logo

ҳуқуқ

ВАРТА: АЗ НИЗОМИЁНИ СОБИҚ ТО ҶАВОНОНИ НОБОЛИҒ

Вақтҳои охир мо шиддатёбии фаъолияти созмонҳои гуногуни террористӣ, аз ҷумла, фаъолшавии ҷангҷӯёни гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ»-ро дар марзҳои ҷанубии ИДМ мушоҳида мекунем. Маҳз рӯ ба афзоиш овардани амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳо ба кишварҳои воқеъ дар маҳдудаи ҷуғрофиёӣ, аз Африқои Шимолӣ то Осиёи Марказӣ ва Чин, намои ҳар чи бештар равшантару ошкортарро ба худ мегиранд.

Тавре дар гузориши чанде қабли СММ таъкид шудааст, «Бештар аз 25 000 ҷангиёни хориҷӣ аз 100 кишвари ҷаҳон ба гурӯҳҳои террористию тундгарои исломӣ, монанди «Алқоида» ва «Давлати исломӣ» пайвастаанд. Дар Сурия ва Ироқ дар ҳудуди 22 000 шаҳрванди хориҷӣ, дар Афғонистон 6 500, дар Яман, Либия, Покистон ва Сомалӣ низ садҳо тундгаро қарор доранд».
Тибқи маълумоти ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо дар мубориза алайҳи терроризм Жил де Кершов, «Аз кишварҳои мухталифи Аврупо дар ҳоли ҳозир 3 000 нафар дар ҷангҳо ба ҷонибдории ДИИШ иштирок мекунанд». Ба гуфтаи ӯ, дастикам, дар ёздаҳ кишвари аврупоӣ рафтани шаҳрвандон ба Ироқ ва Сурия сабт шудааст. Мувофиқи ҳисоботе, ки маркази мустақили тадқиқотии «Институти муколамаи стратегӣ» нашр намудааст, 550 зан аз кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ба ДИИШ пайвастаанд.
Бинобар ин, замоне ки дар бораи ДИИШ ва таҳдиду хатарҳои аз он бармеомада сухан меравад, бояд дар назар гирифта шавад, ки ин зуҳурот хеле ҷиддитар аст, нисбат ба он ки дар мавридаш нуқтаи назарҳоро баён мекунанд. Зеро ба ақидаи баъзе аз коршиносони ғарбӣ, ба мисли Одри Курт Кронин «…ДИИШ бо хеле мушкилӣ бо чунин тасвир мувофиқат мекунад, ҳарчанд ки вай аз терроризм ба сифати абзори тактикӣ истифода менамояд. Дар асл ин созмон танҳо созмони террористӣ нест. Шабакаҳои террористӣ, ба мисли «Алқоида», ҳазорҳо узв доранду амалиёти террористиро ба муқобили сокинони мулкӣ анҷом медиҳанд. Онҳо қаламрави ин ё он кишварро таҳти тасарруфи худ намедароранд ва наметавонанд ба таври мустақим бо қувваҳои мусаллаҳ муқовимат намоянд. Аммо ДИИШ тахминан 30 ҳазор ҷангӣ дошта, як қисми хоки Ироқ ва Сурияро таҳти тасарруфи худ даровардааст. Вай аз имкониятҳои ҷиддии низомӣ бархӯрдор буда, хатҳои алоқаро зери назорати худ қарор додааст. Муҳимтар аз ин, ДИИШ худмаблағгузор буда, зерсохторро идора мекунад ва дар амалиёти густурдаи низомӣ ширкат меварзад.
Тавре аз гузориши Вазорати корҳои дохилии Фаронса бармеояд, танҳо дар моҳҳои охир 1200 нафар барои иштирок дар ҷанг ба пуштибонии ҷангиёни исломӣ омодагӣ мебинанд ё аллакай ба Шарқи Наздик рафтаанд. Дар байни онҳо 100 нафар зани фаронсавӣ ва 10 ноболиғ низ ҳастанд. Ҳар як фаронсавии панҷум, ки ба «ҷиҳод» рафтанӣ мешавад, исломро қабул кардааст. Бояд гуфт, ки тайи як соли охир аз Сурия 234 ихтиёрии «ҷиҳодӣ» ба Фаронса баргаштааст. 60 шаҳрванди ин кишвар, ки ба «ҷиҳод» рафта буд, дар Сурия кушта шудааст.
Аз рӯи маълумоти Radio France Internationale, ки коршиноси сиёсӣ Владимир Одинсов ба он такя менамояд, дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия ба тарафдории гурӯҳҳои «Давлати исломӣ» «…ҳатто низомиёни собиқи Фаронса иштирок мекунанд. Аз ҷумла, яке аз онҳо мақоми амириро гирифтааст ва дар минтақаи Деир Эззор ба гурӯҳҳои ҷангиён аз Фаронса фармондеҳӣ мекунад».
Бино ба иттилои сардори Идораи федералии ҳифзи Сарқонуни Олмон Ҳанс - Георга Маасен, то ҳоло беш аз 550 шаҳрванди Олмон ба ҷонибдории «Давлати исломӣ» барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Зиёда аз 60 нафари онҳо ба ҳалокат расида, 9 нафар террористи интиҳорӣ (худкуш) шудааст. Айни замон 180 ҷиҳодӣ, ки ба пуштибонии «Давлати исломӣ» ҷанг мекарданд, ба Олмон баргаштаанд. ДИИШ ҳатто наврасону духтарони амрикоии иёлатҳои Денвер, Миннеаполис ва атрофи Чикагоро, ки баромадашон аз синфи миёна аст, ба худ ҷалб намудааст».
Равшан аст, ки яке аз сарчашмаҳои вуҷуд ва фаъолияти хеле густурдаи созмонҳои террористӣ тавлид ва қочоқи маводи мухаддир аст. Дар ин росто, қисмати шимоли Афғонистон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он марзи тӯлонӣ (1400 километр) дорад, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Дар пасманзари берун рафтани Неруҳои байналмилалии мусоидат ба амният (ISEF) аз Афғонистон, аксари таҳлилгарони байналмилалӣ муътақиданд, ки ҳар гуна шиддатёбии вазъи низомӣ - сиёсӣ ва иҷтимоӣ - иқтисодӣ дар ин кишвар мусалламан, хатари таъсири манфии онро ба амнияти давлатҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон афзоиш медиҳад. Рӯйдодҳои охир дар вилояти Кундуз дар охири моҳҳои апрел, июн ва июл аз он шаҳодат медиҳанд, ки толибони вилоятҳои шимоли Афғонистон ҳадафҳои дуррас доранд. Онҳо бо ҳуҷумҳои худ дар вулусволии Ҷирми вилояти Бадахшон, вилоятҳои Тахор, Форёб ва вулусволиҳои ҳаммарз бо Туркманистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудаанд.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи ҷараёни ҳодисаҳо аз шиддатёбии вазъият дар марзи Афғонистону Тоҷикистон дарак медиҳад ва ин омил на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои СААД, балки дигар ҳамсоягонро низ ба ташвиш овардааст. Коршинос Самеулло Пӯё чунин мешуморад, ки «Ҳамсояи дигари Афғонистон - Чин нигаронии худро аз зуҳури ДИИШ дар вилоятҳои марзии Афғонистону Покистон, ки дар он ҷо аҳолии мусалмони ин кишвар зиндагӣ мекунанд, изҳор доштааст».
Бо назардошти таҷрибаи фаъолияти баъзе гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар минтақаи мазкур, пайвастани ин гурӯҳҳо дар оянда ба ДИИШ аз эҳтимол дур нест. Ба ин шомил шудани қисми муайяни аъзои «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», гурӯҳҳои алоҳидаи Толибон, ҳам дар ҷануб ва ҳам дар шимоли Афғонистон, ҳамчунин, эъломияи охири роҳбари гурӯҳи террористии «Боко Ҳарам» дар шимоли Африқо дар бораи пайвастанаш ба ДИИШ мисол шуда метавонанд.
Дар ин иртибот, баъзе коршиносону таҳлилгарон ибрози назар намудаанд. Масалан, Шамшарбек Капаров дар робита бо Ҷумҳурии Қирғизистон менависад: «Зоҳиран, мо мисли ҳамеша дер мондем. Вақте мо машғули сиёсати баланд будем ва аз ҳавои тозаи демократия лаззат мебурдем, як насли пуррае ба камол расид, ки дар бораи ислом назари ғалату таҳрифшуда дорад. Коршиносон боз хатари ҷиддиро дар он мебинанд, ки баъзе ҷангиёни ДИИШ дар хориҷа таҷрибаи ҷангиро омӯхта, қасд доранд онро дар ватани худ ба кор баранд ва ин ҷо ҷанги худро бар зидди давлатҳои дунявӣ бо роҳи амалҳои террористӣ ва тахрибгарона оғоз намоянд».
Хатар ва таҳдидҳои охири вобаста ба рӯйдодҳои Шарқи Наздик ва зуҳури ба истилоҳ «Давлати исломӣ» аз кишварҳои минтақа ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муассир ва қатъӣ, аз ҷумла, табодули фаъолонаи иттилоъ ва ҳамоҳанг сохтани амалро талаб менамояд. Зеро таҳдиди мавҷуда аз ҷониби «Давлати исломӣ» эҳтимол аст боз ҳам бештар ҷавонони аз нигоҳи рӯҳия ва андеша ба камолнарасидаро аз тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ, гумроҳ ва ба ин варта ҷалб намояд.

М. САФОЛЗОДА,
муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
 номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2015    №: 167    Мутолиа карданд: 670

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед