logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб, 31 августи соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мо имрӯз ба хотири шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб, вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, шурӯъ намудани тантанаҳои ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили  70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳр, ки аз қадимӣ будан ва мақоми баланд доштани он дарак медиҳад, ба Кӯлоб омадем.
Ва аз истиқболи гарм, чеҳраи кушод ва табъи болидаи сокинони шаҳр эҳсос намудем, ки онҳо ба ин чорабиниҳо омодагии хуб дида, дар пешрафту ободии шаҳр ҳиссаи сазовори худро гузоштаанд.
Мардуми бонангу номуси шаҳри Кӯлоб инчунин ба ҷашни 24 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон омодагии ҳамаҷониба гирифта, дар ин раванд тадбирҳои зиёдро амалӣ кардаанд, ки аз номи Ҳукумати мамлакат ба ҳар яки онҳо миннатдорӣ изҳор намуда, ҳамаи ин ҷашну тантанаҳоро ба ҳар як сокини шаҳр ва тамоми мардуми тоҷик табрик мегӯям.
Барои мардуми шарифи Кӯлоби бостонӣ, бахусус, ҷашни истиқлолият арзишу қимати беандоза дорад. Зеро барои ҳифзи истиқлолияти Ватани маҳбубамон, расидан ба сулҳу субот, ҳимояи Ҳукумати конститутсионӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ сокинони ин шаҳр баробари дигар ҳамватанони азизамон намунаи корнамоиву диловарӣ нишон дода, ҷонбозиҳои зиёд карданд ва аз ҳама бештар талафоти ҷониву моддӣ доданд.
Матонату ҷасорат ва ҷонфидоии ҳамватанони азиз, аз ҷумла фарзандони далеру шуҷоъ ва бонангу номуси ин шаҳр буд, ки пеши роҳи парокандагии миллати тоҷик ва хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон гирифта шуд ва барои зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат фазои мусоид муҳайё гардид.
Баъди расидан ба ваҳдати миллӣ мардуми шарифи Кӯлоби бостонӣ бо шукронаи сулҳу субот ва Ватани соҳибихтиёр ба корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди инфрасохтори замонавӣ камари ҳиммат бастанд.
Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб ислоҳоти куллӣ оғоз гардида, дар ҳамин замина соли 2002 қарори Ҳукумат доир ба баргузории ҷашни 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб қабул гардид, ки дар асоси он як силсила иншооти нав, аз қабили маҷмааи “2700-солагии Кӯлоб”, осорхонаи шаҳрӣ, амфитеатр, ки ҳоло мулоқоти мо дар он доир гардида истодааст, девори рамзии қалъаи Кӯлоб, сохтмону азнавсозии 23 мактаби таҳсилоти умумӣ, мактаби президентӣ, хобгоҳ барои омӯзгорон ба анҷом расида, ҳоло сохтмони 7 мактаби замонавӣ идома дорад, ки барои бунёди онҳо беш аз 31 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, дар шаҳр 11 иншооти нави соҳаи тандурустӣ бунёд гардида, танҳо тайи панҷ соли охир барои муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияи Кӯлоб ба маблағи 18 миллион  сомонӣ таҷҳизоти тиббии доруворӣ харидорӣ шуда, дар ҳаҷми умумии қариб 30 миллион сомонӣ сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншооти соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ ба анҷом расонида шудааст.
Имрӯз мо санги асоси хобгоҳ барои коллеҷи тиббӣ ва бунёди биноҳои нави таваллудхона, беморхонаи бемориҳои кӯдакон, марказҳои минтақавии бемориҳои рӯҳӣ ва наркологиро гузоштем ва итминон дорем, ки иншооти зикршуда дар муддати кӯтоҳ бунёд гардида, ба хеле беҳтар шудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва шароити зисти донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ мусоидат карда, ҳусни шаҳрро боз ҳам зеботар мекунанд.
Ҳамчунин, бунёди фурудгоҳи байналмилалӣ, сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, таъмиру таҷдиди хиёбону кӯчаҳои шаҳр, сохтмони  Қасри варзиш, 17 майдони варзишӣ ва таъсиси даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу марказҳои хизматрасонӣ аз ҷумлаи тадбирҳои замони истиқлолият мебошанд, ки ба пешрафту ободии шаҳри Кӯлоб мусоидат намуданд.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи бунёди иншооти иҷтимоии шаҳри Кӯлоб сохтмони якчанд иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст, ки баъди ба анҷом расидани онҳо дар солҳои наздиктарин мушкилоти мавҷудаи сокинони шаҳр хеле осон хоҳад шуд.
Ҳукумати мамлакат барои ҳалли яке аз масъалаҳои асосии шаҳр – таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилӣ лоиҳаи алоҳида омода кардааст, ки тибқи он қариб 20 километр роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб дар се марҳала ба маблағи умумии 100 миллион сомонӣ бо дарназардошти чароғонкунӣ ва бунёди пули мошингарди 30 - метра дар давоми се сол ва тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ таҷдид карда мешавад.
Дар баробари ин,  бояд гуфт, ки бо таъсис ёфтани муассисаи таълимии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, ду коллеҷи нав, аз ҷумла коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, васеъ гардидани доираи фаъолияти Маркази таълими калонсолон ҳамчун омили дастгирии соҳаи иҷтимоӣ фарогирии ҷавонони шаҳру ноҳияи Кӯлоб ба таҳсил ва шуғл хеле беҳтар гардид.
Дар робита ба ин, ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм супориш дода мешавад, ки ҷараёни бунёди хобгоҳи донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр ва сохтмону азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳрро таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти зикршуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар зарфи солҳои охир инчунин боғи фарҳангу фароғат, Қасри фарҳанг ва театри Кӯлоб пурра аз таъмир бароварда шуда, имрӯзҳо ба ҷойи баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун табдил ёфтаанд.
Маркази фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Кӯлоб нишонаи равшани баланд рафтани мақоми ин шаҳри таърихӣ ва пешрафти он мебошад.
Бо пешниҳоди мо дар доираи ин тадбири муҳими фарҳангӣ як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, дар шаҳри Москва намоиши дастовардҳои ҳунармандон ва фарҳангиёни шаҳри Кӯлоб ҳамчун маркази фарҳангӣ баргузор шуд ва ба ин восита шаҳри Кӯлоб ба қатори шаҳрҳои беҳтарини фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардид.
Бовар дорам, ки дар оянда низ ин гуна ташаббусҳо идома ёфта, Кӯлоби бостонӣ макони баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, ҳамоишҳои фолклориву этнографӣ ва ҳунармандӣ, аз ҷумла заргарӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ мегардад.
Дар натиҷаи вусъат гирифтани раванди ободкориву созандагӣ, бахусус, дар солҳои охир иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангиву маърифатӣ дар шаҳр  бештар шуда, хиёбону кӯчаҳо ва умуман симои шаҳр хеле зебо гардид.
Бо мақсади идома бахшидани ин раванд Ҳукумати мамлакат соли гузашта «Барномаи давлатии рушди шаҳри Кӯлобро барои солҳои 2015-2019» қабул намуд, ки ҳаҷми умумии он як миллиарду 46 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар асоси ин барнома 262 лоиҳаи хурду бузург амалӣ гардида, аз ҳисоби буҷети марказӣ ва маҳаллӣ қариб 250 миллион сомонӣ ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 600 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад ва пешбинӣ мегардад, ки ҳиссаи соҳибкорони шаҳри Кӯлоб беш аз 100  миллион сомониро ташкил хоҳад кард.
Амалӣ шудани барномаи мазкур имкон медиҳад, ки дар шаҳр боз даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, иншооти мухталифи иҷтимоиву хизматрасонӣ бунёд шуда, раванди  воридшавии сармояи хориҷӣ беҳтар гардад.
Барномаи мазкур ба соҳибкорони ватанӣ барои амалӣ намудани ташаббусҳои созандаи онҳо имкон фароҳам меорад ва онҳо метавонанд, ки бо бунёди иншооти гуногуни замонавӣ, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва дигар иншооту марказҳои хизматрасонӣ барои ободиву пешрафти ин шаҳри бостонӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ҳиссаи ватандӯстонаи худро гузоранд.
Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб вазифадор карда мешаванд, ки соли оянда дар шаҳри Кӯлоб форуми соҳибкорони мамлакатро баргузор намуда, тавассути дастгирии соҳибкорон ва бонкҳои тиҷоратӣ барои сохтмони корхонаҳои хурду миёна ва дигар иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Зеро барои сокинон ва хусусан ҷавонону духтарони шаҳри Кӯлоб муҳайё намудани ҷойҳои корӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохтору мақомот мебошад.
Ҳарчанд ки солҳои охир дар шаҳр қариб 30 ҳазор ҷойи кории нав фароҳам оварда шудааст, вале зарур аст, ки ин раванд бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо идома дода шавад.
Ман ҳангоми сафарҳоям ба шаҳри Кӯлоб борҳо иброз доштаам, ки мо  ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ҳамеша диққати махсус медиҳем.
Дар ин асос мо имрӯз дар маросими ба истифода супоридани Қасри шиноварӣ, меҳмонхонаи замонавӣ, хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони мактаби президентӣ, корхонаи шир баъди азнавсозӣ ва бинои нави Кумитаи андози шаҳр ширкат доштем ва фардо субҳ ба ифтихори 70 - солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бинои навбунёди донишгоҳро ба истифодаи устодону донишҷӯёни ин даргоҳи илму маърифат месупорем.
Вале мо набояд бо ин дастовардҳо қаноатманд гардем, баръакс, ҳар яки моро зарур аст, ки аз ин ҳам бештар заҳмат кашем, ба ободкориву созандагӣ боз ҳам ҷиддӣ машғул шуда, шаҳри бостонии Кӯлобро аз имрӯза зеботар созем ва онро ба макони фарҳангдӯстон, адибону олимон ва сайёҳон табдил дода, дар рушди бомаром ва афзун намудани имкониятҳои иқтисодиву истеҳсолии он ҳарчи бештар сайъу талош намоем.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар саҳифаҳои таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик ва сарчашмаҳои адабии то ба замони мо расида бисёр корномаву қаҳрамониҳои мардуми Хатлон, аз ҷумла ҷонфидоиву ҷавонмардии сокинони шаҳри Кӯлоб ва саховату ҳимматбаландии ин мардуми сарбаланд, сабт шудаанд.
Барои мисол ҷавонмардиву фидокории онҳоро ҳангоми ҳимояи қаламрави Хатлон, аз ҷумла барои ҳифзи қалъаҳои Ҳулбук ва Кӯлоб аз ҳуҷуми аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаҳои таърихии дигарро ёд овардан мумкин аст, ки  ҳар кадоми онҳо аз матонату далерӣ ва шуҷоату устувории мардуми сарзамини Хатлон ва шаҳри Кӯлоби бостонӣ, аз рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавии онҳо дарак медиҳад.
Ин мардум дар баробари ҳимояи сарзамини аҷдодӣ анъанаҳои писандидаи гузаштагонро ҳифз намуда, мероси бойи фарҳангиро ба ёдгор гузоштаанд ва ҳамчун мардуми меҳмондӯсту меҳмоннавоз машҳур гардидаанд.
Мусофирати даҳҳо тан аз шоирону адибон ва сайёҳону тоҷирон ба ин диёр ва таассуроту хотироти онҳо аз ҳимматбаландиву мардумдӯстии ин шаҳр далели гуфтаҳои болост.
Махсусан, ба ин макон омадани Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва манзили охирати худро дар ин шаҳр интихоб кардани мутафаккир ва адиби бузург бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сокинони ин марзу бум аз қадим то ба имрӯз ба қадри илму маърифат ва олимону донишмандон мерасанд ва ба онҳо эҳтироми хоса доранд.
Шуҳрати ном ва мақоми Алии Ҳамадонӣ, ки дар ин водӣ бо номи Ҳазрати Амирҷон маълуму машҳур аст, бори дигар гувоҳи муҳаббати ин мардум ба аҳли илму адаб мебошад.
Чунонки медонед, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ гиромӣ доштан ва арҷ гузоштан ба шахсияти мутафаккирону адибони гузашта ҳамчун яке аз самтҳои сиёсати фарҳангии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифт.
Дар доираи ҳамин сиёсат дар замони истиқлолият дафъаи дуюм аст, ки ҷашни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардида, дар доираи чорабиниҳои бахшида ба ин шахсияти барҷаста осорхона ва мақбараи ин мутафаккир азнавсозӣ карда шуд ва дар мамлакат як қатор тадбирҳои муҳими фарҳангӣ амалӣ гардиданд.
Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадониро аз шаҳри фарҳангдӯсту меҳмоннавози Кӯлоби бостонӣ шурӯъ намоем ва сипас, ҳамоиши илмии байналмилалиро дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки меҳмонону донишмандони дохиливу хориҷӣ  баргузор кунем.
Воқеан, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи Машриқзамин ба шумор рафта, шуҳрати беандозааш на танҳо дар кишвари мо, балки дар Эрону Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва як қатор мамолики араб ҳамчун мутафаккир, файласуф ва шоир маҳбубу машҳур мебошад.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо осори пурарзиш ва афкору андешаи пурвусъати худ дар тамаддуни Шарқ ҷойгоҳи сазоворе дошта, рисолаҳояш дар шарҳи масъалаҳои ирфонӣ, ташаккули ҷараёни тасаввуф, таҳкими равияи ҷавонмардӣ, шинохти маърифати инсонӣ ва қимати илму дониш арзиши баланд доранд.
Ин адиби ҳикматпеша беҳтарин хислатҳои инсониро ситоиш карда, одамонро ба хайру саховат, росткориву ростқавлӣ ва садоқату олиҳимматӣ даъват менамояд, расидан ба қадри инсон ва дар худ парвариш кардани сифатҳои баланди маънавиро тарғиб месозад.
Ӯ дар Хатлон, аз ҷумла Кӯлоби бостонӣ пайравону шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст, ки баъдан ном ва мартабаи онҳо мисли устодашон маълуму машҳур гардидааст.
Махсусан, мақоми Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ ва Сайид Муҳаммад бинни Алии Ҳамадонӣ, ки яке аз ҷумлаи шогирдон ва дигаре фарзанди ин орифи бузург буданд, дар илми ҳикмат камназир мебошад.
Бахусус, номи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, ки ба сифати шогирд ва муриди содиқи Амири Ҳамадонӣ шинохта шудааст, ҳамчун шахси соҳибдилу хирадманд, хайрхоҳу саховатпеша ва дастгири бечорагону дармондагон дар Хатлонзамин машҳур мебошад.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ суботи ҷомеаро дар осоишу тифоқ дониста, ҳамеша хостори сулҳу ваҳдат будааст.
Дар доираи ҳамин андешаҳои мутафаккири бузург мо бояд на танҳо ба хотири расидан ба ваҳдати комил талош кунем, балки ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, ҷавононро аз хатарҳои даҳшатбори муосир,  мисли ҳамроҳшавӣ ба ҷангҳои давлати ба ном исломӣ ва ҳаракатҳои тундрав ҳифз намоем.
Гарчанде дар ин бора борҳо гуфтаам, бори дигар изҳор медорам, ки эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ин вабои аср қарзи инсонии ҳар як шаҳрванди солимфикр мебошад.
Мо бояд якҷоя пеши роҳи ҷавонони гумроҳро аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундрав гирем ва нагузорем, ки онҳо номи муқаддас ва пуршарафи Ватан - модарро доғдор созанд, ба падару модаронашон ғаму кулфати иловагӣ оваранд ва худ-ро бадному шарманда гардонида, якумра хоини Ватан эълон шаванд.
Ин масъалаҳо мушкилоти асосии ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, тамоми сайёраро ба ташвиш овардаанд.
Мо низ ҳамчун як узви ин сайёраи бузург набояд гузорем, ки суботи ҷомеа ва зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат халалдор гардад.
Шоҳи Ҳамадон некӣ кардан ба модару падарро афзалтар аз намозу рӯза ва ҳатто аз ҳаҷҷи умра дониста, ба мақому манзалати онҳо арҷи  ниҳоят баланд мегузорад.
Дар осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мақому мартабаи падару модар, таълиму тарбияи фарзандон, ташвиқи онҳо ба омӯзиши илму  дониш, масъул будани омӯзгору волидайн дар тарбия ва таълими фарзандон, эҳтиром гузоштан ба аҳли оила ва дигар масъалаҳои маънавӣ  ҷойи намоён доранд.
Ин таълимоти инсондӯстона дар рӯзҳои мо низ ҳамчун раҳнамо барои тарбияи маънавии аҳли ҷомеа ниҳоят зарур мебошанд ва барои ҳар як шахси бедордил ҳамчун дарси зиндагӣ хизмат мекунанд.
Ҳамин навъ таълимоти мутафаккирони гузашта асос шуданд, ки мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд”-ро қабул кардем ва масъулияти се ниҳоди асосӣ- оила, мактаб ва ҷомеаро дар ташаккули шахсияти инсон муҳим ва арзишманд эълон намудем.
Агар падару модарони мо аз рӯи ин қонун ва фармудаҳои Амири Ҳамадонӣ ва дигар саромадони фарҳанги гузаштаамон амал кунанд, шубҳае нест, ки сатҳи маърифати ҷомеаи мо баланд рафта, зиндагии ҳар як хонадон боз ҳам орому осуда мегардад.
Вобаста ба ин таъкид менамоям, ки мо ҳамчун халқи куҳанбунёд  бояд ба қадри панду ҳикмат ва андарзу ишораҳои гузаштагонамон расем, аз кирдорҳои зишт худро дар канор гирем, покиву покҷавҳариро асоси зиндагии хеш қарор диҳем ва бо ғайрату ҷавонмардӣ дар ободу зебо гардидани диёрамон ҳиссаи худро гузошта, ба ояндагон фарҳанги созанда ва як мулки ободро ба ёдгор гузорем.
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки иҷрои ҳамин гуна таъкидҳои ҳакимонаи гузаштагони бузургамон дар рафтору гуфтори ҳаррӯзаи аксари ҳамватанони мо мушоҳида гардида, онҳо ба корҳои шоиставу ташаббусҳои созанда иқдом мекунанд.
Чунончи, баҳори соли 2010 ҳангоми сар задани офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки тамоми шаҳрвандони мамлакат дар як муддати кӯтоҳ ба 580 оилаи зарардидаи шаҳр хонаҳои замонавӣ сохта, бо тамоми шароити муосир тақдим карда шуд.
Ё имсол вақте, ки мардуми Бадахшон ва водии Рашт аз офатҳои табиӣ зарари зиёд диданд, ҳамаи сокинони мамлакат муттаҳиду ҳамовоз шуданд ва имрӯз маҳали сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони ин мавзеъҳо ба майдони корнамоӣ ва ваҳдати фарзандони халқамон табдил ёфтааст.
Умед дорам, ки мардуми шарифу сарбаланди тоҷик, аз ҷумла сокинони Кӯлоби бостонӣ, аз мероси гузашта ва осори бузургонамон сабақ гирифта, ба хотири ояндаи ободу дурахшони Ватани азизамон минбаъд низ бо азму талош кор мекунанд ва парчами Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, арзишҳои муқаддаси миллиамонро чун гавҳараки чашм нигаҳдорӣ менамоянд.
Дӯстони азиз!
Мо имрӯзҳо дар арафаи таҷлили солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии худ қарор дорем. Ҳар яки мо бояд ин ҳадяи бебаҳои таърихро азизу муқаддас шуморем ва ба хотири ҳимояи дастовардҳои он ҳамеша муттаҳид гардида, сулҳу суботи ҷомеаро эҳтиёт кунем ва барои рушди иқтисодии давлатамон содиқонаву аҳлона заҳмат кашем.
Истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳо номи Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ машҳур намуд.
Мо соҳиби бахтномаи худ -  Конститутсия гардида, рамзҳои давлатӣ ва дигар арзишу муқаддасоти миллиамонро қабул кардем ва дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Мо дар ин муддат рушди устувору бомароми ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллиамонро таъмин намуда, раванди ободиву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистонро бо заҳмати аҳлонаву софдилона густариш дода истодаем ва азми қавӣ дорем, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро ба як кишвари ободу пешрафта табдил медиҳем.
Дар баробари ин, ҳар фарди бонангу номуси тоҷик, бахусус ҷавонони ватандӯсту ватанпарвари мо бояд амиқ дарк кунанд, ки зиндагӣ кардан дар Ватан ва давлати соҳибистиқлол бахту шарафи ниҳоят бузург мебошад.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб, бо дарки масъулияти баланд барои рушди Ватани маҳбубамон минбаъд низ дучанд кору фаъолият мекунанд ва дар ободонии Тоҷикистони азизамон ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Бо ҳамин нияту орзуҳои нек ба ҳар яки шумо ва тамоми сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб барои пазироии самимона ва эҳсоси гарми ватандӯстонаатон миннатдорӣ баён карда, ба шумо саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва дастоварду комёбиҳои ҳарчи бештарро орзу менамоям.
Бигзор, Истиқлолияти давлатиамон пойдору устувор бошад ва аз баракати он Ватани маҳбубамон боз ҳам ободу пешрафта гардад.
Бигзор, рӯҳи поки бузургони халқамон, бахусус Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳар яки шумо ва тамоми ҳамватанони азизамон мададгори кушоишу пирӯзиҳо бошад.
Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед, ҳамдиёрони гиромӣ!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.09.2015    №: 178    Мутолиа карданд: 720

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед