logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия

Бо мақсади таъмини ҳарчи беҳтари аҳолӣ бо нерӯи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад.
2. Роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, то охири соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқиро таъмин намоянд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» то моҳи октябри соли 2009 241 ҳазор оилаи камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин намоянд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати давра ба давра маҳдуд кардани воридоти лампаҳои тафсон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
5. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2009 – 2011 бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ сохта, ба истифода додани ду корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқиро таъмин намоянд.
6. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ҷиҳати иҷрои ҳамин Фармон стандартҳои дар соҳаи сарфаи энергия амалкунандаро такмил диҳанд.
7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои дар давоми се соли оянда  бо гази табиии истеҳсоли худӣ ва дар зарфи чор сол бо нерӯи барқ таъмин намудани эҳтиёҷоти мамлакат чораҳои зарурӣ андешад.
8. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Барномаи кам кардани талафоти энергия ва сарфаи онро барои солҳои 2010-2015 таҳия карда, то 1 сентябри соли 2009 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
9.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади  то охири соли 2013 ба истиқлолияти энергетикии мамлакат ноил шудан нақшаи чорабиниҳоро доир ба сохта, ба истифода додани нерӯгоҳҳои бузург, миёна ва хурд, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии амалкунанда таҳия ва тасдиқ намояд;
- ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои сарфаи энергия аз ҳисоби коршиносони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияи босалоҳият таъсис диҳад;
- барои кам кардани талафоти энергияи барқ, гази табиӣ ва об барномаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикиро барои солҳои 2009 – 2015 таҳия ва тасдиқ намояд;
- доир ба истифодаи васеъ аз манбаъҳои ғайримуқаррарӣ ва барқароршавандаи энергия тадбирҳои зарурӣ андешад;
- тамоми сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор созад, ки ҳангоми таҳияи лоиҳа ва сохтмони бинову иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ масъалаи истифодаи технологияи каммасрафи барқиро ба эътибор гиранд; 
- ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳамин Фармон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул намояд.
10. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» оид ба аҳамияти истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ дар байни аҳолӣ корҳои мақсадноки ташкиливу тарғиботиро анҷом диҳанд.
11. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси чорабиниҳои вобаста ба сарфаи нерӯи барқро ба таври ройгон ба роҳ монад.
12. Назорати иҷрои ин Фармон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2009,
№ 653

 

Шарҳи Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи тадбирҳои иловагии
истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия»

Тавре  ки маълум аст, дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама барқу газ ва об, кам намудани талафоти онҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» бо мақсади иҷрои нишондодҳои дар Паём зикргардида ҷиҳати сарфаҷӯии энергия, истифодаи асбобу таҷҳизоти замонавии каммасрафи барқӣ дар ҷумҳурӣ ба тасвиб расидааст.
Мувофиқи Фармон биноҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, то охири соли 2009 бояд пурра ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ гузаранд.
Тибқи санади мазкур, аз 1 майи соли 2009 дар ҷумҳурӣ  оғози гузариши саросарӣ ба истифодабарии чунин лампаҳо дар назар дошта шудааст. Роҳбарони корхонаю муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд то охири соли ҷорӣ гузариши сохторҳои худро ба истифодабарии лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин намоянд. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки то моҳи октябри имсол 241 ҳазор оилаҳои камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин намоянд. Инчунин пешбинӣ гардидааст, ки минбаъд воридоти лампаҳои муқаррарӣ (тафсон) давра ба давра маҳдуд гардонида шуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид оид ба воридоти лампаҳои каммасраф тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳанд  шуд.
Ба мақомоти дахлдори мамлакат супориш дода шудааст, ки оид ба фоида ва аҳамияти истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд. Мавриди зикр аст, ки дар бисёр мамлакатҳо, ҳатто дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи олам, ба монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Британияи Кабир, Австралия, Эрон, Ҳиндустон ва ғайра аллакай аз истифодаи лампаҳои муқаррарӣ даст кашидаанд. Манъи фурӯши чунин лампаҳо аз соли 2012 дар тамоми кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ гардидааст. Истифодаи лампаҳои каммасрафи замонавӣ на танҳо ба сарфаи пули мардум мусоидат мекунад, балки аз ҷиҳати экологӣ низ бисёр муфид аст.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани истеҳсоли лампаҳои ватанӣ вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар давоми солҳои 2009-2011 сохта, ба истифода супурдани ду корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафро таъмин намоянд.
Инчунин ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки ҷиҳати дар оянда бо гази табиии истеҳсоли худӣ таъмин намудани эҳтиёҷоти мамлакат, сохта ба истифода додани нерӯгоҳҳо ва таҷдиди онҳо, сарфаҷӯии энергия, кам намудани талафоти нерӯи барқ, гази табиӣ ва об чораҳои мушаххас андешанд.
Дар баробари ин Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор гардидааст, ки ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои сарфаи энергия аз ҳисоби коршиносони варзидаи соҳаҳои дахлдор комиссияи басалоҳият таъсис дода, бо мақсади кам кардани талафоти энергияи барқ, гази табиӣ ва об барномаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикиро барои ҳафт соли оянда таҳия намояд. 
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» иқдоми навбатии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолии кишварамон мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 897

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед