logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ: 83 ҚОНУНШИКАНӢ ДАР СУҒД

Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадриҷан татбиқи худро ёфта истода бошад ҳам, то ҳол баъзе камбудиҳо ҷой доранд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар машварати васеъ бо иштироки масъулони шуъба ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷараёни татбиқи ин қонуни ҳаётан муҳим ёдовар шуда, аз муассир набудани фаъолияти раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аз камбудиҳо чашм пӯшидани онҳо зимни баргузории маъракаҳо изҳори нигаронӣ намуд.
- Дар баъзе ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо масъулони танзим ғайриқонунӣ аз соҳибони маъракаҳо наздик ба 240 ҳазор сомонӣ ситонидаанд, яъне дидаву дониста ба фасод даст задаанд, - иброз дошт Абдураҳмон Қодирӣ.
Бино ба иттилои расмии шуъбаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, танҳо дар шаш моҳи соли равон ҷиҳати баргузории маъракаҳои гуногун дар вилоят 69 миллиону 27 ҳазору 804 сомонӣ сарф гардидааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар маърака 5 ҳазору 242 сомонӣ рост меояд.
Дар муддати шаш моҳи сипаришуда аз ҷониби масъулони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 83 қонуншиканӣ ошкор шудааст.
- Таҳлил ва ҷамъбасти нимсолаи аввал дар вилоят нишон дод, ки иҷрои талаботи қонуни мазкур аз ҷониби масъулони комиссияҳои доимӣ ҳамеша таҳти назорат қарор дошта бошад ҳам, вазъи баргузории ҷашну маъракаҳо нигаронкунанда боқӣ мондааст, - мегӯяд Обидҷон Шарифов, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
Аз маълумоти расмӣ бармеояд, ки дар шаҳру навоҳии вилоят ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи моддаҳои 7 (ҷашнҳои арӯсӣ), 8 (зодрӯз), 9 (хатнасур), 10 (тӯйи арӯсӣ) ва 14 (тартиби хизматрасонии ҷашну маросимҳо аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхона ва ошхонаҳо) - и қонуни мазкур бештар ба мушоҳида мерасанд.
Нигаронии раиси вилоят бояд масъулияти комиссияҳои доимӣ ва масъулони баргузории ҷашну маросимҳоро бештар гардонад. Онҳо бо роҳандозии корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бояд ҳатмӣ будани риояи муқаррароти қонунро ба мардум фаҳмонанд.  

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2015    №: 191    Мутолиа карданд: 549

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед