logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи мактаби №100 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 7 сентябри соли 2015

Омӯзгорон ва падару модарони муҳтарам!
Фарзандони азиз!
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Ҳукумати мамлакат рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро таъмин карда истодааст.
Дар ин раванд таъмин намудани пешрафти яке аз соҳаҳои калидӣ - илму маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад. Яъне, мо барои фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳаи маориф ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шароити таълим тамоми имкониятҳоро сафарбар карда истодаем.
Ҳамин аст, ки имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар мактабҳои типи нав бо шароити мусоиди таълиму тарбия ба истифода дода шуда, сифати таълим ва сатҳи донишандӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тадриҷан беҳтар шуда истодааст.
Имрӯз мо дар остонаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил дар баробари даҳҳо иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоӣ, ки дар гӯшаву канори гуногуни Ватани азизамон ба фаъолият оғоз карданд, боз як мактаби хуштарҳу зеборо дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ба истифода додем, ки нишонаи вусъати амалишавии сиёсати созандаи давлату Ҳукумат дар самти таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маорифи мамлакат мебошад.
Бинобар ин, ҳамаи шумо, устодону омӯзгорон ва фарзандони азиз, падару модарони гиромӣ ва ҳозирони арҷмандро ба ифтихори бистучорумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як муассисаи замонавии таълимӣ табрик гуфта, ба шогирдони ин даргоҳи илму маърифат хушбахтӣ ва хониши хубу аъло ва ба устодону омӯзгорон дар фаъолияти пурзаҳмату сермасъулият, вале пуршарафи онҳо муваффақият мехоҳам.
Мактаби имрӯза аз 33 синфхона иборат буда, дар ду баст 1480 хонандаро фаро мегирад. Дар он тамоми шароити муосири донишомӯзӣ, аз қабили дарсхонаҳои барҳаво, толори варзишиву маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ва ҷавобгӯи талаботи имрӯза муҳайё мебошанд. Ба ин боргоҳи маърифат барои таълиму тарбияи толибилмон 60 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ба кори доимӣ ҷалб карда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи 150 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ корҳои азнавсозии мактаб дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба анҷом расонида шуданд, ки бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи онҳо барои саҳми арзандаашон дар муҳайё намудани шароити мусоид барои наврасону ҷавонони пойтахт изҳори миннатдорӣ менамоям.
Дар баробари ин, ба шумо, хонандагони азиз, таъкид менамоям, ки бояд ба қадри дастгириҳои давлату Ҳукумат, заҳмати устодон ва ғамхориҳои падару модарони худ расед, давраи таҳсилро самаранок истифода баред, илму дониш омӯзед ва соҳиби касбу ихтисосҳои муосир гардед, то ки дар оянда ба давлати соҳибистиқлоли худ, ҷомеа ва падару модари хеш хизмати шоиста карда тавонед.
Ҳар яки шумо бояд дар хотир дошта бошед, ки давлату Ҳукумати мамлакат, устодону омӯзгорон ва падару модарон ҳамеша дар андешаи он ҳастанд, ки шумо ҳамчун насли босаводу соҳибмаърифат ва баодобу солим ба камол расед ва барои ояндаи неки худ аз ҳозир замина гузоред.
Ҳамзамон бо ин, омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва падару модарон фаромӯш набояд кунанд, ки ояндаи неки ин сарзамин ва ободу зебо гардонидани Ватан ба зиммаи фарзандони мову шумо вогузор карда мешавад.
Воқеан, мактаб махзани муқаддаси омӯзиши илму маърифат ва маркази асосии таълиму тарбия буда, барои ташаккули ақлу зеҳн ва шахсият, бедории фикрӣ ва соҳиби ахлоқи ҳамидаву шоиста гардидани насли наврас заминаи боэътимод мегузорад.
Тавре ки мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, имрӯз мардуми маърифатпарвар ва фарҳангдӯсти мо хуб дарк кардаанд, ки рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ танҳо бо роҳи рушди соҳаи маориф амалӣ мегардад. Зеро насли босаводу соҳибмаърифату соҳибкасб, яъне кадрҳои оянда, ки фардои Ватан ва ҷомеа дар дасти онҳо хоҳад буд, имрӯз дар мактаби таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таълиму тарбия мегирад.
Маҳз бо дарназардошти ҳамин, ман қариб дар ҳамаи суханрониву вохӯриҳои худ масъалаи робитаи падару модарон ва аҳли ҷомеаро бо мактаб, яъне бо раванди таълиму тарбия таъкид менамоям.
Давлату Ҳукумат дар навбати худ дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, бо лавозимоти хониш ва воситаҳои муосири техникиву технологӣ ва иттилоотӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ ва дастгириву парастории истеъдодҳои ҷавон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Тавре ки дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб иброз доштам, ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки бо дарназардошти ба раванди таҳсилот ворид гардидани принсипи салоҳиятнокии касбӣ меъёрҳои нави давлатии таълим такмил дода шуда, вобаста ба ин, барои ҳамаи зинаҳои таълим китобҳои нави дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ таҳия карда шаванд.
Бо дарназардошти ин ҳадаф, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии давлат таъсири ҷиддӣ мерасонад, бояд ҳар як фарди бонангу номус, равшанфикру маърифатпарвар, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпараст барои рушди пайгиронаи соҳаи маориф саъю талош намояд ва бо ҳамин роҳ саҳми арзандаи худро барои ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ гузорад.
Бори дигар хотирнишон месозам, ки таваҷҷуҳи махсуси давлату ҷомеа ва мактабу волидайн ба тарбияи дурусти насли ҷавон дар ҳама давру замон рисолати аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, зеро ин масъала аз ҷумлаи масоили муҳимтарини давлату давлатдорӣ мебошад.
Дар ин росто, бо итминон таъкид менамоям, ки Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи насли ҷавон аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд, то ки насли ояндасоз ҳамчун меросбарони арзанда ва соҳиби давлату миллати худ ба камол расад.
Дар шароити ҷаҳони пуртазоду мураккаби имрӯза вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки насли наврасро аз таъсири манфиву хатарноки ҳар гуна равияву ҳаракатҳои бегона эмин нигоҳ дорем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, ифтихор аз арзишҳову фарҳанги миллӣ тарбия намоем ва муҳимтар аз ҳама, онҳоро бо шароити мусоиди таҳсилу зиндагии осуда таъмин созем.
Ин аст рисолати асосии давлат, ҷомеа, падару модар ва устоду омӯзгор!
Дар фарҷом бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирони арҷманд ва кулли омӯзгорону шогирдони мактаби имрӯзаро ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи мактаби замонавӣ табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва ба шумо, фарзандони азиз, тансиҳатӣ, хониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамида орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.09.2015    №: 183    Мутолиа карданд: 633

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед