logo

туризм

ИҚТИДОРИ ТУРИЗМИ ЗИМИСТОНА ПУРРА ИСТИФОДА НАМЕШАВАД

Дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи мутахассисони соҳа, дар баробари як қатор навъҳои ҷаҳонгардӣ, варзиши лижаронии кӯҳӣ низ ҳамчун самти афзалиятноки сайёҳӣ арзёбӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар мамлакат танҳо як пойгоҳи кӯҳии лижаронии «Сафедорак» амал менамояд. Ва тибқи маълумоти дастрас ҳар сол аз дохил ва хориҷи кишвар хоҳишмандон вориди он гардида, машғули машқу машғулиятҳои лижатозӣ мешаванд. Дар «Сафедорак» ба қадри имкон инфрасохтори зарурӣ мавҷуд аст, вале он талаботи сайёҳи муосирро қонеъ гардонда наметавонад. Ин аст, ки дар фасли зимистон ба он сӯ аслан шавқмандони варзиши зимистона ва варзишгарон сафар мекунанд. Ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба «Сафедорак» аксаран дар доираи туризми коргузорӣ ё дигар навъи он сурат мегирад.
Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки дар чунин вазъ ба роҳ мондани туризми зимистона, яъне, варзиши лижаронии кӯҳӣ чӣ зарурат дорад ва оё метавон ин навъи саёҳатро дар кишвар рушд бахшид?
Дар ин хусус Мулло Абдол Шагарф, раиси ширкати «Помир силк тревел», дар суҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки феълан туризми зимистонаро метавон дар пойгоҳи кӯҳии «Сафедорак» ва барои дӯстдорони барф дар шаҳри Душанбе барои се – чор рӯз ташкил кард. Ғайр аз ин, дар санаторияҳои «Оби-Гарм», «Гармчашма» ва дигар ҷойҳо туризми зимистонаи табобатиро ривоҷ бахшидан мумкин. Ба гуфти ӯ дар дигар мавзеъҳо ба роҳ мондани туризми зимистона бағоят душвор аст. Зеро, пеш аз ҳама, инфрасохтори ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир дар мавзеъҳои туристӣ нест. Дигар ин ки дар фасли зимистон роҳҳои Бадахшону Зарафшон, ки сайёҳон аслан ба ҳамин минтақаҳо сафар мекунанд хавфнок мегарданд, ҳатто чанд рӯз роҳҳо банд мемонанд. Дар ин гуна вазъ ҷалби сайёҳон ба манфиати кор нахоҳад буд. Ниҳоят, ташрифи ҳар сайёҳ «аз» ва «то» дорад, яъне, сайёҳ муҳлати муайян бояд дар Тоҷикистон бимонад ва дар ин муддат аз ҷойҳои ба нақша гирифташуда дидан намояд. Аз ин хотир, мо наметавонем туризми байналмилалии зимистонаро дар кишвар ба таври бояду шояд роҳандозӣ намоем.
 Раҷабалӣ Турсунзода, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб, иброз медорад, ки пойгоҳи кӯҳии «Сафедорак» аслан барои варзиши лижатозӣ пешбинӣ шудааст. Ин аст, ки он ҷо бештар машқҳои варзишӣ ва лижатозӣ гузаронда мешаванд. Бо вуҷуди ин, соле дар фасли зимистон ба ин мавзеъ то 3 ҳазор сайёҳ ва дар маҷмӯъ, 5-6 ҳазор нафар ташриф меоранд. Айни ҳол, бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиву мактаби варзишӣ дар ин мавзеъ корҳои сохтмониву барқарорсозӣ оғоз гаштаанд. Тибқи нақша аввал роҳ таъмир мегардад, сипас, хостел барои гардишгарон сохта мешавад, баъдан, дигар иншооти зарурӣ бунёд хоҳанд ёфт.
Сафедорак тақрибан 38 километр аз шаҳри Душанбе дур, дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр, дар болооби дарёи Варзоб доман густурдааст. Барф дар ин мавзеъ аз моҳи ноябр то моҳи май боқӣ монда, баландии он ба 2,5 метр мерасад. Сафедорак барои гузарондани машқҳои варзишӣ ва фароғати зимистона мувофиқ мебошад. Зеро, дар он ҷо Ассотсиатсияи варзиши лижаронии кӯҳӣ ва меҳмонхона ҷой гирифтаанд.
Тавре мутахассисони соҳа иброз медоранд, то оне ки роҳҳо таъмир нагарданд, мавзеъҳои туристӣ бо барқ таъмин нашаванд ва инфрасохтори ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳонӣ бунёд наёбад, рушди туризми зимистона ғайри имкон аст.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар банди 23 – и Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017 омадааст, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷиҳати таҷдиди Пойгоҳи кӯҳии «Сафедорак» лоиҳаи махсус таҳия намуда, барои ворид намудан ба рӯйхати лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ирсол намудааст. Айни ҳол он дар ҳамоишҳои сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба баррасии шарикони потенсиалӣ манзур мегардад. Итминон дорем, ки масъалаи таҷдиди пойгоҳи кӯҳии лижаронии «Сафедорак» ҳалли худро меёбад ва сармоягузорон бо дарки муҳимияти он ҳатман ба таҷдиду навсозиаш саҳм мегузоранд.
Тибқи иттилои раёсати рушди туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 63 ҳазору 320 сайёҳ ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳазору 207 нафар зиёд мебошад. Аз онҳо ба буҷети мамлакат 31 миллиону 660 ҳазор доллар ворид шудааст. Рақамҳо бозгӯйи онанд, ки туризми зимистона ҳам дар кишвар пеш рафта истодааст. Агар инфрасохтори зарурӣ дар мавзеъҳои кӯҳӣ бунёд мешуд, шояд аз ин имкони фаровон суди бештаре метавон дид.

 Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2015    №: 162-163    Мутолиа карданд: 11136

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед