logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 300) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Бобҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.
2. Дар номи боби 1 калимаи «ҚОИДАҲОИ» ба калимаи «МУҚАРРАРОТИ» иваз карда шавад.
3. Дар сархати шашуми моддаи 3,қисми якуми моддаи 7,  сархатҳои панҷум ва шашуми моддаи 10, сархати якуми қисми якуми моддаи 15, сархати нуҳуми моддаи 17 ва дар матни моддаи 21 калимаи «умум» ва «умумии» мувофиқан ба калимаҳои «омма» ва «оммавии» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 4:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст.»;
- дар қисми сеюм калимаҳои «бехатарии давлатӣ» ва «мактабҳои миёна ва олӣ» мувофиқан ба калимаҳои «амнияти миллӣ» ва «муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми дуюми моддаи 4, матни моддаи 10, қисми якуми моддаи 13, қисми дуюми моддаи 14, қисми дуюми моддаи 17 ва матни моддаи 18 калимаҳои «ҳақ» ва «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 5:
- дар қисми дуюм калимаи «ашхоси» ба калимаи «шахсони» иваз карда шавад;
- ба қисми сеюм ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Узви ҳизб бояд шаҳодатномаи ҳизбӣ дошта бошад.».
7. Дар қисми якуми моддаи 6 рақамҳои бандҳо бо аломати дефис «-» ишора карда шаванд.
8. Ба моддаи 8 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Сохторҳои маҳаллии ҳизби сиёсӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ҳар сол то 20 март ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба идомаи фаъолияти худ, суроға, роҳбари сохтор ва шумораи аъзои ҳизб дар маҳал маълумот пешниҳод менамоянд.».
9. Дар моддаи 10:
- дар номи модда калимаи «вазифаҳои» ба калимаи «ӯҳдадориҳои» иваз карда шавад;
- сархати сездаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳо кушояд;»;
- қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ҳизби сиёсӣ бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст:
- талаботи Конститутсияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро риоя намояд;
- ҳар сол то 20 март ба мақоми бақайдгиранда оид ба фаъолияти худ аз рӯи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- ба мақомоти андоз бо тартиби муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намояд.».
10. Дар моддаи 13:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «Ёрии» ва  «ёрии» мувофиқан ба калимаҳои «Кумаки» ва «кумаки» иваз карда шаванд;
- дар қисми якум ва сархати чоруми қисми дуюм калимаи «ашхоси» ба калимаи «шахси» иваз карда шавад;
- ба қисми якум пас аз калимаҳои «қабул намояд» калимаҳои «, агар  ин кумаки моддӣ бо ҳуҷҷат тасдиқ ва манбаи он нишон дода шуда бошад» илова карда шаванд;
- ба қисми дуюм сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- ташкилотҳои тиҷоратие, ки камтар аз як сол фаъолияти молиявӣ доранд;»;
- қисмҳои сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва даҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«Кумаки моддӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ дар шакли маблағ бо роҳи ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузаронидани он амалӣ карда мешавад. Дар сурати аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидани маблағи нақд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, он пас аз таҳияи ҳатмии ҳуҷҷатҳои расмӣ ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузаронида мешавад.
Дар ҳуҷҷати пардохт ё интиқоли маблағ маълумот дар бораи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, ном ва реквизитҳои бонкии шахси ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад кумаки моддиро дар шакли маблағ аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ ё бевосита ба ҳисобдории мақомоти ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва марказии ҳизби сиёсӣ гузаронад.Ҳангоми гузаронидани маблағ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохти андозҳо дар се моҳи охир пешниҳод карда шуда, дар ҳуҷҷати пардохт ё интиқоли маблағ насаб, ном, номи падар ва рақами мушаххаси андозсупоранда нишон дода мешаванд. 
Маблағи умумии кумаки моддии ҳарсолаи як шахси воқеӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ аз 300 (сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз як шахси ҳуқуқӣ аз 1500 (як ҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд буда наметавонад.
Кумаки моддие, ки аз ҷониби субъектҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинигардида ба ҳизби сиёсӣ расонида шудааст, ҳамчунин маблағи ҳарсолаи зиёда аз меъёри дар қисми шашуми ҳамин модда нишондодашуда ворид гардидааст, дар муҳлати як моҳ ба пардохткунандаи он баргардонида мешавад. Дар сурати ғайриимкон будани баргардонидани маблағи ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ воридшуда, он ба буҷети давлатӣ гузаронида (супорида) мешавад.
Истифодаи маблағе, ки бо Қонуни мазкур пешбинӣ нашудааст, инчунин интиқоли маблағҳо ба ҳизби сиёсӣ тавассути миёнаравҳо манъ аст.
Дар мавридҳое, ки кумаки моддӣ ё ҳадя дар шакли молу мулк расонида мешавад, ҳизби сиёсӣ онро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воҳиди пулӣ нарх гузошта, маълумоти дахлдорро дар ҳисоботи молиявии ҳизби сиёсӣ ворид месозад.
Қабули кумаки моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби мақомоти ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва марказии  ҳизбҳои сиёсӣ сурат мегирад.».
11. Ба моддаи 14 қисмҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«Ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ дорад фаъолияти зерини соҳибкориро амалӣ кунад:
- фаъолияти иттилоотӣ, рекламавӣ ва нашриявӣ барои ташвиқи ақидаву ғояҳо, мақсадҳо, вазифаҳо ва интишори натиҷаҳои фаъолияти худ;
- тайёр кардан ва фурӯши маҳсулоти армуғонии дорои нишон ва (ё) номи ҳизби сиёсӣ;
-  ба иҷорадодани молу мулкиманқул (ба истиснои пул ва коғазҳои қиматнок) ва ғайриманқули худ.
Ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ надорад ба фаъолияти соҳибкорие, ки дар қисми сеюми моддаи мазкур нишон дода нашудааст, машғул шавад.».
12. Моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 16. Назорати фаъолияти молиявии ҳизби сиёсӣ.
Мақоми роҳбарикунандаи ҳизб ӯҳдадор аст ҳисоботи молиявиро дар бораи манбаъҳо, андоза ва хароҷоти маблағҳое, ки ба хазинаи ҳизб дар давоми соли ҳисоботӣ ворид гардидаанд, инчунин дар бораи молу мулки ҳизб бо нишон додани арзиш ва маълумоти бақайдгирии давлатии он ва пардохти андозҳо дар воситаҳои ахбори омма интишор намояд.
Санҷиши ҳисоботи молиявии ҳизби сиёсӣ, маълумот дар бораи даромад ва хароҷоти воситаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, риояи қоидаҳои қонунигардонии дороиҳои молумулкӣ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ амалӣ мегардад.
Маълумот дар бораи натиҷаҳои санҷиши ҳисоботи молиявии ҳизбҳои сиёсӣ ба иттилои ҳизбҳои сиёсии дахлдор расонида шуда, ҳар сол дар воситаҳои ахбори омма, инчунин ба таври илова як моҳ пеш аз маъракаи интихоботӣ чоп карда мешавад.».
13. Дар матни моддаи 20 пас аз калимаҳои «Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаи «огоҳинома» илова карда, калимаҳои «огоҳинома» ва «ёрии» мувофиқан ба калимаҳои «амрномаи хаттӣ» ва «кумаки» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 августи соли 2015, № 1209


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 июни соли 2015, № 103


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 июли соли 2015, № 94


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2015    №: 162-163    Мутолиа карданд: 782

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед