logo

ҳуқуқ

ДАР ХАТЛОН БЕШ АЗ ЯК ТОННА МАВОДИ МУХАДДИР МУСОДИРА ШУД

Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят бо баргузории чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус дар ҳафт моҳи соли равон дар 286 ҳолат 1 тоннаю 356 килограмму 994 грамм мухаддиротро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намуданд.

Азбаски якчанд навоҳии сарҳадии кишвар дар марзи маъмурии вилояти Хатлон воқеъ гардидааст ва Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ дар яке аз масирҳои интиқоли транзитии маводи нашъаовар қарор дорад, мубориза бо ин хатари ҷаҳони муосир имрӯзҳо аз ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулиятшиносӣ ва кордонии вижаро тақозо менамояд. Мисолҳои зер бозгӯи ҳасби ҳоли танаффурзои якчанд нашъаҷаллоб аст.
24 марти соли ҷорӣ дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз бинои истиқоматии воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, хонаи № 20, ҳуҷраи 29 як борхалтаи селофании дорои 33 бастаи афюн, вазни холисаш 39 килограмму 733 грамм ва як бастаи селофании героин, вазни холисаш 961,6 грамм дарёфт ва мусодира гардид. Соҳиби ин маводи марговар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳақимуллоҳ валади Қурбонмуҳаммад мебошад, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Аз нафари дигар - Шералӣ Саидов, сокини ноҳияи Бохтар, ба ҷуз 454,3 грамм афюн ва 0,5 грамм ҳашиш, як тапончаи тамғаи «Макаров» дарёфт ва мусодира шуд. Барои содир намудани ин ҷиноятҳо номбурда ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи матраҳи як силсила чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ 8 апрели соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон Мирзодавлат Одинаев ва Рукниддин Муҳиддинов зимни харидани 61,0831 грамм ва 1,4646 грамм афюн аз Саидакбар Саидумаров ба даст афтоданд. 20-уми июл ҳангоми гузарондани тадбирҳои вижа дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Шавкатҷон Толибов, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дастгир шуд.
Дар хусуси мубориза бар зидди нашъаҷаллобӣ ёдовар гашта, омори тамоюли коҳишу афзоиши сафи гирифторони бемории нашъамандиро сарфи назар кардан нашояд. Ҳамин тавр, дар истинод ба иттилои Маркази наркологии рақами 1-и вилояти Хатлон, ҳоло 1 ҳазору 418 нашъаманд, ки 19 нафараш зан аст ва 19 истифодабарандаи маводи гуногуни нашъаовар сабти ном гаштаанд, ки зери назорати ҷиддӣ қарор доранд.
Ҳарчанд намояндагони ин раёсат дар ҳафт моҳи соли равон баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб як қатор тадбирҳоро амалӣ намуданд, ба таъкиди Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «…Ин фаъолият ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад. Зеро маводи мухаддир ба генофонди миллат зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан, ҷавононро коҳиш медиҳад ва гузашта аз ин, яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва эҷоди хатар ба амнияти давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Пас, даъват ин аст, ки мо бояд дар самти муқовимат бо тиҷорату истеъмоли мухаддирот мавқеи устувори башардӯстона дошта бошем.

  Зокир ҲАСАН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2015    №: 171    Мутолиа карданд: 566

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед