logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим», Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 27 сентябри соли 2015

Муҳтарам ҷанобони ҳамраис,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Қабл аз ҳама, иҷозат фармоед ба созмондиҳандагони муколамаи интерактивии имрӯза, ки ба мавзӯи мавриди таваҷҷуҳи тамоми башарият – таъсири тағйирёбии иқлим ба сайёраи мо – бахшида шудааст, изҳори миннатдорӣ намоям.
Тайи даҳсолаи охир пайомадҳои манфии тағйироти иқлим, ки ба андозаи муайян ба фаъолияти инсон иртибот доранд, ҳарчи бештар аз худ дарак медиҳанд.
Пажӯҳиши чандинсолаи мутахассисони мо аз тақвияти таъсири тағйироти иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ва минтақа гувоҳӣ медиҳад.
Тибқи мушоҳидаҳо, тайи 60 соли охир ба ҳисоби миёна ҳарорати солонаи ҳаво дар Тоҷикистон ба андозаи 1 дараҷа аз рӯи Селсия баланд шудааст; теъдоди рӯзҳои сербориш зиёд гардидааст ва ҳодисаҳои ғайриодии гидрометеорологӣ бештару шадидтар рух медиҳанд. Фақат ба иллати офатҳои табиии имсола ба иқтисоди кишвари мо ба андозаи садҳо миллион доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расид. Мутаассифона, онҳо ба талафоти ҷонӣ низ боис шуданд.
Таъсири манфии тағйироти иқлим ба ҳаҷм ва сифати захираҳои оби тозаи нӯшокӣ рӯз ба рӯз возеҳтар мегардад. Тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудани масоҳати пиряхҳое, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба иллати тағйироти иқлим дар ҳудуди кишвари мо то як ҳазор пирях нобуд шудааст.
Кишварҳои минтақа захираҳои обро чун унсури асосии рушди устувор эътироф намуда, тағйири даври гидрологиро бо эҳсоси нигаронӣ арзёбӣ менамоянд, зеро он ба амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонда, эҳтимоли обхезиҳо ва хушксолиҳои шадидро афзун мегардонад.
Пӯшида нест, ки Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи минтақаҳое мебошад, ки дар паҳнои он тағйироти иқлим аллакай ба пайомадҳои муайяни манфӣ сабаб шудаанд.
Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам,
Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии гази карбонат ҷои 135-умро ишғол менамояд. Партовҳои газ дар Тоҷикистон дар як сол андаке бештар аз як тоннаро ба сари одам ташкил дода, ҳиссаи партовҳои дахлдори кишвар дар миқёси минтақа ҳамагӣ тақрибан ба 3 фоиз баробар аст. Истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи неру, асосан гидроэнергетика, ба он мусоидат мекунад, ки рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамзамон бо нишондиҳандаҳои пасттарини партовҳои зарарнок ба ҳаво сурат мегирад.
Асоси энергетикаи кишварро неругоҳҳои барқи обӣ, ки тавассути онҳо тақрибан 98 фоизи неруи барқ тавлид меёбад, ташкил медиҳад. Ҳукумати кишвар ба хотири таъмини тавозуни истеҳсолу истифодаи неру аз тариқи таҷдиду тақвияти иқтидори неругоҳҳои амалкунандаи барқи обӣ, бунёди неругоҳҳои нави барқи обӣ, истифодаи неруи офтобу бод ва ҷорӣ сохтани усулҳои муассири сарфаи неру чораҳои ҳамаҷониба меандешад. Ҳадафи ин тадбирҳо – дар айни замон – мусоидат ба таъмини амнияти обӣ ва энергетикиву озуқавории минтақа мебошад.
Обанборҳои неругоҳҳо дар навбати худ, дар баробари таъмини танзими боэътимоди бисёрсола ва мавсимии ҷараёни об, ба пешгирии обхезиҳо ва сабуксозии оқибатҳои хушксолӣ мусоидат мекунанд.
Ҳамтоёни гиромӣ,
Тоҷикистон ба масъалаи андешидани тадбирҳои мутобиқсозӣ, ки унсури муҳими рушди устувор мебошанд, аҳамияти хоса медиҳад. Ҳукумати кишвар Нақшаи миллии амалиётро оид ба сабук намудани пайомадҳои тағйири иқлим тасдиқ намуд. Тибқи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим се гузориши миллӣ омода карда шуд.
Масъалаҳои тағйири иқлим ва амалисозии чораҳои мутобиқсозӣ ба ҷузъи муҳими Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 табдил ёфтаанд. Илова бар ин, Ҳукумати кишвари мо Барномаи давлатиро оид ба таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 тасдиқ намуд. Имсол якҷо бо шариконамон дар чаҳорчӯбаи экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикии баландкӯҳи Помир мо ба коре оғоз бахшидем, ки он на фақат барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти илмиву амалӣ дорад.
Тибқи арзёбии пешакии олимон, тадқиқи намунаҳои ҷинси пиряхҳои бузурги Тоҷикистон, махсусан пиряхи Федченко, барои арзёбии ҳолати глобалии пиряхҳо ва тағйири иқлим аҳамияти хоса хоҳад дошт.
Возеҳу равшан аст, ки тадбирҳои самаранок оид ба сабуксозии пайомадҳои тағйири иқлим муттаҳид намудани талошҳои моро дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо доранд. Дар Осиёи Марказӣ, ки захираҳои об дар ҳудуди ду кишвар ташаккул меёбанду қисми зиёди истеъмолу истифодаи об ба кишварҳои боқимондаи дигар рост меояд, зарурати таҳияву татбиқи стратегияи минтақавии маҷмӯӣ оид ба мутобиқсозӣ ба тағйири иқлим кайҳо ба миён омадааст.
Босуръат кам шудани масоҳати пиряхҳои минтақа ба иллати тағйири иқлим низ муҳим будани чунин стратегияро таъкид месозад. Стратегияи зикршуда бояд тадбирҳои мутобиқсозиеро фаро гирад, ки дар дурнамои миёна ва дарозмуҳлат ба таъмини амнияти минтақа дар арсаи об мусоидат намоянд.
Дар фарҷом мехостам таъкид намоям, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи омодагӣ ба Конфронси қарибулвуқӯи 21-уми ҷонибҳои иштирокдори Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим санадеро бо номи «Саҳми пешбинишаванда ва муайяншавандаи миллӣ» омода кард, ки он арзёбии ҳолати кунунӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаро дар бар мегирад.
Возеҳ аст, ки маблағгузории тадбирҳо оид ба кам кардани партовҳо ва мутобиқсозӣ, алалхусус барои кишварҳои рӯ ба рушд, аҳамияти калидӣ пайдо кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳолатҳо, изҳори умед мекунем, ки василаҳои нави молиявӣ – Хазинаи иқлимии сармоягузорӣ ва Хазинаи сабзи иқлимӣ – дар ҷодаи амалӣ сохтани чораҳои нақшавӣ ба мо кумаки саривақтию зарурӣ хоҳанд расонд.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2015    №: 195    Мутолиа карданд: 547

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед