logo

мулоқотҳо

Президенти Тоҷикистон бо медали тиллои ЮНЕСКО қадр гардид

5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуураро ба ҳузур пазируфт.
Коичиро Матсуура ба Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нишони қадрдонӣ аз саҳми намоёну фаъолияти пурмаҳсулаш дар густариши ҳамкории миёни Тоҷикистону ЮНЕСКО медали тиллои ЮНЕСКО–ро, ки барои арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) ба наздикӣ таъсис ёфтааст, тақдим намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ЮНЕСКО ва шахсан ба Директори генералии он Коичиро Матсуура баҳри чунин қадрдонии баланд ва ҳамчунин дастгирии намоён аз тарғибу ташвиқи осори гаронарзиши таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ арзи сипос кард.
Ба ҳамкории Тоҷикистону ЮНЕСКО дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба об баҳои баланд дода шуд.
Коичиро Матсуура изҳор дошт, ки ЮНЕСКО минбаъд низ дар татбиқи лоиҳаю барномаҳои вобаста ба оби Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ намедорад, аз ҷумла дар ташкил ва гузарондани вохӯрии минтақавӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарез, ки моҳи сентябри соли равон бояд баргузор гардад ва ҳамчунин дар омодасозии конфронси байналмилалӣ оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми даҳсолаи «Об барои ҳаёт», ки соли оянда дар шаҳри Душанбе гузаронда хоҳад шуд.
Мусоҳибон оид ба ҳифз, тарғибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ кардани осори бебаҳои таъриху фарҳанги  Тоҷикистон ва миллати тоҷик гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил изҳор дошт, ки баҳри ба номгӯи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани осори таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон, ибодатгоҳи буддоии Аҷинатеппа, шаҳристонҳои Ҳулбук, Панҷакенти қадим, Тахти Сангин, қалъаҳои Ҳисору  Ямчун, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва ғайра корҳои намоён ба сомон мерасанд.
Таъкид гардид, ки тибқи нақшаҳо ба наздикӣ шаҳристони Саразм ва Боғи миллии Тоҷикистон бояд ба ин феҳрист ҳамроҳ карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Коичиро Матсуура ҳамчунин аз ҳамкории Тоҷикистону ЮНЕСКО дар чаҳорчӯби барномаҳои «Иштироки ЮНЕСКО», «Маориф барои ҳама» ва «Маориф барои калонсолон» изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ба натиҷаҳои ҳамкории ЮНЕСКО бо Кумита оид ба ахлоқи биологӣ, ки дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад, баҳои баланд дода шуд.
Зикр гардид, ки масъалаи ба номгӯи санаҳои идонаи ЮНЕСКО  ҳамроҳ намудани 100-солагии шоири шаҳири тоҷик ва тарғибгари бебаҳои фарҳанги сулҳ дар ҷаҳон Мирзо Турсунзода ба рӯзномаи Конфронси генералии 35 – уми ЮНЕСКО ворид шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва  Коичиро Матсуура ҳавасмандии Тоҷикистону ЮНЕСКО –ро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бори дигар таъкид намуданд.

www.president.tj

* * *
Коичиро Матсуура, Директори генералии ЮНЕСКО, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   андешаҳояшро ба намояндагони ВАО чунин баён кард:
-Дар мулоқот бо Ҷаноби Олӣ, Сардори давлати Тоҷикистон, воқеан ин вохӯрии ҳаштуми мо аст, асосан дар атрофи масоили мубрами вобаста ба таҳким ва густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону ЮНЕСКО мубодилаи афкор сурат гирифт. Ёдрас гардид, ки сафари Ҷаноби Олӣ ба Париж, ҷиҳати иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, моҳи октябри соли 2005, ифтитоҳи сафоратхона дар Шоҳигарии Белгия ва таъини намояндаи доимии кишвари шумо дар ЮНЕСКО ба рушди муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшиданд. Тавре ки Ҷаноби Олӣ иттилоъ доданд, соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса сафорати худро ифтитоҳ хоҳад кард. Ин иқдом аз ҷониби мо бо гармӣ истиқбол шуд.
Директори минтақавии ЮНЕСКО тазаккур дод, ки бо Сардори давлати Тоҷикистон дар бораи ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ кардани  осори пурғановату бебаҳои таъриху фарҳанги халқи тоҷик гуфтугӯи судманд анҷом додааст. Аз ҷумла мувофиқи нақшаи ЮНЕСКО шаҳристони Саразм ва Боғи миллии Тоҷикистон бояд ба феҳристи ягонаи ёдгориҳои ҷаҳонии созмони мазкур ҳамроҳ карда шаванд. Зикр гардид, ки ин масъала айни замон мавриди омӯзиш ва баррасии комиссияи вижаи ЮНЕСКО қарор дорад ва тасмими  ниҳоии он соли 2010 ба тасвиб хоҳад расид.
Дар мулоқот инчунин рафти татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба об мавриди таваҷҷӯҳи мо қарор гирифт. Ман дар робита ба нақши босазо ва дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшудаи ҷаноби Президент баҳои баланд дода гуфтам, ки роҳбарияти ЮНЕСКО ният дорад моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба истифодаи оби кӯли Сарез мулоқоти минтақавӣ доир созад. Ҷаноби Олӣ иқдоми моро саривақтӣ ва хеле муҳим арзёбӣ намуда, гуфтанд, ки соли оянда дар пойтахти кишвар оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» доир намудани конфронси байналмилалӣ дар назар аст.  ЮНЕСКО барои ҳалли масоили глобалии вобаста ба об, аз ҷумла амалӣ гаштани ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии худро дареғ намедорад.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 781
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед