logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе, 7 сентябри соли 2015

Дӯстони муҳтарам!
Дар ибтидо ҳамаи шумо, намояндагони сокинони пойтахт, сармоягузорону мутахассисон ва муҳандисону сохтмончиёнро ба муносибати оғози фаъолияти корхонаҳои нави истеҳсолӣ табрик гуфта, ба ташаббускорону соҳибкорони ватанӣ ва шарикони онҳо, ки бо бунёди чунин корхонаҳо барои пешрафти кишварамон саҳми арзишманд мегузоранд, миннатдорӣ баён менамоям.
Корхонаҳое, ки ҳоло мову шумо дар маросими ба истифода додани онҳо иштирок дорем, ба истеҳсоли зарфҳои пластикӣ ва нӯшокиҳои ташнагишикан машғул буда, бо таҷҳизоту технологияҳои пешқадами ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Фаронса, Италия, Канада ва Люксембург муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Афзалияти корхонаҳи имрӯза дар он аст, ки таҷҳизоти технологии онҳо бо шабакаи интернет пайваст буда,   сифати маҳсулоти истеҳсолшуда аз ҷониби мутахассисони ширкатҳои истеҳсолкунанда назорат карда мешавад. Дар сурати фаъолияти муназзами корхонаҳо ҳар сол ба буҷети давлат зиёда аз 15 миллион сомонӣ андоз аз даромад ва боҷи давлативу пардохтҳои гумрукӣ ворид мегарданд. Дар корхонаҳои имрӯза то охири соли ҷорӣ қариб 600 нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти корхонаҳои ифтитоҳшуда бо мақсади истеҳсол намудани маҳсулоти рақобатпазир бо як қатор ширкатҳои машҳури ҷаҳон доир ба воридоти таҷҳизоту технологияҳои навтарин ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.
Ҳозирони арҷманд!
Имрӯз хурду бузурги кишварамон шукрона мекунанд, ки ба туфайли соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи кишвари азизамон ба миллати сарбаланду ободгари мо имконияти амалӣ намудани ормонҳои деринаи миллӣ фароҳам омада, ҳар як фарди ватандӯст метавонад барои ободу пешрафта гардидани Ватани муқаддасамон саҳми бевоситаи худро гузорад.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи олам собит намудааст, ки дастгирии соҳибкорони хурду миёна ва ҷалби маблағгузории соҳибкорони дохиливу хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафт мебошад, ки ба ин масъала давлат ва Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Хусусан, дар сатҳи олӣ, яъне Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баррасӣ гардидани масъалаҳои марбут ба соҳибкориву сармоягузорӣ гувоҳи равшани дастгириву пуштибонии Ҳукумат дар ин самт мебошад.
Ин аст, ки тайи солҳои охир саҳми бахши хусусӣ дар ҷодаи фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва умуман ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва пешрафту ободонии мамлакат хеле назаррас гардидааст.
Муҳимтар аз ҳама, рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҳамчун василаи асосии бартарафсозии оқибатҳои манфии буҳронҳо ва пешрафти иқтисодиёти миллии ҳар кишвар маҳсуб меёбад. Таърихи даҳсолаи охири соҳибистиқлолии давлатамон нишон медиҳад, ки мардуми мо дар самти рушди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ таҷрибаи зиёд андӯхтааст.
Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки минбаъд низ аз таҷрибаи мамлакатҳои тараққикарда, ки ҳаҷми асосии истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва шуғли аҳолӣ ба бахши хусусии онҳо рост меоянд, ҳамаҷониба истифода намуда, ҳамзамон бо ин, ҳангоми банақшагирии бунёди иншооти истеҳсолӣ ба имкониятҳо ва талаботи воқеии кишварамон такя намоянд.
Боиси қаноатмандист, ки дар ин ҷода бахусус солҳои охир дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе тавассути истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ як силсила корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки саҳми онҳо дар афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ хеле назаррас мебошад.
Дар давоми ҳафт моҳи соли равон дар доираи татбиқи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Душанбе ва ба ифтихори 24 –умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми беш аз 600 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар зиёд мебошад.
То имрӯз бо сарфи маблағҳои зикршуда сехи дӯзандагии Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» оид ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ, коргоҳи ҳунарҳои мардумии Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт», корхонаи истеҳсоли нону макарон, корхонаи истеҳсоли рахти хоб ва либоси тиббии Ҷамъияти «Ҳалима - 2015» ба истифода дода шуда, 21 майдончаи муосири варзишӣ ва 11 бинои истиқоматии баландошёна бунёд гардидааст ва 3,2 километр роҳҳо азнавсозӣ шудаанд.
Дар ҷараёни сохтмон ва мавриди истифода қарор додани фондҳои асосӣ беш аз 3300 нафар бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардиданд. Бар замми ин, то охири сол аз ҷониби