logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ- ОМИЛИ ХАВФНОКИ ҶОМЕА

Ҳабибулло ВОҲИДОВ,
прокурори вилояти Суғд

Дар ҷаҳони муосир мубориза бар зидди коррупсия ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст. Коррупсия омили хавфноки ҷомеа буда, ба амнияти миллӣ ва рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ дорад. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, гардиши солонаи коррупсия зиёда аз 600 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳар сол зиёда аз 1 триллион доллар ифротгароёна харҷ мешавад. 
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 феврали соли равон,  зикр намуданд, ки: “Таъмини бехатарии иқтисодӣ ва таҳкими низоми молиявию буҷетии кишвар, мубориза бо коррупсия ва омилу падидаҳое, ки имрӯз садди рушди иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошанд, бояд вазифаи ҷонӣ ва масъулияти шахсии ҳар як роҳбар ва хизматчии давлатӣ бошад”.
Прокуратураи вилояти Суғд ин дастури Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ, пурзӯр намудани ташвиқу тарғиби амалҳои зиддикоррупсионӣ ва ҷиҳати ба вуҷуд овардани ҳисси боварию эътимоди шаҳрвандон ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ диққати махсус медиҳад. Чунончи, онҳо дар идораю корхонаҳои давлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва маҳали зисти шаҳрвандон дар соли 2014 ва нимсолаи аввали соли равон 2898 суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд. Гузашта аз ин, ба воситаи телевизион ва радио беш аз 1000 гузориш пахш карда, дар рӯзномаву маҷаллаҳо зиёда аз 600 мақола ба табъ расонданд.       
Бо вуҷуди ин, таҳлили вазъи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нишон дод, ки содиршавии ин қабил ҷиноятҳо тамоюли зиёдшавӣ доранд. Аз ҷумла, дар соли 2014 ва 7 моҳи соли равон 1353 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. 
Дар ҷараёни санҷиш ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ 68.213.255 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва аз он 14.939.204 сомонӣ барқарор карда шуд. Дар ин давра  аз ҳама бештар ҷиноятҳои азхудкунӣ 138 адад, қаллобӣ - 122 ва гирифтану додани пора 72 адад ошкор шудааст. Агар маблағи зарар аз ҷиноятҳои азхудкунӣ 17.556.139 сомониро ташкил дода бошад, ҷиноятҳои қаллобӣ - 25.118.601 сомонӣ ва ҷиноятҳои порагирӣ 635.965 сомониро ташкил дод. 
Мутаассифона, тасарруфи маблағҳо ва порагирӣ асосан аз ҷониби шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва роҳбарони ҷамъиятҳо барои хариду фурӯши замин, озод кардан аз ҷавобгарии маъмуриву ҷиноятӣ, иҷрои корҳои сохтмонӣ, фурӯши моликияти давлатӣ, санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон, озод кардан аз пардохти ҷаримаи суд содир шуда, бевосита ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ таъсири манфӣ расондааст. Зеро тибқи маълумоти оморӣ то 1 июли соли равон қарзи музди меҳнат дар вилоят 11.274.000 сомониро ташкил додааст. 
Таҳлил нишон дод, ки содиршавии ҷиноятҳо ба вазъи иқтисодии ҷинояткорон вобаста  набуда, шаҳодати паст будани интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ба таври мунтазам ба роҳ монда нашудани омӯзиши қонунгузорӣ бар зидди коррупсия дар мақомоти давлатӣ ва мунтазам истифода набурдани роҳу воситаҳои муассири мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб мебошад. 
Шахсони мансабдори давлатӣ бо гирифтани маблағҳои калони пулӣ ба хариду фурӯши замин даст мезананд. Масалан, муовини раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд, нозири Корхонаи фаръии замини шаҳри Хуҷанд, раисони ҷамоатҳои Тоғояки ноҳияи Спитамен, Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ғ. Ортиқови шаҳри Конибодом барои гирифтани пора ба маблағи аз 10 000 то 20 000 доллари ИМА дастгир ва маҳкум шудаанд.   
Дар ин давра кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, кумитаҳои заминсозӣ, ҷамоатҳо, маориф ва тандурустӣ дар 120 ҳолат ҷинояти коррупсионӣ содир намудаанд. Аз ин, ба соҳаи маориф - 47, тандурустӣ- 25, ҷамоату шаҳракҳо - 22, МИМҲД - 15, кумитаҳои заминсозӣ - 11 ҷиноят рост меояд. Инчунин, 39 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 апрели соли 2013, аз ҷумла, баён намуда буданд: «Дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад». Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, раисони ҷамоатҳо ва ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур аст, ки баҳри аз байн бурдани сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мунтазам чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти субъектҳои бар зидди коррупсия муборизабаранда ва ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини шаффофияти фаъолият дар ин самт, фароҳам овардани фазои оштинопазир бо коррупсия бояд корҳои зерин анҷом дода шаванд: 
- бо мақсади паст кардани сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба мавзӯъ, моҳият, мафҳум ва оқибатҳои ҷиноятҳои коррупсионӣ барномаҳои омӯзишӣ таҳия намуда, мунтазам тавассути вохӯриҳо, рӯзномаю маҷаллаҳо ва телевизионҳои маҳаллӣ пахш карда шаванд;
- дар сохтори кадрҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, раёсатҳои маориф ва тандурустӣ бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин муайян намудани кормандоне, ки майли даст задан ба омилҳои коррупсионӣ доранд, тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд;
-омӯзиши Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ва Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, раёсатҳои маориф ва тандурустӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад;
-натиҷаи фаъолияти Маркази миллии тестӣ садди роҳи пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф гардида бошад ҳам, имрӯзҳо шахсони мансабдор ва ваколатдори давлатӣ дар тамоми минтақаи вилоят замин ва моликияти давлатиро ба предмети хариду фурӯш табдил дода истодаанд. Аз ин рӯ, ба субъектони бар зидди коррупсия муборизабаранда зарур аст, то бо мақсади ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионие, ки аз ҷониби гурӯҳи шахсони мансабдор, дар асоси маслиҳати пешакӣ, бо воситаи миёнаравҳо содир карда мешаванд, дар доираи ваколатҳои худ тадбирҳои муассир андешанд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ дар таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар беҳтар намудани вазъи пешгирии коррупсия, ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва умуман, муқовимат бо коррупсия саҳми арзандаи худро минбаъд низ хоҳанд гузошт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2015    №: 193    Мутолиа карданд: 858

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед