logo

ҳуқуқ

«МЕХОҲАМ МОЛИКИ ХОНАИ МЕРОСИИ МОДАРАМ БОШАМ»

Ба идораи рӯзнома мӯйсафеди нуроние, ки рангу рӯяш хеле коҳида буд, ворид шуд ва худро Шарофуддин Шарифов муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, вай соли 1941 дар ноҳияи Ғарм таваллуд ёфта, баъди заминҷунбии соли 1949 бо модараш Сайлӣ Қиёмова ба деҳаи Қадиҷӯйбори Ҷамоати деҳоти Сабо, ноҳияи Шаҳринав, ҳамчун муҳоҷир омадаанд.

Шарофуддин ҳанӯз кӯдак буд, ки аз падар маҳрум шуд. Ба ӯ ва модараш 0,15 га замини наздиҳавлӣ доданд. Онҳо бо дастгирии амакаш Абдураҳим Каримов, ки ҳоло синнаш ба 86 расидааст, соли 1953 хона сохтанд. Модараш соли 1957 бемор шуд ва додараш Борон Юсуфовро даъват кард. Вай дар паҳлуи хонаи онҳо соли 1959 барои худ хона сохт. Амакаш Абдураҳим ба ин кор муқобил буд. Ба Борон гуфт, ки ба колхоз даромада кор кунад, ба ӯ замин медиҳанд. Ва таъкид кард, ки мабодо ҷияни ятимамро аз хонааш маҳрум накунӣ?
- Гуфтаи амакам шуд, - маҳзунона иброз дошт Шарофуддин. - Соли 1961 модарам аз дунё гузашт. Пас аз вафоташ ба омӯзишгоҳи № 11-и Чиптураи ноҳияи Шаҳринав дохил шуда, онро соли 1964 хатм кардам. Бо роҳхати омӯзишгоҳ ду сол кор карда, ба деҳа баргаштам. Вале тағоям маро ба хона роҳ надод. 23 феврали соли 1966 ба суди ноҳияи Ҳисор муроҷиат кардам. Намояндагони Ҷамоати деҳоти Шаҳринав хонаро байни ману тағоям - Борон Юсуфов ду тақсим карданд. Тайи ду сол дар ин ҷо мушкилоти сангинеро аз сар гузарондам. Дар ҳар куҷое, ки рост меомад, шабамро рӯз мекардам. Касеро парвои ман набуд. Бинобар ин, боз ба Душанбе баргашта, то синни нафақа, яъне, соли 2010 кору фаъолият доштам. Азбаски дар як хона (26 метри мураббаъ) ману ҳамсарам ва се писарам истиқомат мекунем, зиндагӣ рӯз ба рӯз бароям мушкил гардид. Аз ин рӯ, хостам хонаи меросии модарамро, ки вориси ягонааш мебошам, ба даст орам. Бо маслиҳати амакам ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат кардам, ки бароям қитъаи замини наздиҳавлӣ диҳанд.
Собиқ раиси ноҳия аризаамро барои қонеъ кардан ба Ҷамоати деҳоти Сабо фиристод. Соли 2003 Қурбоналӣ Гулов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Сабо, гуфт, ки ба шумо замин дода наметавонем, зеро хонаи меросӣ доред. Айни замон хешовандони наздикатон дар он ҳавлӣ зиндагӣ доранд. Мо бояд ба онҳо бо иштироки шоҳидон фаҳмонда диҳем, ки ба шумо хона харида диҳанд ё дар як гӯшаи замин бароятон хона созанд.
Ӯ, бародарон Ғафур ва Додарбек Юсуфовҳоро ба идорааш даъват карда, як ҳафта муҳлат дод, то ба хулосае оянд. Баъди як ҳафта раиси ҷамоат Қ. Гулов сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро ба ман нишон дода, гуфт, ки ин масъаларо фақат суд ҳал мекунад.
Ман аз оғози соли 2011 се маротиба бо роҳи созиш ва мусолаҳа бо миёнравии Музаффар Додобоев - роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, марҳум Ҷумъа Пирумов ва Хуҷамурод Аминов, сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳия, бо бародарон Юсуфовҳо масъалаи даъвои мероси манзили модарамро муҳокима карда будем. Бори охир 27 июли соли 2011 Додарбек Юсуфов маро таҳқир карда, иброз дошт, ки ба ин ҳавлӣ ҳақ надорӣ. Кас ҳайрон мешавад, ки чӣ тавр раиси ноҳия ба онҳо дар байни баҳс сертификати № 11457, аз 3 марти соли 2012, дар бораи истифодаи замини наздиҳавлигиро додааст?
Назар ба гуфти ӯ, судяи суди ноҳияи Шаҳринав Р. Таваралиев 14 майи соли 2014 парвандаи гражданиро бо даъвои Шарофуддин Шарифов нисбат ба Ғафур Юсуфов ва Додарбек Юсуфов оид ба эътирофи ҳуқуқи моликии марҳум Сайлӣ Қиёмова баррасӣ кард. Ҳарчанд даъвогар гувоҳномаро аз филиали Бойгонии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ҳисор, № 6331, аз 13 сентябри соли 2011, оид ба он ки дар китоби хоҷагидории суратҳисоби № 215, 392, 1378 деҳаи Қадиҷӯйбор, совети қишлоқи Шаҳринав, ноҳияи Ҳисор Қиёмова Сайлӣ солҳои 1955-1957 сардори оила гузаштааст, гирифта ба суд пешниҳод намуд, судя онро ба эътибор нагирифт ва даъвояшро рад кард. Баъд ба Суди Олӣ шикояти кассатсионӣ навишт. Дар Суди Олӣ Л. Хоҷаева, С. Тошов ва М. Ҷӯраева, 2 июли соли 2014, дар 10 - 12 дақиқа шикояташро баррасӣ карда, ҳатто ба ӯ имкони сухан гуфтан надоданд ва ҳалномаи суди ноҳияи Шаҳринавро бетағйир мононданд.
- Бояд зикр кард, ки суди ноҳияи Шаҳринав ҳалномаро ба талаботи моддаҳои 221, 256, 258 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намуда, менависад, ки муҳлати даъво гузаштааст. Ҳол он ки мувофиқи моддаи 232 банди 5 ҳамин кодекс мерос муҳлат надорад. «Мехоҳам адолати судӣ барқарор гардаду молики хонаи меросии модарам бошам», - мегӯяд Шарофуддин Шарифов.

Мунаввари САФАР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2015    №: 167    Мутолиа карданд: 596

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед