logo

ҳуқуқ

НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Шермуҳаммад ШОҲИЁН,
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 сентябри соли 1991 дар ҳаёти сиёсии Ватани маҳбубамон ва мардуми шарифи тоҷик рӯйдоди хеле муҳиму фараҳбахш ба вуқӯъ пайваст, ки он абадан дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллиамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
Ин санаи муҳими тақдирсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуда, имконият фароҳам овард, ки баъд аз ҳазорсолаҳо дубора ба бунёди аркони давлатдорӣ камари ҳиммат банданд. Касби Истиқлолияти давлатӣ аз давлати ҷавон тақозо менамуд, ки дар самти бунёди низоми нави ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, муайян намудани шакли сохти давлатию идоракунӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои зисту зиндагонии аҳолии кишвар ва ҳамзамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намояд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои муносиби ҳуқуқиву ташкилӣ барои рушди устувори Тоҷикистони соҳибихтиёр ва бунёди давлатдории миллӣ фароҳам оварда шудаанд. Тоҷикистон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба ҳайси як кишвари муваффақ дар самти таъмини зиндагонии озоду осуда, беҳсозии некуаҳволии мардум, ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст.
Яке аз дастовардҳои бузург ва нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ ин қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Қабули Қонуни асосии кишвар боис гардид, ки дурнамои инкишофу пешрафти Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян карда шавад. Қобили қайд аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси беҳтарин арзишҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои мутамаддини дунё, таҷрибаи давлатдорӣ ва суннату одатҳои таърихии миллии тоҷикон таҳия ва қабул карда шудааст. Бо назардошти мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ва қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зарурати ба Конститутсия мутобиқ намудани қонунҳои амалкунанда ва ё аз нав қабул кардани онҳо ба миён омаданд. Аввалин маротиба дар бобҳои алоҳидаи Конститутсия масъалаҳои марбут ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд пешбинӣ гардида, кафолатҳои амалишавии онҳо низ муқаррар гардиданд. Тадриҷан бо назардошти дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва рушду инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунгузории кишвар дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бознигарӣ шуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки ҳарчанд вожаи «ҳокимияти судӣ» аввалин маротиба дар Эъломияи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ифода ёфта бошад ҳам, вале он бори нахуст дар моддаи 9-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд.
Мувофиқи Конститутсия ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст. Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад, ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки яке аз роҳҳои асосӣ ва пешқадамтарини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин ҳифзи судист. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намудааст. Ҳокимияти судӣ ба ҳайси яке аз кафолатҳои асосии таъмини арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад менамояд. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 силсилаи қонунҳо доир ба мақомоти судӣ қабул шуданд. Бо вуҷуди мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолии давлатӣ метавон изҳор дошт, ки аз ҷониби судяҳои тамоми низоми судии кишвар дар самти баамалбарории адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини қонуният ва волоияти қонун корҳои арзанда ва шоиста анҷом ёфтанд.
Дар заминаи амалишавии ислоҳоти конститутсионӣ 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки тавассути онҳо дар роҳи таҳкимбахшии пояҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд қадами устувор гузошта шуд. Дар заминаи ин тағйирот бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 таҳти № 48 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳалли масъалаҳои таъминоти ташкилии фаъолияти судҳо аз Вазорати адлия ба салоҳияти ин ниҳоди навтаъсис вогузор гардид. Таъсиси Шӯрои адлияро метавон як қадами навбатӣ дар ҷодаи таъмини амалии усули таҷзияи ҳокимият ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ арзёбӣ намуд. Дар заминаи ҳамин тағйиру иловаҳо соли 2001 Қонуни нави конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Ҳамзамон, дар заминаи тағйиру иловаҳои Конститутсия муҳлати ваколати судяҳо ба 10 сол дароз гардида, синни ниҳоии номзадҳои ба вазифаи судягӣ пешниҳодшаванда 65 сол муқаррар гардид. Тағйироти қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ мусоидат намуда, ба рушду таҳкими минбаъдаи низоми судӣ ва ҳокимияти судӣ заминаи устуворро фароҳам овард.
Бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ месазад хотирнишон сохт, ки масъалаи инкишофу пешрафти низоми судӣ, таъмини мустақилияту шаффофияти фаъолияти судҳо дар Тоҷикистон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор дорад. Дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҳким бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, таҳти № 271 «Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2007 - 2010» ва аз 3 январи соли 2011, таҳти № 976 «Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2011 - 2013» қабул карда шуданд. Дар ин замина кодексҳои мурофиаи гражданӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи иқтисодӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул гардиданд. Дар сохтори Суди Олӣ, суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ таъсис ёфтанд. Ба мақсади беҳтар намудани фаъолият дар самти интихоб ва ҷобаҷогузории номзадҳо ба вазифаи судягӣ ниҳоди «судя - коромӯз» таъсис ёфт.
 Бояд қайд кард, ки ислоҳоти судӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Дар ниҳояти кор мақсади ниҳоии ислоҳотҳои судӣ - ҳуқуқӣ ба он нигаронида шудааст, ки дар Тоҷикистон як ҳокимияти судии воқеан пурқувват, мустақил, бонуфуз, беғараз ва касбӣ ташаккул ва ҳар як судя ба сифати таҷассумгари ғояву андешаи арзишҳои демократӣ, ба мисли дарки ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну эътибори инсон ҳамчун арзиши олӣ тарбия ёбад.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми январи соли 2015, № 327 Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015 - 2017 тасдиқ гардид. Мақсади асосии идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти таҳкиму густариши ҳокимияти судӣ дар маҷмӯъ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Ин ҷо метавон муҳимтарин дастовардҳои соҳаро дар замони Истиқлолияти давлатӣ иброз намуд:
1. дар сатҳи конститутсионӣ эътироф ва эълон намудани ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ;
2. муайян кардани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини қонуният ва адолати иҷтимоӣ ба ҳайси вазифаи асосии ҳокимияти судӣ;
3. амалан васеъ гаштани доираи ваколатҳои суд дар самти баррасии парвандаҳо ва баҳсҳо;
4. ташкили низоми кафолатҳои мустақилияти судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ;
5. таъмини дастрасии ҳар як шахс ба адолати судӣ ва ҳифзи судӣ;
6. амалӣ сохтани ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, моддӣ - техникӣ ва ҷобаҷогузории кадрии низоми судӣ бо роҳи таъсиси сохтори алоҳида – Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. таъсиси судҳои махсусгардонидашуда дар низоми судии кишвар (коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ ва оилавӣ дар сохтори судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
8. такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳо ва мувофиқ гардонидани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ; қабули кодексҳои нав оид ба мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи судии иқтисодӣ;
Дар охир мехоҳам иброз намоям, ки маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрӣ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, барои фаъолияти бомаром ва бонизоми мақомоти судӣ фароҳам оварда шудааст.
Шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар кадоми мо - судяҳои кишвар талаб менамояд, ки бо дарки масъулияти баланд вазифаҳои хизматиро содиқона дар назди Ватан иҷро намуда, фаъолияти худро баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, корхонаю муассисаҳо бо мақсади ҳифзу таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ равона намоем.
Боварии комил дорам, ки фаъолияти ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон минбаъд низ беҳтар мегардад. Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ ҳамчун макони таъминкунандаи адолату қонуният барои ҳар як шахс хизмат хоҳанд кард.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.09.2015    №: 183    Мутолиа карданд: 792

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед