.
Баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрӣ мебошад ва ҳар шахси ба синни 18 расида онро мустақилона ҳал мекунад. Нисбат ба кӯдаке, ки ба синни 14 нарасидааст, чунин тасмимро падару модари ӯ қабул мекунанд. Аз кӯдакони синни 14 то 18 розигии хаттии онҳо гирифта мешавад.
Қонун, ҳамчунин, асосҳои зерини рад намудани баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар кардааст: гирифтани даъватнома ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ (то ба анҷом расидани он); таҳти таъқиби ҷиноӣ қарор доштан; дар назди давлат доштани уҳдадории иҷронашуда, ки қонун муайян кардааст; мавҷуд будани ҳукми айбдоркунандаи судӣ, ки бояд иҷро гардад; надоштани кафолати ба даст овардани шаҳрвандии давлати хориҷӣ.
Ҳангоми аз байн рафтани ин мамониатҳо шахс метавонад мустақилона аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барояд.
Асосҳои аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 23-и қонун пешбинӣ шудааст. Агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ ба мақомоти ҳарбӣ, амният, адлия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ ба кор қабул шавад, ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳад, агар дар шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ (Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак) оид ба ҳуқуқи инсон афзалият ба кӯдак дода шудааст, зеро кӯдак ба ғамхорӣ ва дастгирии давлат ва ҷомеа эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, тибқи ин принсип дар ҳама ҳолат кӯдак бояд ба шахси бешаҳрванд табдил наёбад. Қонун имтиёзҳои зиёдро барои ба даст овардан ва нигоҳ доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кӯдакон пешбинӣ кардааст. Ҳатто кӯдаке, ки аз шахсони (падару модари ӯ) бешаҳрванд, ки онҳо ё яке аз онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дорад, дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.
Дар асоси моддаи 15 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд метавонад тибқи қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандии давлати дигарро дошта бошад, яъне, дорои душаҳрвандӣ бошад. Тоҷикистон чунин шартномаро танҳо бо Федератсияи Русия, аз 7 сентябри соли 1995 ба имзо расонидааст. Шартнома муқаррар кардааст, ки шахси дорои душаҳрвандӣ метавонад ихтиёран барои истиқомати доимӣ ҳудуди яке аз давлатҳоро интихоб кунад ва баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои истиқомати доимӣ аз тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар ин давлат истифода кунад.
Тибқи шартномаи зикршуда шаҳрванд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро пурра дар давлате амалӣ мекунад, ки дар он истиқомати доимӣ дорад. Агар шаҳрванд баъзе уҳдадориҳоро дар давлати истиқомати пешина иҷро карда бошад, аз иҷрои он дар давлати истиқоматии нав озод карда мешавад. Масалан, тибқи банди 4 - уми шартнома шаҳрванде, ки уҳдадории хизмати ҳарбиро дар давлати истиқоматии пешина иҷро кардааст, баъд ба давлати дигар барои истиқомати доимӣ рафтааст, аз иҷрои ин уҳдадорӣ озод мебошад.
Дигар масъалаҳое, ки вобаста ба вазъи душаҳрвандӣ ба вуҷуд меоянд, дар ин шартнома ба таври мушаххас ба танзим дароварда шудаанд.
Дар моддаи 9-и қонун меъёри шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон шудан пешбинӣ гардидааст. Тибқи он ба шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, барои Тоҷикистон хизматҳои шоён кардааст, мумкин аст бо розигии ӯ шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Тартиби додани шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Низомномаи шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян менамояд.

Мунаввари САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.08.2015    №: 159    Мутолиа карданд: 611

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед