logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, шаҳри Кӯлоб, 1 сентябри соли 2015

Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад. Дар ин лаҳзаҳои идона кулли  кормандони соҳаи маориф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, кӯдакони хушбахти диёрамонро, ки бори аввал ба мактаб мераванд ва онҳоеро, ки соли аввали таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии мамлакат ва хориҷ аз он оғоз мекунанд, инчунин ҳамаи ҳамватанони азизамонро ба ифтихори Рӯзи донишу дарси сулҳ ва соли нави хониш табрик гуфта, барояшон сулҳу оромӣ, рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ ва таҳсили хубу аъло орзу менамоям. Дарси сулҳ ва рӯзи дониш беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид созем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ - мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб намоем.
Рӯзи дониш имсол ба 70 - солагии яке аз куҳантарин муассисаҳои тарбияи кадрҳо барои соҳаи маориф - Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баробар омад, ки ҳоло мо дар саҳни барҳавои бинои навбунёди таълимии он қарор дорем. Бо истифода аз фурсат, ҳамаи шумо – донишҷӯёни азиз ва устодону омӯзгорони гиромии донишгоҳро ба муносибати ифтитоҳи бинои наву замонавӣ, ки бо супориши Роҳбари давлат корҳои бунёди бинои асосии таълимӣ ва таҷдиду азнавсозии дигар иншооти он дар муддати хеле кӯтоҳ анҷом дода шуд, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу муваффақият  орзумандам. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамчун яке аз муҳимтарин мактабҳои олии вилоят ва мамлакат дар давоми ҳафтод соли фаъолияти худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар тарбияи меъморони маърифату маънавиёт - омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст.
Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти хизматҳои арзандаи омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари кору таҳсил ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонидани иншооти таълимиву маъмурии он имрӯз бинои нави донишгоҳро, ки дорои тамоми шароити муосири таълимӣ мебошад, бо техникаву технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз гардонид. Дар бунёди ин боргоҳи илму маърифат меъморону сохтмончиёни ватанӣ заҳмати зиёд кашиданд, ки ба ҳамаи онҳо барои саҳми ватандӯстонаашон изҳори сипос менамоям. Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз марказҳои асосии тайёр намудани омӯзгорон ва рушди фарҳангу адаби кишвар ба ҳисоб рафта, ҳазорон нафар дастпарварони он имрӯз дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиамон дар ҳамаи минтақаҳои кишварамон ва хориҷ аз он фаъолият доранд. Танҳо дар замони соҳибистиқлолии давлатамон ин даргоҳи илму маърифатро қариб 20 ҳазор нафар хатм кардаанд. Садҳо нафар ходимони давлативу ҷамъиятӣ, шоирону нависандагони номдор ва ҳунармандони варзида хатмкардагони ҳамин донишгоҳ мебошанд. Ҳеҷ гоҳ аз хотирам фаромӯш намешавад, ки 12 октябри соли 1994 нахустин вохӯрии пешазинтихоботии ман ҳамчун номзад ба мақоми Президенти мамлакат  дар толори ҳамин донишгоҳ доир гардида буд. Дар ҳамон давра бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла устодону шогирдони ин даргоҳи бобаракати илмиву таълимӣ, ки аз рӯзҳои аввалин то ба имрӯз пуштибони самимии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд, ман Роҳбари давлат интихоб шудам ва ба нафъи халқи азизам ва пешрафту ободии Ватани маҳбубамон содиқона кору фаъолият дорам. Дар он солҳои вазнин тамоми фикру андешаи ман ҳамчун Сарвари давлат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки мушоҳида мекунед, ман ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ диққати махсус медиҳам ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоям.
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудам, ки «соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад».
Ҳукумати мамлакат дар ҳамин асос барои рушди устувори соҳаҳои илму маориф ва ислоҳоти куллии онҳо як қатор барномаву стратегияҳо ва консепсияҳоро қабул ва амалӣ карда истодааст.
Чанде пештар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар он бори аввал дар таърихи маорифи кишвар ваколат, вазифа, уҳдадорӣ ва имтиёзҳои омӯзгорон ҳамчун табақаи пешқадами ҷомеа муқаррар карда шуданд. Инчунин, ҷиҳати баланд бардоштани маоши онҳо қарори дахлдор қабул гардида, ба омӯзгорони ҷавон имтиёзҳои иловагӣ муайян карда шуданд, ки ин чорабиниҳои муҳими давлатӣ ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Иқдомоти зикршуда ба омӯзгорон имконият фароҳам меоранд, ки вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намоянд, барои такмили донишу малакаашон кӯшиши бештар кунанд ва бо истифода аз дастовардҳои навтарини илми педагогика сатҳу сифати таълим ва корҳои тарбиявиро беҳтар созанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тадбирҳои то ба имрӯз татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ гардида, ба амалишавии афзалиятҳои муайяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, саводнокиву маърифат, давомнокии умр ва дар маҷмӯъ ба пешравии ҷомеа, болоравии сатҳи зеҳнияти он ва фароҳам овардани  шароити мусоид барои зиндагии сазовори аҳолӣ таъсири мусбат гузоштаанд. Дар доираи чорабиниҳои зикршуда Ҳукумати мамлакат барои расидан ба ҳадафҳои рушди неруи инсонӣ мунтазам саъю талош карда истодааст. Аз соли 2004 дар соҳаи маориф ислоҳот ва навсозӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот оғоз гардид ва ин раванд то ба имрӯз идома дорад. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки ислоҳот ва навсозии соҳаи маориф вазифаи сиёсӣ ва умумидавлатӣ ба ҳисоб рафта, танҳо дар доираи аҳли маориф маҳдуд намегардад ва ба дастгирии ҳамаи табақаҳои ҷомеа ниёз дорад. Ҳадафи ин раванди созанда аз он иборат аст, ки механизми рушди устувори низоми маориф фароҳам оварда шавад ва ба тақозоҳои асри ХХI мутобиқ намудани он, таъмин кардани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва қонеъ гардонидани талаботи шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат мусоидат намояд. Бо ин мақсад бо қарори Ҳукумат дар низоми маорифи кишвар стандартҳои нави давлатӣ барои ҳар як зинаи таҳсилот қабул гардида, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиву электронӣ ба теъдоди қариб 30 миллион нусха нашр карда шуданд, ки арзиши умумии онҳо ба 147 миллион сомонӣ баробар аст. Инчунин, бунёди мактабҳои нави замонавӣ ва таъмиру таҷдиди  муассисаҳои таълимӣ васеъ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳо, озмоишгоҳҳо, техника ва технологияҳои муосир, инчунин ба шабакаи интернет пайвастани онҳо чораҳои доимӣ амалӣ шуда  истодаанд. Дар баробари ин, солҳои охир ҷиҳати гуманитарикунонии таълим дар низоми таҳсилот тадбирҳои назаррас амалӣ гардида, ба омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ диққати бештар дода шуда, фанҳои риёзӣ ва табиӣ соҳиби афзалият гардиданд.  Ин иқдомот боис шуданд, ки шароити кор ва сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот торафт беҳтар гардад. Бо вуҷуди ин, таъкид бояд кард, ки вазъи иҷрои “Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ” бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла нарасидани кадрҳои баландихтисос, сатҳи пасти таълими фанҳои зикршуда ва монанди инҳо чандон қаноатбахш нест. Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки иҷрои барномаи мазкурро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, аз натиҷаи корҳо ҳар нимсола ба Президенти мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.
Хотирнишон месозам, ки донистани забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал русиву англисӣ ба ташаккулу тавсеаи мафкура ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад ва ба онҳо барои азхудкунии техникаву технологияҳои навтарин, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ роҳи васеъ мекушояд. Бояд гуфт, ки ислоҳот ва навсозии соҳаи маорифи мамлакат бо ин ташаббусҳо хотима намеёбад.
Замони муосир ва ҳазораи нав тақозо мекунад, ки вобаста ба ворид гардидани принсипи салоҳиятнокии касбӣ дар раванди таҳсилот стандартҳои нави давлатии таълим такмил дода, вобаста ба ин, барои ҳамаи зинаҳои таълим насли нави китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ таҳия карда шаванд. Баробари ин, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос дар миёни омӯзгорон ҳатмӣ гардида, шинос намудани онҳо бо усулҳои фаъоли таълим, методҳои нави таълиму тарбия, азхудкунии техника ва технологияҳои замонавӣ ва меъёрҳои салоҳиятнокии касбии ҳар як фанну ихтисос ҳатмӣ  мегардад. Яъне корро тавре ба роҳ бояд монд, ки омӯзгор ва хонанда доир ба ин, ки чаро бояд хонад, донад ва иҷро карда тавонад, тасаввур ва маълумоти амиқ дошта бошад. Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҳангоми чопи китобҳои нав ба саросемагӣ роҳ надода, онҳоро қаблан аз назари омӯзгорони пуртаҷриба, мутахассисон ва муҳаррирон гузаронида, баъди санҷидан дар мактабҳои таҷрибавӣ тавассути Шӯрои миллии таҳсилот ба нашр тавсия намояд.
Ҳангоми таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва меъёрҳои забони давлатӣ ҳатмӣ буда, пурмазмуну бехато интишор ёфтани китобҳои дарсӣ шарти зарурӣ ва талаботи давлатӣ ба шумор меравад. Илова бар ин, зарурати ба забони русӣ тарҷума кардани як қатор китобҳои дарсии тоҷикӣ, аз ҷумла таърихи халқи тоҷик, ҷуғрофия ва монанди инҳо, инчунин дар дохили кишвар ба теъдоди зарурӣ чоп кардани китобҳои дарсӣ барои мактабҳои забони таҳсилоташон русӣ пеш омадааст, ки иҷрои ин кор вазифаи масъулони соҳа мебошад. Ҷиҳати амалӣ намудани ин тадбирҳо маблағҳои давлатӣ ва лоиҳавӣ пешбинӣ шуда, босифат ба анҷом расонидани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи масъулони соҳаи маориф мебошад. Хотиррасон бояд кард, ки дар замони истиқлолият то ба имрӯз дар кишвар 2254 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳукумат дар оянда низ раванди ислоҳот, таъмиру азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумиро идома мебахшад. Бо вуҷуди дастгириҳои зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳоло ҳам дар фаъолияти соҳа як қатор камбудиву мушкилот мавҷуданд, ки нарасидани муаллимони фанҳои забони русӣ, физика, химия, биология ва риёзӣ яке аз онҳо мебошад. Дар баробари ин, дар раванди таълим истифодаи начандон дуруст аз технологияҳои муосир ва камсамар доир гардидани дарсҳои амалӣ ва озмоишгоҳӣ то ба ҳол ҳамчун мушкилоти соҳа боқӣ мондаанд. Бинобар ин, масъулони соҳа ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар самти такмили донишу малакаи омӯзгорон, таҳкими заминаи моддиву техникии мактабҳо ва пурра амалӣ намудани низоми идорӣ ва маблағгузории сарикасии муассисаҳои мазкур тадбирҳои иловагӣ андешанд.  Ҳамчунин, зарур аст, ки дар заминаи мактабҳои муҷаҳҳази навбунёд барои таъсиси мактабҳои интеллектуалии равияҳои кимиёву биология ва физикаву риёзӣ чораҷӯӣ карда шавад. Бо ин мақсад, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, молия, Академияи илмҳо ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дода мешавад, ки доир ба бунёди мактабҳои махсусгардонидашудаи зеҳнӣ, яъне интеллектуалӣ барои панҷ соли оянда барномаи махсуси давлатӣ таҳия карда, дар марҳалаи аввал сохтмони як мактаби зеҳниро дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар соли оянда ба нақша гиранд ва фаъолияти онро дар ҳайати Академияи илмҳои кишвар ба роҳ монанд. Зеро бидуни ташаккули зеҳнияти хонандагони соҳибистеъдод ва  бе омӯзонидани донишҳои муосир, таълими электронӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва ворид намудани технологияҳои нав мо наметавонем ба ҳадафҳои неку ояндасози худ ноил шавем ва рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар мамлакат таъмин гардонем.
Ҳозирини гиромӣ!
Натиҷаҳои имсолаи тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат нишон дод, ки сатҳи дониши хатмкунандагони мо ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест.
Агар як сабаби сустии дониши хонандагон масъулияти дуруст эҳсос накардани як қисми падару модарон ва худи хонандагон дар интихоби касбу ихтисос бошад, иллати дигараш дар паст будани сатҳи омодасозии муаллимони оянда дар муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ мебошад. Ҳар ду омил боиси нигаронӣ буда, ҳарчи зудтар ислоҳ кардани онҳо ба беҳтар шудани сифати таълим мусоидат менамояд. Имсол ба тариқи тестӣ 73700 нафар довталаб ҳуҷҷат супорида, 36000 нафар дохил шудааст. Яъне нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат 77,2 фоиз иҷро шудааст.  Соли гузашта ин нишондиҳанда 66,4 фоизро ташкил карда буд.  Бо вуҷуди он ки саволномаҳои тестӣ нисбат ба соли гузашта содда карда шудаанд, ба ихтисосҳои равияи таббииву техникӣ довталабон кам ҳуҷҷат супорида, натиҷаи имтиҳонҳояшон ҳамагӣ 69 фоизро ташкил кард ва нақшаи қабул дар ин равияҳо ба таври қаноатбахш иҷро нагардид. Бори аввал ба тариқи озмоиш довталабон ба коллеҷҳо тавассути Маркази миллии тестӣ имтиҳон супориданд, вале  натиҷаҳо дар ин самт қонеъкунанда нестанд. Махсусан, ихтисосҳои омӯзгорӣ аз ҷониби довталабон кам интихоб шуда, нақшаи қабул дар ин муассисаҳои таълимӣ низ иҷро нагардид. Натиҷаи имтиҳонот тавассути Маркази миллии тестӣ бори дигар ошкор сохт, ки сатҳу сифати таълим дар кишвар беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад  ва масъулони соҳаи маориф, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохтору мақомотро зарур аст, ки ба сифати таълим диққати махсус диҳанд ва назоратро дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар пурзӯр намоянд.
Имсол аз ҷамъи умумии довталабон ҳамагӣ 66 нафар аризаи шикоятӣ навиштаанд, ки аз ин ҳисоб 44 нафар бо сабабҳои техникӣ иштибоҳ кардаанд. Ҳол он, ки солҳои пеш аз ҷоришавии низоми тестӣ аз нисф зиёди довталабон аз натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ шикоят мекарданд. Падару модарон ва даҳҳо ҳазор нафар хатмкунандагони мо бори дигар бовар ҳосил карданд, ки Маркази тестӣ сатҳи ҳақиқии дониш ва маҳорату малакаи шахсии ҳар як довталабро дуруст муайян мекунад ва дар кишвар барои рақобати солим шароит фароҳам меорад.  Ҷорӣ гардидани имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ тақозо менамояд, ки мо роҳу равишҳои наву самараноки арзёбии сатҳи дониш ва маҳорату малакаи хонандагонро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пайгирӣ кунем. Дар ин раванд зарурати гузаштан ба низоми нави баҳогузории шаффоф ба миён меояд, ки аз ҷониби масъулони соҳа бояд усулҳои наву самараноки он дарёфт ва татбиқ карда шаванд. Дар баробари ин, пешниҳод менамоям, ки аз соли 2018 ҳангоми имтиҳонҳои дохилшавӣ навиштани иншо ва кори хаттӣ ба роҳ монда, дохилшавӣ ба муассисаҳои миёнаи касбӣ пурра аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Маркази миллии тестӣ ҷиҳати иҷрои ин супоришҳо тадбирҳои зарурӣ андешад ва камбудиҳои зикршударо бартараф намуда, фаъолияти сохторҳои худро, хусусан дар самти интихоби касб, тақвият бахшад.
Акнун падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандони худ нафақат дар давраи омодагӣ ба имтиҳоноти дохилшавӣ, балки аз хурдсолии онҳо машғул мешаванд.  Бинобар ин, ба падару модарони муҳтарам бори дигар муроҷиат мекунам, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат кунанд, барои босаводу соҳибмаърифат шудани онҳо ҳеҷ чизро дареғ надоранд ва дар хотир дошта бошанд, ки сармоягузорӣ барои рушди фарзандон дар айни замон сармоягузорӣ барои ояндаи осудаи худи фарзандон ва волидайн, ободии давлат ва пешрафти ҷомеа мебошад.
Устодон ва донишҷӯёни азиз!
Имрӯз тибқи талаботи бозори меҳнат мо бояд мутахассисон ва кадрҳоеро тайёр намоем, ки касбу ҳунари омӯхтаи онҳо рақобатпазир бошад.
Дар ин раванд фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд назаррас бошад ва сатҳу сифати таълим дар онҳо ба ниёзҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавоб гуфта тавонад.
Вобаста ба ин, бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ин муассисаҳо такмил дода, онҳо бо барномаҳои фаннӣ, дастурҳои методӣ ва роҳнамову китобҳои дарсии ба талаботи замон мувофиқ таъмин карда шаванд.
Дар самти касбомӯзӣ ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар ин муассисаҳо ва марказҳои омӯзиши калонсолон нақши арзанда мебозанд, зеро низоми зикршуда яке аз роҳҳои аз камбизоатӣ берун шудани аҳолӣ мебошад. Тибқи супориши Роҳбари давлат ҳар сол муассисаҳои омӯзиши касбу ҳунар ва марказҳои таълимии калонсолонро қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат хатм карда истодаанд.
Бовар дорем, ки дар ояндаи наздиктарин ин рақам афзоиш ёфта,  низоми таҳсил дар ин самт беҳтар мегардад ва ҷиҳати ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифтани калонсолон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда мешавад.
Ҳукумати мамлакат инчунин ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар пайваста кӯшиш намуда, аз соли 2008 инҷониб зиёда аз 10 ҳазор ҷавонони мамлакатро танҳо тибқи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти мамлакат «Дурахшандагон» ва беш аз 20 ҳазор нафарро дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фиристодааст. Имрӯз дар маҷмӯъ дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ беш аз 35 ҳазор нафар ҷавонони мо таҳсил доранд. Чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, бештар хатмкунандагон аз шаҳру ноҳияҳое барои таҳсил ба хориҷи кишвар мераванд, ки сатҳи таълим дар мактабҳои онҳо хуб буда, саводнокии шогирдонашон баланд мебошад. То ин дам фарзандони болаёқати мо дар беҳтарин мактабҳои олии қариб 40 давлати пешрафтаи хориҷӣ аз рӯи даҳҳо ихтисос таҳсил намуда, аввалини онҳо аллакай ба ҳайси хизматчии давлатӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ ба кор оғоз кардаанд ва мутахассисони сатҳи баланд ба ҳисоб мераванд. Худи ҳамин сол беш аз 4000 нафар ҷавонони мамлакат барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода, дар навбати аввал ихтисосҳои барои иқтисоди миллии мо зарур ба инобат гирифта шуданд. Мо ин равандро минбаъд низ идома дода, чи дар дохил ва чи дар хориҷа кадрҳоеро, ки барои мамлакати мо зарур мебошанд, омода мекунем.
Дӯстони азиз!
Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки инсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруву захираи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад. Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, бояд коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд ва соҳибмаърифат бошанд, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд, забонҳои хориҷиро мисли забони модарӣ аз бар созанд ва ҳамқадами замон пеш раванд. Вобаста ба ин, соҳаи маорифи мамлакатро зарур аст, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо ба масъалаи рушди ҳамаҷонибаи шахсият ва ба камол расонидани шаҳрванди бошуур эътибори ҷиддӣ зоҳир намояд. Роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки моделҳои гуногуни тарбияи мутахассисонро пайдо ва ҷорӣ намоянд ва низоми таҳсилотро сифатан такмил бахшанд. Дар ин маврид беҳтар ба роҳ мондани фаъолнокии донишҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, татбиқи инноватсия ва илм дар низоми таҳсилот ва истеҳсолот ногузир мебошад. Дар ин зина ҳарчанд ки низоми кредитии таҳсилот ҷорӣ шудааст, вале  ҳоло низ дар бобати пурра татбиқ намудани он дар раванди таълим камбудиҳо ба мушоҳида мерасанд. Аз ин рӯ, роҳбарони соҳаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вазифадоранд, ки бо мақсади суръат бахшидан ба воридшавии меъёрҳои таҳсилоти олии сатҳи байналмилалӣ, вусъати мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон миёни муассисаҳои таълимӣ ва ба рақобати бозори меҳнат омода намудани мутахассисон ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ созанд.
Айни замон зарурати таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии ягона, таҷдиди назар ва муттаҳид намудани баъзе равияву ихтисосҳо, такмили стандартикунонӣ, ҷорӣ кардани талаботи салоҳиятнокии касбӣ ва дар асоси он таҳия кардани нақшаҳои нав аз рӯи ҳар як ихтисос ба миён омада, иҷрои ин тадбирҳо омили ҳарчи зудтар ба фазои таҳсилоти ягонаи ҷаҳонӣ ворид гардидани мактабҳои олии мамлакат мегардад. Ҳарчанд ки мо ҳанӯз панҷ сол пеш «Конвенсия оид ба эътирофи тахассусҳои мансуб ба таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупо» -ро доир ба фаъолиятмандии академӣ ва татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар Брюссел ба имзо расонидаем, вале то ба ҳол ягон донишгоҳи кишвар аз қайди Маркази байналмилалии низоми Болонӣ нагузаштааст ва сертификати байналмилалиро доир ба татбиқи низоми зикршуда соҳиб нашудааст. Инчунин ягон донишгоҳ то ҳол дар асоси талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ рейтинг нагузаронида, дорои сертификати ташкилотҳои рейтингии байналмилалӣ нагардидааст. Чунин вазъ гувоҳӣ медиҳад, ки дар мамлакат низоми нав ва ислоҳот ба сустӣ амалӣ шуда истодаааст. Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки якҷо бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Маркази миллии тестӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҳар сол арзёбии рейтингӣ гузаронида, барои гирифтани сертификатҳои рейтингии байналмилалӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Ҳамчунин хотиррасон месозам, ки вақти ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ кайҳо расидааст. Баъзе муассисаҳои таълимӣ дар ин самт аллакай ба дастовардҳои муайян ноил шудаанд. Аммо ҷараёни татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ дар умум суст буда, дар ин самт ташаббускорӣ миёни мактабҳои олӣ кам ба мушоҳида мерасад. Ин тарзи таҳсил имкон медиҳад, ки бо нигоҳ доштани сифати таълим хароҷоти зиёдатӣ барои як донишҷӯ то 2-3 баробар кам карда шавад ва шахс аз истеҳсолот ҷудо нагардида, аз тариқи интернет соҳиби дониш ва ихтисоси зарурӣ гардад. Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки аз соли 2017 таҳсилоти фосилавиро дар донишгоҳу донишкадаҳо ба роҳ монда, маводи зарурии таълим ва барномаҳои таълими электрониро омода намояд.
Соли гузашта бори нахуст бо мақсади ҳамгироии илмҳои академӣ, соҳавӣ ва донишгоҳӣ, дастгирии таҳқиқоти илмии муштарак, баланд бардоштани сатҳи таҳсилот ва ҳифзи неруи илмиву техникӣ дар назди Вазорати маориф ва илм Шӯрои илм ва инноватсия таъсис дода шуд. Шӯрои мазкур бояд имконият ва заминаи мусоид фароҳам оварад, ки татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи илм ва инноватсия васеъ ба роҳ монда шуда, самтҳои афзалиятноки илми ватанӣ муайян карда шаванд ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ, шаклҳои маблағгузории он ва омода намудани кадрҳои илмӣ танзим гардад. Дар баробари ин, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии илми кишвар барои инкишоф додани илмҳои дақиқ ва техникӣ, ҳамоҳангсозии илмҳои академӣ, соҳавӣ ва донишгоҳӣ, амалӣ намудани сиёсати ягонаи илмиву техникӣ дар қаламрави кишвар масъулият доранд. Яке аз вазифаҳои асосӣ ва стратегии Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба соҳаи илм ва тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ мебошад. Боиси хушнудист, ки имрӯз бо амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” дар муассисаҳои таълимӣ сафи ҷавонони соҳибзавқу эҷодкор афзуда, ҷавонони лаёқатманд ба корҳои илмиву инноватсионӣ бештар ҷалб карда мешаванд ва сифати корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимиву илмии кишвар сол аз сол беҳтар мегардад. Бо ҳамин мақсад, Ҳукумати мамлакат доир ба ҷудо кардани грантҳои хурд барои ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ қарори дахлдор қабул намуд ва он имкон медиҳад, ки ҷавонони лаёқатманд соҳиби грантҳои алоҳида гардида, донишу лаёқати худро ба нафъи ҷомеа ва давлат истифода намоянд. Имрӯз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро низ зарур аст, ки таҷрибаи пешқадамро дар низоми таҳсилот ва рушди илм амалӣ созад ва барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас кӯшиш намояд. Итминон дорам, ки дар миёни ҷавонони донишгоҳ шахсони боистеъдод, навҷӯ ва навовар зиёд буда, баъди ин вохӯрӣ онҳо ҳам омода мегарданд, ки ба хотири расонидани кумак дар рушди иқтисоди миллӣ дастовардҳои хешро пешниҳод намоянд ва ҷиҳати таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ҳиссаи сазовори худро гузоранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар донишгоҳ вазъи таълиму тарбия торафт беҳтар шуда, донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ машғул шуда, соҳиби патенту сертификатҳои навоварона гардидаанд. Бо вуҷуди ин, масъулони донишгоҳ вазифадоранд, ки имкониятҳои мавҷударо ҳарчи пурра истифода карда, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ, бо устодони унвондор таъмин намудани донишгоҳ ва беҳтар ба роҳ мондани фаъ-олияти озмоишгоҳҳо, марказҳои инноватсиониву илмӣ ва таҳкими робита бо истеҳсолот тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм, роҳбарони донишгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Кӯлобро зарур аст, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои моддиву техникии донишгоҳ, рушди илму инноватсия ва тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот мунтазам чораҷӯӣ кунанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар баробари таълим ва рушди илму инноватсия тарбия низ ҳамчун ҷузъи таҳсилот муҳим ва ниҳоят арзишманд мебошад. Зеро мусаллам аст, ки бе тарбияи муваффақона ташаккул додани шахсият ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳ ба тарбияи насли наврас, дар зеҳни наврасону ҷавонон ҷой кардани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба камол расонидани насли ояндаи мамлакат яке аз вазифаҳои муҳими муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва падару модарон ба шумор меравад.  Дар хотир бояд дошт, ки мо танҳо дар сурати баробар инкишоф додани таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти кишвар ба комёбӣ ноил гардида, барои ба воя расонидани шахсиятҳои солиму соҳибмаърифат ва фаъоли ҷомеаи ояндаи худ замина фароҳам меорем. Ҳукумати кишвар дар ин самт якчанд консепсияву барномаҳои давлатӣ қабул карда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”- ро мавриди татбиқ қарор додааст. Бо мақсади татбиқи пурраи муқаррароти ин қонун дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ супориш дода будам, ки дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Ҳоло чунин шуъба таъсис ёфтааст, ки яке аз вазифаҳои асосии он назорати ҷараёни иҷрои қонуни зикршуда мебошад. Вобаста ба ин, Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва шуъбаи зикршудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат вазифадоранд, ки якҷо бо комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо механизми татбиқи қонунро ҳамаҷониба омӯхта, доир ба ин масъала низомномаи дахлдорро таҳия намоянд ва барои тасдиқ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод созанд.
Дӯстони азиз!
Чун имрӯз дарси сулҳ аст, мехоҳам андешаҳои худро доир ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва равандҳои пуртазоди муосир, ки ба амният ва суботу оромии сайёра, аз ҷумла кишвари мо таҳдид мекунанд, мухтасар баён намоям.
Дар чунин марҳалаи ҳассос мо ҳамчун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки шаҳрвандиро паси сар кардааст, бори дигар бо ҷиддият эълон медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар ҷаҳон  ва пуштибони ҳалли мусолиматомези ҳама гуна мухолифату низоъҳо буда, иртиҷоъпарастӣ ва ифротгароиро қатъиян маҳкум менамоем ва бар зидди ҳама гуна аъмоли номатлуб мубориза мебарем. Яке аз зуҳуроти нангину хатарноки ҷаҳони имрӯза гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок, ба қочоқ ё муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст задани онҳо, қонуншиканӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва тақлид ба расму ойин ва тарзи либоспӯшии бегона мебошад, ки наврасону ҷавононро аз асолати миллӣ дур месозанд. Бояд рӯирост иқрор шуд, ки вақтҳои охир дар вилояти Хатлон таъсири манфии зуҳуроти зикршуда реша давонида, ҳамроҳшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, паҳн кардани маводи ифротгароёна, даст задан ба қочоқи маводи мухаддир ва ташвиқи тарзи либоспӯшии бегона мушоҳида мегардад. Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ аз шаҳри Кӯлоб 39 нафар, аз ноҳияи Восеъ 2 нафар, аз ноҳияи Фархор 5 нафар, аз ноҳияи Ҳамадонӣ 4 нафар, аз ноҳияи Шӯрообод 4 нафар, аз ноҳияи Данғара 2 нафар дар амалиёти террористии давлати ба ном исломии Ироқу Шом иштирок карда, қисми зиёдашон ба ҳалокат расидаанд. Ҳоло дар қаламрави давлатҳои Сурия, Ироқ ва баъзе кишварҳои дигар шаҳрвандони беш аз сад давлати дунё ба доми фиреби эмиссарҳои давлати ба ном исломӣ гирифтор шуда, дар амалиёти террористӣ иштирок карда истодаанд. Мо бояд ба мардум, хусусан ба наврасону ҷавонон оқибатҳои даҳшатноки фаъ-олияти ин ниҳоди террористӣ ва умуман қатлу куштори бераҳмонаро бо истифода аз номи ислом фаҳмонем.
Мардуми Тоҷикистон фоҷиаҳои дар оғози солҳои 90-ум рухдода ва мушкилоти сахту сангини ба сари халқи кишвар омадаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва ҳамеша ба қадру қимати сулҳу оромӣ ва амнияту суботи сиёсӣ мерасанд. Мо бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бояд илму дониш омӯзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро азхуд кунанд, барои ободии Ватан кӯшиш намоянд, эҳтироми падару модарон, устодону омӯзгорон ва умуман калонсолонро ба ҷо оранд, зеро аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ин маврид гуфтааст, ки “хизмати бузургон кун, то ба бузургӣ бирасӣ”. Ин донишманди бузург, ки мардуми мо ба шахсият ва осори ӯ эътиқоду ихлоси зиёд доранд, таълиму тарбияи фарзандони солеҳ ва тифоқии оиларо асоси суботи ҷомеа медонад, мақоми падарро дар оила муқаддам ва мартабаи модарро муқаддас мешуморад ва мегӯяд:  “Ризои падар бузургтарин дари биҳишт аст. Агар биҳишт мехоҳӣ, ин дарро муҳофизат намой”.
Амири Ҳамадонӣ ҷойгоҳи модарро азиз ва ҳаққи ӯро аз ҳаққи дигарон бештар медонад ва нақшашро дар тарбия ва шафқату муҳаббат беандоза бузург мешуморад.
Вобаста ба ин, Амири Ҳамадонӣ аз Қуръон, пайғамбар ва пайравони ӯ, уламо ва донишмандони пешин ҳадису ривоятҳои зиёд оварда, онҳоро шарҳу тавзеҳ додааст ва хулосаашро чунин ҷамъбаст кардааст: “Накуӣ бо модар ва падар фозилтар аз намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва умра ва ғазо аст”.
Мутафаккири бузург тарбияи тифлро аз синни хурдӣ муҳим дониста, менависад: “Фарзандонро аз хурдӣ ҳусни ахлоқ таълим кунанд ва ба зинати дунё нафиребанд. Чун тифлро аз аввал бад-ин тартиб тарбият кунанд, вақте ба ҳадди балоғат расад, баракати он ба зоҳиру ботини ӯ зуҳур кунад. Агар ҳамчунин кардӣ, наҷот ёфтӣ ва ҳам халқро наҷот додӣ...”.
Дар баробари ин ҳаққу ҳуқуқи фарзандро муайян намуда, ӯро амонати Ҳақ мешуморад ва тарбияву таълимашро вазифаи муқаддаси падару модар медонад ва дар ин мавзӯъ ривоятҳои зиёд оварда, аз ҷумла таъкид менамояд, ки “ аз ҳама бештар модару падар ва устоду омӯзгор дар савоби фарзандон шарик мебошанд”.
Бори дигар таъкид менамоям, ки ҷавонони мо ҳамчун ворисони чунин шахсиятҳои бузург ҳамеша дар хотир бояд дошта бошанд, ки фазилати итоат ва хизмат ба падару модар, дуои падару модар ва анҷом додани корҳои хайр дар ҳаққи ятимону маъюбон, беморону дармондагон ва муҳтоҷону камбизоатон аз савоби тоату ибодат, намозу рӯза ва ҳатто ҳаҷҷи акбар болову афзалтар мебошад.
Бузургони мо доир ба масъалаи дастгирӣ кардани дармондагону ниёзмандон беҳуда нагуфтаанд, ки:
Як дили ғамзадаро гар зи карам шод кунӣ,
Беҳ зи сад масҷиди одина, ки бунёд кунӣ.

Чунонки иброз доштам, имрӯзҳо дар раставу бозорҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он пӯшидани либоси барои мардуми мо бегона мушоҳида мешавад.
Ҳол он, ки занон ва духтарони ин шаҳри куҳанбунёд  дар қатори ҳазорон нафар ҷавонмардони далеру ғаюри ин диёр ҳамагӣ чанд сол пеш барои ҳимояи ҳокимияти қонунӣ ва тарзи зиндагии дунявӣ қотеона мубориза бурда, як қисмашон дар ин роҳ ҳатто ҷони худро нисор карда буданд.
Гузашта аз ин, мардуми Кӯлоби бостонӣ, аз ҷумла модарону духтарони шарофатманди он аз қадим дар рӯзгордорӣ, либоспӯшӣ ва ҳунармандиву заҳматдӯстӣ намунаи ибрат буданд ва ҳатто дигарон ба онҳо тақлид мекарданд. Аз ин лиҳоз, таъкид месозам, ки бонувони фаъол, ҷавонони соҳибфарҳанг, собиқадорони меҳнат, занону духтарони ватандӯсти вилояти Хатлон ва шаҳри бостонии Кӯлоб бо он ғурур ва эҳтироми бузурге, ки ба арзишҳои миллӣ доранд, бояд мисли ҳарвақта намуна бошанд ва бар зидди таъсири манфии падидаҳои бегона ва умуман бегонапарастиву тақлидкорӣ мубориза баранд. Зеро мо ҳамчун миллати қадима ва дорои суннату анъанаҳои дерина ба тақлидкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба қабули ойину ҷаҳонбинӣ ё мазҳаби дигар умуман муҳтоҷ нестем. Махсус мехоҳам огоҳ созам, ки зоҳирпарастӣ, бегонапарастӣ ва хурофот барои ҷомеа ва давлату миллати куҳанбунёди тоҷик оқибати даҳшатнок доранд, зеро ин зуҳурот ба амнияту суботи мамлакат хатар эҷод мекунанд, пеши роҳи рушди кишварро мегиранд ва боиси бадбахтӣ мегарданд.
Имрӯзҳо тамоми мардуми сайёра аз ҷаҳолати асримиёнагӣ ва кирдорҳои ваҳшиёнаи баъзе ташкилоту гурӯҳҳое, ки бо истифода аз номи ислом содир мекунанд, ба даҳшат омадаанд. Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Маркази исломшиносӣ, Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ходимони дин ва умуман ҳамаи аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки ҷиҳати бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои ҷиддӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар се моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент маълумот манзур намоянд. Таъкид месозам, ки моддаҳои якум ва садуми Конститутсияи бо майлу иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон қабулшуда, аз ҷумла доир ба моҳияти демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир мебошанд. Аз ин рӯ, аҳли зиё, шоирону нависандагон, омӯзгорон, рӯзноманигорон ва фаъолони кишвар ва вилоятро зарур аст, ки барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ахлоқи ҳамида дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва хусусан миёни наврасону ҷавонон чорабиниҳо ташкил намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани воридшавии ҷавонону наврасон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таблиғи эҳсоси ватандӯстӣ, садоқат ба Ватану миллат ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва фарҳанги миллӣ, гиромӣ доштани суннату арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат, аз ҷумла шумо, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони гиромӣ мебошад. Вобаста ба ин, мо вазифадорем, ки андеша ва мафкураи миллиро ҳамчун омили муҳимтарини худогоҳиву худшиносӣ боз ҳам зиёдтар талқин намоем ва онро ба сифати яке аз рукнҳои давлатдорӣ посу гиромӣ дорем. Дар баробари ин, мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ бояд ба арзишҳои неки тамаддуни ҷаҳонӣ арҷ гузорем, нисбат ба мушкилоти инсоният бетараф набошем ва хусусан дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳон саҳми арзанда дошта бошем. Дар ин раванд омӯзиши проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир, огоҳ будан аз низоъ ва бархӯрдҳои минтақа ва сайёра шарти зарурӣ ва омили муҳими дарк кардани ҷараёни таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дуруст эҳсос намудани моҳияти ҳодисоти мунтазам тағйирёбандаи олам ба ҳифзи суботи сиёсӣ дар мамлакат, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва таъмин намудани рушди бонизоми кишвар дар даврони ҷаҳонишавӣ мусоидат менамояд.
Донишҷӯёни муҳтарам!
Даврони донишҷӯӣ на танҳо марҳалаи зебои ҷавонӣ, балки айёми муҳими омӯзиш, азхуд кардани илму дониш, касбу ҳунар ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ба шумор меравад. Таҳсил намудан кори хеле душвор ва заҳматталаб мебошад. Такроран таъкид месозам, ки донишандӯзӣ барои шумо ба сифати сармояи аввалин хизмат мекунад. Аз ин рӯ, ҳар яки шумо бояд даврони ҷавониро ғанимат шуморида, кӯшиш намоед, ки илму донишҳои замонавиро ҳарчи бештар азхуд кунед ва соҳиби касбу ихтисосе шавед, ки тавассути он дар оянда зиндагии худро пеш бурда дар ҷомеа соҳиби мақому обрӯ гардед. Бинобар ин, ман ба ҳамаи ҷавонони мамлакат муроҷиат менамоям, ки ин давраро самаранок истифода бурда, тамоми неруи худро барои азхуд кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созед. Фаромӯш насозед, ки ояндаи ободи Ватани аҷдодиамон ба донишандӯзии имрӯзаи шумо вобастагии амиқ дорад.
Мехоҳам иброз намоям, ки мо дар роҳи озмоиши бузурги таърихӣ - татбиқи ҳадафҳои неку созандаи халқамон, ки омода намудани насли ояндасози давлати миллӣ қисми таркибии он мебошад, қарор дорем. Дар ин роҳи пуршебу фароз, вале боифтихор собитқадамона илму таълим гирифтан, дониш омӯхтан ва дар ободиву бунёдкории Ватани маҳбубамон ҳисса гузоштан вазифаи муқаддаси ҳар як инсони бедордил, ҷавони равшанзамир, омӯзгори матинирода ва кулли шаҳрвандони  бонангу номуси мамлакат ба шумор меравад.
Имрӯзҳо дар тамоми мамлакат тантанаҳои ҷашни пурифтихорамон - Истиқлолияти давлатӣ оғоз шуда, вобаста ба он чорабиниҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд. Омодагии ҳамаҷониба барои истиқболи сазовори 700-солагии алломаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Рӯзи дониш ва сулҳ  ва бо тантана ҷараён доштани тадбирҳои бахшида ба пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Кӯлоб гувоҳи пуштибонии самимонаи сокинони шаҳри Кӯлоб аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишвар мебошанд. Ба хотири дар сатҳи баланд доир кардани ин чорабиниҳои идона дар шаҳри Кӯлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон як қатор иншооти нав бунёд гардида, мардуми сарбаланди вилоят ва шаҳри Кӯлоб дар ободиву пешрафти ин шаҳри бостонӣ ва дигар ноҳияҳои вилоят саҳми арзанда гузошта истодаанд, ки ба ҳар кадоми онҳо самимона изҳори ташаккур менамоям. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои бузурги мардуми шарифи Кӯлобро ҳамеша бо дидаи қадр менигарад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат фидокориву ҷонбозиҳои ҷавонмардони Кӯлобро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Сокинони ин шаҳри бостонӣ ҳамеша дастгиру ҷонибдори сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат буданд ва дилпурона изҳор медорам, ки онҳо дар оянда низ бо ташаббусҳои созанда ва саҳми арзандаи хеш ин сиёсатро самимона ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки мо дар арафаи ҷашни бузурги миллиамон - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки бузургтарин ҷашни миллии мо ба шумор меравад. Бовар дорам, ки мардуми шарифи тоҷик, аз ҷумла сокинони сарбаланду озодидӯсти Кӯлоби бостонӣ, чун ҳарвақта бо азму иродаи матин дастовардҳои истиқлолияти Ватанамонро қадр карда, боз ҳам ғайратмандона кору фаъолият мекунанд ва дар ободиву пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳиссаи муносиби худро мегузоранд. Дар иҷрои ин вазифа ва рисолати пуршараф ба шумо ва ба ҳар як шаҳрванди кишварамон пирӯзиву комёбиҳо орзумандам.
Бори дигар шумо - устодону донишҷӯёни гиромӣ ва ҳамаи ҳамватанони азизамонро ба муносибати бузургдошти 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шудани шаҳри Кӯлоб, 70 – солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи устод Рӯдакӣ, инчунин Рӯзи дониш ва сулҳ табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломативу барори кор орзу менамоям.

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло мехоҳам баъзе андешаҳои худро доир ба вазъи молиявию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, инчунин таъсири он ба иқтисодиёти кишвари мо ва чораҳое, ки аз ҷониби мо бояд дар самти кам кардани таъсири манфии вазъи баамаломада андешида шаванд, баён намоям.
Солҳои охир ва хусусан соли ҷорӣ таъсири вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳонӣ, коҳишёбии суръати рушди иқтисодӣ ва қурби асъори миллии шарикони асосии тиҷоратии кишвари мо, тағйирёбии нархи молу маҳсулоти асосии содиротиву воридотӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакати мо идома дорад.
Ин раванд ба фаъолияти соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда, низоми молия ва бонк, қурби пули миллӣ, ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ ва даромадҳои пулии аҳолӣ таъсири манфии худро расонида истодааст.
Ҳукумати мамлакат барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти ватанӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ  ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамаи  тадбирҳои заруриро мандешад. Вобаста ба ин, ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таъмин намудани  рушди  мусбати  соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ  тамоми кӯшиши худро ба истифодаи васеи имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷудаи кишвар барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя, диверсификатсияи истеҳсолот ва тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона намоянд.
Илова бар ин, бо дарназардошти вобастагии рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат аз тағйирёбии вазъи иқтисодии шарикони асосии тиҷоратӣ истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои давлатӣ ва ҷалбшударо барои татбиқи афзалиятҳои рушд, инчунин иҷрои буҷети давлатии соли 2015, уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллиро таъмин намоянд.
Ҳамзамон бо ин, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки ҷиҳати хароҷоти самараноку сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ кардани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ, исрофкорӣ ва дигар чорабиниҳое, ки дар шароити имрӯза афзалият надоранд, тадбирҳо андешанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат бо истифода аз имкониятҳои воқеии кишвар барои рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, пеш аз ҳама, бо роҳи коркарди ҳарчи пурраи ашёи хоми ватанӣ ва ба ин восита ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар чораҷӯӣ карда шавад.
Ҳоло мо бо мақсади фароҳам овардани шаклҳои пешқадами хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва умуман дар ҳамаи бахшҳои иҷтимоӣ ба раванди рушд ва таъсиси муассисаҳои ҳозиразамони шакли моликияташон гуногун ва таҳкими пояи моддию техникии онҳо суръат бахшида истодаем.
Дар робита ба ин, дар доираи тадбирҳои иловагии Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ кӯшиш ба харҷ додан зарур аст, ки таъсири манфии буҳрон ба соҳаҳои иҷтимоӣ ҳарчи камтар карда шавад. Дар баробари ин, дар шароити бамиёномада ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, кулли хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва мардуми кишварро бори дигар огоҳ месозам, ки ба сарфаю сариштакорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз хароҷоти зиёдатӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ худдорӣ намоянд. Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва гармшавии иқлими сайёра нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ торафт боло рафта истодааст. Вобаста ба ин, мо чанд сол инҷониб мардумро огоҳ карда истодаем, ки ҳар оила бояд захираи на камтар аз дусолаи маводи озуқаро дошта бошад. Ин масъаларо ҳаргиз фаромӯш набояд кард. Хусусан, имсол, ки ҳосили ҳамаи намуди маҳсулоти кишоварзӣ фаровон шуда, нарх дар бозорҳо низ муътадил аст. Зарур аст, ки аз ин имконият ҳар як оила хуб истифода намояд.
Вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо соҳибкорон ва мардум барои ҳарчи бештар таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коргоҳу марказҳои хизматрасонӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, умуман рушди соҳибкории хурду миёна ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ чораҷӯӣ намоянд.
Чунонки ҳамватанони азизи мо медонанд, Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ аз тағйирёбии иқлими сайёра қариб дар ҳамаи фаслҳои сол осеб мебинад. Яъне дар фасли зимистон аз камшавии оби дарёҳо ва захираи об дар обанборҳо ба норасоии шадиди неруи барқ дучор мешавем. Дар фасли баҳору тобистон фаромадани тарма ва омадани сел ба манзилҳои зисти аҳолӣ, соҳаи кишоварзӣ ва иншооти иҷтимоиву коммуникатсионӣ зиёни калон мерасонад.
Чанде пеш бар асари якбора гарм шудани ҳаво ва босуръат об шудани пиряхҳо дар ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чандин ноҳияҳои дигари кишвар офати табиӣ рух дод, ки натиҷаи бевоситаи гармшавии иқлими сайёра аст. Мутаассифона, ин офати табиӣ дар баробари ҳалокати чандин нафар шаҳрвандони мо ба хонаҳои сокинон, заминҳои кишт, инчунин иншооти иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ хисороти зиёди моливу моддӣ расонид. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон зарари моддии ба кишвар расонидашуда қариб як миллиард сомониро ташкил медиҳад ва барои анҷом додани корҳои барқарорсозӣ, аз ҷумла соҳилмустаҳкамкунӣ дар солҳои наздик 3 миллиард сомонӣ лозим мешавад. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст, то ки дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо дар муҳлати кӯтоҳтарин барқарор ва зиндагии муқаррарии мардум таъмин карда шавад. Мехоҳам ба мардуми шарифи Тоҷикистон махсус таъкид намоям, ки имсол эҳтимоли бисёр сард омадани тирамоҳу зимистон мавҷуд аст, зеро тибқи мушоҳидаҳо ва таҷрибаи мардуми калонсоли мо соле, ки тобистонаш бисёр гарм омад, зимистонаш сарду тӯлонӣ мешавад.
Бо мақсади омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода “Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015 -2016” таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати мамлакат тасдиқ шудааст. Вале хотирнишон месозам, ки ҳалли ин масъала танҳо аз сохторҳои давлатӣ вобаста набуда, аз тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ низ вобастагӣ дорад.
Бинобар ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳар як оила бояд ҷиҳати омодагии ҳаматарафа ба тирамоҳу зимистони дарпешистода аз тайёрии хонаву манзили зист сар карда, барои захира кардани маҳсулоти озуқа, маводи сӯхт, тухмӣ ва пурра омода намудани тамоми муассисаву иншооти аҳамияти иҷтимоидошта, дар навбати аввал, мактабу беморхонаҳо, роҳҳо, шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва монанди инҳо чораҳои бетаъхир андешанд.
Бо истифода аз фурсат, таваҷҷуҳи ҳамватанони азиз ва шумо, ҳозирини гиромӣ, аз ҷумла донишҷӯён ва ҷавонони кишварро бори дигар ба масъалаи тарбияи фарзандон, пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб менамоям.
Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон босуръат доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст.
Торафт афзоиш пайдо кардани нуфузи гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурия, Ироқ ва қаламрави баъзе кишварҳои дигар, инчунин ваҳшонияти асримиёнагии онҳо ба масъалаи глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Ҳамроҳ шудани баъзе шаҳрвандони мо ба чунин гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҳар яки моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва вабои аср ҷиддӣ ва дастҷамъона кор кунем ва давлату Ватани худро аз ҳар гуна хатарҳои даҳшатбор эмин нигоҳ дорем. Мо бояд коре кунем, ки ҷавонони мо гирифтори доми фиреби гурӯҳҳои бегонаи манфиатҷӯй нагарданд. Мо ба ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд фаҳмонем, ки онҳо бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки номи дини мубини исломро доғдор месозанд, хуб дарк кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳимояи Ватан аз таҳдиди хатарҳои муосир омода бошанд. Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила, оид ба дин ва танзими расму оинҳо ва анъанаҳои миллӣ, Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, Шӯрои уламои Маркази исломӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои куҳансолонро бори дигар вазифадор месозам, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳли ҷомеа ва хусусан, дар байни ҷавонон пурзӯр намоянд.
Ҳамаи падару модарон, пиронсолон, фаъолони шаҳру деҳот, устодону омӯзгорон ва аҳли зиёро бори дигар даъват менамоям, ки ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва созандагӣ ба камол расонидани онҳо ҷиддӣ муносибат кунанд.
Ҷавонони мо бояд ҳамаи саъю талоши худро ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар равона созанд, то ояндаи сазовори ин Ватан ва ин сарзамини муқаддас, яъне Тоҷикистони азизамон гарданд.
Такроран хотирнишон месозам, ки мо – ҳама хурду бузурги кишвар вазифадорем шукронаи истиқлолият, яъне неъмати бебаҳои тақдирро ба ҷо орем, сулҳу оромӣ ва сарҷамъиву ваҳдати миллиамонро эҳтиёт кунем ва доим дар андешаи ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва беҳтар гардонидани некуаҳволии халқи азизамон бошем.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.09.2015    №: 178    Мутолиа карданд: 1703

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед