logo

ҳуқуқ

ЧАРО ПАДАРУ МОДАРОН УҲДАДОРИҲОИ ХУДРО ИҶРО НАМЕКУНАНД?

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чор сол сипарӣ шуд.
Хабарнигорамон вобаста ба назорати таъмини иҷрои он дар нимсолаи аввали соли равон бо Сунавбар Давлатов, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1, мусоҳиб гардид.

- Тавре маълум аст, таъмини иҷрои қонуни мазкур фаъолияти ҳамоҳангии сохторҳои қудративу давлатӣ ва худи волидону фарзандони онҳоро тақозо менамояд. Дар ин миён мақомоти прокуратура чӣ нақше метавонад дошта бошад?
- Бо назардошти нақш ва аҳамияти қонуни мазкур ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайр, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва гаравидани онҳо ба ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ таҳти назорати ҳаррӯзаи мақомоти прокуратура қарор доранд.
Санҷишу таҳлилҳо нишон доданд, ки таъмини иҷрои уҳдадориҳои дар қонун пешбинигардида, алалхусус, муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, эҳтироми шаъну шарафи фарзанд, пешгирии кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба таври дилхоҳ иҷро намешаванд. Ҳанӯз ҳам ҳолатҳои қонуншиканиву ҳуқуқвайронкунӣ ҷой доранд.

- Нисбат ба онҳое, ки талаботи қонунро риоя намекунанд, чӣ чораҳо андешида шуданд?
- Дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ вобаста ба иҷро нашудани талаботи моддаҳои 8 ва 9-и қонуни мазкур, ки ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон равона шудааст, 461 шахси масъул ва мутасаддӣ ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуд. Дар асоси қарорҳои прокурорҳо 838 нафар падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгорон, дигар кормандони муассиса ва ташкилотҳое, ки ба таълиму тарбияи кӯдакон масъуланд, ҷазо гирифтанд.

- Дар аксар шаҳру ноҳияҳо баъзе падару модарон ба таҳсилоти ҳатмии асосии фарзандонашон монеъ мешаванд. Дар робита ба ин, чӣ корҳо ба анҷом расиданд?
- Солҳои охир бақайдгирии ин гуна қонуншиканиҳо бештар ба назар мерасад. Масалан, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17- и ноҳияи Вахш М. Хоҷаев аз беназоратии модараш Х. Хоҷаева истифода бурда, аз моҳи октябри соли 2014 ба дарс нарафта, ҳуҷҷатҳояшро аз муассисаи мазкур гирифта, ба ноҳияи Рӯдакӣ бурдааст. Гузашта аз ин, Х. Хоҷаева дидаю дониста бар хилофи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба интихобот, ба писари ноболиғаш барномаҳои тарғиботии пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро додаааст, то ки дар мағоза ва масҷидҳои маҳалла тақсим намояд. Нисбат ба Х. Хоҷаева парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз  шуда,  бо қарори суд ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима таъйин гардид.
Сокини ноҳияи Мастчоҳ Б. Одинаев бошад, уҳдадориҳои худро оид ба таълиму тарбияи фарзандонаш иҷро накарда, ба таҳсилоти ҳатмии асосӣ гирифтани онҳо монеъ шуда, ба корҳои саҳро ҷалб намудааст. Сокини шаҳри Қайроққум З. Эшмуротова аз даъвату суҳбатҳои маъмурият ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ саркашӣ намуда, бо баҳонаи вазнин будани шароити оилавӣ, нигоҳубини кӯдаки хурдсол ва иҷрои корҳои саҳро, ба таҳсили фарзанди ноболиғаш иҷозат надод ва ӯ дар солҳои хониши 2013-2015 аз мактаб дур мондааст.

- Оё ҳолатҳои ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ҷалб намудани кӯдакон ва дигар амалҳои нақзи ҳуқуқи онҳо ба назар мерасанд?
- Ҳарчанд мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба манъ будани ҷалби ноболиғон ба гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ мунтазам тавассути васоити ахбори омма ва суҳбату вохӯриҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ҳам, баъзе падару модарон дидаву дониста фарзандони ноболиғи худро дар назди шахсони алоҳида, ки ҳуқуқи додани таълимоти диниро надоранд, гузошта, бо ин амалҳои ғайриқонунии худ барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосии онҳо монеъ мешаванд.
  Масалан, зимни санҷиши прокурорӣ муайян шуд, ки сокини шаҳри Исфара И. Ҷалолов бар хилофи талаботи моддаҳои 8 ва 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ» амал карда, бе гирифтани иҷозатнома дар манзили зисташ ба 7 нафар ноболиғ таълими ғайрирасмии динӣ медодааст. Ё ин ки сокини шаҳри Турсунзода А. Усмонов хилофи талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” амал карда, барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосии нуҳсолаи фарзанди ноболиғаш М. Камолов монеъ шуда, ӯро барои гирифтани таълимоти динии ғайриқонунӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ бурдааст. Ба ҳамин монанд, сокини ноҳияи Варзоб А. Исмоилов ба таҳсили фарзанди ноболиғаш Ф. Ҷомаҳмадова бо баҳонаву ангезаи динӣ монеъ шудааст.
Нисбат ба шахсони зикргардида бо аломатҳои моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
 Мутобиқи талаботи сархати 2-и моддаи 8-и қонуни мазкур падару модар уҳдадоранд, ки пас аз таваллуд фарзандро дар муҳлати то 3 моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд. Боиси нигаронист, ки бархе падару модарон талаботи қонунро риоя накарда, дар таълиму тарбияи минбаъдаи фарзандонашон мушкилӣ эҷод мекунанд.

- Бигӯед, ки робита ва ҳамоҳангии фаъолияти волидону омӯзгорон дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?
- Бинобар набудани ҳамоҳангӣ дар фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ, чорабиниҳо асосан дар доираи иҷрои талаботи моддаҳои 8 ва 9 (уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд) маҳдуд гардида, ҷиҳати иҷрои дигар меъёрҳо, ки воқеан амалӣ гардидани қонун бе риояи онҳо ғайриимкон мебошад, чораи амалӣ андешида нашудааст. Аз ҷумла, тибқи талаботи моддаи 12- и қонун омӯзгорон барои мусоидат намудан дар раванди таълиму тарбияи хонандагон, тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо уҳдадор буда, ҳангоми аз тарафи падару модар риоя нашудани талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва уҳдадориҳое, ки тибқи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд. Аммо, ин талаботи қонун на ҳама вақт риоя мешавад.
Умуман, санҷишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолият дар ин самт аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, аз ҷумла, шуъбаҳои маориф, бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, дар аксар шаҳру ноҳияҳо дуруст ба роҳ монда нашуда, беҳбудиро тақозо менамояд.

Мусоҳиб Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2015    №: 172    Мутолиа карданд: 792

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед