logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, шаҳри Душанбе, 5 сентябри соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Ҳозирони гиромӣ!
Нахуст аз ҳама, кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо, ҳозирони арҷмандро ба муносибати таҷлили 700 – солагии шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалӣ оид ба шинохти шахсият ва мақому мартабаи ин орифи равшанзамир самимона табрик намуда, ҳузури олимону донишмандонеро, ки бо мақсади ширкат дар ин ҳамоиши илмӣ аз дуру наздик ба кишвари мо ташриф овардаанд, хайрамақдам мегӯям.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо осори гаронбаҳои худ, ки асоси онҳоро дарки дурусти масъалаҳои фалсафию ҳикмат ва ахлоқу адаб ташкил медиҳанд, дар тамаддуни Шарқ мақоми барҷаста дорад. Вай, пеш аз ҳама, мақому манзалати инсонро ҳамаҷониба таҳқиқ карда, нақши ӯро дар ташаккул ва густариши амалҳои солеҳу созанда басо пурарзиш донистааст.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо кӯшиши зиёди падари бузургвораш, ки яке аз шахсони бонуфуз ва соҳибмаърифати замон ба ҳисоб мерафт, аз овони хурдӣ ба омӯхтани Қуръон, илмҳои сарфу наҳв, шариат, калом, ҳикмат, ҳисоб, риёзӣ ва қироат машғул шуда, аз бузургтарин уламо ва донишмандони давр сабақ гирифтааст ва соҳиби донишу фазилат ва ҷаҳонбинии васеъ гардидааст.
Ҳамин дониши васеъ ба ӯ имкон додааст, ки дар давоми умри бобаракати худ аз рӯи баъзе сарчашмаҳо 70 ва тибқи ахбори дигар 146 рисолаи хурду бузурги фалсавию адабӣ таълиф намояд, ки ба масъалаҳои муҳими фалсафӣ, тасаввуф, ҷараёнҳои он ва дигар масъалаҳои арзишманди ахлоқиву маънавӣ бахшида шудаанд.
Донишу маърифати пурвусъати Амири Ҳамадонӣ номи ӯро дар як давраи кӯтоҳ шуҳратёр намуд ва ақидаҳои вай дар тамоми қаламрави Эрон, як қисми Ҳиндустон, Покистон ва Арабистон паҳн гардида, дар ин кишварҳо мактабҳои бузурги пайравони ӯ таъсис ёфтанд.
Шогирдону тарафдорони ин орифи покзамир биниши назарӣ ва ақидаҳои ирфонии ӯро такмил дода, мақом ва номи ӯро боз ҳам машҳуртар гардонидаанд.
Шуҳрат ва мақоми бузурги Ҳамадонӣ Хуросону Мовароуннаҳрро низ фаро гирифта, баъди мусофираташ ба Машҳаду Ҳирот, Балх ва Хатлону Бадахшон дар ин ҷойҳо дилбохтагону муридон ва ҳамсафони зиёде пайдо менамояд.
Амири Ҳамадонӣ баъди сафар ба диёри мардуми меҳмоннавоз ва фарҳангпарвари Хатлон, вохӯриву суҳбатҳо бо табақаҳои мухталиф ва шиносоиаш бо сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб дар ин макон маҳбубияти боз ҳам бештар пайдо карда, ин ҷойро ҳамчун маркази таблиғи ақидаҳои ирфонии худ интихоб менамояд ва чанд муддат дар ин макон ба корҳои таълимиву маърифатӣ машғул мегардад.
Сипас, боз ба мусофират баромада, дар шаҳру вилоёти мухталиф бо орифону донишмандони зиёде вохӯрӣ ва баҳсҳо ороста, дар музофоти Кунари Афғонистон вафот мекунад ва шогирдону муридони содиқи вай тибқи васияташ ҷасади ӯро ба Кӯлоб меоранд ва дар ин шаҳр ба хок месупоранд.
Аз соли 1386, яъне аз охири асри XIV то ба имрӯз шаҳри Кӯлоб ва мардуми тоҷик манзили охирати ин бузурги Машриқзаминро гиромӣ дошта, ба шахсият ва осораш эҳтирому эътиқоди хоса мегузоранд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо фазилатҳои неки инсонӣ ва дониши васеи худ дар сарзамини тоҷикон тарафдорон ва шогирдони зиёде пайдо намуда, дар тарбияи онҳо нақши сазовор гузоштааст ва ба ин васила номи худро дар хотираи таърихии халқи тоҷик ҷовидон гардонидааст.
Пеш аз истиқлолияти давлатӣ ба шахсият ва осори Амири Ҳамадонӣ як гурӯҳи хурди олимон ва донишмандон шиносоӣ доштанд. Аммо баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва бо ташаббуси Ҳукумат доир гардидани ҷашни 680 - солагӣ ва имсол 700 - солагии ин шахсияти бузург номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вирди забони хурду бузург шуда, мақому мартабааш шуҳрати арзандаву сазовор пайдо кард.
Имрӯзҳо осори ӯ ба забонҳои гуногуни дунё чоп шуда, ақидаҳои инсондӯстонааш писанди дӯстдорони ҳикмату адаб ва ирфону тасаввуф гардидаанд, ки иштироки олимони чандин кишвари дунё дар ҷашнвораи имрӯза далели гуфтаҳои болост.
Имрӯз дар доираи ҷашни 700 - солагии ин алломаи бузурги илму ирфон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Намоишгоҳи панҷуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ифтитоҳ гардид. Дар ин намоишгоҳ 47 нашриёт, аз ҷумла 8 муассисаи нашаротии хориҷӣ зиёда аз 6 ҳазор номгӯи китобҳои тозанашрро ба теъдоди 50 ҳазор нусха пешкаши дӯстдорони илму фарҳанг намудааст.
Амири Ҳамадонӣ дар шинохти назарияи маърифат ва тариқат ислоҳоти куллӣ ворид намуда, дар ин ҷода дараҷаи ҳакими беназирро соҳиб гардидааст.
Ӯ дар заминаи ин биниши фалсафӣ ба моҳият ва ҳақиқати умри инсонӣ баҳои сазовор дода, роҳҳои расидан ба саодати дунявиро равшан намудааст.
Махсусан, дар рисолаҳои “Кашф-ул-ҳақоиқ”, ”Қуддусия”, “Шарҳи фусус-ул-ҳикам”, ”Рисолаи ақлия”, ”Рисолаи вуҷудия”, “Рисолаи маърифати нафси инсонӣ” ва осори дигараш ақидаҳои фалсафии худро дарҷ намуда, сифатҳои поку ҳамидаи инсонро ҳамчун меҳвари коинот тавзеҳ додааст.
Ба қавли Амири Ҳамадонӣ инсон ягона махлуқест, ки аз фазилати нутқ, ақл ва илм бархӯрдор мебошад.  Дуруст ташаккул додани ин фазилатҳо, ба пиндошти ӯ, одамро ба мартабаи хирадмандиву бузургӣ  расонида, неру ва қобилияти рӯҳиву равонии инсонро ташаккул медиҳад.
Маърифат барои Ҳамадонӣ воситаи ба даст овардани илму дониш, малакаву маҳорат, завқу истеъдод ва шуҷоату қаноат, инчунин  пояи сабру эҳсон ва зуҳду тавба дар роҳи тариқат мебошад.
Ӯ бе сайри водии маърифат ба мақоми тариқат расиданро номумкин дониста, ғояти камолоти инсонро дар ин манзил мебинад ва аз ин роҳ ақидаҳои тасаввуфии худро тавзеҳ дода, ғояи фалсафии ваҳдати вуҷудро мукаммал мегардонад.
Амири Ҳамадонӣ андешаҳои ирфонии худро бо таъкиду ишораҳои бузургони ин роҳи тариқат дар рисолаи “Минҳоҷ-ул-орифин” ҷамъ овардааст. Дар ин рисола андарзҳои ҳакимонаро дар боби мағрур нашудан, касро айб накардан, ғайбатро дӯст надоштан, тамаъро аз дил дур кардан, ростӣ варзидан, озори кас нахостан, қаноату фурӯтанӣ пеша кардан, ба ҳама нармӣ намудан, худписанд набудан ва монанди инҳоро дар шакли панднома таълиф намуда, хислатҳои неку ҳамидаро, ки дар миёни халқ ва адабу фарҳанги деринаи мо арҷи зиёд доранд, тарғиб менамояд.
Дар баробари ин, Амири Кабир оид ба моҳияти футуввату ҷавонмардӣ ва нақши ин хислатҳои нек дар ташаккули шахсияти инсон изҳори назар карда, дар “Рисолаи футувват” ба мақому манзалати ин оини беҳтарини инсонӣ баҳои баланд додааст ва аҳли ҷомеаро ба мардиву ҷавонмардӣ, дӯстиву бародарӣ ва саховату ҳимматбаландӣ даъват намудааст.
Мутафаккир се мартабаи футувватро шарҳ дода, бародарии одамонро мартабаи асосӣ донистааст ва караму саховат, иффату амонат ва шафқату меҳрубониро аз ҷумлаи беҳтарин хислатҳои ҷавонмардӣ маънидод кардааст.
Ба ақидаи вай пайравони аҳли футувват бояд “бо пирон боҳурмат, бо ҷавонон бо насиҳат, бо тифлон бошафқат, бо заифон боҳиммат, бо дарвешон бо базлу саховат, бо халқ бо эҳсону мурувват, бо нафс ба ҷанг, бо халқ ба сулҳ, дар муқобили адӯ ҳалим, бар илми наҷот ҳарис ва бо андаки дунё қонеъ бошанд”. Ин андарзҳои ҳакимонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд ва ба мардум ҳамчун сабақи зиндагӣ хизмат мекунанд.
Мутафаккири бузург инчунин ҷараёни риндиро ҳамчун як шохаи тариқати сӯфия шарҳ дода, ба муқобили уламои зоҳирпараст, фақеҳони ҷоҳил ва мутаассибони гумроҳ муборизаи беамон бурдааст ва расидан ба ҳақиқатро беҳтарин роҳ дар шинохти зоти Ҳақ донистааст.
Дар тамаддуни башарӣ Амири Ҳамадонӣ ба мисли Саъдии Шерозӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамчун муаллими ахлоқ маҳбубу маъруф мебошад. Дар аксари офаридаҳои ӯ масъалаҳои маънавӣ ва иҷтимоӣ ҷойи муҳим дошта, беҳтарин хислатҳои одамӣ ва расидан ба мақому мартабаи инсони комил шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Боиси таъкид аст, ки донишманд илмро асоси пешрафти зеҳнияти инсон дониста, онро пояи ташаккули сифатҳои дигари хулқи инсонӣ медонад.
Амири Ҳамадонӣ доир ба қадру манзалати волидайн низ панду таъкидҳои зиёди ҳакимона дорад, ки дар миёни халқи тоҷик моҳияти худро то ба ҳол гум накардаанд. Зеро мардуми мо ба қадри падару модар расиданро беҳтарин шарафи инсонӣ медонанд, ҷойгоҳи онҳоро муқаддас ва мақомашонро азиз медоранд ва ба волидайн хизмат карданро қарзи фарзандӣ ва оини ҷавонмардӣ мешуморанд.
Амири Кабир мақоми оиларо низ муқаддас мешуморад. Вай дар миёни зану мард шартҳои воқеӣ гузошта, риоя ва иҷрои онҳоро вазифаи ҳар ду тараф медонад. Донишманд барои марду зан муоширати хуб, сиёсати дуруст, ғайрати дучанд, таъмини дурусти нафақа ва таълими солеҳро шарти зарурӣ дониста, бетафовут набудан ба қисмати ҳамдигарро махсус таъкид месозад.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тарбияи маънавии инсонро ҳамчун рукни боэътимоди ташаккули шахсият муҳим шумурда, дар бештари рисолаҳояш масъалаҳои ахлоқиро тавзеҳ медиҳад.
Вай тарбияро ҳамчун рукни камолоти инсон шумурда, онро асоси пойдории хонавода ва устувории он маънидод менамояд: «Чун тифлро аз аввал бад-ин тартиб тарбият кунанд, вақте ба ҳадди балоғат расад, баракати он ба зоҳиру ботини ӯ зуҳур кунад. Агар ҳамчунин кардӣ, наҷот ёфтӣ ва ҳам халқро наҷот додӣ...”.
Дар баробари ин ҳаққу ҳуқуқи фарзандро муайян намуда, ӯро амонати Ҳақ мешуморад ва тарбияву таълимашро вазифаи муқаддаси падару модар медонад ва дар ин мавзӯъ ривоятҳои зиёд оварда, аз ҷумла таъкид менамояд, ки “ аз ҳама бештар модару падар ва устоду омӯзгор дар савоби фарзандон шарик мебошанд”.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тарбияро ҷавҳари маънавиёти инсон шумурда, одамонро ба раиятпарвариву қадршиносӣ, саховатмандиву  хайрхоҳӣ ва даҳҳо амали солеҳи дигар даъват менамояд ва дар замири хонандааш ҳусни садоқат ба бузургон, пирон ва волидайну хешу таборонро бештар мегардонад.
Вай дар асарҳои худ инчунин доир ба адлу эҳсон, усули давлатдорӣ ва фазилатҳои роҳбариву муносибат бо раият муфассал андеша ронда, доир ба ин масъалаҳо ҳамчун як ҷомеашинос ва файласуфу сиёсатшиноси одилу оқил изҳори назар менамояд.
Алии Ҳамадонӣ баъди азият ва мушкилоти зиёде, ки дар зиндагиаш рӯ ба рӯ шудааст, ба хулосае омадааст, ки барои ҷомеа ва инсоният сулҳ ва оромиш нақши арзанда дорад.  Аз ин рӯ, вай фарҳанги сулҳро таблиғ карда, хостори ваҳдату субот ва ҳамраъйию муттаҳидӣ мебошад.
Бо ин мақсад ӯ дар асарҳояш ҳикмати мадороро ташвиқ карда, таҳаммулгароиро воситаи муҳими ҳалли ҳар гуна низоъ медонад.
Барои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тафриқаи мазҳабӣ, нажодӣ ва милливу фарҳангӣ бегона мебошад ва дар тафаккури иҷтимоии ӯ баробарии равияву ҷараёнҳои мазҳабӣ дар эътиқоду эҳтироми Ҳақ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар назди ӯ намояндагони дину мазҳаб, қавму миллат, ҳиндуву мусулмон, шиаву суннӣ баробар буда, касонеро, ки миёни онҳо фарқ мегузошт, сахт мазаммат мекунад ва ихтилофи “мову ман”-ро дур шудан аз ҷамоли Ҳақ медонад.
Ин таъкиди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имрӯз ҳам моҳияти худро гум накардааст. Зеро бубинед, ки “мову ман”, “куфру имон” ва “бидъату суннат” гуфтанҳои бархе аз мусулмонон дар баъзе кишварҳои олам, мисли Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон, Миср ва Афғонистон оқибатҳои нангинеро пеш овардааст, ки имрӯз тамоми дунё аз он нигаронӣ менамояд.
Аз ин рӯ, мо бояд таъкидҳои ҳакимонаи Амири Ҳамадониро сабақи зиндагӣ ва кору фаъолияти худ қарор диҳем ва ҳаргиз нагузорем, ки дар сайёра ихтилофу низоъҳои нав сар зада, боиси халалдор гардидани сулҳу субот шаванд.
Дар шароите, ки равияҳои тундгаро ва низоъҳои диниву мазҳабӣ дар баъзе манотиқи дунё торафт вусъат меёбанд, ақидаҳои мутафаккирони гузашта, амсоли Амири Ҳамадонӣ арзиши бештар пайдо мекунанд. Аз ин рӯ зиёиён ва олимону донишмандон, уламои динӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар асоси андешаҳои ҳакимонаи ин қабил донишварон ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти хурофотпарастӣ, экстремизму терроризм ва дигар падидаҳои нангин садо баланд кунанд ва барои дар зеҳни мардум, хусусан наврасону ҷавонон ташаккул додану решадор сохтани  ғояҳои инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мунтазам кор кунанд.
Рисолат ва вазифаи муқаддаси аҳли зиё дар чунин марҳалаҳои муҳиму ҳассос маҳз аз он иборат аст, ки аҳли ҷомеаро ба роҳи росту дуруст, ба шинохти ҳақ аз ботил ва ба сӯи ободиву пешрафт ҳидоят намоянд ва дар ин роҳ дар навбати аввал худашон пешраву намуна бошанд. Барои ҳамин онҳоро аҳли зиё, яъне аҳли рӯшноӣ ва равшанкунандаи роҳи дигарон мегӯянд.
Донишмандони муҳтарам!
Хизмати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар рушди адабиёти классикии тоҷику форс низ бузург буда, офаридаҳои ӯ намунаи беҳтарини осори лирикии ирфонӣ ва ахлоқӣ ба шумор мераванд.  Ӯ дар ин ҷода анъанаи донишмандони барҷастаи Шарқ Шайхурраис Абуалии Сино, Умари Хайём, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳаким Саноӣ, Шайх Аттор, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ва дигаронро идома додааст.
Дар ашъори Амири Ҳамадонӣ инъикоси масъалаҳои ахлоқу тасаввуф, маърифату маънавиёт, мақому манзалати инсон ва тараннуми ишқи илоҳиву инсонӣ ҷойи сазовор дорад.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шеърро воситаи муносибу мувофиқи баёни андешаҳои ирфонӣ ва ахлоқиву иҷтимоии худ қарор дода, ҳамчун дар рушду густариши забон ва адабиёти тоҷику форс хизмати шоистаеро ба анҷом расонидааст.
Дар ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оҳанги ирфонӣ бо андешаҳои таълимӣ хуб омезиш ёфта, ифодаҳои рамзӣ, андарзҳои ҳаётӣ ва тараннуми кирдору амалҳои шоиста хеле зиёд ба назар мерасанд ва онҳо бо мақсади дуруст таълим додани инсон ва боиффату қаноатпеша ба воя расидани вай таълиф шуда, ҳамчун дурри маънавӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии инсон хизмат менамоянд.
Ҳозирони гиромӣ!
Дар кишвари мо доир шудани Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба хотири бузургдошти шахсияти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва осори ӯ аз аҳамияти махсус бархӯрдор мебошад.
Бовар дорам, ки дар ин ҳамоиш пажӯҳишгарон паҳлуҳои норавшани осор ва афкори ин мутафаккири бузургро баррасӣ карда, саҳми арзандаи ӯро дар ташаккули тамаддуни башарӣ бори дигар воқеъбинона равшан менамоянд.
Шубҳае нест, ки фикру андешаҳои мутахассисону донишмандон боиси шинохти бештари чеҳраи тобноки ин ҳакиму орифи барҷаста гардида, ном, мартаба ва маҳбубияти Мир Сайид Алии Ҳамадониро дар миёни дӯстдорон ва ҳаводорони фалсафа ва адаб зиёдтар менамояд.
Дар охир бори дигар ҳамаи ҳамватанони азиз, меҳмонони гиромиқадр ва аҳли илму донишро ба муносибати ин ҷашни фархунда ва санаи муборак табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо муваффақиятҳои илмиву пажӯҳишӣ мехоҳам.
Ҳамчунин бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ҳамватанони азизамонро ба муносибати фаро расидани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта, ба ҳар як сокини  мамлакат саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва саодати рӯзгор орзу менамоям ва ба меҳмонони арҷманди кишвари меҳмоннавозамон будубоши гуворо мехоҳам.
Фархунда бод рӯҳи бузургони миллат, офарандагони осори бегазанди маънавӣ ва ситоишгарони ахлоқу адаб!
Бигзор, ҳамеша илм собитқадам, маърифат пешқадам, маънавиёт бобарор ва фарҳанги миллӣ пойдору устувор бошад!
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2015    №: 182    Мутолиа карданд: 406

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед