logo

ҳуқуқ

ПИРОВ! ШУМОРО БА ҚОНУН ҲАВОЛА МЕКУНАМ

Ситаме расиду ба идораҳои масъули ноҳия арзу дод кардам. Имрӯзу пагоҳ мекарданд, вале ба додам намерасиданд. Дар кори худ ҳайрон монда будам. Баъзе аз рафиқон маслиҳат доданд дардамро ба воситаи нашрияи ҲНИТ -“Наҷот” ба мардум бирасонам. Ба хонаи яке аз хешону ҳамдеҳагонам, Саидмурод Шарифов, ки дар ин нашрия кор мекунад, рафтам. Ӯ маро хуш қабул кард ва аз ҳолу аҳволам пурсон шуд, гуфтам: “Дар хоҷагии ёрирасони ШХИТ “Пунбачӣ” бо ҳамроҳии оилаам  солҳои зиёд аст, ки кор мекардам. Роҳбари хоҷагӣ, собиқ раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Нуробод Аҳлиддин Пиров саҳми моро бо қарори қалбакӣ кашида гирифт ва ба ҷои мо фарзандону хешони худро номнавис кард ва моро дигар дар хоҷагӣ роҳ намедиҳад. Пеши шумо омадам, дарди дили маро ба воситаи нашрияи “Наҷот” ба мардуми ноҳия бирасонед, то мардум донанд, ки А. Пиров кист. Ӯ аз шунидани ин калом хеле дар фикр шуду баъд ба ман рӯ оварда гуфт: “Аҳлиддин Пиров яке аз куҳантарин узв ва муборизони варзидаи ин ҳизб аст. Зиёда аз ин, ӯ рафиқи наздики сармуҳаррири “Наҷот” Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ва сарвари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Нашрияи “Наҷот” дар бораи ӯ ягон чиз чоп намекунад ва ту беҳуда саргардон шуда ба ин ҷо омадаӣ”. Гуфтам: “Қаллобтарин марди ноҳияи Нуробод ҳамин Пиров аст. Оё ҳизби шумо ҳамин гуна аъзо дорад? Пас, то имрӯз ба суханони болохонадори шумо фиреб хӯрда будаем? Ҳайфи шумову ҳайфи ҳизбдории шумо!”
Соли 2000 - ум бо қарори ҳукумати ноҳия аз 19.06.2000, № 97, бо қарори Ҷамоати деҳоти Комсомолобод аз 27.04 2000, № 15 ва бо қарори раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия аз 25.04. 2000, № 2 дар назди ҷамъияти матлуботи ноҳияи Нуробод хоҷагии ёрирасони ШХИТ “Пунбачӣ” таъсис дода шуд. Хоҷагии ёрирасон бо замимаи ҳамин қарорҳо 8 нафар саҳмдор дошт, ки ман бо ҳамсарам М. Балаҷонова шомили он будем.  Роҳбари он раиси ҷамъияти матлубот Аҳлиддин Пировро монда буданд. Ман бо оилаам 1 га замин саҳм доштем. Ин корхона ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ ҳамчун хоҷагии ёрирасони ҷамъияти матлуботи ноҳия таъсис ёфта буд. Ман  ронандаи ин даргоҳ будам ва хонаи мо, ки ба замини хоҷагии ёрирасон наздик аст, баъди ташкилшавияш маро бо оилаам ин ҷо ба кор гузаронданд. Мо дар ин ҷо 26 сол кор кардем. Ин муддат шиғи гирду атрофи хоҷагиро таъмир намуда, зиёда аз 1000 адад дарахти мевадиҳанда ва сояафкан шинонидам. Аҳлиддин Пиров барои ин то имрӯз аз ҳисоби хоҷагии ёрирасони “Пунбачӣ” ба мо як танга музди меҳнат надодааст. Дар замини саҳми худамон барои хӯрду хӯроки аҳли оила зироат мекоридем, ҳамин буд музди меҳнати мо. Хоҷагӣ дар коғаз соҳиби ҳавзи моҳипарварӣ буд, вале аз рӯзи хоҷагии ёрирасони “Пунбачӣ” шуданаш ҳеҷ гоҳ на моҳӣ дошту на ба парвариши моҳӣ машғул будем.
Соли гузашта ҳамчун минтақаи зери об мемондагӣ, аз ҳисоби хоҷагии ёрирасони ШХИТ “Пунбачӣ” А. Пиров 120 ҳазор сомонӣ гирифт. Чун бохабар шудам, ба наздаш рафта маблағи саҳми худро талаб намудам. Ӯ беҳад оташин шуд ва маро дашноми зиёд дода, гуфт: “Он пулро ман танҳо нагирифтаам. Нисфашро барои иҷрои кор коргарони минтақаи зериобмонӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ гирифтаанд. Он маблағ барои шумо, саҳмдорон набуд”.
Соли 2015, ҳангоми сар шудани корҳои баҳорӣ  раиси хоҷагӣ ба номи ман мактуб фиристод, ки чунин маъно дошт: “ту бо оилаат Балаҷонова Маврия дигар дар хоҷагии ёрирасони “Пунбачӣ” як метр замин саҳм надоред ва бо қарори хоҷагӣ саҳми шумо ба дигар кас дода шудааст”. Ин қарорро дар куҷо ва бо кадом асос баровардааст, то ҳол маълуми мо нест. Лекин мувофиқи он саҳмдорон писарону бародаронаш ҳастанд. Ҳар гоҳе ба сари замини худам мерафтам, писараш ба нозири минтақавии ШВКД-и ноҳия Фаррух Ҷобиров занг зада, аз омадани ман ӯро хабардор месохт. Ӯ омада маро аз он ҷо берун мекард. Ҳатто шохаҳои зиёдатии аз  дарахтони худ буридаамро то дар  хоҷагии ҷангали ноҳия пул насупоридаму коғаз наовардам, ба хонаам бурданӣ намонд. То ҳол намефаҳмам, ки ин нозири минтақавӣ ба корхонаи мо чӣ иртибот дошт ва чаро танҳо як ҳизб, яъне узви ҲНИТ - А. Пировро ҳимоят мекард? Дархости мо бошад, барояш арзише надошт.
Охирон бор ба раиси ноҳияи Нуробод арз кардам. Ӯ ба ҷонишини соҳавияш оид ба хоҷагии қишлоқ супориш дод, ки кори моро дида барояд. Дар охир омаданд, вале нисфи саҳмамро аз беруни ҳудуди хоҷагии ёрирасон, аз як регзамини нодаркор ҷудо карда доданд, ки ба ин розӣ шуда наметавонем. Ҳатто шипанги бо пули худам сохтагиро ба А. Пиров ҳукм карданд. 
Ҳангоми арзу доди ман бисёриҳо мегуфтанд, ки А. Пиров барои манфиати шахсии худ беҳтарин корчаллони ноҳия ва ҳуқуқшиноси ҳамадон аст. Ҳатто органҳои ҳуқуқи ноҳия аз ӯ хавф доранд ва ба корҳои ӯ дахолат намекунанд. Ҳақ ба ҷониби онҳост. Зеро А. Пиров найрангҳои бисёре дорад. Ӯ соли 2001 ба директори хоҷагии ҷангали онвақтаи ноҳия доллар ваъда дода, хоҳиш кард, ки бинои идораи хоҷагии ҷангали ноҳияро ба парки автомобилии ҷамъияти матлуботи ноҳия иваз кунад, вале директори хоҷагӣ ризо нашуд. Баъди чанде ҷонишини раиси ноҳия директори хоҷагиро ба наздаш хонд ва супориши раиси ноҳияро барои ивази хоҷагии ҷангал ба парки автомобилии ҷамъияти матлубот ба ӯ гӯшрас намуд. Вале ин бор ҳам розӣ нашуд. Азбаски А. Пиров домоди апаи раиси ҳукумати онвақтаи ноҳия, Зиёратшои Саъдулло буд, директори хоҷагии ҷангалро ҳамчун шахси ноуҳдабаро бо қарори ҳукумат аз кор озод намуд ва Каримов Абдураҳматро бо дипломи харида директор таъйин кард. Акнун шароит муҳайё шуду вақт расид. Бинои идораи хоҷагии ҷангалро, ки дар беҳтарин мавзеи ноҳия сохта шуда буд, ба парки автомобилии ҷамъияти матлубот иваз намуданд. Ин парк дар санглохе қарор дошт, ки ҳамагӣ дорои се хонача буд. Ҳоло ҳам дар ҳамон шакл аст. Бинои идораи хоҷагии ҷангал бо арчаҳои қатори пеш, анборҳои маҳсулотнигаҳдорӣ ва замини якгектараи наздаш иваз шуд. Ҳамон вақт хоҷагии ҷангал ду трактори тамғаҳои ДТ - 75 ва МТЗ - 80, ду автомобили тамғаи ЗИЛ-и омодаи кор, як ГАЗ - 53, ки ба корҳои хоҷагӣ машғул буд ва чанд автомобилҳои таъмирталабу автобус  дошт. Зеро дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ моликияти хоҷагии ҷангалро касе шахсӣ карда натавониста буд. Ин техникаҳоро ҳангоми директории А. Каримов, ба истиснои ГАЗ - 53 фурӯхтанд. Ба хазинаи хоҷагии ҷангали ноҳия ягон маблағ ворид карданд ё накарданд маълум нест. Бинои идораи хоҷагии ҷангалро А. Пиров дар баланси ҷамъияти матлубот ҳамчун “меҳмонхона” гузаронд ва онро шахсӣ карда натавониста бошад ҳам, бо аҳлу байташ кӯчида ба он ҷо омад. То ҳол дар ин бино зиндагӣ дорад. Бинои идора дар муддати 14 сол меҳмонхона  қаламдод шуда бошад ҳам, аз ин ҳисоб як танга ба хазинаи ҷамъияти матлубот ворид нашудааст. Ӯ ҳангоми раисияш аз ҳисоби ҷамъияти матлуботи ноҳия ду мошин ва як трактор ҳам гирифт.
Ҳоло ки меҳмонхонаи ҷамъияти матлуботи ноҳияро қалбакӣ ба хонаи шахсии худ табдил додааст, аз ҳисоби он ҳамчун бинои минтақаи зери об мемондагӣ зиёда аз 200 000 сомонӣ гирифтааст. Дар асл, чӣ тавре гуфтем, ҳоло ҳам ин бино меҳмонхонаи ҷамъияти матлуботи ноҳия аст.
Мақомоти маъмурии ноҳияи Нуробод ин қонуншиканиҳоро медонанд, вале дар ҳақи ӯ ягон чора намеандешанд. Вақте 1 гектар саҳми қонунии маро аз А. Пиров пурра гирифта дода наметавонанд, пас оид ба корҳои дигари ин марди корчаллон чӣ кореро ба сомон расонида метавонанд? Ман ин ҳама қонуншиканиҳои А. Пировро ба ҳомиёни қонун ҳавола мекунам, вале аз 120 000 сомоние, ки аз ҳисоби ШХИТ “Пунбачӣ” гирифтааст, ҳақи худро талаб дорам.

Сиддиқҷон НАСРУЛЛОЕВ,
ноҳияи Нуробод, нафақахӯр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2015    №: 164    Мутолиа карданд: 884

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед