logo

ҳуқуқ

ОГОҲИНОМА ОИД БА ҚАТЪ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ҷумҳуриявӣ сабти ном гашта, тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» уҳдадор аст, ки талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.
Бо вуҷуди ин, Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон вақтҳои охир ба қонуншиканиҳои пайдарҳам роҳ дода истодааст.
1. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон оид ба қатъи фаъолият дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардидаанд, ки нусхаи аслии он ба Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ирсол карда шудаанд. Аъзоёни ҳизб бо хоҳиши худ аъзогии хешро дар Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон қатъ кардаанд.
Дар маҷмӯъ, ба вазорат 76 санаду протоколи сохторҳои ибтидоии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти онҳо дастрас гардидааст, ки дар ин бора тавассути васоити ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ маълумоти муфассал интишор гардидааст.
Бо вуҷуди ин, Раёсати Олии ҳизб ин санадҳоро бар хилофи банди 2.4 Оинномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бе баррасӣ мондааст.
Ба эътибор нагирифтани санадҳои мазкур ва аз ҷониби роҳбарияти ҳизб эҷод кардани монеа дар татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ифодаи иродаи сиёсии онҳо, ки собиқ аъзоёни ҳизб буданд, бар хилофи талаботҳои моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Амали мазкур, инчунин ба талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки тибқи он узвият дар ҳизб танҳо дар асоси майли ихтиёрии шаҳрванд сурат мегирад, низ зид мебошад.
Ҳамин тариқ, аз ҷониби Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дидаю дониста бе баррасӣ мондани қарорҳои сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва аризаи аъзоёни ҳизб оид ба қатъ гардидани аъзогиашон дар ҳизб хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва Оинномаи ҳизб мебошад.
2. Ба масъалаи қатъи фаъолияти сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон қонуншикании дигари ҳизб алоқамандии бевосита дорад.
Мувофиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дар ҷумҳурӣ танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда метавонанд. Тибқи банди 1.1 Оинномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳизб ҷумҳуриявӣ буда, он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Қонун талаботи дигареро низ муақаррар менамояд, ки тибқи он ҳизби сиёсӣ дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо ташкилоти ибтидоӣ бояд дошта бошад.
Бо назардошти қарорҳои қайд-гардидаи сохторҳои маҳаллии ҳизб оид ба қатъ намудани фаъолияташон Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба талаботи моддаи 3 қонуни мазкур ҷавобгӯ нест.
Дар ин сурат даъвати анҷуман аз ҷониби Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ғайриқонунӣ мебошад, зеро аксарияти кулли сохторҳои ҳизб фаъолияти хешро қатъ гардониданд ва намояндагии аъзоёни ҳизб аз аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ғайриимкон мебошад.
Гузашта аз ин, қатъи фаъолияти сохторҳои маҳаллии ҳизб дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо баргузории конфронсҳои ҳизбро бо мақсади интихоби вакилон ба анҷумани Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро истисно менамояд.
Дар чунин шароит баргузории анҷумани Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мухолифи қонунҳои дар боло зикргардида ва Оинномаи ҳизб буда, оқибатҳои ҳуқуқиро ба бор намеорад.
3. Санаи 26 августи соли ҷорӣ бо имзои муовини аввали ҳизб ба Вазорати адлия мактуб оид ба иваз гардидани суроғаи ҳизб ворид шуд.
Бояд қайд намуд, ки мутобиқи қисми дуюми моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва банди 10 Оиномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон маҳали ҷойгиршавии ҳизб муқаррароти оинномавӣ мебошад. Мутаносибан, барои тағйир додани муқаррароти оинномавӣ ба Оинномаи ҳизб бояд тағйирот ворид карда шавад.
Мутобиқи банди 4.5. Оинномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон салоҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҳизб ба ваколати Анҷуман мансуб мебошад.
4. Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба сифати ҳизби характери динидошта эътироф мегардад, лекин он ташкилоти динӣ набуда, ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти диниро надорад.
Вале ҳизб ба қонуншиканӣ дар ин самт роҳ дода, ғайриқонунӣ расму оин ва маросимҳои динӣ, таблиғоти оммавии диниро анҷом медиҳад, ки боиси чораҳои эътиноии Вазорати адлия ва мақомоти давлатӣ гашта буд.
Бо вуҷуди ин, Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон фаъолияти хешро дар ин самт идома дода истодааст. Ҳам дар нашрияҳои ҳизбӣ ва ҳам дар чорабиниҳои хеш бевосита ба тарғибу таблиғоти динӣ машғул шуда, бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон дар баргузории маросимҳои динӣ, адои тоату ибодат, расму оинҳо, хондани намозро амалӣ намуда истодааст. Машғул шудан ба тарғиботи динӣ ва дар шакли дигар давом додани фаъолияти Академияи исломӣ, ки нисбати он вазорат эътино зоҳир намуда буд, аз ҷониби ҳизб идома дорад. Мисол, маводҳои чопӣ дар нашрияи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон «Наҷот» № 43 (813) аз 23.10 с.2014, № 51 (821) 16.12 с.2014, № 14 (836) аз 02.04 с.2015, № 16 (838) аз 16.04 с.2015 ва ғайра шаҳодати он мебошанд.
Мутобиқи қисми 9 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳуқуқи таблиғотии оммавии диниро танҳо иттиҳодияҳои динӣ доранд.
Тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мақсади асосии ҳизби сиёсӣ иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон мебошад.
Дар ин самт шабоҳати Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо ташкилоти динӣ ғайриқонунӣ мебошад, зеро мақсадҳои ташкилоти динӣ аз ҳизби сиёсӣ тафовут доранд. Аммо ҳизб бо ҳар роҳу усул дар фаъолияти хеш дар самти ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон аз дини ислом истифода намуда, шаҳрвандонро оид ба вазъи ҳуқуқии хеш ба гумроҳӣ мебарад.
Бо назардошти қайдҳои боло ва мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон  огоҳ карда мешавад:
1. Фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро, ки дар вайрон кардани талаботҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Оинномаи ҳизб зоҳир мегардад, қатъ намояд.
2. Огоҳиномаи мазкурро дар муҳлати 10 (даҳ) рӯз баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ ахборот диҳед.
3. Дар сурати иҷро нагардидани талаботи огоҳиномаи мазкур нисбат ба ҳизб чораҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ » андешида мешаванд.

Рустам ШОҲМУРОД,
 вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 № 10-10-415, аз 28. 08. 2015.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.09.2015    №: 179    Мутолиа карданд: 685

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед