logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ҲИСОР

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000 - солагии Ҳисор ба ноҳияи Ҳисор ташриф овард.
Дар Ҷамоати деҳоти Сомон дар шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода сокинони ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти баланд, ки нишонаи возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлат мебошад, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои осорхонаи ноҳиявиро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дод. Ин бинои наву замонавӣ ба истиқболи ҷашни 3000 -  солагии Ҳисори шодмон бо ташаббуси Сарвари давлат бунёд ёфт.
Дар бино тарҳу ороиш ва нақшу нигори асри миёнаро бо муосир омехта намудаанд, ки ба ин иншоот шукӯҳу шаҳомати хоса зам кардааст.
Осорхона аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои тамоми шароит барои нигоҳдории нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад.
Фармоишгар-Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Монолит - 2011” мебошад. Маблағи умумии сохтмон беш аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2014 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2015 ба анҷом расид.
Масоҳати умумии бино қариб як гектарро ташкил медиҳад.  Дар таҳхонаи осорхона устохонаҳои таъмири маҳсулоти кулолӣ, шишагӣ, нусха кардани нигораҳо, таъмири маҳсулоти нахдор, сехи таъмири маҳсулоти дӯзандагӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо мавҷуданд. Ҳоло дар фонди осорхонаи навбунёд зиёда аз 3000 нигораи таърихӣ гирд оварда шудааст.

Осорхона аз 11 шуъба иборат мебошад, ки ҳар кадоми он вобаста ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик фаъолият намуда, насли ояндаро бо таърихи ниёгонамон шинос месозад. Бо бунёди осорхона 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Дар толорҳои осорхона ҳунарҳои мардумӣ бо осорҳои заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ аз асрҳои 9 то 19 ва дигар бозёфтҳо нигаҳдорӣ мешаванд.
Сокинони ноҳия баҳри ғанӣ гардонидани хазинаи осорхона нигораҳоеро, ки аз аҷдодонашон мерос мондааст, ба осорхона туҳфа карда истодаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин иқдоми сокинони ватандӯст баҳои баланд дод.
Қомат афрохтани биноҳои муосир, фаввораҳои зебо ва даҳҳо иншооти дигар ба симои маркази ноҳияи Ҳисор ҳусни тоза зам кард ва ин натиҷаи сиёсати созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои насли оянда муҳайё кардааст.


Дар маркази ноҳия - шаҳраки Ҳисор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи ноҳиявӣ Китобхонаи марказии ноҳияро низ расман мавриди истифода қарор дод.
Сохтмони китобхона моҳи феврали соли 2014-ум бо тарҳ ва усули хоси меъморию  шаҳрсозӣ шурӯъ гардида, бо харҷи 10 миллион сомонӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Монолит - 2011” бунёд гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро хонандагони ин боргоҳи маърифат ва кормандони соҳа самимона истиқбол гирифта, китоби тозанашрро таҳти унвони «Донишномаи Ҳисор», ки бахшида ба таҷлили 3000 - солагии Ҳисори шодмон чоп шудааст, тақдим намуданд.
Китобхонаи марказӣ дорои 40 ҳуҷра, аз ҷумла, 25 ҳуҷраи корӣ ва 15 хонаи ёрирасон мебошад ва дар онҳо 38 компютер васлу насб шудааст.
Дар бинои нави китобхона 30 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ шуд. 
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи аввали бино  аз  толори маҷлисгоҳи китобхона боздид ба амал оварда, дар маҳфили рӯдакихонии муштариёни ин  махзани илму маърифат иштирок кард.
Дар китобхонаҳои ҳудуди ноҳия 343 ҳазор асари гуногун мавҷуд аст, ки аз он беш аз 200 ҳазор нусха дар китобхонаи марказӣ нигоҳ дошта мешавад. Шумораи умумии хонандагон 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Китобхонаи марказӣ аз шуъбаҳои маълумотдиҳӣ, библиографӣ ва илмӣ-методӣ,  феҳристи электронӣ, китобхонаи электронӣ ва бахши маълумотдиҳию бақайдгирӣ, толори адибони водии Ҳисор ва ду толори барҳавои хониш иборат мебошад.
Дар китобхона 500 ҳазор нусха асар, аз ҷумла 500 нусха китоби электронӣ мавҷуд аст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо шароити китобхона пурра шинос шуда, бунёди чунин китобхонаи муосирро саривақтӣ донист ва онро ҳамчун туҳфаи арзишманд ба ҷавонону дӯстдорони китоб дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 3000 - солагии Ҳисори шодмон тақдим намуд.


Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор Кохи фарҳангро дар маркази ноҳия ифтитоҳ намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти он оғоз бахшид.
Кохи фарҳанг бо 700 ҷойи нишаст бо харҷи қариб 27 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1,3 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Дар корҳои сохтмонӣ пудратчӣ ҶДММ «Монолит - 2011»-и шаҳри Душанбе беш аз сад нафар мутахассиси маҳаллиро ба кор ҷалб кард.
Сохтмон дар Кохи фарҳанг, ки аз 3 ошёна иборат мебошад,  аз соли 2013 оғоз гардида буд.
Назди бино бо гулу гулзор ва фаввораҳо оро дода шуда, ба як гулгашти зебою сайргоҳи сокинону меҳмонони ин гӯшаи дилписанди Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар Кохи фарҳанг нигористони театрӣ барои нигоҳдории намунаи либосҳои санъаткорон ва дар осорхонаи он барои созҳои миллии мусиқӣ ҷойи махсус муҳайё карда шудааст. Толори васеъ ва даромадгоҳи Кохи фарҳанг бо санъати хоси меъмории кандакорӣ ороиш ёфтааст.
Дар таҳхонаи бино ошхона бо 100 ҷой, ҷойи либосҳои театрӣ, толори варзиш, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории кормандон, кошонаи ҳусн, синфхонаи дӯзандагӣ, ҳуҷраҳои машқу тамрин ва дар ошёнаи сеюм маҳфилгоҳи рассомон, ҷойи сурудхонӣ мавҷуданд.
Дар Кохи фарҳанг 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст.
Зимни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосир, ки Ҳукумати мамлакат барои аҳли санъати ноҳия омода кардааст, намоишномаи театрикунонидашуда пешкаш карда шуд.
Президенти мамлакат ба бинокорон барои иҷрои корҳои сохтмонӣ изҳори сипос намуда, ифтитоҳи ин кохи бошукӯҳи фарҳангиро ба аҳли ҳунар муборакбод гуфт.


Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро расман ифтитоҳ намуд. Дар саҳни ҳавлӣ Сарвари давлатро хонандагони хуштолеъ бо суруду шеърҳо дар васфи Ватан ва пешвои халқ истиқбол гирифтанд.
Фармоишгар - Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ дар ин бинои боҳашамат моҳи майи соли 2014 оғоз гардиданд. Барои бунёди Мактаби президентӣ бо 640 ҷой беш аз 60 миллион сомонӣ маблағ сарф шуд.
Дар назди Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор 2 хобгоҳ барои 400 хонанда, 1 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо 36 хона барои омӯзгорон, толору майдонҳои варзишӣ ва ҳамаи шароити дигари мувофиқ ба талаби замон бунёд шудаанд.
Пеш аз шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби президентӣ  Сарвари давлат ба як қатор омӯзгорон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Мактаби президентӣ аз як бинои сеошёнаи таълимӣ иборат буда, дорои 43 синфхонаю кабинетҳои фаннӣ, 7 озмоишгоҳ ва дигар шароити мусоиди дарсомӯзӣ мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ айни ҳол 50 нафар омӯзгори ботаҷриба тариқи озмун ба кор ҷалб гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳои барҳавои мактаб боздид ба амал оварда, таъкид намуд, ки таҳсили хонандагон дар чунин муассисаи бошукӯҳ бояд дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ сурат гирад.
Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор дорои тамоми шароити таълимӣ буда, бо навтарин таҷҳизот ва технологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин, дар ин муассисаи таълимӣ толорҳои барҳавои фарҳангию варзишӣ, китобхонаи электронӣ, ошхонаю хобгоҳҳои замонавӣ муҳайё гардидаанд.
Тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассисаи таълимӣ беҳтарин хонандагон тариқи озмун аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Турсунзода барои таҳсил қабул карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо хонандагон онҳоро ба хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, дӯст доштани Ватан ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд. Хонандагони мактаб низ дар навбати худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин муассисаи бошукӯҳи таълимӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.
Барои хонандагон ҳамчунин ду бинои хобгоҳ низ бунёд гардидааст. Сарвари давлат бо шароити хобгоҳҳои хонандагон аз наздик шинос шуд. Ин муассисаи муосири таълимӣ аз рӯи шаҳомат пас аз боргоҳҳои илму маърифат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Чкалов ва Бохтару Данғара ҳафтумин мактаби президентӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Пас аз шиносоии пурра бо шароити таълим ва хобгоҳҳои мактаби президентӣ дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони ноҳияи Ҳисор мулоқот карда, ифтитоҳи ин муассисаи таълимии замонавиро ба онҳо табрик намуд.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки ба фаъолият оғоз кардани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар арафаи ҷашни 3000 - солагии Ҳисор туҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба фарзандони сокинони ноҳия мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2015    №: 192    Мутолиа карданд: 10976

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед