logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об», Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 27 сентябри соли 2015

Ҷаноби Олӣ, Ян Элиассон, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Ҷаноби Олӣ генерал Прают Чан-Оча, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд,
хонум Ҳелен Кларк, маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид,
хонумҳо ва ҷанобон,
Қабл аз ҳама, мехостам шуморо ба ифтихори чорабинии сатҳи баланд шодбош гӯям ва барои ширкататон дар мубоҳисаи имрӯза оид ба мавзӯи басо муҳим – «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об» арзи сипос намоям.
Иҷозат диҳед, дар оғоз барои ташкили нишасти имрӯза ба роҳбари кумитаи Гурӯҳи «Дӯстони об» ва хоса ба намояндагиҳои доимии Финляндия, Таиланд, ҳамчунин ба Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид миннатдории худро баён намоям.
Тавре ҳамаи шумо огаҳӣ доред, дар ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ҷомеаи байналмилалӣ дар мавриди дастёбӣ ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи соҳаи об, аз ҷумла дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар арсаи обу беҳдошт, ба пешрафти назаррас ноил гардид. Мо чунин мешуморем, ки ҳамаи ин дастовардҳо ба шарофати қабул кардан ва амалӣ сохтани тарзу услуби нав ва талошҳои ҳамоҳангшуда дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ имконпазир гардиданд.
Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ки 23 декабри соли 2003 тавассути қатъномаи Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон эълон гардидааст, аз мусоидат ба саъю талош барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва беҳдошт то соли 2015 иборат аст. Дар ин раванд рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо дар маркази таваҷҷуҳ буд.
Даҳсолаи сипаригашта дар бахши об ва берун аз он замони дигаргуниҳои бузург маҳсуб меёбад. Мо беҳшавии ҳамоҳангсозиро дар сиёсати соҳаи об дар сатҳи умумиҷаҳонӣ – ҳам дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам дар миёни давлатҳои аъзо – мушоҳида кардем.
Огоҳӣ ва иштироки бештари глобалии ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин раванд комёбии бузург метавон гуфт. Дар чаҳорчӯбаи Даҳсола стратегияи дарозмуҳлат ва нақшаи амалиёт дар сатҳи глобалӣ ба тасвиб расид ва муҳимтар аз ҳама, раванди сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки Даҳсола ҳамчунин ба беҳсозии амалҳои муштараки ҷонибҳои гуногуни манфиатдор дар миқёси сайёра мусоидат намуд. Он ба ҳамкорию ҳамдастии мақомоти ҳукуматӣ, ҷалб гардидани занон, ҷавонон, доираҳои соҳибкорию илмӣ ба баррасии масъалаҳои об низ такон дод. Ба ғайр аз ин, сохтору василаҳои марбутае таъсис ёфта буданд, ки фаъолияти онҳо дар ҷараёни Даҳсола ба такмилу таҳкими ҳамоҳангсозии байниидорӣ равона гардида буд.
Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам,
Ҳукумати Тоҷикистон, яъне кишваре, ки ташаббускори Даҳсолаи байналмилалӣ буд, барои татбиқи амаливу бомуваффақонаи чорабиниҳои он дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ силсилаи тадбирҳо андешида буд. Ба ин хотир бо саъю кӯшиши Ҳукумати кишвари мо – дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ – дар шаҳри Душанбе чандин чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ доир гардиданд.
Дар ин росто, мехоҳам аз Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар (соли 2005, шаҳри Душанбе), Конфронси байналмилалӣ оид ба кам кардани офатҳои табиии марбут ба об (соли 2008, шаҳри Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба шарҳи хулосавии миёнамуҳлати фарогири ҷараёни иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 - 2015 (соли 2010, шаҳри Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар арсаи об (соли 2013, шаҳри Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз рӯи натиҷаҳои татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 - 2015 (соли 2014, шаҳри Душанбе) ёдовар шавам.
Илова бар ин, бо ибтикори Тоҷикистон ва тибқи қатъномаҳои марбутаи Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тафсири ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»  ва  ба ифтихори эълон шудани соли 2013  ба  ҳайси  Соли байналмилалии  ҳамкорӣ  дар  арсаи  об  ва  бистумин солгарди эълони Рӯзи байналмилалии захираҳои об  дар  чаҳорчӯбаи  иҷлосияҳои 64 - ум (соли 2010), 67 - ум (соли 2013) ва 69 -ум (соли 2015) - и Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид муколамаҳои интерактивии сатҳи баланд доир гашта буданд.
Хонумҳо ва ҷанобон,
Бо вуҷуди пешрафти муассир дар ҷодаи амалисозии Даҳсола, камбудиву мушкилоте, ки дар ҷараёни  татбиқи  амалии  он  ҷой  доштанд, дар паймудани ин роҳ монеаҳои муайян эҷод сохтанд. Аз ҷумла, дар баробари комёбиҳои муҳим дар ҳалли масъалаҳои марбут ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола оид ба об, мақсаду матлабҳо дар самти беҳдошт ба иҷро нарасиданд. Ҳамзамон бо ин, натиҷаҳои мухталиф дар татбиқи амалии ин ҳадафҳо дар сатҳи минтақаҳо, кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба рушд, шаҳрҳо ва деҳот, кишварҳои доро ва камбизоати аҳолӣ боиси нигаронист.
Имрӯз, чун пештара, дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион одам ба оби тозаи ошомиданӣ ва дуюним миллиард одам ба шароити асосии беҳдошт дастрасӣ надорад. Тақрибан як миллиарду сесад миллион одам аз барқ маҳрум аст. Ба ҳисоби миёна ҳар сол офатҳои табиии марбут ба об ба андозаи зиёда аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисороти иқтисодӣ ворид сохта, хушксолӣ ва биёбоншавӣ манбаи воситаҳои зиндагии зиёда аз як миллиарду дусад миллион одамро дар тамоми ҷаҳон зери хавфу хатар қарор медиҳанд.
Ба ин равандҳо тағйирёбии глобалии иқлим ва вазъи демографӣ, бешубҳа, таъсири ҷиддӣ мерасонад. Мувофиқи арзёбии коршиносон то соли 2050 аҳолии сайёра зиёда аз 9 миллиард одамро ташкил дода, ин ба афзоиши мутаносиби истеъмоли об боис мегардад. Интизор меравад, ки ба иллати таъсири тағйирёбии иқлим дар ин давра аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии сайёра ба мушкилии норасоии оби ошомиданӣ дучор меояд. Чунин вазъ аз ҷомеаи байналмилалӣ талошҳои ҳарчи бештари дастаҷамъона ва андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро оид ба ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда тақозо дорад.
Маҳз ба ин хотир, дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонии об мо пешниҳод намудем, ки таҳти шиори «Об баҳри рушди устувор» Даҳсолаи нави байналмилалӣ эълон гардад. Мо итминон дорем, ки даҳсолаи нав василаи муҳими дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувори марбут ба об хоҳад гашт.
Шубҳае нест, ки даҳсолаи нав пешрафти дар ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии амалиёти  «Об барои ҳаёт» бадастомадаро таҳкиму тавсеа бахшида, барои муттаҳид намудани талошҳои мо оид ба ҳалли масъалаҳои об дар давраи баъд аз соли 2015 заминаи боэътимод хоҳад гузошт.
Дӯстони азиз,
Он донишу таҷрибае, ки дар ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» андӯхтем, ба мо имкон медиҳанд, ки ба хотири расидан ба тамоми ҳадафҳо дар арсаи об монеаҳои мавҷударо бартараф созем ва масъалаҳои боқимондаро дар доираи рӯзномаи нави рушд дар давраи баъд аз соли 2015 ҳал намоем.
Вобаста ба ин, ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии нав асосноку саривақтӣ медонем ва давлатҳои аъзоро даъват мекунем, ки ин ташаббусро пуштибонӣ намоянд. Фикр мекунам, ки фароҳам сохтани ҳаёти шоистаи наслҳои ояндаи мо танҳо аз тариқи андешидани тадбирҳои муштарак имконпазир аст.
Аз ин рӯ, ҷонибдории ҳамаҷонибаи ибтикороти мавҷуда барои мусоидат ба иҷрои уҳдадориҳо оид ба об дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии марбутаи фаъолияти мо дар ин масир аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар хотима мехостам бори дигар ба ҳамаи шумо барои алоқамандиатон ба муколама оид ба муайян сохтани иқдомоти минбаъда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои идораи устувори захираҳои об ва беҳдошт ба нафъи наслҳои ояндаи мо арзи сипос намоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2015    №: 195    Мутолиа карданд: 617

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед