logo

ҳуқуқ

МУНОҚИШАҲОИ ОИЛАВӢ БА ХУДКУШӢ МЕРАСОНАНД

Ҳаёти инсон неъмати бебаҳост, ки неъматҳои дигари дунёӣ аз он сарчашма мегиранд. Маҳз бо сабаби бартарӣ ва афзалияти комил доштани ҳаёт дар қатори дигар арзишҳои умумиинсонӣ, ҳимояи он аз лаҳзаи таваллуд то марг, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату ҷамъият аст.
Дар иртибот ба ин мавзӯъ, суҳбате доштем бо Муҳаммадсабур Бобоев, сармутахассиси Раёсати тафтишоти пешакӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1.


- Бо вуҷуди таваҷҷуҳи доимии давлату ҷамъият ба ҳифзи ҳаёти инсон дар байни зуҳуроти номатлуби ҷомеа  худкушӣ яке аз масъалаҳои доғ боқӣ мондааст. Моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти инсонро баробари дигар ҳуқуқҳои фитрӣ дахлнопазир шуморидааст. Барои пешгирӣ ва худкушӣ дар қонунгузорӣ чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
- Моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба худкушӣ расондан ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намудааст. Бо назардошти хавфи баланди ҷамъиятӣ доштани ин кирдор, барои он танҳо ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, бе муқаррар кардани ҷазои алтернативӣ, пешбинӣ шудааст. Мавҷуд будани таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори ҷабрдида дар аксари давлатҳои ҷаҳон чун асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ба худкушӣ ё суиқасди он расондани ҷабрдида маҳсуб меёбад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ кардани паҳншавии бештари ин зуҳуроти иҷтимоӣ, аз 1 июли соли 2004, таҳти рақами 304 - 8 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ» қарор ба тасвиб расонда, дар асоси он чорабиниҳои муайян амалӣ мегарданд.

- Ба андешаи шумо, омилҳои даст ба худкушӣ задани  шаҳр-вандон дар чист?
 - Омӯзиши ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он шаҳодат медиҳанд, ки қариб дар аксар ҳолат сабабу шароитҳои мусоидаткунанда хусусияти якхела доранд ва бештар ба муносибатҳои оилавӣ байни волидону фарзандон, баҳсҳои ночизи оилавӣ байни зану шавҳар, вуҷуд надоштани ҳамдигарфаҳмӣ дар байни аҳли оила, ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ машғул набудан, гирифтори бемории рӯҳӣ ва дигар бемориҳои вазнин, инчунин, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон алоқаманд мебошанд. 
  Табиатан, худкушӣ инкори се накукории инсонист: боварӣ, умед ва муҳаббат. Худкуш касест, ки эътиқоди худро гум кардааст ва  умеде дар дилаш намондааст. Ва ахиран ӯ шахсест ки қалбаш холӣ аз муҳаббат аст. Ӯ танҳо дар бораи худ андеша дорад.

- Чун аксарияти сокинони кишвар мусулмонанд ва ислом худкуширо қатъиян маҳкум менамояд, фикр мекунам, ки фаъолияти ходимони дин дар пешгирии ин амали зишту носавоб бояд хеле муассир бошад. 
 - Тибқи банди 6-и Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, бахшҳо оид ба корҳои дини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки вохӯриҳои имомхатибонро бо аҳолӣ ташкил карда, аз нигоҳи ислом ҳаром будани худкуширо тарғибу ташвиқ намояд. Мувофиқи банди 7-и ҳамин нақша бахшҳо вазифадор шудаанд, ки дар воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои инкори худкушӣ гузоришҳо таҳия намоянд.
 Ҷамъбаст нишон дод, ки фаъолияти имомхатибони масҷидҳои ҷомеу  панҷвақта дар маҳалҳо ва дигар ходимони дин низ дар ин самт ба талабот ҷавобгӯ нест, чунки бархе аз онҳо баҳри пешгирии ин мушкилот худро дар канор мегиранд. Аз таҷриба маълум аст, ки масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, имомхатибҳо дар бораи шароити зисту зиндагонии ҳар як оила, муноқишаҳои оилавӣ, мушкилоти ҳаррӯзаи аъзои он маълумот дошта бошанд ҳам, чораҳои зарурӣ намеандешанд. Воқеан, тарғибу ташвиқи бомавриди ислом, метавонад дар пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ таъсири амиқ гузорад.

- Бигӯед, ки дар нимсолаи аввали соли равон чанд ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст ва тафтишоти прокурорӣ дар ифшо ва ба ҷазо кашидани омилу сабабгорони  чунин ҳаводис чиро нишон дод?
- Дар шаш моҳи соли равон дар натиҷаи ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он 265 нафар фавтида, 61 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Аз 326 нафар шахсони дар соли равон даст ба худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ зада 64 нафарро ноболиғон ва  83 нафарро ҷавонони аз 18 то 25 - сола ташкил медиҳанд. Ҳолати аз тарафи шахсони мубталои бемории рӯҳӣ даст ба  худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ зада низ нигаронкунанда аст (66 нафар ё 20,2 дарсад).  
Санҷиш ва таҳлилҳо  нишон медиҳанд, ки дар аксар ҳолат сабабу шароитҳои мусоидаткунанда хусусияти якхела дошта, бештар ба муносибатҳои оилавӣ - байни волидону фарзандон, муноқишаҳои ночизи оилавии байни зану шавҳар, ҳамдигарнофаҳмӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон алоқаманд мебошанд.
Дар дини мубини ислом худкушӣ пурра маҳкум мешавад.
Ҳадиси Расули акрам (с) аст, ки мефармояд: «Ҳеҷ яке аз шумо талаби марг накунед, ҳеҷ гоҳ маргро пеш аз фаро расидан орзу нанамоед, зеро ҳар гоҳ ҷаҳони фаноро (маҷбуран) падруд гӯед, умед ба таманнои подош низ нобуд мегардад».

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.09.2015    №: 177    Мутолиа карданд: 1201
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед