logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2008 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №11, мод. 928) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар матни моддаи 1 рақами «6008120» ба рақами «5549091» иваз карда шавад;
- дар матни сархати якум рақамҳои «4662500», «4270219», «314581», «77700» мутаносибан ба рақамҳои «4203471», «3718949», «198822», «285700» иваз карда шаванд.
2. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: 
«Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 ба маблағи 5652091 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳокимият ва
идоракунии давлатӣ      - 407776 ҳазор сомонӣ;
- маориф             - 1110208 ҳазор сомонӣ;
- тандурустӣ                                                      - 386851 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ
ва солимгардонӣ    - 155115 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  - 713315 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ - 243392 ҳазор сомонӣ;
- комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 892758 ҳазор сомонӣ;
- соҳаи кишоварзӣ ва заминсозӣ - 336714 ҳазор сомонӣ;
- истихроҷ ва коркарди маъдан,
саноати истихроҷи маъдан ва сохтмон        - 27522 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия  - 460052 ҳазор сомонӣ;
- пардохти фоизҳо
аз рӯи қарзҳои давлатӣ  - 106853 ҳазор сомонӣ;
- дигар соҳаҳои иқтисодиёт
ва хизматрасонӣ    - 20995 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигар    - 228633 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- баргардонидани андоз аз aрзиши
иловашуда                -15000 ҳазор сомонӣ.».
3. Сархати сеюми қисми якуми моддаи 3 хориҷ карда шуда, дар сархати чоруми ҳамин қисм рақами «25000» ба рақами «78000» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 4 рақами «2997588» ба рақами «2597588», рақами «3099588» ба рақами «2699588» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 5 рақами «1455255» ба рақами «1396226», рақами «1456255» ба рақами «1397226» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 7 баъд аз калимаҳои «- андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо - 100 фоиз;», калимаҳои «- роялти барои об – 100 фоиз;» илова карда шаванд.
7. Моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:«Моддаи 14. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2009 даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидории дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 2597588 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши иловашуда        - 1492413 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо     - 141843 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фурӯш (нахи пахта ва
алюминийи аввалия)   - 50087 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо - 16532 ҳазор сомонӣ;
-  роялти барои об                                            - 25000 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ - 49081 ҳазор сомонӣ;
- андози ҳадди ақал аз даромадҳо - 49914 ҳазор сомонӣ;
- андози даромад аз  шахсони воқеӣ - 82915 ҳазор сомонӣ;
- боҷҳои гумрукӣ                                              - 217099 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони
роҳҳои автомобилгард   - 34913 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари ғайриандозӣ  - 152091 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои ташкилотҳои
байналмилалӣ              - 285700 ҳазор сомонӣ.».
8. Моддаи 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 15. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2009 аз рӯи тартиби тақсимоти вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории мақомоти
ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ      - 276128 ҳазор сомонӣ,
  аз ҷумла:
- Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               - 2318 ҳазор сомонӣ;
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       - 11082 ҳазор сомонӣ;
- Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон   - 2259 ҳазор сомонӣ;
- Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   - 37964 ҳазор сомонӣ;
- Раёсати хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          - 936 ҳазор сомонӣ; 
- кумитаҳои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  - 9445 ҳазор сомонӣ;
- дастгирии барномаҳои сиёсати
давлатии  ҷавонон                                                                  - 762 ҳазор сомонӣ;
- сафарҳои хизматии хориҷии кормандони
мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора,
кирояи (фрахти) ҳавопаймоҳо      - 9000 ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули
сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет       - 43037 ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули
фаъолияти сиёсати хориҷӣ                  - 85515 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- барои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҷиҳати хариди таҷҳизот барои
чопи шиносномаҳои биометрӣ            - 24000  ҳазор сомонӣ;                              
- вазоратҳо ва идораҳои машғули
хизматрасониҳое, ки барои соҳаҳои
иқтисод хусусияти умумӣ доранд        - 52288 ҳазор сомонӣ;
- тадқиқоти бунёдӣ ва илм  - 21522 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон    - 13696 ҳазор сомонӣ;
- Академияи илмҳои кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон           - 6119 ҳазор сомонӣ;
- дигар ташкилотҳо дар соҳаи илм        - 1707 ҳазор сомонӣ;
- Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон        - 748 ҳазор сомонӣ;
- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        - 2035 ҳазор сомонӣ;
- Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон      - 1043 ҳазор сомонӣ;
- Коллегияи ҳарбии назди Суди
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        - 407 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва мақомоти он дар маҳалҳо      - 5960 ҳазор сомонӣ;
- Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мақомоти он, судҳо ва дастгоҳи судҳо   - 9640 ҳазор сомонӣ;
- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо    - 12101 ҳазор сомонӣ;
- Маориф     - 224364 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таҳсилоти умумӣ   - 96609 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ         - 92872 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи маориф      - 1340 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон      - 1170 ҳазор сомонӣ;
- дигар хароҷот дар соҳаи маориф     - 32373 ҳазор сомонӣ.
- тандурустӣ    - 57526 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- беморхонаҳо    - 39689 ҳазор сомонӣ;
- дармонгоҳҳо ва нуқтаҳои тиббӣ      - 815 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи
- тандурустӣ          - 1645 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати тандурустии
Ҷумҳурии Тоҷикистон         - 994 ҳазор сомонӣ;
- дигар ташкилотҳо ва чорабиниҳои
соҳаи тандурустӣ   - 14383 ҳазор сомонӣ,
 - аз онҳо:
 таъмини чорабиниҳои эмкунии аҳолӣ - 2200 ҳазор сомонӣ;
- суғуртаи  иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ    - 197090 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таъминоти нафақаи сохторҳои қудратӣ
ва хизматчиёни давлатӣ  - 80720 ҳазор сомонӣ;
- пардохти ҷубронпулӣ барои
дастгирии иҷтимоии аҳолӣ    - 44127 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон     - 8731 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои махсус барои маъюбон
ва пиронсолон    - 13385 ҳазор сомонӣ;
- дигар ташкилотҳо ва
чорабиниҳои соҳаи таъминоти
иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 50127 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ - 26942 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- Корхонаи воҳиди давлатии
«Хоҷагии манзилию коммуналӣ»    - 4000 ҳазор сомонӣ;
- барои тараққиёти шаҳри Хуҷанд
(барқароркунии низоми обтаъминкунии
шаҳри Хуҷанд)        - 3500 ҳазор сомонӣ;
-  ғайра дар соҳаи хоҷагии
манзилию коммуналӣ   - 19442 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ,
солимгардонӣ  ва ҷамъиятӣ  - 106850 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- телевизион ва радиошунавонӣ  - 29313 ҳазор сомонӣ.
- Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон      - 1694 ҳазор сомонӣ;
- илмҳои амалӣ дар соҳаи фарҳанг       - 199 ҳазор сомонӣ.
- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2527 ҳазор сомонӣ;
- матбуоти даврӣ ва нашриёт     - 5284 ҳазор сомонӣ;
- ташкилотҳои ҷамъиятӣ
дар соҳаи фарҳанг      - 2451 ҳазор сомонӣ;                        
- мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг      - 100 ҳазор сомонӣ;
- дигар чорабиниҳо дар соҳаи фарҳанг        - 65282 ҳазор сомонӣ;
комплекси сӯзишворию энергетикӣ - 557469 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии қишлоқ ва моҳипарварӣ           - 85575 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- Вазорати мелиоратсия ва захираҳои
оби Ҷумҳурии Тоҷикистон   - 29319 ҳазор сомонӣ;
- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии
Тоҷикистон      - 20508 ҳазор сомонӣ,
   аз онҳо:  
- хариди доруворӣ бар зидди
 касалиҳои чорво ва парранда    - 1900 ҳазор сомонӣ;
- хариди тухмии ғалла, картошка ва
дигар зироатҳои кишоварзӣ      - 6000 ҳазор сомонӣ;
- барномаи барқарорсозӣ ва рушди
минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ    - 1000 ҳазор сомонӣ;
- хариди заҳрхимикатҳо ва
- мубориза бар зидди ҳашароти
зараррасони соҳаи кишоварзӣ    - 4000 ҳазор сомонӣ;
- Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 11137 ҳазор сомонӣ;
- дигар муассисаҳо ва дастгирии соҳаи
кишоварзӣ     - 25111 ҳазор сомонӣ;
- истихроҷ ва коркарди маъданҳо,
саноати истеҳсоли маъдан ва сохтмон        - 23772 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва коммуникатсия                  - 61013 ҳазор сомонӣ;
- вазоратҳо ва идораҳои машғули
фаъолияти иқтисодӣ ва хизматрасонӣ - 20095 ҳазор сомонӣ;
- дигар чорабиниҳо   - 587852 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- хизматрасонии ӯҳдадориҳои қарзӣ - 106853 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
а) пардохти фоизҳои қарзҳои берунӣ - 84853 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти фоизҳои қарзҳои дохилӣ - 22000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ
намудани вазифаҳои пойтахт     - 7000 ҳазор сомонӣ;
- фонди хароҷоти пешбининашудаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  - 20000 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рӯи соҳаҳои
иқтисод гурӯҳбандӣ нашудааст - 453999 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- баргардонидани андоз аз арзиши
иловашуда     - 15000 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ дар намуди маблағҳои мақсаднок (субвенсия)                            - 261843 ҳазор сомонӣ.».
  9. Моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:                                                                 
«Моддаи 16. Дар соли 2009 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷмҳои зерин анҷом дода шавад:
а) хароҷоти ҷорӣ          - 2289551 ҳазор сомонӣ;
- хароҷот барои молҳо ва
хизматрасониҳо                       - 1135617 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- музди меҳнат ва иловапулиҳо         - 395969 ҳазор сомонӣ;
- маблағҷудокунӣ ба буҷети суғуртаи
иҷтимоӣ ва нафақа      - 44453 ҳазор сомонӣ;
- хариди дигар молҳо ва
хизматрасониҳо                                     - 695195 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
 - пардохти хизматрасонии газ, барқ, алоқа
ва дигар хизматрасонии коммуналӣ    - 57978 ҳазор сомонӣ;
- хариди таҷҳизоти камарзиш, асбобу анҷом,
дигар молҳо ва хизматрасонӣ   - 637217 ҳазор сомонӣ;
- пардохти фоизҳо аз рӯи қарзҳои
дохилӣ ва берунӣ   - 106853 ҳазор сомонӣ;
- субсидияҳо ва дигар
трансфертҳои ҷорӣ            - 1047081 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:                                              
- трансфертҳо ва субсидияҳо ба 
корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ                            - 594029 ҳазор сомонӣ,
- маблағе, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ дар
шакли маблағи мақсаднок
дода мешавад     - 268843 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба аҳолӣ  - 157038 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- таъминоти нафақавии сохторҳои
қудратӣ, хизматчиёни давлатӣ
ва кӯмакпулиҳо     - 83373 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳо ба ташкилотҳои хориҷӣ - 27171 ҳазор сомонӣ;
б)  хароҷоти асосӣ   - 364507 ҳазор сомонӣ,
 аз ҷумла:
- хариди сармояи асосӣ   - 60214 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои асосии марказонидашуда     - 262250 ҳазор сомонӣ;
- хариди мол барои ташкили захираҳо       - 35205 ҳазор сомонӣ;
- трансфертҳои асосӣ                                 - 6838 ҳазор сомонӣ;
 в) дастгирӣ ва қарздиҳии соҳибкории
хурду миёна, муҳоҷирон ва хизматчиёни
давлатӣ              - 45530 ҳазор сомонӣ.».
10. Дар моддаи 17 рақами «93000» ба рақами «82725» иваз  карда шавад.
11. Дар ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи 21 калимаҳои «Ҳамзамон 10 фоизи маблағҳои махсус» ба калимаҳои «Ҳамзамон 20 фоизи маблағҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 фоизи маблағҳои махсуси дигар вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо» иваз карда шаванд.
12. Ба моддаи 36 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нархҳо ва тағйирёбии сохторӣ, инчунин заминаи андозбандӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида дар ҳисобҳои байниҳамдигарии буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тағйирот ворид менамояд.». 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 майи соли 2009, № 507


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» қабул карда шавад.
2. Ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» аз 12 ноябри соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 11, мод. 930) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
-сархати якуми банди 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-ҳаҷми умумии тағйирёфтаи Буҷети давлатии тасдиқшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2009 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 5549091 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 5652091 ҳазор сомонӣ, бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 103000 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;»;
-банди 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«5. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки аз ҳисоби депозити буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ба ҳолати 1 январи соли 2009 ба вуҷуд омадааст, ба хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути системаи бонкӣ ба маблағи 170,0 миллион сомонӣ бо меъёри 10 фоизи солона ба мӯҳлати 18 моҳ қарзи давлатӣ ҷудо намояд.».


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 30 апрели соли 2009, № 1338


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 806

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед