logo

ҳуқуқ

ОДАМФУРӮШӢ

Ё зуҳуроте, ки таҳдид ба амнияти кишварҳо дорад

Бар пояи як гузориши Созмони Милали Муттаҳид ҳар сол беш аз 4 миллион нафар дар ҷаҳон марзи кишварҳои алоҳидаро ғайриқонунӣ убур мекунанд. Ин афрод бо мусоидати иттиҳодияҳои ҷиноятпеша, ки аз ин ҳисоб соле то 7 миллиард доллар фоида ба даст меоранд, сарҳадшиканӣ намуда, ғолибан ба иҷрои корҳои маҷбурӣ ҷалб мешаванд. Гуфта мешавад, ки ҳар сол дар ҷаҳон муомилоти пулӣ аз савдои одамон 30 миллиард долларро ташкил дода, тибқи ҳисобҳо ин раванд аз рӯи даромаднокии тиҷоратӣ мавқеи сеюмро касб кардааст.
Дар ҳоле ки афзоиши ҷиноёти марбут ба хариду фурӯши одамон дар канори таҳдидҳои замони феълӣ, назири терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, зуҳури гурӯҳҳои радикали исломӣ ба мавзӯи доғдоре табдил шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи одамрабоӣ ва ё хариду фурӯши одамон иқдомоти муассире  роҳандозӣ карда, ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти зиёновар заминаҳои устувори ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Вобаста ба ин, ҳанӯз соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариду фурӯши одамон» қабул гардид, ки заминаи асосии ҳуқуқии  мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ба шумор мерафт. Вале, бо назардошти талаботи нави замони муосир ва вижагиҳои баамаломада дар муносибатҳои ҷамъиятӣ қонуни мазкур 26 июли соли 2014 дар таҳрири нав таҳти унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардид. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аксар конвенсияҳои байналмилалии мубориза бар зидди савдои одамон ҳамроҳ шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расондааст.
Мирзобек Ҳоҷиев, корманди Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, мегӯяд, ки қонуни нав таҷрибаи даҳсолаи қонуни қаблан амалкунандаро ҷамъбаст намуда, бо назардошти талаботи замони муосир ва мутобиқгардонии он ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ хеле такмил дода шуд. Дар қонуни нав вазифаву уҳдадориҳои ҳар як субъекти муборизабаранда алайҳи савдои одамон ва расондани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба таври мушаххас муайян шудаанд.
Мафҳуми «хариду фурӯши одамон» фаротар аз онест, ки дар назари аввал дарк мешавад. Зеро аксаран зери ин мафҳум истисмори шаҳвониро дар назар доранд. Ҳол он ки истисмор, ҷалбкунӣ, супурдан, пинҳонкунӣ ё гирифтани одамон бо роҳи зӯрӣ, истифодаи он ва ё дигар шаклҳои маҷбурсозӣ, дуздӣ, қаллобӣ, фиреб, суиистифода аз мансаб ё ҳолати заифӣ низ, дар маҷмӯъ марбути хариду фурӯши инсон шинохта мешаванд. Ин ҷиноят дар Тоҷикистон умдатан дар ду шакл - қочоқи занон ва истисмори онҳо дар бозорҳои танфурӯшӣ ва истисмори неруи корӣ, ба мушоҳида мерасад. Дар ин замина мавридҳои ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои ҷиноятӣ кам нестанд. Чунончи, соли гузашта суди вилояти Хатлон се зани сокини ноҳияи Қубодиёнро бо ҷурми қочоқи занон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард.
Манбаъҳои ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳарчанд дар ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ заминаи қонунӣ барои пешгирӣ, рафъ ва додани ҷазо барои хариду фурӯши одамон мавҷуд аст, худи ҷиноят ҳамчун ҷинояти харидуфурӯши одамон кам эътироф мегардад. Ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон аксар вақт ҳамчун дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла вайрон намудани низоми муҳоҷират, дуздӣ (одамрабоӣ), асорати қарзӣ, меҳнати маҷбурӣ, таҷовуз, ҳуҷум, қаллобӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва шиканҷа муайян мешаванд. Ин аст, ки дар робита ба ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон парвандаҳои ҷиноятӣ на дар асоси ин ҷинояти мушаххас, балки дар асоси дигар муқаррароти қонунгузорӣ оғоз мешаванд, ки сабаби идома ёфтани фаъолияти одамҷаллобон гардида, қурбониёни хариду фурӯшро аз бархе ҳуқуқҳояшон маҳрум месозад.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти ахири матбуотиаш бо хабарнигорон дар ин бора суҳбат кард. Бино ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ танҳо аз ҷониби Суди Олӣ 6 парвандаи вобаста ба хариду фурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4 адад кам будааст.
Зимнан, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 18 ҳолати хариду фурӯши одамон (аз инҳо 7 ҳолаташ хариду фурӯши ноболиғон) - ро сабт кардааст. Дар ин робита Карим Солиев, муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, мегӯяд, вазорат ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» барномаҳои вижае рӯи даст гирифтааст. Ба гуфтаи полковник Карим Солиев, Вазорати корҳои дохилӣ дар қонунгузории навин ба доираи субъектони давлатии бевосита амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар баробари мақомоти прокуратура, амният, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти гумрук дохил мешавад.
Моҳи феврали соли равон ҷиҳати тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба одамрабоӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ гурӯҳи корӣ созмон ёфт. Аъзои гурӯҳи корӣ дар нишастҳои худ муҳимтарин масоили вобаста ба ин зуҳуроти хавфнокро баррасӣ карда, ҳамзамон Низомномаи маркази муқовимат ба савдои одамонро, ки дар сохтори ВКД, шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил таъсис дода шудааст, омода намуданд. Гузашта аз ин, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ қариб дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ лоиҳаҳои гуногунро мавриди амал қарор дода, дар таъсиси марказҳои дастгирӣ ва кумак ба қурбониёни савдои одамон, гузарондани корҳои маърифатӣ, амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо иштирок мекунанд.
Ин ҳама тадбирҳо алайҳи мубориза бо қоҷоқи инсон ҳосили татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз қонуни мазкур барои ташкили муқовимат ба савдои одамон асосҳои ташкилӣ ва меъёрҳои ҳуқуқиро мушаххас намудааст, ки дар сурати риояи меъёрҳои муқарраршуда ва амалӣ шудани онҳо натиҷаҳои дилхоҳ ба даст хоҳанд омад.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2015    №: 192    Мутолиа карданд: 771

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед