logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба муносибати оғози марҳалаи сеюми роҳи мошингарди Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош, 3 октябри соли 2008

Рушди ноҳияҳои кӯҳистон самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст

Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама ба шумо, сокинони меҳмоннавозу заҳматкаши ноҳияи Тоҷикобод барои пазироӣ ва истиқболи гарму самимиатон миннатдорӣ баён менамоям.
Тавре ки медонед, чанде пештар мо 17-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150-умин солгарди зодрӯзи поягузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва чорабиниҳои вобаста ба Соли бузургдошти забони тоҷикиро дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудем, ки ба ин муносибат бори дигар ҳамаи шуморо табрику таҳният мегӯям.
Ҳадафи сафари имрӯзаи мо ба ноҳияи Тоҷикобод дар навбати аввал шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, пешрафти корҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, рафъи мушкилоту камбудиҳои мавҷуда, инчунин оғоз бахшидан ба корҳои марҳалаи сеюми роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе – Нуробод – Ҷиргатол  -  Саритош мебошад.
Аз субҳи дирӯз мо бо ҳайати Ҳукумат ва роҳбарони ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ бо фаъолияти як қатор иншооти истеҳсоливу муассисаҳои иҷтимоӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва вазъи истифодаи заминҳои ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ошно шудем ва мехоҳам изҳор намоям, ки аз фаъолияти созандаи мардуми заҳматписанди ноҳияҳои зикршуда қаноатманд гардидем. Чунон ки борҳо таъкид кардаам, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистони мамлакатро самти афзалиятноки сиёсати худ эълон карда, дар ин роҳ ҳамаи чораҳоро амалӣ карда истодааст.
Бояд зикр кард, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод дар зарфи зиёда аз даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи   манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 141 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Ҳамзамон бо ин, дар ин муддат барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети ноҳия аз буҷети давлатӣ, фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ва фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати мамлакат 17 миллион сомонӣ  сарф карда шудааст. Дар 8 соли охир ба ноҳия барои пардохти нафақа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 2,8 миллион сомонӣ маблағ гузаронида шудааст, ки ин 65 фоизи талаботи умумиро ташкил медиҳад. Фақат дар 8 моҳи соли равон аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия қариб 3 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок дода шудаанд, ки ин, бешубҳа, ба рушди минбаъдаи ноҳия мусоидат мекунад. Дар робита ба ин, масъалаи дастгирии фаъолияти соҳибкорони хурду миёнаро зикр кардан бамаврид аст: дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо ин мақсад 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 144 фоиз зиёд мебошад.
Солҳои охир дар доираи Барномаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия панҷ лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ карда шуда, як силсила корҳо дар иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, бунёд ва таъмиру барқарорсозии иншооти коммуникатсионӣ, роҳу пулҳо ва махсусан иншооти харобгаштаи давраи ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин рушди соҳаи кишоварзӣ ба анҷом расонида шуданд.
Дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ноҳия, аз ҷумла, бунёди боғҳои нав, кишти зироатҳои гуногун, парвариши занбӯри асал, чорводорӣ, барқарорсозии 39 иншооти коммуникатсионӣ, 6 адад пул, 17 мактаб, харидории таҷҳизоти мактабӣ ва китобҳои дарсӣ, сохтмони чор нерӯгоҳи хурди барқи обӣ ба маблағи 6 миллион сомонӣ анҷом ёфта, инчунин аз аввали апрели соли ҷорӣ татбиқи лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Фатҳобод» шурӯъ гардид, ки ҳоло корҳо дар иморати нерӯгоҳ, иншооти тақсимкунандаи об ва канали «Фатҳобод» ба охир расида, қисмати корҳои бетонӣ босуръат идома доранд.
Иқтидори нерӯгоҳи мазкур 600 киловатт ва арзиши лоиҳавии он 2,6 миллион сомонӣ мебошад. Илова бар ин, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби сармояи хориҷӣ се нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 135 киловатт бунёд гардида, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати деҳаҳои Лангари Шоҳ ва Сурхакӣ таъмир карда шуданд, инчунин сохтмони якчанд нерӯгоҳи хурди барқи обии дигар барои имсол ва соли оянда ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи нақшаҳои зикршуда дар мӯҳлатҳои наздик, албатта, барои хеле беҳтар гардидани вазъи таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ мусоидат хоҳад кард. Инчунин, тибқи «Барномаи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2008-2020» дар  ноҳияи Тоҷикобод боз бунёди чор нерӯгоҳи хурд бо иқтидори 2,2 мегаватт дар назар дошта шудааст.
Бо мақсади ҳарчи зудтар таъмин кардани эҳтиёҷоти мардум ба нерӯи барқ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, вазорату идораҳои марбута ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ вазифадор карда мешаванд, ки корҳои сохтмони нерӯгоҳи «Фатҳобод» ва дигар нерӯгоҳҳои хурди ба нақша гирифташударо дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз роҳҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла Тоҷикобод истифодаи оқилонаву самараноки замин ва дар ноҳияҳои иқлимашон мусоид васеъ  ба роҳ мондани кишти такрорӣ мебошад.  Бо ин мақсад ва рушду тавсеаи минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ дар давоми панҷ соли охир дар ноҳия ҳолати мелиоративии 825 гектар замин беҳтар карда шуда, инчунин ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ як силсила шабакаҳои обёрикунанда барқарор гардиданд.
Дар ин давра аз ҷониби Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ 500 гектар заминҳои нав аз худ карда шуданд. Илова бар ин, тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми ду соли оянда дар ҳудуди ноҳия аз худ кардани 230 гектар замини нав дар назар дошта шудааст. Бояд зикр кард, ки сохтмони навбати аввали канали Себистон соли 2003 оғоз гардида, дар ин самт аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 250 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, навбати аввали он ба истифода дода шуда буд. Дар ҳолати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани канали мазкур беш аз 250 гектар замин обёрӣ шуда, беш аз 400 ҷои нави корӣ фароҳам меояд. Бо дарназардошти ин нукта, ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об супориш дода мешавад, ки барои идома додани навбати дуюми канали Себистон тадбирҳои мушаххас андешад.
Аз таҳлили маълумоти оморӣ ва натиҷаҳои фаъолияти кишоварзони ноҳия дида мешавад, ки майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ ва ҳаҷми маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия сол ба сол афзуда истодааст, ки ин, албатта, хуб аст. Масалан, агар соли 1991 дар майдони ҳамагӣ 980 гектар ғалладона кишт шуда бошад, пас соли равон майдони кишти ин зироатҳо ба 3270 гектар  ва ҳосилнокӣ аз 11 ба 21 сентнер расонида шудааст. Ҳамзамон бо ин, соли ҷорӣ дар майдони 900 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 1991 ду маротиба зиёд мебошад.
Дар шароити кӯҳистони ноҳияи Тоҷикобод ва умуман водии Рашт боғдорӣ, парвариши картошка, занбӯри асал ва чорводорӣ соҳаҳои сердаромад  ба ҳисоб мераванд. Ҳарчанд дар солҳои нооромӣ саршумори ҳамаи намудҳои чорво коҳиш ёфта, ҳатто ба нестӣ расида буд, ҳоло дар бахши хусусӣ саршумори он ба 16500 расидааст, ки ин нишондиҳанда ба хеле беҳтар шудани вазъи зиндагии мардум имконият фароҳам меоварад.
Мехоҳам махсус зикр намоям, ки дар шароите, ки масъалаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти торафт зиёд касб менамояд, бояд ягон ваҷаб замини кишт, хусусан замини обӣ холӣ намонад.
Ба роҳ мондани истифодаи оқилона ва самарабахши замин пеш аз ҳама ба манфиати мардум буда, ташкили он вазифаи роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ҳамаи кишоварзон мебошад. Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба масъалаи ташкили саривақтии кишти зироатҳо, дастрас кардани тухмии хушсифат, таъмин намудани ҳосилнокии баланд ва кишти тирамоҳӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар хотир бояд дошт, ки иҷрои муроҷиатномаи Роҳбари давлат ба мардуми кишвар доир ба истифодаи самараноки замин ва кишти такрорӣ чорабинии мавсимӣ нест.
Мо бояд дар ин самт корро тавре ташкил намоем, ки кишти такрорӣ ва аз тамоми заминҳои обӣ рӯёнидани ду ҳосил ба одати доимӣ ва ҳатмии кишоварзон табдил ёбад ва бо ҳамин роҳ ҳар як оила захираи дусолаи маҳсулоти асосии озуқавориро дошта бошад.  
Дар баробари тадбирҳои андешидаи Ҳукумат дар айни ҳол бо мақсади рушди соҳаи кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод се бахши лоиҳаи инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳо дар ҷамоатҳои Ширинчашма, Лангари Шоҳ ва Шогадоев ба маблағи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ татбиқ гардида, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи оқилонаву самараноки замин ва барқарор кардани инфраструктураи деҳот равона шуда истодааст.  
Бо вуҷуди ин ҳама корҳои анҷом додашуда, дар соҳаи кишоварзии ноҳия то ҳанӯз як қатор проблемаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд.
Масалан, агар дар соли 1993 дар ҳудуди ноҳия 2400 гектар замини обӣ вуҷуд дошта бошад, имсол аз ин миқдор 170 гектар кам шудааст, яъне дар сурати ба кор андохтани ин миқдор замин 350-400 нафар одамон бо ҷои кор таъмин мешаванд. Ё ин ки дар ҳудуди ноҳия соли 1993-юм 470 гектар боғ мавҷуд буд, ки ҳоло 310 гектарро ташкил медиҳад, яъне дар давоми 15 соли охир майдони боғзор 160 гектар кам шудааст, ки ин ҳам 300-350 ҷои корӣ мебошад.
Умуман, аз таҳлили соҳаи кишоварзии ноҳия бармеояд, ки бо вуҷуди корҳои анҷомдодаи кишоварзон ҳанӯз захираву имкониятҳои истифоданашуда, ки ба рушди боз ҳам бештари соҳа мусоидат менамоянд, хеле зиёданд. Бинобар ин, иҷрои вазифаҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия масъалаи иҷрои амру фармонҳои Президент ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро оид ба проблемаҳои истифодабарӣ ва кадастри замин зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон:
- доир ба масъалаи зиёд намудани майдони кишти картошка ва бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳо чораҳои мушаххасро амалӣ созанд;
- ҷиҳати зиёд намудани майдони боғҳо ва дастрас намудани ниҳолҳои хушсифату серҳосил тадбирҳои мушаххас андешанд;
- саршумори чорво ва парандаро дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ афзоиш дода, доир ба хушзоткунии чорво чораҳои зарурӣ андешанд.
- барои рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ, зиёд кардани миқдори оилаи онҳо ва истеҳсоли асали хушсифат татбиқи пурраи нишондодҳои Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010-умро таъмин намоянд.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои бунёди корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот чораҳои дахлдор андешанд.
 4. Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои тиҷоратии кишвар тавсия мегардад, ки ҳаҷми қарзҳои хурдро ба соҳибкорони ноҳия ҳар сол ду-дуюним баробар зиёд намоянд.
5. Вазорати кишоварзӣ, Корхонаи давлатии Тоҷикагролизинг ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва бо техникаи ҳозиразамон аз тариқи лизингӣ  таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия тадбирҳои мушаххас андешанд.
6. Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои ташкили фонди замин барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!                   
Бо дарназардошти ин, ки ояндаи ободи Ватан ва пешрафти давлат аз сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ ва омодагии касбии кадрҳо вобаста аст, мо рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои аввалиндараҷа ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем ва бо ин мақсад маблағгузории давлатии соҳаро ҳамасола афзоиш дода истодаем.
Масалан, танҳо дар ноҳияи Тоҷикобод дар доираи татбиқи лоиҳаи барқарорсозии баъди низоъ дар давоми солҳои 1998-2000-ум 17 муассисаи таълимӣ таъмиру барқарор гардид. Илова бар ин, дар  давоми ҳашт соли охир бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва фонди захиравии Президент 15 бинои мактаб, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷӣ 8 бинои таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда, 2 бинои мактаб барои 220 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳадафи мо аз ин иқдомот пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибкасб мебошад. Дар ин робита, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ вазифаи асосии кормандони соҳаи маориф мебошад.
Ҳарчанд солҳои охир сифати таълим ва таъминоти мактабҳо бо китобҳои дарсӣ хеле беҳтар шудааст, бо вуҷуди ин норасоии кадрҳои омӯзгории баландихтисос яке аз мушкилоти асосии соҳаи маорифи ноҳия мебошад. Ҳоло мактабҳои ноҳия ба 164 нафар омӯзгори фанҳои гуногун эҳтиёҷ доранд.
Бо дарназардошти ин нукта, вазоратҳои маориф, рушди иқтисод ва савдо вазифадор карда мешаванд, ки барои таъминоти муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ барои солҳои оянда ба макотиби олӣ шумораи довталабонро тибқи квотаи президентӣ аз рӯи ихтисосҳои барои ноҳия зарурӣ зиёд намоянд. Илова бар ин, аз сабаби зиёд будани шумораи хонандагон проблемаи нарасидани ҷои нишаст низ вуҷуд дорад: дар айни замон 2 мактаб дар хонаҳои шахсӣ фаъолият менамояд ва 3 мактаби дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ки боиси ташвиш аст. Дар баробари ин, нарасидани мизу курсиҳо, таҷҳизоти дарсӣ, асбобҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ низ ба мушоҳида мерасад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки мушкилоти мавҷударо ҳамаҷониба баррасӣ намуда, барои ислоҳи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Мо бо мақсади тарбияи кадрҳои маҳаллӣ соли 2003 дар ноҳияи Тоҷикобод омӯзишгоҳи касбҳои техникиро, ки сохтмони он аз соли 1983 нотамом монда буд, бо сарфи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ мувофиқи меъёрҳои муосир сохта, ба истифода додем.
Бо мақсади касбомӯзии бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии водии Рашт дар ноҳияи Тоҷикобод филиали Муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он имконияти дар як сол таълим додани то 300 нафар хоҳишмандро аз рӯи касбҳои муҳосиб, фермер-боғбон ва мутахассисони истеҳсоли консервҳои хонагиро дорад. Ояндаи наздик дар ин марказ заминаи таълим аз рӯи дигар ихтисосҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат таъсис дода хоҳад шуд.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи тандурустӣ дар ҳифзи саломатии мардум ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мо тақвияти раванди ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, махсусан бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои тиббиро сол ба сол вусъат бахшида истодаем.
Дар тӯли 15 соли охир 14 иншооти тандурустии ноҳия аз сари нав барқарор ва ба истифода дода шуд. Дар баробари ин, шӯъбаи ҷарроҳӣ ва муолиҷавии кӯдаконаи беморхонаи марказии ноҳия, дармонгоҳи марказӣ, се беморхонаи минтақавӣ таъмиру азнавсозӣ шуда, бо таҷҳизоти аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Вале, тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳия як қатор камбудиҳо мавҷуданд, ки сари вақт ислоҳ намудани онҳо  вазифаи  мутасаддиёну роҳбарони соҳа мебошад.  
Яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустии ноҳия нарасидани мутахассисони соҳа аст. Ҳарчанд тибқи квотаи президентӣ 16 нафар донишҷӯ аз ноҳияи Тоҷикобод ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ дохил шуда, як қисми онҳо таҳсилро ба итмом расонидаанд, вале ба ҷои кор омадани онҳо 31 фоизро ташкил мекунад, ки боиси нигаронӣ мебошад. Инчунин вазъи омодасозии мутахассисони тибби оилавӣ дар ноҳия ташвишовар буда, дар аксари деҳот ва марказҳои ҷамоат фурӯшгоҳҳои доруворӣ вуҷуд надоранд. Илова бар ин, аксари муассисаҳои тандурустии ноҳия аз нарасидани нақлиёти тиббиву санитарӣ танқисӣ мекашанд. Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки мушкилоти мавҷударо омӯхта, оид ба рафъи онҳо якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамаи чораҳои фаврӣ ва муассирро андешад.

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо хуб медонед, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар давоми 17 соли истиқлолият мо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ зиёда аз 1500 километр роҳҳои мошингард ва 156 адад пулҳоро бунёд ва таъмиру таҷдид намудем. Илова бар ин, корҳои асосӣ дар нақби «Истиқлол» ба итмом расида, дар нақбҳои Шаҳристону Шаршар ва шоҳроҳи Душанбе - Айнӣ – Хуҷанд - Мастчоҳ - Чанак корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Боиси хурсандии ҳамаи мову шумост, ки ду марҳалаи бунёд ва азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош ба анҷом расида, имрӯз марҳалаи сеюми он оғоз меёбад.  Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо ба ин муносибат табрик мегӯям ва итминони комил дорам, ки сохтмони роҳи мазкур дар мӯҳлатҳои муқарраргардида анҷом меёбад. Илова бар ин, хотирнишон месозам, ки дар даромадгоҳи ноҳия сохтмони пули Нимич-Тоҷикобод ба маблағи 14 миллион сомонӣ идома дорад.
Воқеан, дар шароити кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва раванди тараққиёти ҷаҳони муосир мо қадру қимати роҳҳоро, ки пайвандгари кишварҳо мебошанд ва дар навбати худ иртибототи иқтисодӣ ва фарҳангиро тақвият медиҳанд, басо хуб эҳсос менамоем.
Марҳалаҳои якуму дуюми шоҳроҳи мазкур солҳои 2005-2007 шурӯъ гардида, дар ин давра зиёда аз 70 километр роҳҳо таҷдид ва ҳолати 45 километр роҳҳои дигар беҳтар карда шуд. Инчунин дар ин қитъаҳои роҳ 13 пули нав бунёд шуда, таҷдиду азнавсозии 14 пули дигар идома дорад.
Оғози марҳалаи сеюм ё охирини лоиҳаи роҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол – сарҳади Қирғизистон шаҳодати он аст, ки дар ду соли оянда равобити минтақаҳои ҷанубу шарқии кишвар ва умуман Тоҷикистон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар тавассути ин шоҳроҳи мошингард тавсеа ёфта, он ба яке аз шоҳроҳҳои бузурги байналмилалӣ мубаддал мегардад. 
Дар ин робита, ҳоло дар кишварамон 19 лоиҳаи таъмиру азнавсозӣ ва бунёди роҳҳо, ки маблағи умумии онҳо 2 миллиарду 180 миллион сомониро ташкил медиҳад, мавриди татбиқ қарор дорад.
Ҳадафи асосии мо аз татбиқи ин лоиҳаҳо дар оянда фароҳам овардани имконияти васеи транзитии кишвар буда, ба ин васила Тоҷикистон тавассути роҳҳои байналмилалии трансосиёӣ аз тариқи қаламрави Афғонистон бо бандарҳои Покистон ва Эрон пайваст мегардад ва чунон ки чанд рӯз пештар дар суханронии худ ба муносибати 17-солагии Истиқлолияти давлатӣ эълон доштам, то охири соли оянда пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо хоҳад ёфт.
Мувофиқи лоиҳаи таҳияшуда ҳаҷми умумии маблағи таҷдиди пурраи шоҳроҳи Душанбе – сарҳади Қирғизистон бо дарназардошти азнавсозии 265 километр роҳ, таъмири 137 километр роҳҳои маҳаллӣ, сохтмони 19 пули нав ва таҷдиди 20 пули мавҷуда 490 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии маблағгузории марҳалаи сеюми лоиҳаи мазкур дар ҳудуди ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ҷиргатол 262  миллион сомонӣ буда, дар доираи ин маблағҳо азнавсозии 114 километр роҳ, сохтмони 3 пули нав ва таҷдиди 9 пули мавҷуда ба нақша гирифта шудааст. Бо оғоз гардидани ин марҳала зиёда аз 500 нафар коргар ва мутахассиси маҳаллӣ соҳиби ҷои кор мешаванд.
Роҳе, ки имрӯз мо марҳалаи сеюми таҷдиди онро оғоз менамоем, ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистонро бо кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тавсеа бахшида, водии Раштро дар оянда ба дарвозаи асосии шарқии мамлакат табдил медиҳад. Инчунин баъд аз сукути чандинасра яке аз шохаҳои Шоҳроҳи бузурги абрешим аз нав эҳё гардида, рафтуомади бемонеаи нақлиёт тамоми фаслҳои сол дар дохили кишвар ва минтақа таъмин мегардад.
Аз ин рӯ, роҳбарони ноҳияҳои водии Рашт ва вазорату идораҳои масъул вазифадор карда мешаванд, ки барои бунёди соҳаҳои ёрирасони нақлиёт ва коммуникатсия дар ин шоҳроҳ, аз ҷумла бунёди иншооти хизматрасонӣ ва нуқтаҳои маишиву маданӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бояд зикр намуд, ки иҷрои ҳамаи корҳои ба меъёри байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳи мазкурро ду корпоратсияи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷалби мутахассисону коргарони маҳаллӣ ба зимма гирифтаанд. Ҳамин тариқ, равобити созандаву самарабахш ва ҳамкориву ҳамдастии кишвари мо бо ҳамсояи бузурги шарқиамон - Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои дуҷониба ва дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай вусъати тоза пайдо намуда, соҳаҳои навро дарбар мегиранд. Аз ҷониби кишвари ҳамсоя баррасӣ шудани як қатор лоиҳаҳои дигар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишварамон гувоҳи сатҳи баланди робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории дӯстонаи мо мебошад.
Мардуми Тоҷикистон ин иқдоми кишвари ба мо дӯстро нек арзёбӣ намуда, барои таҳкиму густариши ҳарчи бештари чунин ҳамкориҳо кӯшишу талош хоҳад кард. Барои бунёд ва дар мӯҳлати муқарраршуда ба истифода додани ин шоҳроҳи замонавии ваҳдату дӯстӣ, ки он орзуи деринаи мардуми мост, ба роҳсозону мутахассисон кушоишу барори кор мехоҳам. Ва итминони комил дорам, ки роҳсозону сохтмончиён ва муҳандисону мутахассисони соҳа бо тамоми қувваю ғайрат меҳнат карда, роҳи мазкурро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом мерасонанд.

Ҳозирини гиромӣ!       
Чунон ки мебинед, мавсими тобистон ба охир расида, ҳарорати ҳаво торафт паст шуда истодааст. Аз ин рӯ, бояд ҳар рӯзи офтобиро ғанимат дониста, корҳои омодагӣ ба фасли зимистонро вусъат бахшида, захираи ҳаҷми зарурии сӯзишворӣ ва маводи озуқавориро махсусан барои муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба вуҷуд овардан, истифодаи самарабахшу оқилонаи замин ва кишти тирамоҳиро таъмин кардан ва вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ масъалаи муҳимтарини ин шабу рӯзҳо мебошад.
Мо бояд дар ин самт тамоми тадбирҳои имконпазирро андешем ва бо ҳамин роҳ барои беҳбудии вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардум, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшишу талош намоем. Илова бар ин, ба ҳар кадоми мову шумо зарур аст, ки ба арзишҳои бузурги миллӣ, аз қабили Ватан, модар, истиқлолияти давлатӣ, забон ва таъриху фарҳанги ғановатманди худ арҷгузорӣ намуда, барои ободиву шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем.
Чунон ки шумо огоҳ ҳастед, чанд рӯз пештар Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кардани соли 2009» ба имзо расид. Мақсади мо аз бузургдошти Имоми Аъзам арҷ гузоштан ба мероси ғановатманди таърихӣ ва бо ин роҳ муаррифӣ кардани дини ростини ислом ва фиқҳи ҳанафӣ мебошад. Зеро аксари донишмандони ҷаҳони ислом Имоми Аъзамро танзимгари муносибатҳои бунёдии фиқҳи исломӣ ва рӯҳи масъалаҳои динӣ ҳисобидаанд.
Дар ин маврид, соҳиби китоби «Дурр-ул-мухтор» мегӯяд, ки баъд аз Қуръони шариф Абӯҳанифа мӯъҷизаи бузурги ҳазрати Муҳаммад мебошад. Маҳз ба шарофати ақлу заковат ва хиради бузурги Имоми Аъзам дини ислом низоми ягонаи фиқҳиро молик шуда, масъалаву мушкилоти тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мусулмонон аз ҷониби ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва мутафаккири барҷастаи ҷаҳони ислом ҳаллу фасли худро пайдо кардаанд.
Бо дарназардошти ин нукта, имрӯз бояд ҳар фарди мусулмони кишвари мо аз Қуръони маҷид, ҳадисҳои пайғамбар ва мазҳаби ҳанафӣ огоҳу бохабар бошад ва бо зиракиву ҳушёрии худ нагузорад, ки фирефтаи равияҳои тундрави бунёдгароёна шавад, инчунин тибқи фалсафа ва ҳикмати ҳазору панҷсадсолаи исломӣ, ки дар қаламрави Мовароуннаҳр мавҷуд буд ва аз насл ба насл то имрӯз расидааст, амал намояд.
Бовар дорам, ки мардуми наҷибу сарбаланди кишвар, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Тоҷикобод бо зиракиву ҳушёрӣ ҳадафҳои созандаи давлатро амиқ дарк намуда, тамоми қуввату нерӯи худро ба манфиати Ватан, таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва иҷрои саривақтии супоришҳои гузошташуда равона месозанд.
Ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, тани сиҳат, хонаи обод, сарбаландиву саодати ҳамешагӣ ва барори кору комёбӣ орзумандам.

Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 671

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед