logo

ҳуқуқ

МУАССИСАҲОИ ЭКСПЕРТИИ СУДӢ МУТТАҲИД МЕШАВАНД

Бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судию криминалистӣ ва дастгирии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осоишгоҳи «Баҳористон» - и шаҳри Қайроққум Конфронси байналмилалии илмӣ-назарӣ дар мавзӯи «Мушкилот ва роҳҳои рушди экспертизаи судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, коршиносони муассисаҳои экспертии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Ҷамъомадро муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Холиқзода ифтитоҳ намуд.
Баъдан, Георгий Омелянюк - муовини директори Маркази экспертии Федератсияи Русия ва Омурзак Тусумов, муовини директори Маркази экспертизаи судии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масоили таъмини меъёрҳои ҳуқуқӣ дар фаъолияти экспертизаи судӣ ва рушди экспертизаи он дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷалб сохтанд. Дар ҷараёни конфронс иштирокдорон сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азиззода, муовини аввали Прокурори генералӣ Ҳотам Назарзода, прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Умедҷон Раҳмон ва дигарон барои рушди экспертизаи судӣ дар ҷумҳурӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа доштанд. Аз ҷумла, таклиф ба миён омад, ки муассисаҳои экспертии кишвар ба муассисаи ягонаи экспертии судӣ муттамарказ гардонда шаванд.
Дар хотима, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба таҳияи тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти экспертӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» машғул хоҳад шуд.
Баргузории Конфроси байналмилалии илмӣ - назарӣ дар татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017 қадами нахустин мебошад.

Бахтиёр САИДОВ,
сардори Маркази ҷумҳуриявии
экспертизаи судӣ ва
криминалистии назди Вазорати
адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2015    №: 174    Мутолиа карданд: 604

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед