logo

ҳуқуқ

ПИРОВ: «МАН ҲЕҶ ГОҲ УЗВИ ҲНИТ НАБУДАМ!»

Матлаби «Пиров! Шуморо ба қонун ҳавола мекунам», маро дар ҳайрат гузошт. Тамоми навиштаҳои муаллифи мақола Сиддиқҷон Насруллоев беасос аст. Ӯ, ки асосан даъвои замин мекунад, қобилияти корӣ надорад. Бо вуҷуди ин, мо барояш некиҳои бисёр карда, зиёда аз 1 гектар қитъаи замин ҷудо намудем. Моҷарои ӯ барои замин борҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ шуда, ҳатто нозири минтақавии ноҳияи Нуробод протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода буд.
Нахустин туҳмати С. Насруллоев узви ҲНИТ будани ман аст, ки дар мақола зикр шудааст. Ин даъво беасос мебошад. Ман
Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадори меҳнат чӣ тавр «қаллобтарин марди ноҳия» ва узви ҲНИТ эълон шудаам?! Ман ва аҳли оилаам дар ҶДММ «Пунбачӣ» софдилона кору               фаъолият намуда, дар хоҷагии ёрирасони хусусии худ замини ба аъзои хоҷагӣ вобасташударо  самаранок истифода мебарем. Гузашта аз ин, ба парвариши моҳӣ машғулем, ки соли 2014 - ум 1,5 тонна моҳӣ истеҳсол намудем. Бо супориши Сарвари давлат 5 гектар замини обӣ ва 5 ҳазор моҳича барои фаъолияти минбаъдаи моҳипарварӣ ва хоҷагидорӣ ҷудо шуд. Ивазшавии парки                            автомобилии ҷамъияти матлуботи ноҳия бо идораи маъмурии хоҷагии ҷангал дар асоси                                                        дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, розигии Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва фармоиши Хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Меҳмонхонаи ҷамъияти матлуботи ноҳия, ки ҳоло он ҷо бо оилаам зиндагӣ дорам, дар чаҳорчӯбаи қонун хонаи хусусии ман маҳсуб меёбад ва тамоми ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии марбута мавҷуд аст.
Дар масъалаи хоҷагии ёрирасон, ки Сиддиқҷон Насруллоев саҳми худро аз он талаб дорад, ҳаминро гуфта метавонам, ки мувофиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони як оила метавонанд аъзои хоҷагии ёрирасон бошанд ва «шикоятнависи зӯри мо» ҳуқуқ надорад саҳми худро талаб кунад. Ба ҷуз ин, ӯ аз маблағи 70 ҳазор сомонӣ (дар мақола 120 ҳазор сомонӣ навиштааст), ки ҷуброни маблағи моликияти ҶДММ «Пунбачӣ» мебошад, ҳаққи худро талаб мекунад. Ҳол он ки ин як қисми маблағи ҷуброншудаи моликияти ҶДММ «Пунбачӣ»  буда, аз ҳисоби фонди оинномавии ҷамъият харҷ шудааст ва асос барои даъвои С. Насруллоев шуда наметавонад.
Дар мақола ному насаби баъзе нафарон, аз ҷумла, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хоҷагии ҷангали ноҳия низ зикр шудааст, ки ба ин қазия робита надоранд.  Қонун барои ҳама баробар аст, аммо чаро С. Насруллоев туҳмат мекунад, ки ман аз доираи қонун берун баромадаам? Узви ҲНИТ мебошаму маблағҳои давлатиро  азхуд кардаам? Баръакс, ман Сиддиқҷон Насруллоевро ба қонун ҳавола намуда, ба ӯ мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон набудам.

Аҳлидин ПИРОВ,
Аълочии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2015    №: 170    Мутолиа карданд: 645

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед