logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ, бахшида ба натиҷаҳои ҷаласаи ШАД СААД дар ҳайати васеъ, шаҳри Душанбе, 15 сентябри соли 2015

Муҳтарам намояндагони матбуот,
Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,
Бо  эътимоди  пурра метавон тасдиқ кард, ки ҷаласаи кунунии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД  аз нуқтаи назари коркарди муносиботи умумии кишварҳои аъзо нисбат ба мушкилоти муҳими вазъияти муосири байналмилалӣ, баҳодиҳии хусусиятҳои он ва тамоюлҳои пешбарандаи вазъият дар ҷаҳон ва минтақа хеле самаранок буд.
Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба ҳайси раиси СААД ҷамъбаст гардид. Қариб дар нуҳ моҳи фаъолият мо кӯшишҳои зиёди имконпазирро барои рушд ва таҳкими иқтидори созмонамон ва  баланд бардоштани сатҳи самаранокии фаъолияти он равона кардем. Ин амал дар чаҳорчӯби Нақшаи татбиқи масоили ҷаласаи декабрии соли гузаштаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва афзалиятҳои  дар давраи раисии мо дар СААД баёншуда доир шуд.
Дар Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиа, Кумитаи котиботи Шӯрои амният, кумитаи ҳарбии созмон гузаронида шуд.
Ҳамзамон дар ин ҷо ҷамъомадҳои гурӯҳҳои кории мақомоти оинномавии СААД   оид ба масоили Афғонистон ва мубориза бо терроризму экстремизм, ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии кишварҳои аъзо, машқҳои  махсуси тактикии ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси “Раъд-2015”  муваффақона доир  шуданд.
Санҷиши ногаҳонии омодагии ташкилоти ҳарбии  Неруҳои муштараки вокуниши фаврии СААД дар ҳудуди Тоҷикистон, ки аввалин чорабинии чунин шакл дар таърихи созмони мо буд, доир шуда, сатҳи баланди малакаи ҷангии тамоми ҷузъу томҳоеро, ки ба ҳайати қувваҳои дастаҷамъӣ  шомиланд, нишон дод. Ин иқдом саривақтӣ ва пурра асоснок буда, моро зарур аст, ки таҷрибаи мазкурро идома диҳем.
Дар ҷаласа гуфтугӯи ошкоро дар мавриди ҳамкории мутақобила ва самтҳои афзалиятноки рушди созмон идома ёфт. Роҳбарони кишварҳо диққати заруриро ба хатарҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии ба амнияти кишварҳои аъзои СААД таҳдидкунанда ва чораҳои имконпазири дастаҷамъии муқовимат дар дурнамои қобили мушоҳида равона карданд.
Дар ин росто мо ба зарурати ҳамкории ҳақиқӣ дар таҳкими амнияти сарҳадҳои ҷанубии минтақаи созмон, аз ҷумла, қитъаи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир кардем.
Мо як силсила чорабиниҳоеро ба нақша гирифтем, ки ба такмили корҳои мо дар чаҳорчӯби СААД равона гардидаанд. Инҳо - баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва таҷҳизи моддию техникии қувваҳои дастаҷамъӣ ва воситаҳо, зудамалии он, бо ин мақсад гузаронидани машғулиятҳои муштарак ва машқҳо, роҳандозии табодули доимии иттилоот ва маҷмӯи пурраи иқдомоти дигар оид ба таҳкими иқтидори созмон мебошанд.
Ба масоили таҳкими алоқаҳои истеҳсолӣ миёни корхонаҳои саноати мудофиавӣ диққати зарурӣ равона мегардад. Зикр гардид, ки минбаъд низ рушди ҳамаҷонибаи низоми омодагӣ ва бозомӯзии  мутахассисони касбии артиш, хадамоти махсус, сохторҳои сарҳадӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ҳамчун самти   афзалиятноки ҳамкории стратегии мо бояд боқӣ монад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2015    №: 188    Мутолиа карданд: 506

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед