logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 дар шаҳри Турсунзода, 18 сентябри соли 2015

Устодону омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Мо имрӯз ба диёри мардуми заҳматқарину меҳмоннавози шаҳре, ки ба ифтихори фарзанди фарзонаи халқамон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудааст, омадем ва аз наздик мушоҳида кардем, ки шаҳр ба туфайли ташаббусу иқдомҳои давлату Ҳукумати кишвар ва заҳмати содиқонаву софдилонаи сокинони он хеле ободу зебо шудааст.
Имрӯз мо ҳамчунин дар маросими расмии ифтитоҳи мактаби навбунёд, ки аз ҷумлаи иншооти ба истиқболи ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти Ватани маҳбубамон бунёдгардида мебошад, ширкат дорем. Ба ин муносибат, яъне ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ҳамаи омӯзгорону хонандагон, падару модарон ва сокинони шаҳри Турсунзодаро табрик гуфта, бовар дорам, ки шогирдони ин даргоҳи нави маърифат бо истифода аз шароити мусоиди таълимӣ барои аз худ намудани илму донишҳои замонавӣ дучанд саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода ба ҳамаи онҳо муваффақият мехоҳам.
Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки хонандагон дар оғӯши он аз рукнҳои асосии худшиносиву худогоҳии миллӣ, аз қабили дарки ҳувияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, одобу ахлоқи ҳамида, илму дониш ва хештаншиносиву тафаккури созанда бархӯрдор мегарданд. Ва, албатта, амалӣ гардидани ин кори нек ва ба камол расонидани насли тарбияву таҳсилдида, пеш аз ҳама, ба заҳмати устодону омӯзгорон ва ғамхориву саъю талоши якҷояи падару модарон ва аҳли ҷомеа вобаста мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар рушди неруи инсонӣ ва умуман ҳаёти ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳад ва муаллимро аз ҷумлаи қувваҳои асосии пешбаранда ва фаъоли ҷомеа меҳисобад ва барои самаранок гардонидани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тамоми тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Муассисаи таълимии навбунёд, ки мо ҳоло дар он қарор дорем, барои 800 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо харҷи қариб 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби  буҷети давлат бунёд гардидааст. Мактаб аз 26 синфхона, озмоишгоҳу синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон, китобхонаву ошхона, маҷлисгоҳ ва толору майдони варзишӣ иборат мебошад. Яъне мо барои илму донишомӯзии шумо, фарзандони азиз, ки умеду орзуи мо ва соҳибони ояндаи Ватанамон мебошед, тамоми шароити муосирро муҳайё кардаем.
Шумо бояд тамоми кушиши худро ба он сарф кунед, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, соҳиби одобу ахлоқи намунавӣ гардед, то ки баъди хатми мактаб ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои интихобкардаатон ҳамчун фарзандони содиқу вафодор ба Ватани маҳбубамон сарбаландона хизмат намоед. Чунки ҳар як толибилм маҳз ба туфайли мактаб илму донишҳои гуногунро меомӯзад, соҳибхираду бомаърифат мегардад, бо таъриху фарҳанги гузаштаи халқи худ ошноӣ пайдо карда, ҳамчун шахсият комил мешавад ва баъдан роҳи зиндагии худро мустақилона идома мебахшад.
Бояд гуфт, ки мақому мартабаи дониш дар ҳамаи давру замонҳо баланд қадр карда шуда, хусусан имрӯзҳо, ки техникаву технологияҳои навтарин ба зиндагии мардумон ба таври васеъ ворид гардидааст, шумо фарзандони азиз низ ба омӯхтани илмҳои замонавӣ, ҳамчунин омӯзиши  забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ, ҷиддӣ машғул шавед.
Илму дониш ва ақлу хирад дар зиндагии башар ҳамеша дар ҷойи аввал қарор доранд. Бузургони гузаштаамон беҳуда донишро чароғи равшани қалби инсон ва дар ҳар мушкилии ҳаёти одамон ҷавшан ё воситаи ҳалли мушкилот нагуфтаанд. Бинобар ин, кушиш бояд кард, ки бар иловаи илмомӯзӣ, бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида ҳар рӯзи ҳаёти худро барои хуб аз худ кардани технологияҳои муосири иттилоотӣ, инчунин ҳунарҳое сарф намоед, ки оянда дар зиндагиатон ба кор меоянд. Дар ин роҳ ҳар яки шумо метавонед аз донишу таҷриба ва малакаи ҳаётии устодони худ истифода кунед.
Фарзандони азиз!
Тавре ки огоҳед, вақтҳои охир дар як қатор минтақаву кишварҳои дунё низоъҳои бисёр хатарнок ба амал омада истодаанд, ки дар натиҷаи нооромиву задухӯрдҳои мусаллаҳона одамони бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон қурбон мешаванд ё ҳамроҳи падару модарони худ тарки ватан карда, аз одитарин шароити зиндагӣ ва дарсхониву мактаб маҳрум мегарданд.
Аз ин лиҳоз, шумо бояд шукрона кунед, ки Ватани мо осудаву ором аст ва мо ҳамаи шароити заруриро бароятон муҳайё кардаем. Бори дигар таъкид месозам, ки шумо бояд бо ғайрати ҷавонӣ ҳамеша саъй кунед, ки вазифаи асосии худ, яъне омӯхтани илму донишро аз таҳти дил иҷро намоед ва барои обод кардани сарзамини аҷдодиамон – Тоҷикистон аз ҳоло омода бошед.
Дар ин рӯзи воқеан хотирмон аз шумо, фарзандони азиз, як талаб дорам, ки ҳамаатон ба монанди шоири бузург, устод Мирзо Турсунзода, ки роҳи моро бо нури илҳом ва эъҷози суханҳои волояш мунаввар карда, бо шеърҳои пурмазмуни худ дар васфи Ватан, модар, сулҳу дӯстӣ, инсонпарварӣ ва меҳрубониву муҳаббат Тоҷикистони моро дар ақсои олам шуҳратёр намудааст, номбардори халқу Ватани маҳбуби худ гардед.
Дар фарҷом барои устодони арҷманду шогирдони азиз ва ҳамаи шумо, сокинони шаҳри зебои Турсунзода, ифтитоҳ гардидани муассисаи нави таълимиро бори дигар табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хушбахтӣ, хониши хубу аъло ва дастовардҳои тоза орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду комёб бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2015    №: 190    Мутолиа карданд: 524

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед