logo

ҳуқуқ

МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА: «СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВОЛОИЯТИ КОНСТИТУТСИЯРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД»

4 ноябри соли равон аз таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол пур мешавад. Вобаста ба ин, 17-18 сентябр дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ перомуни «Адолати судии конститутсионӣ - кафолати таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсия» баргузор мегардад. Дар робита ба ин, хабарнигорамон бо академик Маҳкам Маҳмудзода, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоҳиб шуд.

- Муҳтарам Маҳкам Маҳмудзода, бигӯед, ки дар ҳамоиши сатҳи баланд кадом масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд?
- Ҳамоиши Душанбе бо иштироки раисон ва судяҳои судҳои конститутсионӣ аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Индонезия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Руминия, Туркия, Латвия, Кореяи Ҷанубӣ, ходимони давлатӣ ва олимони намоёни соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ доир мегардад. Дар он муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба Конститутсия ва конститутсионализм, фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, иҷрои санадҳои судҳои конститутсионӣ, назорати конститутсионӣ ҳамчун воситаи таъмини волоияти Конститутсия, мавқеи Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти судӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбут ба мурофиаи судии конститутсионӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

- Нақши мақомоти назорати конститутсиониро дар таъмини волоияти Сарқонун чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати 15-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Дар татбиқи меъёрҳои Конститутсия, пеш аз ҳама, дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ки ин арзишҳо меҳвари низоми давлати демократӣ мебошанд, ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ, нақши бағоят муҳим дорад.
Роҳбарияти олии сиёсии кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон роҳи рушди давлати муосири миллиро дар заминаи эҳтиром гузоштан ба ғояҳои волои демократӣ пиёда намуда, барои ташаккули ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ ҳамчун мақомоти назорати конститутсионӣ, корҳои зиёдеро ба сомон расондааст. Метавон зикр кард, ки падидаи назорати конститутсионӣ яке аз институтҳои муҳими ҳуқуқии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, зеро он дар ҳифзи Конститутсия, ки муаррификунандаи ҳар як давлат дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, қарор дорад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ва самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад».
Ташаккули мақомоти назорати консти-тутсионӣ бо қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол иртибот дорад, зеро маҳз амали мустақими меъёрҳои Сарқонун ва таъмини волоияти он тақозо намуд, ки дар ҷумҳурӣ баробари дигар ниҳодҳои давлати демократии дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бавуҷудомада, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар ҳамин радиф, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ташкилии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 15 майи соли 1995, № 238 ба тасвиб расида, 3 ноябри соли 1995 аввалин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки салоҳият, тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсиониро муайян намуда, барои ба фаъолияти касбӣ, яъне ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шурӯъ намудани ин ниҳоди демократӣ мусоидат намуд.

- Ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар фаъолияти густурдаи Суди конститутсионӣ чӣ таъсир гузошт?
- Дар асоси ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ба Қонуни конститутсионии қаблӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дувоздаҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки онҳо инъикоси демократисозии минбаъдаи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон, раванди ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат, рушди институтҳои демократӣ ва ҳокимияти давлатӣ ба шумор мераванд.
Баҳри таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 Барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 таҳия гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 январи соли 2011, № 976 тасдиқ шуд.
Бо мақсади иҷрои банди 9-и Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ ва ҷиҳати боз ҳам такмил додани фаъолияти густурдаи Суди конститутсионӣ, бо назардошти таҷрибаи судҳои конститутсионии давлатҳои пешқадами дунё лоиҳаи нави Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул шуд.
Дар таҳрири нав қабул шудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионӣ, интихоб, бозхонд ва истеъфои судяи Суди конститутсионӣ, мурофиаи судии конститутсионӣ, инчунин дигар муносибатҳои вобаста ба фаъолияти Суди конститутсиониро танзим мекунад, дар навбати худ ба тамоми нишонаҳое, ки барои ташкили демократии мақомоти назорати конститутсионӣ дар давлати ҳуқуқбунёд хос мебошад, ҷавобгӯ аст.

- Оё дар Суди конститутсионӣ масъалаҳое низ баррасӣ шудаанд, ки зимни онҳо номутобиқатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия ошкор шуда бошад?
- Суди конститутсионӣ вобаста ба салоҳияти касбии худ дар асоси дархосту пешниҳоди субъектони муроҷиат ба он, дар тӯли фаъолияти хеш масъалаҳои зиёдеро оид ба муайян намудани номутобиқатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намудааст. Чунончи, 27 сентябри соли 2013 аз ҷониби Суди конститутсионӣ дархости шаҳрванд Н. А. Саидова «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъйиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Суди конститутсионӣ дархости мазкурро таҳлил ва баррасӣ намуда, муайян кард, ки муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз болои таъйиноти (қарори) дар рафти муҳокимаи судӣ оид ба интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул кардашуда шикоят ва эътироз овардани иштирокчиёни мурофиаи судиро манъ менамояд, боиси маҳдуд гаштани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон оид ба муроҷиат ба мақомоти судӣ гардида, ба мазмуну муҳтавои моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ нест. Бинобар ин, Суди конститутсионӣ муқаррароти қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи номумкин будани шикоят ва эътироз аз таъйиноте (қароре), ки дар рафти муҳокимаи судӣ дар бораи интихоб, тағйир додан ё бекор кардани чораҳои пешгирӣ қабул шудааст, ба моддаҳои 5, 14, 18 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ арзёбӣ намуд. Дар асоси ин қарори Суди конститутсионӣ аз ҷониби порлумони кишвар ба қисми 2 моддаи 363 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид шуда, муқаррароти номбурдаи мавриди баҳс қароргирифта, аз кодекси мазкур хориҷ гардид.
Дар маҷмӯъ, тӯли фаъолияти Суди конститутсионӣ нисбат ба сад дархосту пешниҳоди субъектони муроҷиат ба Суди конститутсионӣ парвандаи судии конститутсионӣ оғоз гардида, вобаста ба онҳо санадҳои дахлдори судӣ қабул шуданд.

- Муносибатҳои байналмилалии Суди конститутсиониро дар кадом сатҳ метавон арзёбӣ кард?
- Бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ бо мақомоти ҳамсони давлатҳои хориҷӣ густариш меёбанд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Конфронси умумиҷаҳонии адолати конститутсионӣ, Ассосиатсияи судҳои конститутсионии кишварҳои Осиё ва институтҳои муодил ва Конфронси мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи нав буда, дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалии онҳо фаъолона ширкат меварзад. Панҷ соли охир дар заминаи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аз ҷониби Суди конститутсионии кишвар бо дарназардошти қонунгузории миллӣ, бо судҳои конститутсионии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Руминия, Туркия ва Украина Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки амалишавии меъёрҳои онҳо барои боз ҳам ташаккул ва рушди мақомоти назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти судӣ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки институти назорати конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ таҳким ёбад ва дар таъмини волоияти Конститутсия, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши чашмрас гузорад.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2015    №: 188    Мутолиа карданд: 600

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед