logo

президент

Сардори давлат дастур дод, ки «Равзанаи ягона» зудтар фаъол шавад

4 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат натиҷаҳои чормоҳаи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, вусъат додани корҳои созандагӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб баррасӣ шуданд. 
Зикр гардид, ки буҷети давлатӣ дар 4 моҳи соли равон ба ҳадди 91% иҷро шуд ва афзоиши ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 3,6% - ро ташкил дод. Таваррум ба ҳисоби пешакӣ дар ҳаҷми 1,3 - 1,4% ба қайд гирифта шудааст. 
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони бахши иқтисодиёти Ҳукумати мамлакат оид ба таъмини даромади буҷети давлатӣ, маблағгузории саривақтии соҳаҳои буҷетӣ ва пардохти маошу нафақа дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба муҳайё намудани фазои мусоиди рушди иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкории хусусӣ дастур дод, ки механизми «Равзанаи ягона» ҳарчи зудтар фаъол гардонда шавад.
Таваҷҷӯҳи махсус ба таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат зоҳир гардид.
  Аз ҷумла дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1» ва «Сангтӯда – 2», оғози сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод-1» ва Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ҳамчунин бунёди 50 нерӯгоҳи хурди обӣ тезонда шаванд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба гузаштан ба фурӯзандаҳои каммасраф иттилоъ дод, ки барои таъмини 241 ҳазор оилаи камбизоат 16 миллион сомонӣ аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат ҷудо карда шуд ва ҳамзамон соҳибкорону тоҷирони соҳибимкони кишварро даъват намуд, ки дар ин кор саҳмгузор бошанд ва ба аҳолии камбизоат дар харидории фурӯзандаҳои каммасраф дасти кӯмак дароз намоянд.
Роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки оид ба кам кардани сафарҳои хидматӣ, дигар хароҷоти идорӣ ва сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои судбахш андешанд.  
Таъкид гардид, ки тамоми чорабиниҳои идонаю оммавӣ ва конфронсу семинарҳо низ бояд бе хароҷоти зиёд гузаронда шаванд.
Ба вазири маориф дастур дода шуд, ки  иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихоби хатмкунандагони болаёқати мактабҳои миёна барои дар хориҷа хонондан ва ҳамчунин дар бораи истифодаи телефонҳои мобилӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён ва ба тартиби муайяншуда гузарондани маросими хатми соли таҳсил таъмин намояд. 
Ба Ҳукумати мамлакат дастур дода шуд, ки ба ҳар як собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи 9  май   350 сомонӣ кӯмаки яквақтаи пулӣ ҷудо карда шавад.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1018

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед