logo

ҳуқуқ

МАСИРИ СИЁҲ

Дар Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020, ки бо Фармони Президенти кишвар соли 2013 тасдиқ шуд, дарҷ гардидааст, ки сатҳи баланди истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва қочоқи он, омилҳои асосии муайянкунандаи вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд.

Мутахассисони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2008 дар асоси гузориши нашрнамудаи раёсати СММ ва натиҷаҳои таҳлили маводи мухаддири мусодирашуда хулосаашонро дар бораи мавҷудияти масири нави қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба воситаи қисми шимоли Эрон, кишварҳои Қафқоз ба давлатҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва Русия пешниҳод намуда буданд.
Ин хулоса ва натиҷагирӣ, пеш аз ҳама, ба он асос меёфт, ки ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир, ба вижа, афюн дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар «Масири Шимол» рӯ ба коҳиш оварда, истеҳсоли он дар минтақаи ҷанубу ғарбии Афғонистон, ки бо Эрону Покистон ҳамсарҳад аст, якбора афзуд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки интиқоли маводи нашъаовар ба қисмати аврупоии Русия ва Аврупои Шарқӣ рӯ ба афзоиш овардааст.
Рустам Назарзода зимни нишасти матбуотӣ махсус таъкид намуд, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон аз Афғонистон вобастагӣ дорад. Дар натиҷаи гузарондани 12 амалиёти муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар, дар соли равон, як озмоишгоҳи истеҳсоли героин дар вилояти Бадахшони Афғонистон нобуд карда шуд.
Мавсуф ҳушдор дод, ки роҳи нави қочоқи маводи мухаддир, ки шартан «Масири Шимол - Баҳри сиёҳ» номида мешуд, имрӯзҳо бисёр фаъол гардидааст. Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо амалиёти махсуси кормандони ҳифзи ҳуқуқи Украина дар шаҳри Одесса мебошад. Дар натиҷаи ин амалиёт моҳи июни соли ҷорӣ 500 килограмм маводи мухаддир мусодира гардид, ки он бояд ба Аврупо интиқол меёфт. Ё ин ки, то охири соли 2014 миқдори героини мусодирагардида дар Олмон 375 килограммро ташкил дод, ки ин нишондод назар ба соли 2013 - ум 38,9 дарсад зиёд мебошад.
Мутобиқи маълумоти раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар ҷаҳон аз 12 то 21 миллион одам афюн истеъмол мекунад. Аз чор се қисми онҳо истеъмолгарони героин мебошанд. Дар ин росто, бозорҳои асосии афюнро дар Аврупову Осиё Афғонистон таъмин менамояд. Шурӯъ аз соли 2001 ҳаҷми истеҳсоли умумии афюн дар Афғонистон аз 75,2 то 91,5 дарсад расид. Дар ин кишвар соли 2013 - ум 5500 тонна афюн истеҳсол шудааст, ки баробари 80 дарсад афюни дар ҷаҳон ба таври ғайриқонунӣ истеҳсолшуда мебошад. Киштукор ва истеҳсоли афюн дар Афғонистон, асосан, дар вилоятҳои ҷанубу ғарбии он мутамарказ гардидааст. Зеро манотиқи ҷанубу ғарбӣ бештар ноором ва маскани неруҳои зиддиҳукуматӣ мебошанд.
Маводи нашъаовари дар Афғонистон истеҳсолгардида, асосан, тавассути ин масирҳо интиқол меёбад:
• Масири Балкан. Тавассути Эрон, Туркия ва кишварҳои нимҷазираи Балкан ба кишварҳои ҷанубу шарқӣ ва ғарбии Аврупо;
• Масири Ҷануб. Тавассути Покистон ба кишварҳои ҷанубу шарқии Осиё ва Чин;
• Масири Шимол. Тавассути давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Русия;
• Ва ниҳоят, роҳи нави «Масири Шимол - Баҳри сиёҳ», ки имрӯз аҳамияти Масири Шимолро коҳиш дода, яке аз роҳҳои асосии қочоқи маводи мухаддир аз Қафқоз ба Аврупо гаштааст. Ин ҳамон масирест, ки Тоҷикистон дар нишасту конфронс ва ҷаласаҳои байналмилалӣ ҳамеша ҳушдор аз он медиҳад.
Масири Шимол аввали солҳои 90 - уми асри гузашта, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил ёфта, барои интиқоли афюн ба Русия ихтисос ёфта буд. Шароити вазнину нооромиҳое, ки солҳои аввали ташкилёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳукмфармо гашт, ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мусоидат намуд. Бехатарии сарҳадҳо, азнавташкилкунии фаъолияти қӯшунҳои сарҳадӣ ва хадамоти гумрук, камтаҷриба будани кормандони ҳифзи ҳуқуқ омилҳои асосии ташаккулёбии Масири Шимол гардид.
Аз соли 2004 маълумоти мухталиф дар бораи ҳамлу нақли героин аз Эрон тавассути минтақаи Қафқоз ба Украина, сипас, ба Руминия ва минбаъд ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ зуд-зуд расонаӣ мешуданд. Ниҳоят, аз маълумоти созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти салоҳиятдори давлатҳои гуногун, ки бо маводи мухаддир мубориза мебаранд, тасдиқ гардид, ки Масири Шимол дар интиқоли афюн аз Афғонистон ба воситаи Русия то Аврупо нақши калидӣ мебозад. Саволе ба миён меояд, ки чаро вижагии ин масир коҳиш ёфта, «Масири Шимол - Баҳри сиёҳ» ба вуҷуд омад? Ин ба якчанд омил вобаста мебошад:
а) мавҷудияти хуби имконият ва ашёи хом барои истеҳсоли афюн дар минтақаи ҷанубу ғарбии Афғонистон;
б) мустаҳкам гардидани низоми бехатарии сарҳади давлатӣ, хадамоти ҳифзи ҳуқуқ ва ноил шудан ба дастовардҳои муайян бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
в) кам шудани убури сарҳад дар Федератсияи Русия ва Аврупо, ки бо Қафқоз пайвандӣ доранд ва дастгир шудани бисёре аз шаҳрвандони кишварҳои назди Қафқоз дар Русия бо ҷурми нашъаҷаллобӣ;
г) дастгирии ҷомеа ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи барномаҳои гуногун дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир;
д) аз назари техникӣ хуб омода намудани автомашинаҳои боркаши истифодашаванда ва тағйир додани ҳолати физикии афюн (шакл, ранг, бӯй).
Моҳи июли соли 2014 кормандони ВКД ва Хадамоти даромадҳои молиявии Гурҷистон дар натиҷаи амалиёти оперативӣ - тафтишотии якҷоя ду шаҳрванди гурҷиро дастгир намуда, аз онҳо 2 тоннаву 790 килограмм героин мусодира карданд. Тибқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовар дар ду соли охир дар давлатҳои назди Қафқоз ҳолатҳои дар ҳаҷми калон мусодира шудани маводи нашъаовар мушоҳида мешавад. Ба вижа, соли гузашта дар натиҷаи ошкор намудани танҳо ду ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Арманистон ва Гурҷистон 3 тоннаву 700 килограмм героин мусодира шудааст.
Коҳиш ёфтани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вижа, Тоҷикистон аз мавқеъ ва ҳаводиси сиёсии Афғонистон вобастагӣ дошта, «Масири Шимол - Баҳри Сиёҳ» бо вижагии мавқеи ҷуғрофии худ барои нашъаҷаллобон ҳамеша ҳамчун роҳи асосӣ хизмат мекунад. Зеро маводи мухаддир аз Афғонистон ба Эрон, аз Эрон ба воситаи Арманистону Озарбойҷон ба Гурҷистон, баъд ба Туркия ва фаротар аз он рафта мерасад.
Бо назардошти вазъи баамаломада, ки ба таҳкими инфрасохтори марзи Тоҷикистону Афғонистон алоқамандии зич дорад, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аҳамияти «Масири Шимол - Баҳри сиёҳ» дар ҳамлу нақли маводи нашъаовар зиёд шуда, ҳамчун роҳи калидиву хатарзо ё ба ибораи дигар ба сифати «масири сиёҳ» барои минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2015    №: 169    Мутолиа карданд: 709

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед