logo

ҳуқуқ

СУҒД: МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Инсониятро имрӯз дар баробари фалокатҳои гуногуни табиӣ терроризм ва экстремизм таҳдид дорад, ки бо оқибатҳои ҳузнангези худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузорад.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23 январи соли равон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки “терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст”. Аз ин рӯ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро вазифадор карданд, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа тадбирҳои муассир андешанд.
Дар сафи пеши ин гурӯҳҳои ифротгароӣ, қабл аз ҳама, иттиҳоди ҷиноии экстремистию террористии “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Давлат-ул-ислом”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, равияи “Салафия” қарор доранд, ки ҳадафи асосии фаъолият ва ғояи онҳо ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеа, дигаргун намудани сохти конститутсионии кишвар, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ буда, баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ дар зери ниқоби дини мубини Ислом ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин даст мезананд.
Ҳол он ки дини мубини Ислом ҳаргиз мусулмононро ба содир кардани ҷиноят нисбат ба инсон ҳидоят накардааст. Ислом покизагӣ, росткорӣ ва ростгӯиро талаб менамояд.
Солҳои охир ба созмонҳои террористию экстремистӣ пайвастан ва ё гаравидани сокинони кишвар, бавижа, ҷавонон ба мушоҳида расида, рафтани онҳо ҷиҳати иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона ба ҷумҳуриҳои Исломии Покистон, Афғонистон, кишварҳои Сурия ва Ироқ ба қайд гирифта мешаванд, ки ташвиши аҳли ҷомеаро ба бор оварда, воқеан, ба амнияти миллӣ ва ояндасозии кишвар таҳдид мекунад.
Мақомоти прокуратураи вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хотири ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро ва таъмини амнияти давлат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шаҳру ноҳияҳо 891 вохӯриву суҳбат доир намуд. Мутаассифона, сарфи назар аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамоно ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ тамоили афзуншавӣ пайдо карда, боиси нигаронии роҳбарияти кишвар ва аҳли ҷомеа мешавад.
Таҳлил нишон дод, ки дар давоми соли 2014 ва нимаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят нисбат ба 288 нафар барои иштирок дар фаъолияти иттиҳодияҳои ҷиноятӣ 122 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуда, аз он 47 адад парванда нисбат ба 169 нафар ба суд фиристода шуд. Онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Истаравшан, Хуҷанд, Спитамен, Панҷакент, Ашт, Чкалов, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Ғончӣ, Зафаробод, инчунин, ноҳияи Шаҳринав ва вилояти Хатлон мебошанд. Аксарияти шаҳрвандони ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомилшуда дорои маълумоти миёна ё миёнаи нопурра буда, саводи зарурии замонавӣ низ надоранд. Онҳо аз таълимоти динӣ бархӯрдор нестанд ва аксарияташон ҷавонони аз 18 то 30 - сола мебошанд.
Боиси таассуф аст, ки ташкилотҳои экстремистию террористӣ на танҳо ҷавонон, балки занону духтаронро низ ба доми фиреб кашидаанд. Чунончи, Ш. З. Мамадшехова, сокини ноҳияи Спитамен, шаҳраки Нов, аввалҳои соли 2014 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафар карда, ба иттиҳоди ҷиноятии “Ансоруллоҳ” шомил гардид ва ҳамроҳи 2 нафар фарзандаш ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона рафтааст.
Ҳолатҳое ошкор гардиданд, ки бархе аз волидон ба ҷои таълиму тарбия додан фарзандони худро ба муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ равон намудаанд. Аз ҷумла, Т. А. Саидов, сокини деҳаи Камартоши шаҳри Панҷакент, ба “Ҳизб-ут-таҳрир” шомил гардида, фарзанди хеш М. Т. Саидовро барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Сурия ҷалб намудааст. Номбурда аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардиду бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакент аз 11 феврали соли 2015 ба муҳлати 12 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гашт.
Бояд таъкид кард, ки дар натиҷаи аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят андешидани чораҳои дахлдор, дар давоми соли 2014 ва 6 моҳи соли равон 10 нафар шаҳрванди ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомилбуда ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, дар ин бора иттилоъ доданд ва нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ қатъ гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки қонунгузор шахсро дар ҳолати ихтиёран ба Ватан баргаштану бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ кардан ва дар сурати ҷинояти дигар содир накардан аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод менамояд.
Яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияи ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад.
Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои беруна низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет мебошанд. Таҳлили сабабу шароитҳои ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст. Аз ин рӯ, бояд тадбирҳои судманд андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза барад.
Баҳри ошкор, пешгирӣ ва пурзӯр намудани мубориза бо зуҳуроти экстремистиву террористӣ 28 июли соли равон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд баргузор гардид. Дар асоси таклифу пешниҳоди аъзои он ва бо назардошти таклифҳои аҳли ҷамоатчигии вилояти Суғд Барномаи муқовимат бо зуҳуроти экстремизми динӣ ва терроризм дар вилояти Суғд барои солҳои 2015-2019 қабул гардид, ки бар асоси он пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ яке аз вазифаҳои асосӣ маҳсуб меёбад.
Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Ҳабибулло ВОҲИДОВ,
прокурори вилояти Суғд,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2015    №: 165    Мутолиа карданд: 746

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед