logo

сафарҳо

Се рӯзи тирамоҳ дар Рашту Тоҷикобод ва Ҷиргатолу Тавилдара

Сафари серӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт бо натиҷаҳои басо пурарзиш баҳри таъмини рушду нумӯи минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ин минтақа ва возеҳ аён гаштани меҳру муҳаббати беандозаи мардум ба Сардору раҳнамои давлатамон 4 октябр ба поён расид.
Бояд  таъкид  кард, ки эҳтиёҷоти  аҳолии  деҳот,  пеш  аз  ҳама  деҳоти  кӯҳистон  пайваста  зери назар  ва  ғамхории  Сардори  давлат Эмомалӣ  Раҳмон  қарор  дорад. Ин  кор,  хусусан  дар  шароити  солҳои охир, ки  болоравии   нархи   сӯзишворӣ ва  маводи  ғизоӣ  дар  бозори  ҷаҳонӣ  таъсири  худро  ба  рӯзгори   ҳар  як сокини   кишвари мо   низ  расонидааст,  аҳамияти  хоса  касб  мекунад.
Дар  фурудгоҳи  ноҳияи Рашт     Сардору   раҳнамои   давлат Эмомалӣ  Раҳмонро роҳбарият ва  намояндагони  аҳли  ҷамоаи  ноҳия бо эҳтирому   самимият ва  шукргузории  хоса  истиқбол  гирифтанд.
Дар  хоҷагии  деҳқонии  Манзар  Шарифи ноҳияи  Рашт  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ва  пирони  рӯзгордидаи  деҳа  бо  дуою  фотиҳаи  нек  ба  замин  нахустин   донаҳои  умедро  кошта,   ба кишти  тирамоҳии   гандум дар ин  хоҷагӣ   оғози  расмӣ  бахшиданд.
Шиносоӣ  бо   рафти  сохтмони   бинои  филиали  Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба  номи С. Айнӣ  дар  ноҳияи  Рашт    яке  аз  ҳадафҳои  муҳими  боздиди  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  аз   ин  ноҳия  буд, зеро  ба  кор  даромадани  он  дар  бартараф  намудани норасоии  омӯзгорон дар ин  минтақа  аҳамияти  калон  дорад. Ин  яке аз  мушкилоти  асосӣ  дар  мактабҳои таҳсилоти  умумӣ,  хусусан  дар  деҳоти  кӯҳистон  ба  шумор  меравад.
Сардори   давлат  Эмомалӣ  Раҳмон   зимни  шиносоӣ  барои   бо суръату   сифати  баланд  анҷом  додани   сохтмон  ва таҷҳизонидани   бинои  таълимӣ   ба  шахсони  масъул   супоришҳои  мушаххас  дод.  Аз ҷумла,  дастур  дода шуд, ки  ин  иншоот  то моҳи  сентябри соли  оянда,  яъне  як  сол  пеш  аз  мӯҳлат  ба  истифода  дода шавад.
Боздиди   Сардори  давлат Эмомалӣ  Раҳмон  аз мактаби  таҳсилоти  умумии  рақами  1 – и  Ҷамоати  деҳоти Ғарм  гувоҳи   ғамхории  пайвастаи   Роҳбари  давлат  ба таълиму  тарбияи  дурусти  насли  наврас  мебошад.
Зимни  сӯҳбатҳо дар  мактаб  зикр  гардид, ки  имсол  аз 55  дастпарвари  он 24  нафар   ба  мактабҳои олии  кишвар  дохил  шуд, яъне қариб 50 дар сади хатмкунандагонаш.
Дар  ҷараёни  сӯҳбатҳои  фораму  дилнишин  бо  хонандагони  мактаб  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон аз  ширинзабонии  хурдсолон  ҳаловат  бурда,  ҳамаи  муҳассилинро  ба  хониши  хубу  аъло  ва аз  бар  кардани  илмҳои замона  ҳидоят  намуд ва    ба  омӯзгорони  мактаб барои  таъмини савияи   хуби  дониши   муҳассилин арзи  сипос  кард.
Бо  иштироки   Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   шӯъбаи  минтақавии  бемориҳои   дили  бемористони  марказии  ноҳияи  Рашт  расман  ба  истифода  дода шуд. Зимни  шиносоӣ   маълум  шуд, ки   ин  бино  дар  муддати  кӯтоҳ  бо  дастгирии молиявии   Сардори  давлат  сохта ва бо  техникаю  таҷҳизоти  нави  ташхис  ва  муоинаю  муолиҷаи бемориҳои  дил  таъмин  карда шудааст.
Дар   хоҷагии  деҳқонии  «Наимӣ» - и  Ҷамоати  деҳоти  Навдеҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон    шоҳиди  ҳосили  фаровони  картошка  шуд.  Деҳқонони  хоҷагӣ  ният  доранд, ки  аз ҳар  гектар  420 - сентнерӣ  ҳосил  гиранд.
Дар чойхонаи  «Болои об» - и  маркази ноҳияи Рашт Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо  шумораи  зиёди  намояндагони аҳли ҷамоа ва собиқадорони  ҷангу меҳнат,  ки  имрӯз  ҳам  сарфи  назар  аз  пирию   барҷомондагӣ  дар  таълиму  тарбияи  насли  наврас  нақши  намоён  мегузоранд,  сӯҳбати   гуворою  дилнишин   орост.
Байни  онҳо  роҷеъ  ба  мавзӯъҳои   гуногуни  ҳаёти  ҷомеа,  аз  ҷумла, ҷараёни татбиқи  дастуру  супоришҳо  ва  ҳидоятҳои   Сардори  давлат   барои  истифодаи  пурсамар   аз  ҳар  ваҷаб  замини  корам  ва рӯёнидани   ҳосили  фаровони  зироат,  танзими  анъана  ва  расму оинҳои  серхароҷот,  инчунин  дар  бораи   натиҷаҳои  сафари  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  ба  шаҳри  Нию – Йорки  ИМА, ки   баҳри  болобарии  нуфузу  эътибори  давлати  мо  дар  арсаи  ҷаҳонӣ  нақши  муҳим  гузошт,  сӯҳбатҳои  ҷолибу  хотирмон   сурат  гирифт.
Бегоҳии ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  ҳазорон нафар намояндагони аҳли  ҷамоаи ноҳия  баргузор гашт.
Ба дидори Сардори давлат дар ин ҷо беш аз 7 ҳазор кас аз марказ ва деҳоти дурдасти ноҳия  ҷамъ омада буд. Шумораи зиёди касоне, ки дар варзишгоҳ  барояшон  ҷой нарасид, суханронии Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмонро аз мониторҳои дар атрофи варзишгоҳ  гузошташуда тамошо карданд.
Дар охири суханронӣ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳияи Рашт мужда расонд, ки имрӯз ба онҳо ба муносибати иди саиди Фитр 8 трактори МТЗ - 82 бо 8 испор, 9 автобуси мусофирбар, 6 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва 70 компютер барои мактабҳо тӯҳфа карда мешавад. Таъкид гардид, ки  ҳамаи он аз  ҳисоби Фонди  ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон харидорӣ шудаанд. Хотиррасон бояд кард, ки муассиси Фонди  ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Субҳи 3-юми октябр Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон аз  ноҳияи  Рашт   ба  ноҳияи  Тоҷикобод   ташриф  овард.
Истиқболи  басо  самимӣ  ва  меҳру  муҳаббати  зоҳирнамудаи  мардум  аз  ҷониби   худи   онҳо чун  шукргузорию  қадрдонӣ  ба  сиёсати  сулҳофарӣ,  ободонию  созандагӣ  ва  мардумпарварии  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  маънидод  мегардад.
Боздиди   Сардори  давлат Эмомалӣ  Раҳмон  аз  ноҳияи  Тоҷикобод  дар Ҷамоати  деҳоти Нӯшор бо иштирок дар маросими тантанавии     шурӯи  корҳои  марҳилаи   сеюми  азнавсозии   роҳи  Душанбе – Нуробод – Рашт – Ҷиргатол – Саритош   оғоз ёфт. Аз  ҷумла,  зикр  гардид, ки   дар  чаҳорчӯби   татбиқи  ин  лоиҳаи  инвеститсионӣ  бо  харҷи 490 миллион  сомонӣ   азнавсозии 265  км  роҳи  байналмилалии  Душанбе – Саритош, 137  км  роҳҳои  маҳаллӣ,  сохтмони  19  пули  нав  ва  таҷдиди  20  пули  мавҷуда  анҷом   дода  мешавад.
Айни  ҳол  марҳилаи   якуми  он  пурра  анҷом  ёфта,  марҳилаи  дуюмаш  дар  масофаи  то ноҳияи  Тоҷикобод  бо суръат  ва  сифати  баланд  идома   дорад. Дар  марҳилаи  сеюми он  дар  ҳудуди  ноҳияҳои  Тоҷикободу Ҷиргатол  бо  харҷи  262 миллион  сомонӣ  азнавсозии  114 км  роҳ,  9  пули   мавҷуда  ва  сохтмони  3  пули  нав  дар  нақша аст. Дар  давраи татбиқи  марҳилаи  сеюми  ин  лоиҳа  500 нафар  бо  ҷои  кор таъмин  мешавад, ки 200 нафараш аз аҳолии маҳал аст. Дар  марҳилаи  дуюми  он  айни  ҳол  270   нафар  машғули  кор  мебошад, ки 100 нафараш шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Зимни боздид аз  заминҳои картошка дар  қитъаи  замини   навъсанҷии Академияи кишоварзии Тоҷикистон зикр гардид, ки имсол дар ноҳия бояд 27-28 ҳазор тонна ҳосил ба даст ояд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар заминҳои водии Рашт ҳосили картошка бояд аз 400-сентнерӣ аз гектар кам набошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод якҷоя солҳои пеш ҳеҷ гоҳ аз 33 ҳазор тонна картошка зиёд истеҳсол нашуда буд. Имсол деҳқонони ду ноҳияи мазкур умед доранд, ки 62-63 ҳазор тонна картошка ба даст оранд. Умуман ҳосили фаровони картошка ва мева, аз ҷумла себу нок, зардолу ва чормағз боиси хушҳоливу қаноатмандии мардум гаштааст.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ анвои гуногуни меваю сабзавот, себ, нок, чормағз, картошка, пиёз, сабзӣ, аз ҷумла навъҳои селексионии олимони тоҷик, ки ҳосилнокии баланд доранд, ба маъраз гузошта шуда буданд.
Бо қаноатмадӣ зикр гардид, ки солҳои охир бо маслиҳату ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои водии Рашт шумораи занбӯриасалпарварон ва истеҳсоли асал хеле афзудааст.
Зимни шиносоӣ бо маҳсули  меҳнати кишоварзони ноҳия Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  баҳри  рушди   минбаъдаи  боғдорию  ниҳолпарварӣ,  картошкапарварӣ,  парвариши  занбӯри  асал,  чорводорӣ ва  ғайра  ба  масъулин   супоришҳои  мушаххас   дод.
Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон   дар  маркази  ноҳияи  Тоҷикобод  мулоқотҳои  судбахш бо  намояндагони сершумори аҳли ҷамоаи он доир   намуда, сӯҳбатҳои озоду самимӣ орост.
Ба  муносибати  иди саиди Фитр  ба  мардуми  ноҳияи  Тоҷикобод аз  ҳисоби  Фонди  ҷамъиятии  хайрияи Тоҷикистон бо қарори муассиси он Эмомалӣ Раҳмон 5 трактори  МТЗ – 80 бо 5 испор, 8 автобуси  мусофирбар,  5 мошини ёрии таъҷилӣ ва 65    компютеру  11 принтер барои  мактабҳои  таҳсилоти  ҳамагонӣ тӯҳфа  карда шуд.
Дар  маркази  ноҳияи  Тоҷикобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар  маросимҳои  тантанавии  ба  истифода   супурдани  бинои  нави  шӯъбаи  ноҳиявии «Тоҷиксуғурта»  ва бинои   нави  маъмурии  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатии  ноҳия  иштирок   намуд ва аз  Маркази  навбунёди фарҳангии  ҷавонон  дидан  кард.
Дар назди ин марказ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 7 ҷуфти оилаҳои ҷавон, ки дар арафаи ин ташриф хонадор шудаанд, яктоӣ телевизор тӯҳфа намуд.
Дар толори бозиҳои варзишии Маркази ҷавонон Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгардухтари ҷавоне шашкабозӣ кард, ки дар хотири ӯ ва дӯстонаш нақши доимии гуворо мегузорад.
Нимаи  дуюми   рӯз  сафари  кории Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон дар  ноҳияи Ҷиргатол идома  ёфт.
Дар шаҳраки  Ваҳдат,  ки  маркази  ноҳияи Ҷиргатол  аст,  бо иштироки  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон   бозори  «Баракат»,  як маркази  савдо ва  бинои  маъмурии  нави  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии ноҳия  расман   ба  истифода  супурда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба як қисми ҳарбии сарҳадбонии дар ноҳияи Ҷиргатол воқеъгашта, ташриф оварда,  ба ҳайати шахсии он  дар фазои тантанавӣ парчами ҳарбӣ тақдим намуд. Таъкид гардид, ки имрӯз бори нахуст  ва нахустин  парчами ҳарбӣ ба қисми ҳарбии сарҳадбонӣ супурда шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин баҳри боз ҳам беҳтар намудани таъминоти моддии сарбозон ва ғамхорӣ ба муҳофизони Ватан  супоришҳои мушаххас дода,  ҳайати шахсии қисми ҳарбиро  ба баланд бардоштани омодагӣ ва хизмати содиқона  ба халқу Ватан  ҳидоят намуд.
Дар  маркази  ноҳия  Сардори  давлат Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи дастовардҳои  соҳаи кишоварзӣ ва  маҳсули  ҳунарҳои мардумӣ  дидан  карда, баҳри таъмини  рушди  бонизоми  тамоми  соҳаҳои   хоҷагии  халқи   ноҳия,  аз  ҷумла  зиёд  кардани  саршумори  қутос  ва  дигар   намудҳои чорво, ривоҷ додани  корҳои  тухмипарварӣ,  зиёд  намудани  майдони кишти  картошка  аз  ҳисоби  заминҳои  нави  обёришуда,  идома   додани  шодобнамоии заминҳои ташналаб ва  афзоиш додани ҳаҷми қарздиҳии  хурд  ба  соҳибкорони  деҳот  дастуру  супоришҳои  қатъӣ  дод.
Дар намоишгоҳ ду кадуи бузургҳаҷм ба назар расид, ки вазнашон аз 60 кг зиёд буд. Деҳқони пиронсоле, ки онро рӯёндааст, вазни як кадуро ба 95 кг расонда, аз рекорди Гиннес гузаштанӣ аст. Ба гуфти ӯ калонтарин каду дар китоби Гиннес бо вазни 92 кг ба қайд гирифта шудааст.
Бегоҳии рӯз Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо мардуми сершумори он  мулоқоту сӯҳбатҳои дилнишин анҷом дод.
Ба мардуми ноҳия аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон, ки муассисаш Эмомалӣ Раҳмон аст, 8 трактор бо 8 испор, 9 автобуси мусофирбар, 5 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва 90 компютер барои мактабҳо  тӯҳфа карда шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мужда расонд, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони  беморхонаи нави марказии ноҳияи Ҷиргатол  ва таъмири роҳҳои шаҳраки Ваҳдат дар соли равон 1 миллион сомонӣ ва дар соли оянда 1,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Мулоқоти  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми ноҳияи Ҷиргатол бо консерти бошукӯҳи устодони санъат ба поён расид.
Субҳи барвақти 4 октябр Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мавзеи Қарамиқи ноҳияи Ҷиргатол, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аст, ташриф овард.
Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти азнавсозии қитъаи 8 километраи роҳи Душанбе-Саритош, ки мавзеи аз ҳама вазнину мушкилгузари он ба шумор меравад, шинос шуд.
Зимни шиносоӣ аён гардид, ки паҳнсозию тахту ҳамвор кардани роҳ ва сангфарш намудани он сарфи назар аз сардии сахти зимистони ин ҷо то моҳи апрели соли оянда  ба итмом мерасад, зеро кор ба таври  шаборӯзӣ ба роҳ монда шудааст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки мумфаршсозию анҷоми пурраи он низ соли оянда таъмин карда шавад.
Ба иттилои роҳсозон аз бориши барфи зиёд, лағжиши замин ва тармафароӣ дар ҳамин мавзеъ 3 булдозери бузургҳаҷми роҳсозӣ ба қаъри дараи азим сарозер рафтааст.
Зимни боздид аз дидбонгоҳи сарҳадии хадамоти гумрук, зикр гардид, ки айни ҳол аз ин роҳ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳар рӯз 15-20 мошини хурду калон мегузарад. «Дар зимистон, агар ағбаи Кулма баста шавад, аз ин ҷо дар як рӯз то 40-50 мошин убур мекунад, асосан мошинҳои байни Чину Тоҷикистон рафтуокунанда», - иттилоъ доданд кормандони гумрук.
Дар хоҷагии  давлатии Қизилсуи ноҳияи Ҷиргатол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои кишти картошка дидан карда, бо деҳқонон ва сокинони деҳоти атроф сӯҳбатҳои судманд анҷом дод.
Картошкапарварон иттилоъ доданд, ки имсол, аз сабаби нарасидани техника дар  майдони 120 гектар картошка кишт намуданд. Солҳои пеш дар 300 гектар кишт мекардаанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ба ин хоҷагӣ 4 трактори нав дода шавад ва ба картошкапарварони он дастур дод, ки соли оянда дар 500 гектар картошка кишт кунанд.
«Бо амалӣ шудани ин супориш барои 700 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё мегарданд», - таъкид намуд Сардори давлат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки дар давоми 5 соли оянда майдонҳои кишти картошкаро аз 2 ҳазор гектари имрӯза ба 4,5 ҳазор гектар ва истеҳсоли солонаи он дар ноҳия ба 100 ҳазор тонна расонда шавад.
Деҳқонон ва мардуми хоҷагӣ аз ташрифи 5-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба диёри худ изҳори сарфарозӣ карда, қавл доданд, ки тамоми супоришу ҳидоятҳои ӯро дар амал татбиқ мекунанд, зеро, ба андешаи онҳо, имкону захираҳо барои ин мавҷуд аст.
Аз  ин  ҷо  Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тавилдара ташриф оварда, нахуст оромгоҳи ҳазрати Бурхи Валиро зиёрат намуд. Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати хамроҳи ӯ дар сари манзили охирати ин азизи Худованд баҳри ободию пешрафти Тоҷикистон ва таъмини зиндагии саодатманди мардуми он дуою фотиҳаи накӯ карданд.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳия ташриф овард. Дар фурудгоҳ ҳангоми шеърхонии хонандаи синфи 2-юм Шарифбеки Муродалӣ иттилоъ доданд, ки 8 сол пеш - 15 сентябри соли 2000 Сардори давлат бо ҳамин писарбача, ки ҳамагӣ 9-моҳа буд, расми хотиравӣ гирифта буд.
Дар маркази ноҳияи Тавилдара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо роҳбарият ва аҳли ҷамоаи он вохӯрӣ намуда, баҳри истифодаи пурсамари заминҳои корам, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, васеъ намудани майдони кишти картошка ва бунёди боғҳо, вусъат додани парвариши занбӯри асал ва зиёд намудани саршумор ва хушзот кардани чорво ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Аз ҷумла дастур дода шуд, ки соли оянда дар 100 га боғҳои нав бунёд карда шаванд. Худи ҳамин сол шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 7,5 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 366 тонна расонда шавад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар солҳои наздик дар ноҳия боз 2,5 ҳазор гектар заминҳои нав аз худ карда шуда, имсол ва соли оянда барои тармими роҳҳои дохилии он 2,5 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешавад.
Ба мардуми ноҳия аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон, ки муассисаш Эмомалӣ Раҳмон аст, 5 трактор бо 5 испор, 4  мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, 6 автобуси мусофиркаш ва 30 компютер барои мактабҳо тӯҳфа карда шуд.
Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ноҳия сӯҳбати озоду ошкоро сурат гирифт, ки гувоҳӣ аз меҳру муҳаббати беандозаи онҳо ба роҳбару раҳнамои давлату миллати тоҷик аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан карда, эътимод пайдо намуд, ки аҳли заҳмати он сарфи назар аз оқибатҳои зимистони шадиди гузашта ва камборишии баҳори имсола аз аксари намудҳои зироат ва меваҷот ҳосили хуб ба даст овардаанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии воқеъ дар ин ноҳия ташриф оварда, бо тарбиятгирандагони он сӯҳбатҳои падарона анҷом дод. Зикр гардид, ки аз 120 мактаббача  30 нафараш падару модар надорад, боқимонда аз якеи волидони худ маҳрум гашта ё аз оилаҳои камбизоат мебошад. Барои 38 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва роҳдур дар хобгоҳи навбунёди он шароити хуби зист ва дарстайёркунӣ омода гаштааст. Хобгоҳи онҳо катҳои нарму форами хоб, ҳаммом, ҷойи дастурӯшӯйӣ, оби гарму хунук ва тамоми шароити муосири будубошро доро мебошад.
Зикр гардид, ки  ба тарбиятгирандагони он пайваста аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон ва дигар саховатмандон кӯмакҳои моддӣ расонда мешаванд.
Дар маркази ноҳия бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали БДА «Амонатбонк» дар фазои тантанавӣ ба фаъолият пардохт.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти он ва дигар бонкҳои саҳомии кишвар, аз ҷумла Ориёнбонк дастур дод, ки шумораи мизоҷони қарзгир ва ҳаҷми қарзҳои хурдро ба соҳибкорони деҳоти ноҳия зиёд намуда, ба рушду нумӯи иҷтимоию иқтисодии ин гӯшаи дурдасти кӯҳистон мусоидат намоянд.
Сафари серӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба гурӯҳи ноҳияҳои  Рашт бо натиҷаҳои пурарзиш ва аён шудани меҳру муҳаббати беандозаи мардуми минтақа ба Сардори давлатамон ба поён расид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 703

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед