logo

ҳуқуқ

ШӮРООБОД. «ҚИССА»-И АТТЕСТАТСИЯИ ДАВЛАТӢ

Сокини Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод Ғаффор Ҳасанов ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо ариза муроҷиат намуд. Номбурда навиштааст, ки ӯро мутасаддиёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ғайриқонунӣ аз вазифаи котиби раиси Ҷамоати деҳоти Саричашма озод карданд. Баҳри расидан ба воқеияти масъала хабарнигори рӯзнома дар минтақаи Кӯлоб мавзӯъро пайгирӣ намуд.
  
«Мукофот» барои 27 соли хизмат
Дар суҳбат бо Ғаффор Ҳасанов маълум шуд, ки 27 сол ҳамчун хизматчии давлатӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудаасту ҳеҷ мушкиле дар кор надоштааст. Соли 2013 роҳбарияти ноҳия миёни кормандони мақомоти иҷроия ва ҷамоатҳои деҳот аттестатсия гузаронд.
- Ягон шубҳа надоштам, ки аз аттестатсия намегузарам. Зеро то ин муддат дар вазифаҳои коргузор, муовини раиси ҷамоат, ахиран, котиб кор кардам. Вале чунин муносибате, ки масъулони ноҳия дар ҳаққи ман раво диданд, ба куллӣ қалби касро озурда мекунад. Тасаввур кунед: 86 нафар аз санҷиш гузашт, аммо, танҳо ман «бесавод» баромадаму халос. Пай бурдам, ки аз кори давлатӣ дур карданамро пешакӣ тарҳрезӣ кардаанд. Агар чунин нест, чаро раиси комиссияи аттестатсионӣ ҳангоми саволу ҷавоби дигар хизматчиёни давлатӣ иштирок карду дар навбати ман не?
Вақте хулосаи комиссияро мутолиа кардам, дар он дарҷ шуда буд, ки гӯё ман ба мансаби ишғолкардаам мувофиқ нестам. Ба ҳайат гуфтам, ки роҳи пешкунӣ наҷӯянд. Як аризаи дигар дар бораи бо хоҳиши худам аз кор рафтанро навиштам, - тазаккур дод Ғ. Ҳасанов. 
17-уми декабри соли 2013 дар ҷаласаи ҷамоат ариза ва протоколи комиссияи санҷишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вакилони маҳаллӣ барои аз вазифа озод намудани котиб зид баромаданд. Мутаассифона, раиси вақти ҷамоат А. Алиев котибашро даъват карда, мегӯяд, ки шаҳодатномаи хизматиашро супурда, вазифаро тарк намояд. Ғ. Ҳасанов бе ягон гапи зиёдатӣ, гуфтаи раисро иҷро мекунад. Аз ҳамон рӯз дигар ба кор намеояд.
Раҳмоналӣ Қосимов, сокини ҷамоат, мегӯяд: «Ба ҳайси вакил дар маҷлиси пешниҳоди сабукдӯшсозии котиб иштирок доштам. Нахостем Ҳасанов барин кадри боистеъдод аз ҷамоат равад. Аз тамоми бурду бохти ҷамоат огоҳ аст. Таҷрибаи бойи корӣ дорад ва дар рушди деҳот саҳми муассир мегузошт. Назири ӯ шахси арзандаро пайдо кардан мушкил аст. Ҳарчанд мо талош кардем, ки дар вазифааш бимонад, нашуд…».
Аксари сокинони ҷамоат Ғ. Ҳасановро ҳамчун шахси кордон, соҳибтаҷриба ва хоксор мешиносанд. Нафъи ӯро ба ҷамоат зиёд арзёбӣ мекунанд.
Амирхон Икромзода, раиси ноҳияи Шӯрообод, дар нишасти матбуотии имсола гуфта буд, ки Ғаффор Ҳасанов аз аттестатсия баҳои «ду» гирифта, имкони дар вазифааш монданро наёфт. Илова кард, ки: «Ҳудуди 20 сол дар як вазифа фаъолият кардааст. Худи ӯ имзо гузошт, ки ба хулосаи комиссияи аттестатсионӣ ҳамраъй мебошад. Чораҳо дар доираи қонун андешида шудаанд. Агар ғайриқонунӣ мебуд, такроран ба мансабаш барқарор мешуд».
- Ман барои аз вазифа рафтанам гила надорам. Хуб ё бад 20 сол ҳамин масъулият бар дӯшам буд. Сиёсати корбарию роҳбарӣ низ ҳамин аст: кадрҳо меоянду мераванд, роҳбарҳо низ. Ман сад дар сад тарафдор, вале баъди қариб се даҳсолаи корӣ бо чунин тарз аз кор рафтанамро интизор надоштам, - мегӯяд Ғ. Ҳасанов.
    
Аҷобат дар қарор
Ғаффор Ҳасанов қарореро ба мо пешниҳод намуд, ки басо тааҷҷубангез аст. Он 14 марти соли равон аз ҷониби раиси Ҷамоати деҳоти Саричашма С. Наимов қабул шудааст. Қарорро айнан меорем:
«Дар бораи аз вазифаи котиби Ҷамоати деҳоти Саричашма озод намудани Ҳасанов Ғаффор Алимардонович.
Мутобиқи моддаи 10 ва 19 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Маҷлиси Ҷамоати Саричашма
Қарор мекунад:
Ҳасанов Ғаффор Алимардонович дар асоси қарори комиссияи аттестатсионии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шӯрообод, аз 21.05.2013, № 27, бинобар сабаби ба мансаби ишғолнамудаи маъмури хизмати давлатӣ мувофиқ накарданаш, аз 17.12.2013 аз вазифаи котиби Ҷамоати деҳоти Саричашма озод карда шавад».
Ҳайратовар, аттестатсия 21-уми майи соли 2013 гузаронда шудааст. 17-уми декабри ҳамон сол ӯ аз вазифаи котиби ҷамоат озод гардидааст. Қарор бошад, 14 марти соли равон ба тасвиб расидааст. Нигаронии Ғ. Ҳасанов маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Вай мегӯяд: «Маро гуфтанд, ки ту аз кор комилан озод. Дигар қадамамро ба он ҷо нагузоштам. Раиси ҷамоат иваз шуд, лекин намедонистам, ки маро расман аз кор озод кардаанд. То ин муддат як сомонӣ маош нагирифтаам».
Сулаймон Назаров, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, зимни як тамоси телефонӣ иброз намуд, ки аз кор озоду таъйин кардани котиби ҷамоат дар салоҳияти онҳо нест. Ӯ баъди аттестатсия расман аз вазифа барканор нашудани котибро дар бетарафии вакилони Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати деҳоти Саричашма маънидод кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳамон сол вакилон Ҳасановро дастгирӣ карда, барои аз вазифа нарафтанаш талош карда будаанд.
Ҳудуди як солу се моҳ калонтарин Ҷамоати деҳоти ноҳия - Саричашма бе котиб мондааст. Гӯиё шахси сазовор ба ин вазифа дар ноҳия ёфт нашудааст.

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2015    №: 173    Мутолиа карданд: 652

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед