logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Рашт, 2 октябри соли 2008

Ҳадафи аслии ислом тарбияи маънавии инсон мебошад

Падарон ва модарони меҳрубон!
Бародарон ва хоҳарони азиз!

Ҳар боре, ки ба ноҳияи зебоманзар ва меҳмоннавози Рашт меоям, аз истиқболи гарму пазироии самимонаи шумо, инчунин аз самараи созандагиву бунёдкориҳо ва тадриҷан ободу зебо гаштани ноҳия рӯҳу илҳоми тоза мегирам.
Бо истифода аз фурсати муносиб иди саиди Фитрро, ки барои тамоми мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистон айёми муқаддас мебошад ва имрӯз рӯзи дуюми ин иди муборак аст, ба ҳамаи шумо табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоматон аз даргоҳи Худованди мутаол ободиву осоиш ва рӯзгори босаодат металабам. 
Воқеан, водии Рашт яке аз қаламравҳои зебо, хушбоду ҳаво, дорои иқлими мусоид ва табиати нотакрори Ватани азизи мо мебошад, ки ҳанӯз дар давраҳои хеле қадим диққати сайёҳони Чин ва Ҳинду Юнонро ба худ ҷалб намуда, чун сарзамини сабзу ҳосилхез ва диёри кишоварзони соҳибҳунар тавсиф шудааст. Мардуми водии Рашт дар тӯли садсолаҳо ҳам бо истеъдоди кишоварзиву ҳунармандӣ ва маҳсули дастони худ, ки ба шарофати Шоҳроҳи абрешим ба кишварҳои дуру наздик расида буд ва ҳам бо фарҳангпарвариву инсондӯстӣ ва азму талоши бунёдкоронаашон шӯҳрат ёфтаанд. Зеро яке аз шохаҳои асосии Шоҳроҳи абрешим, ки марзҳои Ҳинду Чинро ба қаламрави Бохтару Суғд мепайваст, аз водии Рашт гузашта, то Вашгирду Ҳисор, Хатлону Вахш ва дигар мулку минтақаҳо мерасид.
Боғдорону деҳқонони соҳибҳунари водӣ анъанаи дерини гузаштагони хешро то имрӯз идома дода, бо меваҳои хушлаззати худ бозорҳои дохилӣ ва ҳатто кишварҳои хориҷиро обод карда, ба ин васила шӯҳратёр гардидаанд.
Шумо, ҳозирини гиромӣ, хуб медонед, ки дар айни ҳол корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, татбиқи ҳадафҳои таъмини боэътимоди ноҳияҳои дурдаст бо нерӯи барқ, ташкили шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба самтҳои афзалиятнок ва стратегии сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо табдил ёфтаанд. Мову шумо бо пешбурди ин сиёсат тавонистем рушди иқтисодии кишварро ба марҳалаи нав бардошта, дар бунёди иншооти энергетикӣ, пулу нақбҳо, роҳҳои ҳозиразамон ва дигар бахшҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардем. Албатта, ҳамаи ин дастовардҳо ба мо аз баракати сулҳу субот, фазои ороми ҷомеа ва ваҳдати миллӣ муяссар гардидаанд.
Шумо дар хотир доред, ки мо ду сол пеш бо иштироки аҳли зиё, ашхоси соҳибэҳтиром ва намояндагони ҳамаи ноҳияҳои кишвар Рӯзи ваҳдати миллиро дар ноҳияи Рашт таҷлил карда будем. Дар доираи омодагӣ ба ин чорабинии бузурги умумидавлатӣ дар ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза ёфтанд. Зеро Ҳукумати мамлакат ба ободсозии ноҳияи Рашт қабл аз ин шурӯъ карда буд.
Дар солҳои 1998-2000-ум дар асоси Лоиҳаи барқарорсозии баъди низоъ бо сарфи зиёда аз 6 миллион сомонӣ 66 иншоот, аз ҷумла пулу роҳҳо ва дигар шабакаҳои нақлиётӣ ба истифода дода шуданд.
Дар давоми солҳои 1995-2008 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Рашт 128 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 60 миллион сомонӣ, лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ 30 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 38 миллион сомонӣ равона гардидааст. Илова бар ин, дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат барои пурра намудани буҷети ноҳия ва тараққиёти он 35 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудаанд.
Аз соли 1998 то аввали июли соли равон аз талаботи умумии нафақа ва кӯмакпулиҳо, ки 12 миллион сомониро ташкил додааст, 6,6 миллион сомонӣ ё 56 фоизи талаботи умумӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шудааст, ки ин далели ғамхории пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Талаботи моҳонаи нафақа ва кӯмакпулиҳои ба он баробар дар давоми 8 соли охир 25 маротиба афзоиш ёфтааст (аз 21 ҳазор сомонӣ дар як моҳ дар соли 2000 то 523 ҳазор сомонӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ). (Ҳамчунин аз ҳисоби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ дар ноҳия ҳафт лоиҳаи инвеститсионӣ, аз ҷумла барқарорсозии баъди низоъ, ислоҳот ва таҷдиди соҳаи маориф, ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, рушди инфраструктураи маҳаллӣ ва ғайра ба маблағи умумии қариб 30 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст).
Бояд зикр кард, ки аз оғози татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ноҳия зиёда аз 19 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст. Дар айни ҳол марҳилаи дуюми татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Ҷиргатол – Саритош, ки маблағи умумии он 130 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар ҳудуди ноҳияи Рашт идома дошта, то имрӯз дар он 26 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи зикршуда дар ноҳияи Рашт таъмири 61 километр роҳҳои маҳаллӣ низ дар назар дошта шудааст.
Солҳои охир бо дастгирӣ ва ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар ноҳияҳои водии Рашт як силсила нерӯгоҳҳои хурди барқӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Иқтидори умумии онҳо якуним миллион киловатт – соат мебошад ва ин имкон медиҳад, ки дар давраи камчинии қувваи барқ муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва қисман аҳолӣ бо қувваи барқ таъмин карда шаванд. Илова бар ин, аз ҷониби соҳибкорон ва мардуми ноҳия 21 нерӯгоҳи хурди барқӣ бо  иқтидори умумии 210 киловатт сохта, ба истифода дода шудааст, ки ин, албатта, иқдоми нек ва боиси дастгирӣ мебошад. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ сохтмони боз се нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 1,5 мегаватт идома дорад, ки солҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳанд шуд.
Инчунин, тибқи Барномаи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ барои солҳои 2008-2020 дар ноҳияи Рашт бунёди 15 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 18,5 мегаватт ба нақша гирифта шудааст. Гузашта аз ин, бо мақсади дар тамоми фаслҳои сол бо қувваи барқ пурра таъмин кардани ҳамаи ноҳияҳои водӣ ҳоло корҳои омӯзишиву тадқиқотии Нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод-1» бо ҷалби сармояи хориҷӣ оғоз гардидаанд. Иқтидори ин нерӯгоҳ 200 мегаватт буда, баробари ба истифода додани он имконияти истеҳсоли солонаи 960 миллион киловатт - соат қувваи барқ фароҳам меояд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки мо дар ояндаи наздик натанҳо талаботи ҳамаи ноҳияҳои водии Раштро бо нерӯи барқ пурра таъмин намоем, балки дар фасли тобистон содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монем.
Дар ноҳияи Рашт корхонаҳои истеҳсоли ангишти Назарайлоқ ва Камароб фаъолият доранд, ки то имрӯз 15 ҳазор тонна ангишт истеҳсол намудаанд. Ангишти истеҳсолшуда асосан ба ноҳияҳои минтақаи Рашт ба фурӯш бароварда шудааст.
Бо мақсади ҳарчи пурра таъмин кардани талаботи ташкилоту корхонаҳо бо ангишти истеҳсоли худӣ ба роҳбарони корхонаҳои мазкур ва вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки ҳаҷми истеҳсоли ангиштро зиёд намуда, барои дар шаҳру ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии мамлакат ба фурӯш баровардани он чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар баробари чораҳои зикршуда Ҳукумати мамлакат ба ободсозии ноҳияи Рашт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, танҳо дар соли 2008 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бештар аз 14 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ дар маркази ноҳия як меҳмонхона ва майдони варзишӣ бунёд гардида, таъмири кӯчаи марказии ноҳия, азнавсозии беморхонаи марказӣ, сохтмони хобгоҳи мактаб - интернат, таъмири биноҳои омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навобод ва даҳҳо иншооти дигар сурат гирифтаанд.
Дар айни ҳол дар ноҳия сохтмони филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, ки маблағи он зиёда аз 14 миллион сомонӣ мебошад, идома дошта, бунёди бинои дуошёнаи истиқоматӣ ва бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум вусъат меёбад. Ҳоло ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки сохтмони иншооти мазкур ва биноҳоеро, ки ба тавозуни филиал дода шудаанд, таҳти назорати қатъӣ гирифта, ҳамаи захираҳои моддӣ, имкониятҳои мавҷуда ва қувваи кориро барои вусъати корҳои сохтмон равона намоянд. Инчунин вазоратҳои молия ва маориф вазифадор карда мешаванд, ки барои нигоҳдории биноҳо ва таъмини маоши омӯзгорони филиали мазкур дар буҷети соли 2009 ва солҳои минбаъда маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд.
Идомаи раванди ислоҳоти соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории мо мебошад, зеро тарбияи ворисони сазовору ватандӯст ва кадрҳои соҳибкасбу баландихтисос барои ояндаи давлату миллат аз фаъолияти ин соҳа вобастагӣ дорад.
Имрӯз дар ноҳияи Рашт 110 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад, ки шумораи онҳо нисбат ба соли 1992-юм 17 адад зиёд шудааст. Бояд зикр кард, ки дар давоми солҳои 1997-2008 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ноҳияи Рашт 33 бинои нави мактабҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ, 30 бинои нави мактаби ибтидоӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ба хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ 46 номгӯи китобҳои нави дарсӣ дастрас карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти мамлакат дар ноҳия сохтмони мактабҳои деҳаҳои Кӯлоба, Лангар, Кадара ва Качамандӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки ҳоло онҳо мавриди истифодабарӣ қарор доранд.
Имрӯз муассисаҳои таълимии ноҳия бо 384 адад компютер ва 88 адад принтер таъмин карда шудаанд, ки ин тақрибан 50 фоизи барномаи компютерикунониро ташкил менамояд.
Тибқи квотаи президентӣ дар давоми солҳои 1997-2008 ба мактабҳои олӣ 277 нафар духтарон  ва 123 нафар писарони болаёқат дохил шудаанд, ки аз ин шумора 67 нафар духтарон ва 17 нафар писарон донишгоҳро хатм карда, дар ноҳия бо ҷои кор таъмин гардидаанд. Вале, бо вуҷуди ин, мо  аз норасоӣ ва мушкилоти соҳаи маорифи ноҳия чашм пӯшида наметавонем. Масалан, тибқи маълумот имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ зиёда аз 400 нафар омӯзгор намерасад, ки ин хеле таассуфовар аст.
Барои бартараф кардани ин норасоӣ ба Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки илова ба истифодаи имкониятҳои дохилӣ робитаро бо ҷавононе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мехонанд, устувор намуда, тибқи шартнома аз миёни онҳо омӯзгорони ҷавонро ба кор ҷалб намоянд. Инчунин ба вазоратҳои маориф, рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки барои ихтисосҳои омӯзгорӣ ба мактабҳои олии кишвар тибқи квотаи президентӣ ҷойҳои иловагӣ ҷудо намоянд.
Ҳамзамон бо ин, дар соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт низ як қатор корҳо, бо маблағгузории Ҳукумати кишвар ва татбиқи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ анҷом дода шудаанд, ки таъмири шӯъбаҳои беморхонаи марказӣ, 12 бунгоҳи тиббӣ ва маркази саломатии деҳоти Ҳиҷборак аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар айни ҳол бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустии ноҳия чандин тадбирҳои таъмиру тармим ва таҷҳизонӣ ба маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ анҷом ёфта, азхудкунии боз якуним миллион сомонӣ дар назар аст. Аз соли 1998 тибқи квотаи президентӣ 23 нафар ҷавонони ноҳия Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардаанд, ки ин, бешубҳа, боиси беҳтар шудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия мегардад.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосии иқтисодиёти ноҳия буда, дар шароити баланд рафтани нархи ҷаҳонии маводи озуқа ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти хоса пайдо мекунад. Чунон ки дар боло зикр кардем, водии Рашт бо деҳқонони асилу заҳматдӯст, заминҳои ҳосилхез ва боғҳои пурсамараш шӯҳрати оламгир ёфта, ҳосилаш на танҳо дар бозори дохилӣ, балки дар хориҷи кишвар харидорони зиёд дорад.
Дар заминҳои ҳосилхези водии Рашт барои парвариши даҳҳо намуди зироатҳои кишоварзӣ, махсусан боғдориву картошкапарварӣ, сабзавоткорӣ ва парвариши ғалладона имконияти аз имрӯза бештар  мавҷуд аст. Ҳарчанд ки мутобиқи маълумоти расмӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст, имкониятҳо барои афзун намудани он ҳанӯз хеле зиёданд. Ба назари ман, агар мову шумо ҳар ваҷаб заминро оқилона ва бо камоли масъулият истифода барем, натанҳо сокинони пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро аз вобастагии маводи озуқаи воридотӣ мераҳонем, балки чун пештара ба кишварҳои хориҷа меваву сабзавотро ба фурӯш мебарорем.
Бо дарназардошти ин масъала, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  супориш дода мешавад, ки бо мақсади содироти маҳсулоти тайёри ватанӣ ба хориҷи кишвар дар ноҳияи Рашт бунёди корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавотро дар солҳои наздик ба роҳ монанд.
Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Рашт аҳамияти хоса дода мешавад. Бо ин мақсад дар ҳудуди ноҳия то имрӯз 520 гектар заминҳои нав аз худ карда шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки зиёда аз 2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи зиндагии мардум хеле беҳтар гардад.
Ҳамзамон бо ин, тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 дар давоми солҳои 2008-2010 575 гектар замини нав аз худ шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.
Дар тӯли ҳашт сол тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба аҳолии ноҳия ба маблағи 50 миллион сомонӣ қарзи хурд дода шудааст, ки зиёда аз 16 миллион сомонии он  ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд. Махсус таъкид бояд кард, ки маблағи қарзҳои хурди додашуда сол ба сол меафзояд. Масалан, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ маблағгузории хурд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 197 фоиз ё афзоиши дукаратаро ташкил намуд.
Бори дигар таъкид месозам, ки иқлими ноҳияи Рашт барои тараққиёти боғдорӣ, парвариши картошка, занбӯри асал ва чорводорӣ хеле мувофиқ буда, деҳқонону соҳибкорон метавонанд бозорҳои шаҳру навоҳии кишварро бо ин намуди маҳсулот боз ҳам беҳтар таъмин намоянд.
Аз ин хотир, ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки дар ноҳия боғдорӣ, парвариши картошка, занбӯриасалпарварӣ ва чорводориро ҳарчи бештар тараққӣ дода, ба истифодаи самараноки замин аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар шароити болоравии бесобиқаи нархҳои маводи озуқа ва сӯзишворӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо ба таври сунъӣ идома пайдо карда истодааст, такя ба қувваи худӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва бо ҳамин роҳ ҳарчи камтар кардани вобастагии истеъмолкунандагони кишвар аз маҳсулоти воридотӣ вазифаи ҳар як роҳбару мутахассис, кишоварзон ва умуман тамоми афроди ватандӯсту бонангу номус мебошад.
Хусусан имсол, ки бар асари камобӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дар кишвари мо, аз ҷумла дар вилояти Суғд даҳҳо ҳазор гектар замин кишт нашуда монд, сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи Норак аз меъёр 8-9 метр паст фаромадааст, истифодаи эҳтиёткоронаву сарфакоронаи захираҳои обу барқ низ кори муҳиму ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд бошад.
Дӯстони азиз!
Ба шарофати истиқлолият ва давлату давлатдории миллии худ мо соли ояндаро, ки баробар бо 1310-солагии пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам мебошад, соли бузургдошти ин шахсияти барҷаста эълон кардем.
Имоми Аъзам аз ҷумлаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик мебошад, ки бо заҳмат ва талошҳои ӯ забони тоҷикии форсӣ дар радифи забони арабӣ забони аҳли биҳишт эътироф гардида, намозгузорӣ бо забони тоҷикӣ қабул шудааст.
Дар ин росто ҳадафҳои тундравонаи бисёр мутаассибону бегонапарастон шикаст ёфта, забони тоҷикӣ чун забони расмии аҳли ислом ва мусулмонони қисмати шарқии хилофат умри дубора ёфт ва тамоми минтақаи Эронзаминро то ҳудудҳои Ҳинду Чин фаро гирифт.  
Ман ин нуктаро маҳз барои он такрор мекунам, ки вақтҳои охир аз тариқи васоити ахбори омма доир ба баъзе масъалаҳои диниву мазҳабӣ баҳсу мунозираҳои тезутунде вусъат ёфта истодаанд. Мову шумо бояд фаромӯш насозем, ки яке аз омилҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба сангарҳои мухталиф тақсим гардидани ҷавонони хунгарму бетаҷриба пеш аз ҳама тарғиботи тундгароёнаву яктарафаи динӣ ва густариши афкори бегонапарастӣ буд, ки кишвари моро ба вартаи бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ гирифтор намуд.
Мо аллакай як маротиба меваи талхи ба инобат нагирифтани хусусиятҳои хоси ҷомеаи Тоҷикистон ва тундгароиву зиёдаравии пешвоёни дини худро чашидем ва дидем, ки муқовимати мусаллаҳона ва инсонситезӣ чӣ хатарҳои мудҳишу фоҷиаҳои ногуворро падид меорад.
Дини мубини ислом аслан як сарчашмаи покизаи маънавӣ, рӯҳонӣ ва ахлоқӣ буда, ифротгароӣ, тундравӣ ва инсонситезиву тахрибкориро зотан намепазирад.  Аз ин хотир, ба мову шумо зарур аст, ки вобаста ба вазъи геополитикии минтақа, талошу афзалиятҷӯиҳои кишварҳои абарқудрат дар фазои эътимоду боварӣ ва ҳусни тафоҳум зиндагӣ кунем, зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро аз даст надиҳем, ҳувияту ифтихори ватандӯстӣ, ваҳдати миллиро пуштибонӣ намоем ва гирифтори ифротгароиву бегонапарастӣ, фирефтаи идеологияи ғаразнок ва таҳмилии кишварҳои бегона нагардем.
Ҳадафи аслӣ ва муқаддаси ислом тарбия ва такомули маънавии инсон, парвариши ахлоқи пок, фикру амали солеҳ, кору кирдори савоб ва рафтори нек мебошад. Воситаи беҳтарини мубориза бо тундгароиву ҷаҳолат ва бесаводиву таассуб талқини маърифати солими диниву дунявӣ ва омӯзиши илму дониши замонавӣ мебошад, ки онро пешвои мазҳабии мо Имоми Аъзам оқилонаву зиракона пайгирӣ мекард.
«Талаби илм бар ҳамаи пиру барно ва зану марди мусулмон фарз аст» фармудааст пайғамбари ислом - Ҳазрати Муҳаммад. Ҷаҳони ислом бузургтарин олимонро дар соҳаҳои гуногуни илм ба камол расондааст, ки онҳо манфиатҳои динӣ ва арзишҳои миллии худро ҳимоя намуда, роҳи зиндагиро аз рӯи таълимоти солими ислом пеш мебурданд. 
Имрӯз низ дар бисёр кишварҳои исломӣ занон дар идораи умури сиёсии давлатҳо, пешбурди илму техника ва технологияи муосир саҳми арзанда дошта, дар айни замон дар кори таълиму тарбияи наслҳои нав ва ба зиндагии шоистаи замонаи пешрафт омода кардани онҳо фаъолона ширкат меварзанд. 
Зарурати ҳамоҳангу ҳамқадам сохтани шуури миллат ба талаботи замон ва раванди тафаккури инқилобии асри XXI, дарки оқилонаи мақом ва нақши  воқеии дин ва аз олоишҳои хурофотӣ пок сохтани он ҳамчунин ислоҳоти вазъи имрӯзаи баргузории расму оинҳо ва маросимҳои милливу мазҳабиро пеш овард, ки мо бо дарназардошти майлу хоҳиши кулли мардум дар танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ қонуни махсус қабул кардем.
Ҷашну маросимҳо бояд омили муайянкунанда ва инкишофдиҳандаи сатҳи маърифат, шуури милливу мазҳабӣ,  ваҳдату ягонагӣ ва ҷанбаи солими ахлоқиву ҷисмонии мардум бошанд, дар муттаҳид сохтани ҷомеа ва пешрафти давлат нақши арзанда гузоранд.
Мо аз ходимони дин ва уламои водӣ, аз пирони рӯзгордида ва падару модарон умедворем, ки иқдоми давлатро дар самти танзими маросимҳои милливу динӣ ҳамаҷониба амалӣ намуда, дар риояи муқаррароти қонун, тарғибу ташвиқи фармудаҳои шариат оид ба масъалаҳои исрофкорӣ, хайру садақот, ба ҷо овардани воҷиботи динӣ воқеъбинона амал мекунанд, ҳамчунин бо ибрати шахсӣ мардуми ноҳия, бахусус ҷавононро ба роҳи рост, ба меҳнати созанда, ободии диёр, ба ваҳдату худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида  ҳидоят месозанд.    
Мо танҳо бо ваҳдату якдилӣ, дӯстиву рафоқат, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва саъю талошҳои созанда метавонем кишварамонро обод, Ватанамонро соҳибӣ ва миллатамонро сарбаланду номдор созем.
Имони комил дорам, ки падару модарони меҳрубон, бародарону хоҳарони азиз ва кулли мардуми бонангу номуси водии Рашт сиёсати бунёдкорӣ ва созандагии давлатро дастгирӣ намуда, пеш аз ҳама дастархони  хонадони худ ва сипас файзу баракати Ватани азизамонро рӯз то рӯз афзунтар мегардонанд.
Ман ба нангу номус, эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ ва нерӯи созандаву ободгаронаи мардуми шарифи Раштонзамин эътимоду эътиқоди зиёд дорам.
Ба ҳамаи шумо тани сиҳат, умри дароз, сарбаландиву хонаободӣ мехоҳам. Орзумандам, ки ҳар кадоми шумо минбаъд низ намунаи кору кирдори савоб, амали солеҳ, ахлоқи ҳамида ва номбардори Ватану миллат хоҳед буд!
Саломату пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 772

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед