logo

ҳуқуқ

АЗ ТАШАББУС ТО ТАҲАММУЛ

Таърихи бисёрҳазорсолаи халқамон бозгӯи он аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати қадим ва соҳибтамаддун на як бору ду бор дар давраҳои гуногуни рушду инкишофи сиёсию маънавии хеш соҳиби давлати миллӣ гаштаанд. Озодию истиқлолият бошад, дар тӯли таърих одатан ба миллатҳое насиб гаштааст, ки ба тақдири имрӯзу ояндаи хеш бетафовут набуданд ва дар ҳассостарин лаҳзаҳо дилпурона гомҳои устувор монда, давра ба давра ба саодату  рифоҳ ва якдиливу ягонагӣ расидаанд.

Ҳаводиси пурталотуми солҳои навадуми  қарни  гузашта, ки мардуми тоҷикро ба ду сангар кашид, боз як бори дигар  ин миллатро  ҳушдор дод, ки  танҳо дар сарҷамъию ягонагӣ  ва ваҳдату  якдигарфаҳмӣ  орзуву омоли  бисёрасраи  аҷдодони худро  пиёда намуда, ба Истиқлолияти комил  метавон расид. Аз ин хотир, вақте ки мо аз омилҳои дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ҳарф мезанем, пеш аз ҳама, бояд роҳи пурмашаққати  расидан  ба ваҳдати миллиро  пайгирӣ  намуда, ба он баҳои воқеӣ диҳем. Зеро бо оғози  солҳои навадум  тоҷикон аз тарафкашиҳои сиёсӣ  бехабар монданд ва ин парокандагиҳо  хавфи ҷиддии  аз байн  рафтани  давлати тоҷиконро ба вуҷуд  оварда  буданд. Маҳз  қадамҳои ҷиддӣ ва устуворонаи ҷавонмардони миллат таҳти сарварии сиёсатмадори  ҷавон Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин тарафкашиҳоро гирифта,  мардуми  минтақаҳои гуногунро боз ба ҳам овард. Расидан ба ин роҳи созандагию бунёдкорӣ кори осон набуд.
5 - уми апрели соли 1994, вақте дар шаҳри Маскав бо миёнравии Созмони Милали Муттаҳид нахустин вохӯрии ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони мухолифин барпо гашт, маҳз аз ҷониби Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади барқарорсозии сулҳ дар кишвар ба қатъи амалиётҳои ҳарбӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва ҳалли мушкилоти гурезагон хишти аввал гузошта шуд. Пеш аз парвоз ба пойтахти Русия Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳайати ҳукуматӣ гуфта буд:   «Мо бояд аз ёд набарорем, ки дар ин мулоқот тақдири Ватан, миллат ва кулли тоҷикистониҳо ҳал мегардад ва мо барои имрӯзу ояндаи миллат ҷавобгарем, аз ин рӯ бояд сулҳу осоишро ҳатман ба даст оварем!».
Танҳо ба шарофати сабру таҳаммул ва талошу кӯшишҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба тасвиб расад. Дар амал татбиқ гардидани созишнома ба зиддияту нобоварӣ нуқтаи охирин гузошта, роҳи минбаъдаи пешрафти Ватани соҳибистиқлоламонро  муайян намуд.
Ҳаждаҳ соли сипаригаштаи Ваҳдати миллӣ шояд дар назди таърих лаҳзае беш набошад, вале барои мо муҳимаш он аст, ки ваҳдат чӣ неруеро тавлид кардааст. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ба шарофати ваҳдат тӯли ин солҳо дар замири халқи мо бунёдкорӣ, созандагӣ ва офарандагӣ маъво гирифт.
Ваҳдати миллӣ дар баробари озодию истиқлолият ва сулҳ чун ғояи умумимиллӣ азизу муътабар буда,  дар тафаккури миллии мардуми мо нақши қутбнамо ва омили муҳими мувозинатбахши сиёсати давлатиро ба иҷро мерасонад. Ваҳдату ҳамзистӣ, таҳаммулгароӣ  барои миллат ғояҳои нав нестанд. Ин андешаҳо дар таърихи тамаддуни мо ҳамеша  вуҷуд доштанд, аммо амалӣ карданашон ба ягон шоҳеву амире муяссар нашуда буд. Танҳо имрӯз, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ваҳдати миллӣ  аз андешаву орзу ба амалияи рӯзмарра мубаддал гардид. Яъне, ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ  дар давлатдории миллӣ муҳимтар аз ҳама чизи дигар аст.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, кашшофи назарияи ваҳдати умумиинсонӣ, худро «на тарсову яҳуд, на габру мусулмон, на шарқиву ғарбӣ, на улвиву сифлӣ», балки инсони ҳамагонӣ ҳисобида буд. Ин назария метавонад моро дар рӯҳияи таҳаммулгароӣ  ва фарҳангофарӣ тарбия намояд.
Яъне, эҳсосоти воқеии динӣ тақозо мекунад, ки мо нисбат ба дину тамаддунҳо таҳаммулпазир бошем. Ҳамин тавр, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ин се ҷузъи ҷудонопазири  ҳаёти сиёсии Тоҷикистон имрӯз неруи бузурги созандае ҳастанд, ки ояндаи Тоҷикистонро равшан хоҳанд кард.  

Меҳрангез ҒОИБОВА,
корманди Шӯрои адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2015    №: 187    Мутолиа карданд: 527

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед