logo

барқияҳо

БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА ИСЛОМ КАРИМОВ

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,
Бо хушҳолии бузург ба Шумо ва ба тамоми мардуми Ӯзбекистон ба муносибати солгарди иди миллии кишваратон - Рӯзи истиқлолият табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худ-ро ирсол медорам.
Мардумони моро риштаҳои қавии дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муттаҳид намуда, робитаҳои таърихан таркибёфтаи маънавию фарҳангие ба ҳам мепайванданд, ки барои рушди муваффақонаи муколамаи байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ заминаи боэътимод бояд бошанд.
Тоҷикистон ба рушди бемайлони ҳамкории бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳамияти бузург медиҳад ва барои рушди минбаъда ва пурмуҳтаво намудани мундариҷаи он талош меварзад. Дар солҳои охир афзалият пайдо кардани ҷараёни нек дар муносибатҳои дуҷониба барои рушди минбаъдаи ин муносибатҳо заминаи хуб мегузорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам, қарори қатъии моро барои истифодаи ҳамаи имкониятҳо баҳри рушди минбаъда ва тақвият бахшидан ба муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилаи миёни ҳарду давлат таъкид кунам. Омода ҳастам, ки якҷоя бо Шумо ҷидду ҷаҳди ҳарчи бештари худро баҳри устувор кардан ва тақвият бахшидан ба анъанаҳои чандинасраи дӯстии миёни халқҳоямон ва ёрии ҳамдигарӣ истифода барам.
Ба Шумо, муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, саломатии қавӣ, саодати зиндагӣ ва муваффақиятҳои нав ба нав дар пешрафти кишвари Ӯзбекистон ва ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳу рафоҳат таманно дорам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.09.2015    №: 179    Мутолиа карданд: 5695
28.01.2021


 БОЗЁФТИ ЯКЕ АЗ ҚАДИМТАРИН СИККАҲОИ ҶАҲОН

 ТАҒЙИРЁБИИ ПИРЯХҲО

 «КУЛЛИЁТ» - И НАВИ САДРИДДИН АЙНӢ ЧОП МЕШАВАД

 15 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ОЗМУНИ “BRICMATH-2020”

 “МЕДИАДОНО” БАРОИ НАВРАСОН. АКНУН ДАР ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ

 ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО ВА ҶОМИ КФО "ИСТИҚЛОЛ", "РАВШАН" ВА "ХУҶАНД" БО КАДОМ ДАСТАҲО НЕРУ МЕСАНҶАНД?

 БОКС: АСРОР ВОҲИДОВ – СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBO

 ТОМАС ТУХЕЛ – САРМУРРАБИИ  "ЧЕЛСИ"

 БАЙДЕН ВА ПУТИН ДАР БОРАИ ИРТИБОТИ ПАЙВАСТАИ МИНБАЪДА БА МУВОФИҚА ОМАДАНД

 САРВАРИ ДИПЛОМАТИЯИ ИА ЖОЗЕП БОРРЕЛ ОЗИМИ МОСКВА МЕШАВАД

 ЭҲТИМОЛИ ЭЪЛОНИ СЕЮМИН КАРАНТИН ДАР ФРАНСИЯ

 ДОРУИ НАВИ COVID ЁФТ ШУД, КИ АЗ РЕМДЕСИВИР 30 МАРОТИБА МУФИДТАР АСТ

 ДАР МОСКВА  БА ОЗМОИШИ ДРОН-ТАКСИ ШУРӮЪ НАМУДАНД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед