logo

ҳуқуқ

ДОМ. РАҲОӢ АЗ ОН МУШКИЛ ВА ХАТАРНОК АСТ

Суҳроб РУШАНЗОДА,
муовини якуми раиси суди
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Вақтҳои охир масъалаи хатару паёмадҳои ифротгароӣ ва пайвастани ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав  боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.  Ин мавзӯъ дар суҳбату вохӯриҳо, барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва нигоштаҳои матбуоти даврӣ аз ҷониби доираҳои гуногуни ҷомеа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегирад. Дар ин замина, оид ба сабабу  шароитҳои мусоидаткунанда ба сар задани зуҳуроти  ифротгароӣ, омилҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ҷалб ва шомил шудани ҷавонон, роҳу усулҳои муассири пешгирикунанда назарҳои зиёд баён мешаванд.
Аксарият аз суст будани дониши динӣ ва мавқеи устувор надоштани бархе аз ҷавонон, фирефтаи таблиғоти дурӯғини ифротгароён шудани онҳо изҳори нигаронӣ намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои таъхирнопазирро таъкид мекунанд. Ба андешаи мо, дар ин росто, набояд моҳият ва аҳамияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавононро нодида гирифт. Зеро маърифати ҳуқуқӣ яке аз  унсурҳои муҳими ташаккули шахси қонунписанд, аз нигоҳи ғоявӣ ва ақидативу мафкуравӣ устувор ва дорои фарҳанги баланди сиёсиву фаъолнокии ҷамъиятӣ мебошад. Инсоне, ки дониши ҳуқуқии кофӣ надорад, мавқеи худро дар ҷамъият  ноустувор нигоҳ дошта, натиҷа ва оқибати кирдору амали худро пешбинӣ ва муайян намуда наметавонад. Гурӯҳҳои таблиғгару манфиатҷӯ бештар он идда шаҳрвандонро зери таъсири худ қарор медиҳанд, ки дониши пасти ҳуқуқӣ дошта, мушкилоти рӯзгори худро на  дар доираи муносибатҳои ҷамъиятии бо қонунҳо танзимшаванда, балки бо усулу шеваҳои ифротӣ ҳал карданӣ мешаванд. Чунки  шахси сатҳи пасти маърифати ҳуқуқидошта  дар бораи бо роҳҳои муқарраркардаи қонун ва шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ҳал намудани мушкилоти худ  ақаллан тасаввурот надорад. Дар ҳоле ки қонунро ҳамчун  беҳтарин василаи ислоҳи вазъ ва таъминкунандаи заминаву шароити рушди минбаъда эҷод намудаанд.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ифротгароӣ ва тундравӣ ин берун рафтан аз ҳадди эътидол, нодида гирифтани меъёру муқаррароти қонун ва бо роҳҳои рахна намудани назму тартиби осоишта  расидан ба ҳадафи муайян аст. Чунин шеваи амалу кирдорро ашхоси сустирода, ноустувор, бетаҷриба  ва саводу маърифати пастдошта интихоб мекунанд.  Бесабаб нест, ки ин қабил одамон зуд таҳти таъсири таблиғгарони  ақидаҳои ифротӣ қарор мегиранд.  Дар натиҷа, ҷавонони ноогоҳ  аз доираи қонун берун по монда, ба фазое ворид мегарданд, ки он ҷо беқонуниву ифротгароӣ ҳукмрон аст. 
Ҳақиқати равшан ин аст, ки вақте ҷавонон ба чеҳраи аслии ифротгароӣ ва гурӯҳҳои тундрави террористӣ аз наздик шинос мешаванду бевосита дар муҳити пурдаҳшати эҷодкардаи онҳо  ворид мегарданд, пай мебаранд, ки ба роҳи хато қадам гузоштаанд.  Дарк менамоянд, ки миёни таблиғоти фиребанда ва  воқеияти  мавҷуда фарқият калон аст. Аммо роҳҳои берун рафтан аз ҳалқаи нуфузи ҳаракатҳои террористӣ низ  мушкилу  амалан хатарнок мебошад. Гурӯҳҳои террористӣ ҷонибдорони худро, ки тағйири мафкура мекунанд ва ё фирор карданӣ мешаванд, ваҳшиёна ба қатл мерасонанд.
Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  соли равон, зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҷавонони кишвар чунин таъкиди бамаврид ва ҳадафманд намуданд, ки: «Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд».
Бо назардошти ин,  масъулони мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вақте бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маҷмӯи тадбирҳоро тарҳрезӣ ва  амалӣ менамоянд, бояд, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Зеро инсони аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифат, ки ба волоияти қонун  ва тартиботи ҳуқуқӣ эҳтиром мегузорад, назму суботи ҷомеаро  муқаддас медонад, ҳеҷ гоҳ ба марзи ифрот по намегузорад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2015    №: 187    Мутолиа карданд: 649

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед